Давоми зиндагии устод буд

 Давоми зиндагии устод буд

27 январи соли равон дар шаҳри Маскав дар синии 88-солагӣ доктори илмҳои техникӣ, профессор Далер Лоҳутӣ, фарзанди шоири машҳури тоҷик Абулқосим Лоҳутӣ аз олам даргузашт. Дар ин бора бародарзодаи марҳум – Феликс Лоҳутӣ дар саҳифаи фейсбукиаш хабар дод. Ў навиштааст, ки Далер як соли охир дар бистари беморӣ буд.

Ёдовар мешавем, ки Далер Лоҳутӣ 26 апрели соли 1934 ба дунё омадааст. Ў мутахассиси варзидаи соҳаи кибернетика ва ҳуши маснуӣ, донишманди фалсафаву мантиқ, забоншинос, тарҷумон, муаллифи силсилаасарҳо дар бораи муаммоҳои тарҷумаи матнҳои фалсафӣ мебошад. Далер парвардаи факултаи риёзии Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи Ломоносов буда, соли 1971 рисолаи докториашро дар мавзўи «Арзёбии низомҳои ҷустуҷўгар» ҳимоя кардааст. Аз соли 1998 профессори Донишгоҳи давлатии гуманитарии Русия ба ҳисоб меравад. Ҳамчунин ба ҳайси роҳбари Маркази илмиву таълимии таъмини барномавию лингвистии низомҳои интелектуалӣ фаъолият кардааст. Рисолаи докториашро бошад, дар мавзўи «Мушкилоти ақлонӣ кардани низомҳои иттилоотӣ» дар бахши илмҳои техникӣ дифоъ намудааст. Тарҷумаи русии «Рисолаи фалсафию мантиқӣ»-и Людвиг Витгейнштейн, «Дониши объективӣ» -и Карл Попер ва асарҳои илмӣ, равоншиносӣ ва фалсафии зиёд маҳсули заҳматҳои ўянд.

Ду сол пеш, 27 ноябри соли 2020, писари дигари Лоҳутӣ рўзноманигор, адабиётшинос, узви Иттифоқи адибони Маскав Гев Лоҳутӣ низ дар синни 83-солагӣ дар шаҳри Маскав даргузашта буд. Мувофиқи маълумотҳои интернетӣ ў солҳои охир дар талоши навиштани китоби ёддоштҳо дар бораи падараш буд, вале бемории вазнин барояш мушкилиҳо пеш меовард. Тавре писараш Феликс Лоҳутӣ иттилоъ додааст, Гев баъзе матлабҳои солҳои пеш дар бораи падараш Абулқосим Лоҳутӣ дар рўзномаҳо чоп кардаашро ҷамъ оварда, мехост, ки пеш аз ҳама, ин нигоштаҳоро дар саҳифаи фейсбукиаш ҷой диҳад.

Далер Лоҳутӣ, тавре худаш тавассути расонаҳо иттилоъ дода буд, бори охир соли 1987 бо пайвандонаш рўзҳои таҷлили садсолагии падараш ба Душанбе омадааст. Ў бо Камол Айнӣ, фарзанди устод Садриддин Айнӣ рафтуомад дошт. Борҳо бо таассуф гуфтааст, ки дигар нафаре аз авлоди онҳо шеър намегўяд, ҳарчанд бо адабиёту мусиқӣ пайвандӣ доранд. Ба гуфтаи чанд сол пеши ў, духтараш Мая Лоҳутӣ тарҷумони хуб буда, асарҳои зиёде, аз ҷумла, «Ҷентлмени бекор»-и Пеллам Гренвилл Вудхауз, «Чарли ва корхонаи шоколад» -и Роалд Дал, «Муҳофизони вақт. Баргузидаҳо» ва «Калид»-и Марианна Кёли, «Асрор»-и Шарлотта ва Бренуэлл Бронте, «Катарина»-и Ҷейн Остинро ба забони русӣ тарҷума кардааст. Тарҷумаи романҳои «Ҳарри Поттер ва шоҳзодаи дурага» ва «Ҳарри Поттер ва туҳфаҳои марг»-и Ҷоан Роулингро ҳамроҳ бо Сергей Илйин анҷом додааст. Дар ҷойи дигар Далер Лоҳутӣ оварда буд, ки онҳо дар муҳити русӣ ҳарчанд бо забони тоҷикӣ кам сухан мекунанд, шеърҳои падар ва дигар бузургони адабиёти тоҷику форсро мехонанд, сабтҳои таронаҳои тоҷикие, ки матнашон аз Абулқосим Лоҳутӣ аст, аз ҷумла, сурудҳои «Силсиламў», ки шоир онро барои ҳамсараш Ситсилия Бону навиштааст ва «Ошиқам, ошиқ ба рўят, гар намедонӣ, бидон»-ро пайваста гўш мекардаанд.

Чун сухан аз бародарзодаи Далер Лоҳутӣ – Феликс Лоҳутӣ низ рафт, бояд қайд намуд, ки ў оҳангсоз, овозхон ва дар Русия аз камшумортарин мутрибонест, ки ғижжаки панҷтораи барқиро бо маҳорати баланд менавозад. Муаллифи чандин албоми мусиқӣ, ба монанди «Таваллуд», «Фанки Лэнд» ва «Freakosmos» буда, барандаи ҷоизаи «Триумф – 2002» мебошад. Миёни ҳунармандони ҷаз Феликс дар Русия мақоми вижа дошта, пайдо кардани билет ба консерту ҷаш- нвораҳои ҷаз бо ҳунарнамоии ў душвор аст. Гоҳ-гоҳ тарона ҳам эҷод мекунад ва инро аз ёрмандии рўҳи бобояш – Абулқосим Лоҳутӣ медонад. Феликс хоҳиши зиёд дорад, ки ба Тоҷикистон сафари ҳунарӣ анҷом диҳад, мисли айёми беғаши тифлӣ дар гирду атрофи Театри ба номи Лоҳутӣ ва хиёбони ба номи Лоҳутӣ қадам занад.

Аз сулолаи Лоҳутӣ дар расонаҳои русӣ ҳамчун «хонаводаи бузурги зиёиёни муосири Русия» ном гирифта мешавад.

Мавриди зикр аст, ки Абулқосим Лоҳутӣ дар миёнаи солҳои 30-юм бо тарҷумони машҳур Ситсилия Бону оиладор шуд ва ҳарду соҳиби 4 фарзанд (Далер, Гев, Ҳотия ва Лайло) гардиданд.

Дар ҳоли ҳозир ягона духтари Лоҳутӣ доктор Лайло Лоҳутӣ, эроншинос ва тарҷумони номӣ дар Маскав зиндагӣ дорад. Ў ба пажўҳиши адабиёти тоҷику форс машғул буда, ба шарҳи «Шоҳнома»-и Фирдавсӣ низ таваҷҷуҳи зиёд кардааст. Чанде аз достонҳои Фаридуддини Аттор ва қиссаву ҳикояҳои адиби муосири Эрон Иброҳим Гулистонро ба забони русӣ тарҷума намудааст.

Бузургмеҳри ТОҶИДДИН, «АС»

Дигар хабарҳо