Дар корзори роғун

 Дар корзори роғун

Рӯзҳои дар сохтмони аср, пайкари нуру зиё будан аҷаб нашъае дорад. Дар миёни кӯҳҳои осмонбӯс, дар синаи зартеғ, ки чор тарафашро муъҷизаҳои табиати афсонавӣ печондаанд, бо чан­де аз биноҳои неругоҳ ва мутахассисон ошноӣ пайдо намудам. Нахуст ҳамсуҳ­батам муҳандиси хушсалиқа Нуриддин аст. Нуриддин хатмкардаи Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи Муҳаммад Осимӣ буда, собиқаи зиёди корӣ дорад. Дар бунёди неругоҳи Сангтӯда ҳам саҳм гузоштааст. Инак, чанд сол аст, ки чун мутахассиси варзидаи тоҷик дар сохтмо­ни “Роғун” заҳмат мекашад. Бо шодмонӣ ва ифтихор дар бораи созандагони ин кохи бузурги нур ҳарф мезанад ва аз кору пайкори коргарони сарбанди нақб, обпарто ва садди об маълумот медиҳад. Ба ҳидояти ин марди наҷиб бо мавзеи нақбҳо, шахтаю шаҳре, ки дар зери кӯҳҳо, дар синаи сангарҳо обод гардида истода­анд, ошно шудем. Дар зери замин, дар масофаи садҳо метр қаҳрамониву дило­варӣ ва шуҷоат ҷараён дорад. Фарҳанги муҳандисии тоҷикон акнун назир надорад ва чунин бунёдкориро дунё то ин дам надидааст. Дар дили қӯҳҳо беш аз 15 ҳазор коргар ва садҳо нақлиёту таҷҳизоти пурқудрат дар ҳарбу зарб қарор доранд. Барҳақ, Пешвои миллат, эҳёгари “Роғун” муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон илҳомбахши созандагони неругоҳ мебошанд. Зеро маҳз бо иқдомҳои пайвастаи он кас имрӯз “Роғун” ба майдони корзор табдил ёфтааст. Дар атроф фасли пойиз, тира­моҳи зарин ҳукмронӣ дорад ва табиат ғарқи баргҳои тиллоӣ гаштааст, аммо дар ин гӯшаи Ватан, “Роғун”-и тоҷикон бунёд меёбад. Аз бародари муҳандис ҷудо шуда, ба баландӣ мебароям. Аз ин ҷо атроф чун дар кафи даст менамояд. Дар пошнаи кӯҳҳои пурасрор дарёи Вахш ором равон аст. Дар дили кӯҳҳо техни­каҳои пуриқтидор равуо доранд ва садои беисти ғурриши булдозеру таҷҳизотҳои пармакунӣ ба гӯш мерасад. Аз ин ҷо май­дони сохтмон коргоҳи азимеро мемонад. Муъҷизаи инсон ва сукути кӯҳҳо. Дар гӯшае коргарон садди об месозанду дар гӯшаи дигар лӯлаеро кафшер мекунанд. Корҳои бетонрезӣ лаҳза ба лаҳза авҷ мегиранд. Мошинҳои пуриқтидор шағалу хок мекашонанд ва дар канори хамгашт роҳро убур карда, поин мехазанд. Ҳушу ёдам ҳамоно ба садои ғурриши нақлиёт ва девораҳои “Роғун” банд аст. Ин дам беихтиёр шеъри устод Бозор Собирро зери лаб такрор мекунам:

Девораи кӯҳ – бинои Роғун,

Сад ҷо намоён аз ҷои Роғун.

Занҷири дарё дар пои Роғун,

Оташ шавад об дар пои Роғун.

Толори мошинҳо, барҳақ, бинандаро ҷазб мекунад. Иншоот мисли қафасоб аст, ки техникаҳои калон хазидаю тапи­да ҳаракат менамоянд, садои таҷҳизот овозҳои дигарро пахш мекунад. Он дар қаъри замин гӯё дили иншооти аср бо­шад, ки пайваста фаъолият мекунад. Толори мошинҳо дар дарозии беш аз дусад метр ҷойгир буда, дар чуқурии чор­сад метр аз сатҳи замин сохта шудааст. Таҷҳизоти насбшуда беназир буда, бар­дошту шиддатнокии онҳо дорои зарфияти бузург мебошад. Толори мошинҳо яке аз нодиртарин кашфиёти муҳандисӣ буда, барои омӯзиши геологӣ, сейсмология имкониятҳои васеъ дорад. Ҳамин тавр, иншооти бештари неругоҳи “Роғун” ти­бқи лоиҳа дар дили кӯҳҳо ва зери замин бунёд ёфтаанд. Ва кас вақте ба паҳнои нақбҳо, сақфу фаршҳои бо оҳану бетон бандубастшуда менигарад, пай мебарад, ки тоҷикон нахустин шуда, дар зери кӯҳҳо як шаҳри азими барқ бунёд кардаанд.

Дар Роғун табиат ҳазору як ранг до­рад. Аз нишебу фарози кӯҳсорон ҳавои мушкбезе мевазад. Дар ин ҳавои хунуки тирамоҳӣ дар дили кӯҳсорон користони мардони баору номус ҷӯш мезанад. Хаёле, ин дам дар синаи кӯҳ нақши те­шаи Фарҳоди кӯҳкан пойбарҷост. Ҳар гоҳе ки теша мезанад, садои агрегатҳо бо садои теша ҷӯр мегардад. Нидои Фарҳодро мешунавем, “Роғун” бо садои путки коргарону овози беисти агрегатҳо ба дил неру мебахшад. Дар Роғун барҳақ табиат барои эҳёи ин марзу бум дари файзу нусраташро кушодааст. Иқлим, боду ҳавои мусоид, дарёи равон писан­ди ҳар бинанда аст. Дарё мавҷ мезанад ва суруд тавлид мешаваду розҳои дарё ифшо мегардад. Ин ҷо ҳар қатраи об ба нур табдил меёбад. Нурҳо аз синаи оби соф маншаъ гирифта, ба қисми обпарто мерезанд. Акнун рӯд чун ба рӯди Рӯдакӣ захма ба торҳои дил мезанад ва бо оҳан­ги он суруди дарё ҷӯр мешавад. Сояи кӯҳи азим болои нақбу майдони користонро пӯшондааст. Часпу талош лаҳзае қатъ на­мегардад, балки равуои беисти нақлиёт дар доманаи кӯҳистон идома дорад. Оре, барои табиат ҳам сохтмони неругоҳ гӯё сабру таҳаммул бахшидааст, ки атроф қабои нозуке ба бар кардааст, вале аз ин сардиҳо касеро парво нест, зеро ин ҷо манбаи тавлиди нур аст.

Рӯзи дуюм, ҳангоме ки мо ба макони нурофарон расидем, ҳаво хунук гашт. Равшан шуд, ки сардиҳои рӯзҳои охир дар табиат нақши худро гузоштаанд. Аммо дар роҳҳо осоре аз лой нест. Равуои нақлиёт чун набзи кор ба гӯш мерасад. Дар ин ҷо мо бо директори генералии ҷамъияти саҳомии кушодаи Неругоҳи барқи обии “Роғун” Хайрулло Сафарзо­да вохӯрдем. Ин марди қавипайкар, ки лаҳзае оромӣ надорад, чашмашро аз атроф намеканад. Нигоҳи кунҷковонаи моро пай бурда, афзуд, ки “Роғун” май­дони нангу номуси ватандорӣ ва коргоҳи талошу диловарист. Ин хунукию сардӣ ҳам ягон мушкиле эҷод намекунад, балки ҳоло коргарон аз пештара дида, зиёдтар фаъоланд. Ва шабу рӯз кор ҷӯш меза­над. Дар ҳақиқат, Хайрулло Сафарзода дилдодаи кору ҳунари хеш аст. Аз соли 2012 то ин ҷониб масъулияти баландро ба дӯш дорад ва чун фарзанди боиродаи тоҷик пайи эҳёи “Роғун” заҳмат мекашад. Зиёда аз даҳ сол аст, ки дар Неругоҳи барқи обии “Роғун” чун роҳбар фаъолият карда, таҷрибаи бойи корӣ пайдо намуда­аст. Ӯ иброз дошт, ки маҳз ташаббускорӣ, иқдомҳои неки Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буд, ки баъди чанд соли таваққуф дар неругоҳ кор аз нав шуруъ гардид.

Бешубҳа, дар як муддати кӯтоҳ дар худи шаҳри Роғун даҳҳо бинои истиқо­матӣ, мактабу биноҳои маъмурӣ, гар­мидиҳӣ аз нав таъмиру тармим шуда, шароити кору зиндагӣ беҳтар гаштааст.

Дар ду нақби обпарто, бинои асосии неругоҳ ва майдони обполоӣ корҳо бо ҷӯшу хурӯш давом доранд. Дар ин ҷо ҳар кас кори худашро нағз медонад ва садои агрегатҳо мисли мусиқии ошное лаҳзае қатъ намегардад. Акнун шӯру валвалаи дарёи Вахши саркаш қатъ шудааст. Дарё мутеи коргарон аст.

Шаҳраки коргарӣ майдони ҳақиқии нангу номусро мемонад. Равуои беисти мошинҳои хурду бузург ба мушоҳида ме­расад. Ҳангоме ки нақлиёти махсус кор­гаронро аз маҳалли зисташон ба нақби обпарто бурд, қатори навбатии мошинҳои пуриқтидор баргашт. Ҳайрати маро мар­ди миёнаумре, ки дар тан либоси махсуси сиёҳ дошт, мушоҳида карда, худро шинос кард: Рустам Саидов, ронанда.

Ман ҳам худро муаррифӣ карданӣ шудам, ки афзуд:

— Маълум, меҳмонед, аз пойтахт.

— Бале, — гуфтам.

— Дар замони шуравӣ дар бунёди Неругоҳи Норак фаъолият доштам. Он вақтҳо, гарчи иқтидори шуравӣ бузург буд, чунин техникаи пуриқтидор ба чашм намерасид. Ҳоло ҳар як техникаи нав во­рид кардаанд, ки кӯҳро талқон мекунад. Шукр, ки шароитамон нағз, бо хӯроки гарму моҳонаи пурра таъмин ҳастем.

Рустам дилдодаи касбу ҳунар, ном­бардори обу хоки аҷдодӣ будааст. Афзуд, ки дар нақб таҷҳизоти муосир насб кар­даанд, ки корро хеле осон намудааст. Ин дастгоҳҳо имконият медиҳанд, ки коргарон дар баландии кӯҳпораҳо бони­зом фаъолият намоянд. Ҳама техникаи муосиру пуриқтидорро худи коргарони тоҷик идора мекунанд. Вай аз шамолу сардӣ, ки торафт шиддат мегирифт, пар­вое надошт. Маро ба ошхонаи коргарон даъват кард. Аз ошхона бӯи иштиҳоовари хӯрокҳои болаззат ба машом расид. Дар як навбат садҳо нафар коргарон хӯрок мехӯранд. Ороишу ҷиҳози он ҷавобгӯйи талаботанд. Дар ошхона барои истироҳа­ту фароғати коргарон тамоми шароитҳои лозимро фароҳам овардаанд.

Агар пайвасташавии дарёҳои Сурхобу Хингобро мушоҳида карда бошед, пай мебаред, ки ин манзара афсонавӣ аст. Охир, маҳз дар ҳамин ҷо дарёи Вахш тавлид меёбад. Номгузорӣ гардидани Комсомолобод ба Нуробод ҳам аз ҳамин муъҷиза ибтидо гирифтааст. Маҳз Сурхо­бу Хингоб дар Нуробод якҷо шуда, мисли домоду арӯси нозанин ба ҳам рози дил мегӯянд. Аввали маҳали якҷошавии Сур­хобу Хингоб об сурхранг метобад, ҳамин ки дарё сар ба сангҳо зада, аз гирдобҳо, тангноҳо мегузараду полоиш меёбад, ранги кабудчатоб мегирад. Ана, Вахш аз ҳамин дараи кӯҳистон ҷорӣ гашта, ба рӯди бузурги нуровар табдил меёбад.

Сарвари давлат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як суханронии худ таъкид мекунанд, ки бояд ба қадри табиат ва сарватҳои нотакрори диёр бирасем. Дар Паёмашон омадааст:

«Бахти баланди мост, ки ҳарчанд за­хираҳои бузурги нафту газ надорем, вале табиат сарзамини зебои моро бо сарвати бебаҳову беинтиҳои гидроэнергетикӣ, яъне сарчашмаҳои камназири дарёҳо шодоб гардонидааст, ки аз баракати онҳо Тоҷикистон аз лиҳози захираҳои оби нӯ­шокӣ дар сайёра яке аз ҷойҳои аввалинро ишғол мекунад. То шаст фоизи захираҳои оби минтақаи Осиёи Марказӣ дар ҳудуди кишвари мо ташаккул меёбанд».

Роғун армони миллати тоҷик аст. Пешвои маҳбуби миллатамон, ки устоди зиндаёд Бозор Собир барҳақ “Бастакори ГЭС-и «Роғун» унвонашон карда буд, худашон ба булдозер нишаста, маҷрои рӯди Вахши саркашро тағйир доданд.

Ҳангоми тамошои иншооти аср – НБО — и “Роғун” сухани адиб ва рӯзно­манигори рус Александр Проханов ба хотир расид, ки гуфтааст:

— Неругоҳи “Роғун” сохтмони пре­зидентист. Он фарзанди дӯстдоштаи Президент Эмомалӣ Раҳмон аст. Чун ёдгории давраи давлатдории хеш бунёд мекунад.

Оре, “Роғун” бунёд мешавад. “Роғун” тавлидгари энергияи сабз мебошад. Ҳоло маҳз дар Тоҷикистон бо ҳидояти Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон захи­раҳои обӣ ба таври самаранок истифода бурда мешаванд.

Гашти рӯз ба маркази шаҳри Роғун расидем. Тайи солҳои Истиқлол бо ташаббуси бевоситаи Пешвои миллат шаҳри Роғун симояшро тамоман дигар намудааст.

Дар ин ҷо аввалин озмоишгоҳи муо­сир ба фаъолият шуруъ намудаанд, ки дар он муҳаққиқону муҳандисон корҳои илмӣ-тадқиқотӣ мебаранд. Таркиби обу хок ва дигар маҳсулоти Неругоҳи “Роғун” ҳамаҷониба аз ташхис мегузарад.

Рӯзи сеюм боз вориди маркази маъмурии неругоҳ шудем.

Моҳи майи соли 2002 Роҳбари дав­лат дар сафари худ ба Роғун як гурӯҳ адибону рӯзноманигоронро ҳамроҳ гирифтанд. Ҳангоми мулоқот бо аҳолии Роғун чунин изҳор намуда буданд: «Ба шарофати Неруғоҳи “Роғун” шаҳри шумо дар тамоми дунё машҳур мешавад. Бисёр шаҳрҳои калон ва ҳатто қадимаро дар хориҷа намешиносанд. Ба сохтмони ин неругоҳ кишварҳои бузурги ҳамсоя, аз ҷумла, Қазоқистон, Афғонистон, По­кистон, Ҳиндустон ва Хитой таваҷҷуҳ до­ранд. Роғун ба як минтақаи бузург қувваи барқ медиҳад. Аҳолӣ соҳиби касб ва кор мешавад. Шарқро мунаввар мекунад».

Инак, баъди чанд сол ин ҷо чӣ қадар шоҳкориҳои азим ба вуҷуд омадаанд. Сарбанди обанбор бо масолеҳи худӣ сохта шуда, бинои агрегатҳо зери кӯҳ ҷой гирифт. Дар канори дарёи Вахш, дар паҳлуи нақби обпарто бо муҳандис Аҳмад Шукуров, ки дар сар тоскулоҳи пласмассӣ, дар по мӯзаи кирзӣ дошт, вохӯрдем. Гуфт, ки аллакай бештар аз 30 километр нақбҳои обгузару мошин­гард сохта, ба истифода додаанд.

Аз дур садои агрегатҳои муқтадир ва нидои коргарон ба атроф паҳн ме­шуданд. Ҳар кас аз пайи кору бораш шитоб дошт. Ва рафтуои мошинҳои пурбори сангу шағал беист буд. Коргаре мисраъҳои шоири маъруф Бозир Собир­ро замзама дошт:

Аз шом то субҳ, аз субҳ то шом,

Бо ҳам гудозад сад пухтаю хом,

Оҳангари нанг, оҳангари ном,

Оҳангари руҳ – устои Роғун.

Имрӯзҳо дар Неругоҳи “Роғун” дар қатори собиқадорони меҳнат ҷавонон ҳам кору фаъолияти шоиста доранд.

Имрӯз шаҳри Роғун аҷаб симои зебое дорад. Биноҳои баланд, кӯчаву хиёбонҳои васеъ ва дӯкону мағозаҳои қатор ҳусни шаҳрро афзудаанд. Боди кӯҳӣ сайркунон роҳро мерӯфт.

— Муҳандисону лоиҳакашон пештар намояндагони дигар миллатҳо буданд. Ҳоло бештар тоҷикон мебошанд, — гуфт Нуриддин.

Мо аз дохили бинои асосӣ гузашта, ба нақби обпарто расидем. Шоҳкориҳои танаи кӯҳ, бетонпӯшӣ ва васлгар мурат­таб идома меёбанд.

Фурсате гузашту оҳиста Нуриддин сӯям суоломез нигоҳ кард:

— Лаби дарёи Вахш меравем.

— Барои чӣ?

— Баъд мегӯям.

Ба он ҷо наздик шудем. Аз соҳили чап шамол мевазид ва торафт хунук мегашт. Аз дил гузарондам, ки то ҳол дар бораи Нуриддин, як муҳандиси тоҷик чизе намедонам. Дурусттар зеҳн мондам. Қомати андаке хамида, дасто­ни шахшӯл ва мӯи мошу биринҷ гувоҳи таҷрибаи бойи зиндагияш буданд.

— Нуриддин, додар, дар бораи худат нақл кун.

— Як муҳандиси одияму бо амри дилу Ватан имрӯз дар Роғун дар қатори садҳо нафар ҳамдиёри худ мехоҳам ҳалол меҳнат кунам. Ҳанӯз солҳои дар Неру­гоҳи “Сангтӯда” кор карданам аз касбам розӣ будам. Мо бо ҳавас кор мекардем. Аз ҳамон овон орзу доштам, ки “Роғун”- ро низ бисозем.

Чеҳраи Нуриддин шукуфта буду атрофро назора дошт. Гӯё ҳар як пораи ҷисму ҷонаш пайванди ин неругоҳ, обу хоки аҷдодӣ буд.

Дарёи Вахш ҳам ҳамнафаси родмар­дони Неругоҳи “Роғун” гаштааст, сангу паҳноҳоро гузашта, поку зулол мерезад. Иқлими муътадил ва аз ҳар ҷиҳат мусои­ди Роғун имкон додааст, ки неругоҳ дар муҳлати муқарраршуда пурра сохта ша­вад. Ҳамин, ки ҳамаи агрегатҳои неругоҳ ба кор шуруъ намоянд, ин ҷо обанбори бузурге пайдо мешавад. Он гоҳ Роғун натанҳо бо барқи сабз Тоҷикистонро таъмин месозад, балки боиси шодоб шудани садҳо гектар замин ва сарсабзии табиат хоҳад гашт.

Маҷид Салим

Дигар хабарҳо