Андешаи адиб. Гулчини чида-чида

Мактабу маориф як рукни асосии тамаддуну фарҳанг аст, ки бо қавӣ гардондани он ҳар давлате метавонад ба дастовардҳои бузурги ҷаҳонӣ комёб гардад. Ин раванд бастагии амиқ ба таълиму тарбия ва эҷоди китобу дастурамалҳои аз ҳар ҷиҳат пурбору омӯзанда дорад. Ба як сухан мешавад гуфт, ки тарбияи ахлоқӣ, тарбияи фарҳангӣ, тарбияи миллатдӯстиву ватанпарварӣ ва ниҳоят дониши мукаммали зарурӣ гирифтани насли наврас ба савияи дониши омӯзгор ва муҳимтар аз ҳама сатҳу сифати китобҳои дарсӣ вобаста аст. Борҳо дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» роҷеъ ба вазъи китобҳои дарсӣ мақолаҳо интишор шудааст. Имрӯз низ Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар мувофиқа бо Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳсеро дар ин хусус дар ҳафтавори «Адабиёт ва санъат» роҳандозӣ намуд, ки барои беҳтар шудани вазъи китобҳои дарсӣ хидмат хоҳад кард. Аз ин рӯ, аз аҳли адаби кишвар, донишмандону алоқамандони соҳа даъват ба амал меорем, ки фикру мулоҳизаҳои худро роҷеъ ба беҳтар шудани китобҳои дарсӣ пешниҳод намоянд.
Таҳияи китоби дарсӣ барои бачаҳо, махсусан, хонандагони синфҳои ибтидоӣ корест басо мушкил ва пурмасъулият. Ин амалро ашхосе анҷом дода метавонанд, ки табиату хислати хурдсолонро омӯхтаанд, лоақал муддате дар мактаб дарс гуфтаанд, зеро на ҳар олими соҳаи педагогика кӯдакшинос аст.
Чаҳор сол пеш, соли 2020-ум, Вазорати маориф ва илми мамлакат дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд тасмим гирифт, ки барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ (барои ҳар синф) хрестоматияи «Гулчини адабиёти бачаҳо»-ро тартиб диҳад. Як гурӯҳи корӣ омода шуд. Банда дар қатори мураттибон будам. Дар машварати нахустин тасмим гирифтаанд, ки ҳангоми таҳияи «Гулчини адабиёти бачаҳо» чанд нукта ба эътибор гирифта шавад:
- Мураттибон аз чаҳор нафар кам набошанд.
- Як ё ду нафари мураттибони асосӣ бояд олими соҳаи педагогика ва аз адабиёти хурдсолон огоҳ бошанд.
- Яке аз мураттибонро аз зумраи адибон ва дуи дигарро аз омӯзгорони муассисаҳои таълимии миёнаи умумӣ бояд интихоб кард.
- То анҷоми таҳия ба кори мураттибон касе дахолат накунад.
- Ҳар узви гурӯҳи корӣ метавонад маводе пешниҳод намояд, вале барои ба «Гулчини адабиёти бачаҳо» дохил кардани он мавод шарт нагузораду истодагарӣ накунад.
- Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон барои фаъолияти пурсамари таҳиягарони «Гулчини адабиёти бачаҳо» то қадри имкон шароити мусоид фароҳам оварад.
Мушкили таҳияи «Гулчини адабиёти бачаҳо» зиёд буд. Нахуст, мавод кифоя набуд. Махсусан, ҳикоя ва афсонаҳои хурд. Адабиёти бачаҳо аз шеър ғанӣ аст, такрор шавад ҳам, мегӯям, ки шеъри бачагонаи моро берун аз Тоҷикистон ҳам, барои ҳам хурд ва ҳам калонсолон метавон бо дили пуру сари баланд қироат кард ва ин корро мо кардаему ҳарфи эътироф низ шунидаем. Барои атфол, агарчи адиби бачаҳо нестанд, устод Айнӣ, Абулқосим Лоҳутӣ, Абдусалом Деҳотӣ, Аминҷон Шукӯҳӣ Бозор Собир, Гулназар, Меҳмон Бахтӣ, Муҳаммад Ғоиб, Низом Қосим, Раҳмат Назрӣ, Ато Мирхоҷа, ва дигарон шеърҳои хубу хотирмон гуфтаанд.
Аммо аҳволи насри бачагона, ба қавле, дигар аст. Маълум аст, ки адибоне, ки барои кӯдакону 5-8- сола асар менависанд, ангуштшуморанд ва ҳаминҳо ҳам асари зиёд эҷод накардаанд. Метавон чанд ҳикоя ва афсонаи хурди Маҳбуба Неъматзодаро мисол овард: «Намак», «Ганҷ», «Муаммо»… Маҳбуба барои хонандаи синфи якум ҳамагӣ 3-4 ҳикоя навиштааст. Яке алҳол дар китоби дарсӣ ҳаст.
Ҳозир чаҳор китоби «Гулчини адабиёти бачаҳо» чоп шуда, ба дасти бачаҳову омӯзгоронашон расидааст. Теъдодаш зиёд аст: 12648! Аммо мундариҷа кӯтоҳ аст, ҳамагӣ 29 асар интихоб шуд, ки 8-тояш ҳикоя аст. Мураттибон ночор ба адабиёти классикӣ ва китобҳои куҳна рӯ оварда, боз 5-6 маводи насрӣ пайдо карданд.
Хулоса, китоби «Гулчини адабиёти бачаҳо» барои синфи якум агарчи ороиши хуб дорад, тамоми хусусияту талаботи таҳияву чопи китоби хурдсолон риоя шуд, вале мундариҷааш кофӣ нест.
Хуб, чаро интихоби маводи насрӣ барои хурдсолон, бахусус, барои шогирдони синфи аввал, душвор аст?
- Мавод аз ҷумлаҳои кӯтоҳ, яъне як ҷумла аз 3 ё 5 калима бояд иборат бошад. (Оне, ки нав «Алифбо»-ро хатм кардааст, наметавонад ҷумлаи мураккаб, ё ҷумлаеро хонаду фаҳмад, ки калимааш зиёд аст. Кӯдак то ба анҷоми ҷумла мерасад, маънию мафҳуми калимаҳои аввал аз ёдаш мераванд). Воқеан, ин маъниро боре дар як машварати хурди адибони бачаҳо баён доштем, чанд нафар эътироз карданд, ки: «Мо ҳам асар нависему ҳам калима шумурем?!» Чӣ чора?! Эҷоди асари насрии бачагона барои ҳар синн махсусияти худашро дорад. Масалан, як ҳикоя ё қиссаи Фазлиддин Муҳаммадиеро хонандаи 20-сола ҳам хонда мефаҳмаду хонандаи 70-сола ҳам, вале китоберо, ки барои бачаи синфи 2-юм пешбинӣ шудааст, бачаи як сол хурд, яъне 7-сола фаҳмида наметавонад. Дуруст, ки баъзе кӯдакон хушзеҳнанд, аммо онҳо дар ҳар синф нестанд…
- Ҳамчунин, дар ҳикояву афсона ва дигар маводи насрии китоби хонандаи синфи аввал калимаҳои мураккаб низ зиёд набошанд, дар истифодаи луғат низ бояд эҳтиёт шуд. Дар як матн 1-2 калимаи нав пешниҳод кардан кифоя аст.
- Андозаи ҳуруфи «Гулчини адабиёти бачаҳо» набояд аз 16-18 кам шавад. Чашми бачаҳо агарчӣ ҳуруфи майдатаринро ҳам мебинад, вале ба сабаби ба як нуқта зиёд нигоҳ кардан зуд хаста мешавад.
- Матн аз 5-10 дар оғози китоб ва аз 8-14 ҷумла дар анҷоми китоб иборат бошад, беҳтар аст.
- Ҳикояҳо ва афсонаҳои «Гулчини адабиёти бачаҳо» набояд обшуста бошанд.
Як ҳикоя тақрибан чунин буд: Барно ҳавлиро рӯфта, хокрӯбаро ба ҷӯйбор партофт; бибиаш гуфт, ки ин кори Барно хатост, зеро аз ин ҷӯйбор дигарон об мегиранд ва Барно ваъда дод, ки ин корро дубора такрор нахоҳад кард.
Ба назар чунин мерасад, ки ҳикояест хуб. Дар асл як воқеаи муқаррарии ҳаррӯзаи ҳаёти бачаҳост. Ҳар гапу кор асари бадеӣ намешавад. Устод Гулназар боре гуфта буданд, ки агар ҳар гапу кор шеър мешуд, танҳо худам оламро пур аз шеъри бачаҳо мекардам.
- Ҳар асари бадеие, ки барои хурдсолон эҷод мешавад, бояд оғозу анҷоми дақиқ дошта бошад ва муаллифи матн ҳатман мушкилеро ба миён гузошта, онро бо талоши қаҳрамони кӯчаки асар ҳал ва ё бартараф намояд. Дуруст, ки ёрию маслиҳати калонсолон заруру шарт аст, аммо ин андак бошад, беҳтар. Донишманде ба калонсолон тавсиаи хуб додааст: чун бача афтид, бояд худаш бархезад, вагарна одат мекунад, ки ӯро бузургсоле бардошта, ба по монад…
- Дар асари барои бачаҳо пешбинишуда манзараи қатлу ғорат, хунрезӣ, таассуби нажодию мазҳабиро пешкаш намудан мутлақо нодуруст аст. Чун дар Тоҷикистон намояндагони қавму миллатҳои гуногун дар фазои сулҳу осоиш зиндагӣ мекунанд, мафҳуми Ватану Тоҷикистонро дар замири ҳар кадоме чунон бояд ҷой доду тарбия намуд, ки ба иззати нафси як нафар сахт нарасад.
Қисса кӯтоҳ, таҳияи ин китобҳо 18 моҳ давом кард. Олимону донишмандону омӯзгорон, ҳатто мақомоти дахлдор маводро хонданд, маслиҳат доданд, ислоҳ ё эътироф карданду мураттибон дубораю себора ислоҳотро ворид намуда, маводро ба чоп супурданд.
Таҳияи китобҳои дигари «Гулчини адабиёти бачаҳо» барои хонандагони синфҳои 2-4 назар ба «Гулчини адабиёти бачаҳо»-и синфи аввал каме осонтар буд. Боз ҳам ҳамон мушкил: мавод камёфт аст. Бисёр ҳикоя ва қиссаҳое, ки адибони мо дар замони Шуравӣ эҷоду чоп карда буданд, имрӯз сахт таҳрир мехоҳанд, баъзе куҳна шудаанд, зеро бачаҳои асри 21 асаре хондан мехоҳанд, ки ба замона мувофиқ бошад. Миёни зеҳну ҷаҳонбинии бачаҳои имрӯзу бачаҳои 40-50 сол пеш тафовут аз замин то осмон аст.
Дар «Гулчини адабиёти бачаҳо» барои синфи 4 аз чанд асари бадеӣ танҳо 3 асар наванд.
Соли гузашта миёни аҳли маориф гуфтугӯе ба миён омад, ки барои хонандагони синфҳои ибтидоӣ «Китоби хониш», ба қавле, баргардонида мешавад, зеро ин китоб дар ҳақиқат аз қатори ашёи муҳимми хониш бартараф карда шуда буд. Ҳар шахси калонсол овони мактабхониашро ба ёд ва «Китоби хониш»-ро ҳатман ба забон меорад. Маълум нашуд, ки «гуноҳ»-и ин китоби хуб чӣ буд. Кори хуб мешавад, агар «Китоби хониш» дубора ба дасти бачаҳо супурда шавад.
Ҳангоми таҳияи «Гулчини адабиёти бачаҳо» кормандони масъули Вазорати маориф ва илм таъкид намуданд, ки ин гулчин баъдтар заминае мешавад барои таҳияи «Китоби хониш»-и синфҳои ибтидоӣ. Аз ин сабаб банда дар ин мақола баъзе андешаю мулоҳизаҳои худро баён намудам. Албатта, омода кардани китоби дарсӣ кори осон нест, дар ин кор олимон ва омӯзгорон бояд ҳисса гузоранд, вале ҳузури адибон дар миёни онҳо аз ҳар ҷиҳат зарур аст. Зеро як нафар педагоги хуб метавонад вобаста ба талаботи зеҳни кӯдак аз адиб дархости матни аз ҳар ҷиҳат комилу омӯзанда кунад.
Азизи Азиз