Гулрухсор. Ашъор
Содагӣ ишқ аст, алҳақ, содаам, Меҳан,
Дар ҳисори ори ту озодаам, Меҳан.
Дар саноят санъати гуфтор нокофист,
Дар вафоят беш аз куҳзодаам, Меҳан!
Шаҳпарам додӣ, ки болотар парам аз худ,
Чун ба гардун пар кашам, уфтодаам, Меҳан!
Сангдорон сангборонам кунанд умре,
Такядори дори ту н-афтодаам, Меҳан.
Мушти хокатро ба нопоке нахоҳам дод,
Дар саховат гарчи ҳотамзодаам, Меҳан.
Рӯдакиро рӯди ирфони ту шоир кард,
Дар китоби санги ту сарводаам, Меҳан.
***
Хуршед з-осмони Хуросон нарафтааст,
Сабри ғурури миллати ирфон нарафтааст.
«Шаҳнома»-и нави башар оғоз мешавад,
Аз хуни набзи Ориён исён нарафтааст.
Таҳмина навҳа мекунад, Суҳроб Рустам аст,
Аз ҷисми пора-пораи мо ҷон нарафтааст.
Шағғодҳои чоҳкан худ зери чаҳ шуданд,
Рустам зи рӯи «Тахти Самангон» нарафтааст.
Аз Шарқ то ба Ғарб ҳама рози «Маснавст»,
Аз Балх тоби оташи ирфон нарафтааст.
Аз марги хеш пештар шаб рӯсияҳ шавад,
Аз додгоҳи ҳақрасон Яздон нарафтааст.
«Боз омадан зи рафтани хуршед дур нест»*,
Хуршед з-осмони Хуросон нарафтааст.
***
Суханро сиккаи арзон накардам,
Шарафро барраи қурбон накардам.
Зи боғи бефаришта гул начидам,
Чаманро ҷангали зоғон накардам.
Ба гирди хеш рақсидам чу дарвеш,
Ба сози сифлагон ҷавлон накардам.
Муҳаббатро, ки ганҷи осмонҳост,
Зи чашми хокиён пинҳон накардам…
Зи сангу хоку оби зиндагонӣ,
Худамро сохтам, вайрон накардам.
***
Ҷаҳон дигар шуду дигар нагаштем,
Қабои куҳнаро астар нагаштем.
Шикаста қандили тобони ирфон,
Дурахшон ахтари ховар нагаштем.
Муросозодаи хоси мудоро,
Зи роҳи содаи бовар нагаштем.
Зи мо Қақнус тоби оташ омӯхт,
Зи сӯзи хеш хокистар нагаштем.
Ба теғи фитна моро пора карданд,
Ба қатли қотилон ханҷар нагаштем.
Зи худ растем, пайвастем бо ғайр,
Ба сӯи хеш дигар барнагаштем…
***
Дигар андешаи баҳру барам нест,
Хаёли решаи хушку тарам нест.
Самоъи шуъла андар худфурӯзист,
Саросар оташам, хокистарам нест.
Сафедамро сияҳ гӯянд, бигзор,
Аз ин оли хасу гил доварам нест…
Дигар на дил ҳамехоҳам, на дилбар,
Киро хоҳам, кирои боварам нест…
***
Танг аст само, фазои дилҳо танг аст,
Дар чашми Худо барои дунё ҷанг аст.
Ниме зи башар пиёда, нимест савор,
Маҳкуми гуноҳ нашъахоҳи банг аст.
Сад гуна силоҳу як сари сӯзан ҷон,
Пайкону нишони қотилон фарҳанг аст.
Чархи фалак аз оҳи малак ғофил нест,
Дар гардиши чарх ларзаи оҳанг аст.
Уту задани сурати мо беҳудаст,
Дар сирати мо ҳазору як ожанг аст!!!
***
Худоё, хашми гардунро набинам,
Сари бетан, Фаридунро набинам.
Худоё, дар лаби хушки ҷавонмарг
Нишони нуқтаи хунро набинам.
Худоё, дар нигоҳи «модарам ку?»
Хумори тифли маҳзунро набинам.
Худоё, чун Арал андар биёбон
Мазори хушки Ҷайҳунро набинам.
Худоё, аз дили гӯри шикофе
Нигоҳи «Ганҷи Қорун»- ро набинам.
Дар ин дунё, ки саҳрои ҷунун аст,
Худоё, Қайси Маҷнунро набинам!…
***
Кӣ дида дар ин даҳр озор чун ман?
Барои ҳақи Ҳақ сари дор чун ман?
Кӣ захмин раҳида ба сони кабӯтар
Зи чанголи хунини кафтор чун ман?
Кӣ аз чашми шодӣ набӯсида бе ашк,
Кӣ аз бори ғам гашта афгор чун ман?
Кӣ аз дӯст дида басо мушт бар пушт,
Кӣ буда вафоро вафодор чун ман?
Кӣ дар хоб дида чу нури ду дида
Зуҳури зиёро шаби тор чун ман?
Гули ханҷариро1 аз он дӯст дорам,
Ки хораш гул асту гулаш хор, чун ман!
РУБОӢ
Аз шодии беҷазо сурурам нарасид,
Аз фалсафаи қазо шуурам нарасид.
Як умр ҳар он чи буд, кардам нобуд,
Бар куштани ишқ лек зӯрам нарасид.
***
Аз ҷилваи ҳусни зоҳирӣ метарсам,
Аз макру риёи соҳирӣ метарсам.
Тоҷир шоир, Худой, шоир тоҷир,
Аз қаҳтии шеъру шоирӣ метарсам.
ДУБАЙТИҲО
Шудам борон, муфассал гиря кардам,
Ба рӯи теппаву тал гиря кардам.
Сари тобути ишқи охиринам
Барои ишқи аввал гиря кардам.
***
Маро авҷи фазои болу пар нест,
Шарори оташу сӯзи назар нест.
Барои хуб, алҳақ, хуби хубам,
Барои ганда аз ман гандатар нест!
***
Хазон оҳангсози тирамоҳ аст,
Ҳаво барбатнавози базмхоҳ аст.
Худои ишқро аз ман бигӯед:
«Дили беишқи ман ғарқи гуноҳ аст!»
***
Зи нури нурҳо озар дурахшад,
Зи дури дурҳо ахтар дурахшад.
Хиёнатро ҳама сайёра бахшад,
Вафои зан вале асло набахшад!…
***
Наметобад ба чашмам ҳусни гулшан,
Навои обшору рақси гулхан.
Маро он қадр аз ман дур кардӣ,
Ки ҳар ҷое ту ҳастӣ, нестам ман.
***
На аз ҳоле, ки сармастона омад,
Ваё бо дасти холӣ хона омад,
Хиёнатро, зан он дам дарк бинмуд,
К-аз ӯ бӯи зани бегона омад…
***
Ба сози шикваву шеван дилам сӯхт,
Алови лахча бар доман, дилам сӯхт.
Барои ҳеҷ кас, ё ҳеҷ хас не,
Барои худ, барои ман, дилам сӯхт.
***
Ба гардуни муродаш моҳи нав нест,
Танури сарди умрашро алав нест.
Зи худ гап мезанад, бечора, бо худ,
Дар ин сайёра гӯши гапшунав нест.
***
Ҳаметарсам, ки дилсардам бихонанд,
Чу санги селовардам бихонанд.
Мани зан пеши номардон нагирям,
Ҳаметарсам, ки номардам бихонанд.
***
Зи нури нор бар тан ҷома дорам,
Зи неши хор бар каф хома дорам.
Ба базми ҳузни танҳоёни олам
Зи номи дард даъватнома дорам.
***
Бояд ба ҳасуд ин хабар бурд:
Занбӯр маро газида, худ мурд…
***
Варақи сафед, маъзур!
Қаламам аламсиёҳ аст.
Ба баҳор гап надорам,
Гапи ман ба тирамоҳ аст.
__________
Гули ханҷарӣ — кактус
ТАМАННО
Ту меоӣ?
Ту меоӣ, ки аз бӯйи хуши нилуфари ваҳшӣ
кунам эҳсос
Ҳузури нозанини ишқ, рӯъёро?!
Ту меоӣ?
Ту меоӣ, ки андар партави хуршед
Чун дар ҷавҳари ойина мебинам ҷамоли ҳақтаолоро!
Ту инҷоӣ?
Ту инҷоӣ, ки дар боли патунӣ номае рақсида бинмояд
Таҷалии таманноро?!
Ту инҷоӣ?
Ту инҷоӣ, ки хоҳам афв бинмудан,
Тамоми н-ошиқони ошиқи зарро,
Тамоми муҷримони рӯйи дунёро?!
Ту меоӣ?!
Ту инҷоӣ?!
ШОДИЁНА
Баҳор мерасад!
Ҳазору як тарона аз дили умедвор мерасад,
Фариштаи савобофари гуноҳ бовиқор мерасад,
Нигоҳи ошиқона беқарор медамад,
Шарора аз нигоҳи барқвор мерасад,
Ҳумои ҳулди хокиён,
Сафедбол пар кашад ба сӯйи нуриён,
Малак, зи мазраъи фалак ситоракор мерасад…
Баҳор мерасад!..
Чӣ осиёна табли шӯр мезанад
Раъди растахез масту бовиқор,
Чӣ бориқона медамад ҷилои ишқ
Дар ҷамоли наварӯси навбаҳор,
Чӣ сӯфиёна чарх мезанад насими мушкбор,
Чӣ дилбарона рақси ноз мекунанд кокулони обшор…
Чу савти ҷони тармаоб
Дар гудози пардаҳои обшор
гиряхандае набуду нест,
Ба сони рақси кокулони бед
Бо ҳавои тори рӯдбор
Ҷилвае базеб несту набуд,
Чӣ шодтар аз ин тарона метавон шунид,
Чӣ хубтар аз ин чакома метавон суруд?!
Баҳор мерасад, баҳор мерасад!..
ФИРОР
Бо хаёли оне, ки зи ман зиндаҷудост,
Лек бо ман ҳамаҷост,
Бикунам аз ҳама девонаву ҳушёр фирор
То ба оғӯши тари сардараҳо.
Сози худ ҷӯр кунам, шӯр кунам,
Бо навои нафаси шаршараҳо.
Дар дами теғаи кӯҳ
Пайраҳае боз кунам аз пайи оҳубараҳо.
Бидавам ҳамраҳи рӯде, ки муноҷоти маро мешунавад,
Дар таби растагиям озаррахш,
Дар лаби ташнагиям оташи оҳ…
Сари санге, ки нафас мекашаду хомӯш аст,
Сари худ бар сари зонуи алам бигзорам…
Тури ман* мазҳари эъҷози илоҳӣ,
Тури ман маъбади ишқ аст,
Ман аз ин мазҳари дилсӯхтагони ошиқ,
Ба шумо не, мардум,
ба Худо гап дорам!..
____________
* Кӯҳе, ки мувофиқи ривоят Худо бо Мусопаёмбар сӯҳбат доштааст.
ИЛҲОМ
Хок дар ларзаи оҳи нафасаш
Боз пайғоми саломат дорад,
Боз ҳарфи таби шаб
Дар шаби нам* мешукуфад.
Боз дар дафтари сарводаи боғ
Рози илҳоми Худой
Як қалам мешукуфад.
Боз дар навдаи урёни дарахти пире,
Ғунча пистонаки ҳайрат бар лаб,
Субҳдам мешукуфад.
Фасли хандидани тифли фараҳ аст,
Дар канори шодӣ
Гули ғам мешукуфад.
Дар дили хаставу ғампарвари ман
Лолаи ишқи наву дарди куҳан бишкуфта,
Аз дами сабзи баҳор
Санг ҳам мешукуфад!..
_____________
* Шабнам (муаллиф)
ТАШНА
Дар ин зуҳури нозанини навбаҳор,
Дар ин ҷилои ҷилваи ҳузури кирдгор,
Зи хуни ман ҳазору як фасона медамад,
Зи набзи ман ҳазору як тарона мешавад баланд,
Зи рӯҳи ман ҳазору як балои маҳшари замона мерамад…
Сабӯи сур дар кафи назора тоб мехӯрад,
Зи ҷоми лола қалби ташнаам
шароб мехӯрад…
Нигоҳи ман зи ашки шабнами шукуфа,
Аз раги кабуди шохсор
об мехӯрад…
Зи чашми нозбӯйи ғунча
Ишқ бингарад ба рӯйи ман,
Зи хуни шӯъла пур шавад сабӯйи орзуйи ман,
Зи ҳар нигоҳи ошиқонаат ба сӯйи ман,
Сарам зи ишқи зиндагӣ —
зи ишқи ту,
Ба сони чарха чарх мезанад,
Дилам ба сони кабки ташнае
Зи чашмасори нуру нор
об мехӯрад…
АЛАМШОД
Дар қади раҳ зори нигаҳ лола шукуфта,
Дар лаби ман аз таби ишқ нола шукуфта.
Пар бикушо, пар бикушо, аз сафари ҳаҷр,
Умр фирорист.
Дар бикушо, дар бикушо, ишқи ману ту,
Лутфи илоҳист.
Дар паси ҳар парда, ки девори нигоҳ аст,
Бахт арӯс аст, вале бе шаҳи домод,
дилкада холист.
Даст кушо, даст кушо, дасти сафеди ҳавасатро
Аз шаҷари ҳаҷр мева кӣ чидаст?
Боз намо, боз намо, қуфли кабуди нафасатро,
Ишқ расидаст!
Занг бизан, занг бизан, занги фараҳшод,
Нуқтаи фарёд бимон бар дари баста,
Бар дари бахте, ки ҳама умр ба хоб аст.
Бе параки шаҳпараки сабзи нигоҳат
Ишқ фиреб аст, бахт сароб аст!
Вақти зи хеш рафтану боз нагаштан,
Вақти самоъ рафтани ишқи туву ман,
Вақти савоб кардани узри гуноҳ аст,
Вақти гуноҳ кардани назри савоб аст…
Дар қади раҳ зори нигаҳ лола шукуфта.
Дар лаби ман аз таби ишқ нолаи садсола шукуфта…
НУСХАИ ДИДОР
Барои дидани мӯъҷизаи баҳор
Ба боғ биё!
Ба гулшани пур аз фариштаву ҳур,
Ба гулситони пур аз паррандаву занбӯр,
Маро суроғ биё!
Ба боғ биё!
Ба боғе, ки баҳор аз биҳишт омадааст,
Ба рағми хазону зишт омадааст!
Дар ин як дами дам,
Барои шунидани фасонаи кабуди ишқи Ҳаввову Одам,
Барои шамидани накҳати сафеди оҳи гули Марям,
Ба боғ биё!
Чу навбаҳор аз гули дидор нусха хоҳад бурд,
Чу дузди вақт бо карашмаи ҳазор
Саҳифае аз китоби умри ману туро хоҳад рабуд,
Ба боғ биё!
Маро суроғ, биё!
Зи номи ишқ, ки ҳамрадифи номи шоиронаи туст,
Ба номи ишқ, ки орифонатарин таронаи туст,
Барои шунидани таронаи фохтаву сор,
Барои шамидани накҳати биҳиштии гули хор,
Барои дидани лабханди ошиқонаи ғунчанигор..,
Ба ҷойи ҳама ошиқони ташнаи дидор,
Ба боғ биё!
Маро суроғ, биё!
АХГАРИ НАМСӮЗ
Аз чӣ дигар дил натапад дар лаби дида?
Аз чӣ дигар ҷон нарамад аз таби дида?
Аз чӣ дигар гул накунад аз шарари шавқ
Гунаи эҳсосу ҳавас, кавкаби дида?
Аз гили афсонаи манн кист равона, рӯз шабона?
Кист, ки бар гулхани таб об бирезад
Монда пас аз машъали ҷон ахгари намсӯз,
дуди баҳона?
Ишқ нарав, ишқ нарав аз мани осӣ,
Мурғи қафаспарвари ман банди халосӣ,
Бош, ду се лаҳза, ду се умри дигар бош,
ҳузни фараҳзод,
Бо мани ғамшод,бо зани осӣ.
Ҷаста марав, раста марав, аз мани хаста.
Рӯҳ бишав, кӯҳ бишав бар тани хаста.
Санг мазан, санг мазан, санги ҳақорат,
Пой манеҳ, пой манеҳ ҷойи муҳаббат,
Бар дили пора-пора, бар ҷоми шикаста…
Марги маро ҳеч касе чун ту нахоҳад,
Дарди маро ҳич касе ҷуз ту нагирад.
Ишқ намир, ишқ намир, к-оламу одам,
Бо ту бимирад, ба худо, бе ту бимирад!..
Аз чӣ дигар дил натапад дар лаби дида,
Аз чӣ дигар ҷон нарамад аз таби дида?!..
РАШК
Бар кафи по бӯса ҳамезад замин,
Рашк ҳамекард сипеҳри барин…
Амирхусрави Деҳлавӣ
Туро, ки чашми ишқро, чу чашми ҳаштуми само
Ба рӯйи ман кушодаӣ,
Ба маснади фариштаҳои поксор рашк мекунам.
Туро, ки ишқро мақоми орифона додаӣ,
Ба ҷонамози сурхи дашт,
Ба маъбади кабуди кӯҳсор рашк мекунам.
Туро, ки бо қиёми растахез хоки тираро
Паёми сабзи ошиқона додаӣ,
Ба ҳусни эзадии навбаҳор рашк мекунам!
Даме ки шеъри дидаи қасидаофарат,
Ки дар самоъи иштиёқ орифе нагуфтааст,
Зи арғануни хуни ман баланд мешавад,
Ба шоирии ишқ мебарам ҳасад,
Ба фасли шоирофари Худо, ба фасли ишқ,
Ба васли нуру нор, рашк мекунам,
Ба ғунчае, ки аз барои ман шукуфтанист,
Валек чиданаш насиби туст,
Ба дилбаре, ки буданаш набудани ман аст,
Валек дар гумони бадгумони ман,ҳабиби туст,
Занона мебарам ҳасад, ба ҳар баҳона гирядору хандадор
рашк мекунам!
Ба ишқи аввалини ту, ки ишқи охири ман аст,
Чӣ осиёна мебарам ҳасад, чӣ оҷизона, бовиқор
рашк мекунам,
Сари ғурури хеш дар канор рашк мекунам!..
Рашк мекунам!
НИГОҲИ ОҲУИ ТАНҲО
Баҳорон аст, борон аст,
Сари мижгони ғунча қатраи борон,
Сиришки хандагирён аст.
Зи оби дидаи ангур,
Зи ранги шодии мастур,
Ба умри як нафас, як роз, як эъҷоз,
Шароби ишқ дар ҷоми таманно
Дар кафи озодамастон даврагардон аст…
Дар ин илҳони эҳсони фиребоӣ,
Дар ин илҳоми ирфони шукуфоӣ,
Нигоҳи доғи лола
захмҳои кӯҳнаро
Бо сӯзи худ
хуншор хоҳад кард…
Дар ин сармастии ваҳшӣ,
Дар ин худбозии зебои худбахшӣ,
Зи пушти теғаи шахҳо
Нигоҳи оҳуи танҳо,
Хумори ёдҳои кӯҳнаро бедор хоҳад кард…
Даме ки шаҳпарак, ин Шайхи Санъони гулистон
Орифона роҳи дури васл мепӯяд,
Барои ишқбозии дамеву лаҳзае
Сармасти нози ғамза
Бо рақси самоъи хеш дар гулшан
Ҳамоҳанги гули ҳафтранг мерӯяд,
Ало, деҳотии дар бевафоӣ шаҳрзоди ман,
Ало, эй захми ширинхориши тарсӯзи ёди ман,
Хумори дардзоди ман,
Туро аз турнаҳои боз гашта,
Аз насими боғҳо,
Аз ғунчаҳои хандарези ёс меҷӯяд…
Дар ин тарсӯзии дарди наву захми куҳан,
Эй маънии буду набуди ман,
Муроде зинда медорад маро то растахези навбаҳори ту,
Муроди бо ту будан,
бо ту хандидан,
фиғон кардан,
Муроди орамидан дар баҳори синае,
Ки як замоне хонаи дил буд,
Муроди сӯхтан,
афрӯхтан,
Дар гулханистони канори ту…
Ба гулҳо оби борон додаву лабташна мемирам,
Канори ҷӯйбори хушксори хеш
Ба ёди чашмасори ту…
Баҳорон аст, борон аст!
ТАФСИРИ ШАРШАРА
Дур аз ҳама адовату тазвирӣ, ишқи ман,
Дар сабки шеъри шаршара тафсирӣ, ишқи ман,
Аз ҳиммату саховати тақдир розиям,
Эҳсони лутфи эзадӣ, тақдирӣ, ишқи ман.
Қурбониёни рози ту ҳурони ҷаннатанд,
Сангиву шиша, пахтаву шамшерӣ, ишқи ман.
Хунхор нестӣ, вале озорпарварӣ,
Сайёду сайду дашнаву сартирӣ, ишқи ман.
Синни туро зи осмон пурсон шудам,нагуфт,
Аз осмону ахтарон ту пирӣ, ишқи ман!
ЗОДРӮЗИ ГУМШУДА
Оқибат, эй ёр, эй гумгаштаи беёрии ман,
Эй фиреби хоб дар бедории ман,
Мебиё, аз хоб то бедории ман.
Менигар, бо чашми сабзи сабзаи шогун,
Бар хазони боғи гулрухсории ман…
То китоби куҳнаи тақвимро як сӯй бигзорем,
Дар шумори вақти худ як рӯзро сад рӯз бишморем,
Дар шитоби бахти худ
дирӯзро фардой пиндорем,
То бидонӣ, накҳате боқист гар
Аз хандаи гулзори гулдархории ман,
То бидонӣ, гар гуле боқист
Аз гулбуни зарду сурхи гулрухсории ман,
Ёдгори ёди пур аз ғунчаи хори ману туст!
То бидонам, зодрӯзи дар китоби бесаводии замон
гумгаштаи* ман,
Рӯзи дидори ду олам,
рӯзи дидори ману туст!..
_________
* Ишора ба зодрӯзи шоир, ки бо ҷурми котиби деҳшуро ба ҷойи 7-ум, 17-уми озармоҳ (декабр ) сабт шудааст.
БАРОИ ЮСУФИ СОНӢ
Рафтанатро талх механдам,
Омадатро талхтар
аз рафтанат хоҳам гирист,
Дар ҳаво бӯйи ҷигарбирёни ҳиҷрон аст.
Эй ҳама фоҷиаи зебои шоирносуруда,
Аз даҳони додарони нотавонат
Гурги бӯҳтонрӯзии бадномро норабуда,
Юсуфи моро зи Канъон бурданат беҳуда аст,
Ҳар куҷое ишқ ҳаст,
Миср Канъон аст…
ОЛИҲАИ БАДНОМ
Баҳорон дар мазори ишқ, аз сӯзи шарори ишқ,
Ба рӯйи марқади гумгаштаи олиҳаи миннатгузори ишқ,
Ки умри то ба Юсуф барҳадар бигзаштаашро
дар шумори умр нашморид,
Ки ишқи то ба Юсуф
дар қиёми сӯзи хунаш хуфтаро
Пайки фари эзид бишморид,
Кабутарҳои ошиқ лона бигзоранд,
Мавҷи лола рӯяд аз хумори ишқ…
Ва ин мардум, ки худро дар замин
афришта ангоранд,
Тамаъро бахт, нафси ғафси худро
ишқ пиндоранд,
Зи баъди се ҳазору анд соли дар гунаҳ зистан,
Ба ҷурми худ панаҳ бурдан,
Ба ҳоли хеш нагристан,
Намурдан аз барои ишқ,
Агар санги риёву ҳарза андозанд сӯйи Маъбади ишқи Зулайхоӣ —
Ба сӯйи пайкари олинишони ишқ,
Сияҳкоранд
дар пеши сафои рӯҳ,
Гунаҳгоранд.
ДЕРТАР АЗ ДЕР
Осмон пири ҳасуд аст,
Дар нигоҳи меҳру моҳу ахтаронаш,
Сӯйи мо бепарда, беозарм чашмак мезанад тазвир.
Ин манам, ки дар таги ин чархи кажрафтор,
Рост меразмам барои ҷоҳу гоҳу ҷойгоҳи хештан,
Гӯӣ андар ҷангали анбӯҳ шери пир.
Гарчи медонам, ки дар поёни бозӣ
Ҷоми саршори шароби ғолибиятро,
Нӯш хоҳад кард ҷадвалсози тақдир.
Ин манам, ки аз барои ту ба дунё омадам, эй ёр,
Зудтар аз зуд.
Ин туӣ, ки аз барои ман ба дунё омадӣ, аммо,
Дертар аз дер…
Осмон пири ҳасуд аст!
ДАР КАФИ ХОЛИИ ВАҚТ…
Аз барои бо ҳавои ҳар нафас пар боз кардан,
Аз барои бо ҳавас андар қафас парвоз кардан,
дер шуд.
Аз барои навбаҳори дигаре аз лутфи яздон орзу кардан,
Дар миёни роҳ, зери ҳуштаки оҳ,
Дар кафи холии Вақт, боғи сурхи ормонҳо
сабз бинмудан,
Рӯзгори ҷаннатӣ оғоз кардан, дер шуд!..
Лек баҳри аз нигоҳе сӯз бурдан,
Шӯъла дуздидан, шукуфтан, вақт дорем.
Аз барои дар нафас, дар оҳ, дар шавқи гуноҳ,
Дар канори ҳамдигар чун мурғи нимбисмил
тапидан вақт дорем.
Чун ҳаво сард асту айёми зимистон сахт сӯзанда,
Аз барои бастании барфро бо заҳри ширини асал
бо ҳам чашидан вақт дорем…
Вақтро бояст аз бевақтии қисмат рабуд,
Вақт, вақти бударо, бояст чун яхмост хӯрд!
ЛОНАИ ХОЛӢ
Аз паси ту равзану дарбаччаҳоро
Аз намои дурбини нусхагири пурхато бастам,
Аз паят дар миҷмари дил дуд бинмудам сипанде,
Ки уфунатсӯзи ишқ аст,
Хонаи дилро зи дуди талхи ҳиҷрон
дударӯ кардам.
Ғуссаамро бо фиғони хандаи талхе фурӯ бурдам,
Гунаамро бо сиришки шӯри ҳиҷрон
шустушӯ кардам…
Эй ки бар доми фиреби ту чунин нодон расидам,
Эй ки аз боми умеди ман чунин тарсон паридӣ,
Ҷӯҷаи кабки дарӣ будӣ ва ё аз ҷуғз?!
Ҷӯҷаҳоро тирамоҳон мешуморанд,
Ҷӯҷаҳоро ман шумурдам дар баҳорон,
Лона холист.
Қалби ман, ин лонаи вайрона аз ишқи ту, аз мӯъҷиза,
Аз афсона холист!..
Гавҳари поке,ки меларзад сари мижгони танҳоӣ,
Ашки шамъи аз алам худсӯзи ишқ аст.
Номаҳои нонавишта, озҳои носуруда,
Саҳфаи гумгаштаи девони дардомӯзи ишқ аст…
ТАНҲОТАРИН
Лаҳзае ки абри найсон
з — омади ту муждагонӣ дод,
Хушк будам,
сабз гаштам,
сурх
З-ашки шодӣ чун дарахти арғавон
Дар зери борон тар шудам.
Ёр, эй ёри намуда
аз ду қарну ду қиёмат
давлати дидор,
То замони омадат
Танҳо будам,
танҳои танҳо,
Омадӣ,
чун шуд,
ки танҳотар зи танҳотар шудам?!
ШАБОҲАНГ
Шаби танҳоии бе ту, шаби шабҳо,
Аҷаб не, ҷони ман, моро,
Фақат як боғ, як девор,
Як дарвозаи баста,
Зи ҳамдигар ҷудо мекард.
Шаби танҳоии бо худ, шаби ялдо,
Аҷаб не, мурғи шабовез,
Бо афғони ғамангез,
Туро аз номи ҳақ, манро зи номи ту
садо мекард…
Шаби танҳоии бо ҳич кас, бе ту,
Гули рӯям зи сӯзи ҳаҷр мепажмурд.
Саманди Вақт андар пушти урёнаш,
Арӯси беваи ҳусни маро
то бенишон мебурд…