Гули сурӣ

ГУЛИ СУРӢ

(Тақдим ба устод Фарзона)

Гузашт тирамаҳ, инак, баҳор меояд,
Барои қалби ту бас ғамгусор меояд.

Шикаст шохи дарахте зи бод, рафт он рӯз,
Дубора чаҳ-чаҳа бар шохсор меояд.

Бирафт фасли хазонрези орзуҳо, рафт,
Баҳор бар қадамат гулнисор меояд.

Гузашт сардиву яхбандии шимолияш,
Дубора замзама аз ҷӯйбор меояд.

Расид мужда! Ба табрики он гули сурӣ
Тамоми мардуми олам қатор меояд.

Бимон, ки будани ту худ далели будани мост,
Ҷаҳон бидуни ту моро чӣ кор меояд?!
                                                        Насимбек Қурбонзода

 

То сабоҳи орзу…

Ман аз ин дур мебинам, ки нуре рӯи роҳам ҳаст,
Ман аз ин гиря медонам, ки оҳанге дар оҳам ҳаст.

Ту медонӣ намедонам ва ё ин ки намедонӣ,
Зи сабри ҳозирам донам, ки бахте дар пагоҳам ҳаст.

Фурӯғи субҳро болои расми шаб кашидам ман,
Нигар, дар сурати шомам умеде аз сабоҳам ҳаст.

Ғариқи саҳваму маҳви хато шояд, вале ҳатто
Агар шеъре гуноҳам, мисрае ҳам аз салоҳам ҳаст.

Гар оби вақт шӯяд аз дилат захми забонамро,
Биё, бар дида ҷоят, марҳаме ҳам дар нигоҳам ҳаст.

***

Як китоби шеър, бӯи қаҳва, роҳи орзу…   –
Зиндагӣ ин аст шояд аз нигоҳи орзу.

Даст бар дасти умеду по ба пои боварӣ
Мерасам аз шомҳоям то сабоҳи орзу.

Ҳосили садсола будан дар ниҳоят як дам аст,
Нӯги ангуште чашидан аз гуноҳи орзу.

Сад қадам дур аз замону як қадам пешам зи худ,
Ғолиби дирӯзи хешам то пагоҳи орзу.

Мекунам эълони таъйини сафирии худам,
Дар адои хидмати ишқу гувоҳи орзу.

***

Ҳай худам бо хеш ишқу ошиқӣ варзидаам,
Ноз пеши худ намуда, рози худ бишнидаам.

Оби чашмамро зи рӯям дастҳоям тоза кард,
Миннати худро кашидам, дасти худ бӯсидаам.

Атри гул дар боғи умри ман мукофоти Худост,
Тухми он гулро ба сад заҳмат худам коридаам.

Чун ҷавоби ишқ ишқу аз дуруштӣ нафрат аст,
Ҳар баду неке, ки омад бар сар, аз худ дидаам.

Хӯрда шири хом, пухтам дар танӯри зиндагӣ,
Об аз ҷӯи фиреби қисматам нӯшидаам.

Номаҳои офарину арзу додам бо худам,
Ман ба худ болидаам, танҳо зи худ ранҷидаам.
                                                                            Оминаи Ҳамроҳ

 

***

Зинда, аммо дар қатори мурда бошӣ, айби кист?
Нони танҳоӣ ҳамеша хӯрда бошӣ, айби кист?

Гар зи уқёнуси шодӣ киштии дил, нохудо,
Соҳили дарду алам оварда бошӣ, айби кист?

Гаштаӣ гӯри ҳазорон орзуи номурод,
Хоки сабзондан зи хотир бурда бошӣ, айби кист?

Домани кӯҳи барори кори худро дидаву
Бар фарози қуллааш бегурда бошӣ, айби кист?

Зиндагӣ нокарда рӯзе мисли инсони наҷиб,
Доимо аз зиндагӣ афсурда бошӣ, айби кист?

Ин ҷаҳон дори мукофот аст, Баҳманёр, лек
Гар худат аз дасти худ озурда бошӣ, айби кист?

***

Шабҳои пурмуғозиларо фикр мекунӣ?
Роҳи убури фосиларо фикр мекунӣ?

Борон ба рӯи панҷара чун панҷа мезанад,
Ман фикр мекунам, ту маро фикр мекунӣ?

Ғамгин, пуризтироб, хаёлӣ, ҷунунзада,
Монанди ман даруни дили худ давидаӣ?

Пойи пиёда аз раҳи ошуфтагӣ шабе
То шаҳри хотироти гузашта расидаӣ?

То ҳол пеши пои таманнои диданат
Монанди соя ин ҳама шаб сар ниҳодаам.

Мехостам равон шаваму тарк созамат,
Дарё шудам, чӣ суд, ҳанӯз истодаам.

Бе буданат ба теғи ғаму рӯзгори сахт
Қалбам ҳазорпора шуду лахт, лахт, лахт,

Аз ман хабар бигир, биё, ҳолатам бубин,
Як боғи бебаҳораму як шаҳри бедарахт.

Не, не, дубора ҷониби ишқам қадам мазан,
Гулҳои зарди хотираро зери по бикун.

Хушбахт бош, ханда бикун, гар дилат кашид,
Гаҳ-гаҳ барои шодии қалбам дуо бикун.
                                                    Баҳманёр Муяссарзода

 

Аз дафтари ғазалҳо
Мисли ман нест касе ошиқи чашмони сиёҳаш,
Зи ғамаш ҳеч нагўяд дили ман… ҳоли табоҳаш.
Ба ҳасодат бирасад шуҳрати себе, ки ҷаҳонист,
Ман агар васф кунам ҷозибаи тарзи нигоҳаш.
Беқарорӣ зи дилам нест бурун, бар кӣ бигўям?
Чашми пурҳасрати пазмоншудаам чор ба роҳаш.
Ғамзаву хандаи моро чӣ савобест? Надонем…
Мекунад нозкунон бар сари дил бор гуноҳаш.
Ғами маҷнункуши Лайло чӣ қадар ҳамҳама дорад?
Зи биёбон ба фалак печ занад оташи оҳаш.
Гар тараннум бикунӣ ҳусну ҷамоле зи Сурайё,
Ту фақат васф бикун зулфи шабу чеҳраи моҳаш.
Ба нигоҳаш чӣ хуморӣ шудаам… сахт хуморӣ,
Мисли ман нест касе ошиқи чашмони сиёҳаш!
***
Каҳрист ба ҷон ин дили пазмоншудаи мо,
Аз ҳаҷри ту гўяд ғами бороншудаи мо.
Бар косаи даври тарабу шодии дидор,
Навбат надиҳад ҳуссаи гардоншудаи мо.
Дорӣ хабар аз хонаи уммед кӣ бошад
Обод дар ин кулбаи вайроншудаи мо?
Бо ту ҳаваси банд шудан аз раҳи қисмат
Дар печу хами зулфи парешоншудаи мо.
Девонагии айни ҷунунро зи фироқат
Сад қисса кунад қисмати ҳайроншудаи мо.
Лабханд аз он шавқи нигоҳи ту бигўяд:
Ишқ аст, ҳамон мушкили осоншудаи мо.
Бишнохт Худоро зи раҳи сидқу садоқат
Ин одамаки аз ғамат инсоншудаи мо.
Бар васфи Сурайё, ки зи васли ту сарояд,
Як шеър бихон ёри ғазалхоншудаи мо.
***
Дар канорам нестӣ, аммо ҷудоӣ нест ин,
Дар маниву ман шудӣ, ҳарфи ҳавоӣ нест ин.
Бурдаӣ аз ман маро бо ёди ширини худат,
Рост гў, ҷонам, магар одамрабоӣ нест ин?
Чун хаёлат мерасад, дар шеър пинҳон мешавам,
Нағз медонам, вале роҳи раҳоӣ нест ин.
Бо ҷамоли мо ту дунёро тамошо мекунӣ,
Як назар кун бар ҳақиқат, худнамоӣ нест ин.
Дар ҷавоби ишқ аз ту иш мехоҳад дилам,
Кам макун аз меҳри худ, аммо гадоӣ нест ин.
Бар ту алмоси дилам бе ҳеч савдо медиҳам,
Қадри ин гавҳар бидон, моли хитоӣ нест ин.
Дар миёни мо набошад қаҳру андўҳу ғазаб,
Бевафоӣ? Дар тариқи ошноӣ нест ин!
***
Финҷони ман ин субҳ
Таъми лабони туро дорад.
Қаҳва нўшидам
Баъди ҳазор соли рафтанат.
***
Дасти нигоҳи гармат
Мечинад аз гулбоғи лабонам
Лола-лола табассумро…
***
Кош сигор бошам,
Бигзор бисўзам…
Вале дар лабҳои ту.
***
Ламс мекунад
Чоки геребони субҳро хуршед.
Ва ман дубора алайк мегўям
Ба саломи ишқ.
                                        Сурайё Ҳакимова

*******************************

                                                                                                         Диловар Саъдулло

                                                 Шукрона  (Ҳикоя)

Охирҳои моҳи август. То “Рӯзи дониш» рӯзҳои башумор монда буд. Сомон ва Салмон, хонандагони синфи 7, дар ист­гоҳи назди мактабашон кифи китобҳо дар даст омадани автобусро интизорӣ мекашиданд. Нишинаи истгоҳро чор зан банд карда, ресмони ғайбатро дароз партофта буданд.

– Аз китобхона ҳама китобҳои дарсиро пайдо карда тавонистӣ? –пурсид Сомон.

– Бале.Ту чӣ? – ҳамзамон савол дод Салмон.

– Яктоашро наёфтам.

– Кадомашро?

– “Хатти форсӣ”-ро.

– Номи китобро хато гуфтӣ.

– Биё, китобҳоятро бинем.

– Баъди ба автобус савор шудан мебинем.

Автобус ҳам омад. Бачаҳо бо шитоб ба он савор шудаанд. Дар нишинаи ба ронанда наздик як ҷойи холӣ ба чашм хӯрд. Дар як гӯшаи он марде саргарми рӯзномахонӣ буд. Лоғару бемор ба назар мерасид. Либосаш коргари идора будана­шро бозгӯ мекард.

Бачаҳо кифҳои худро ба курсӣ гузош­танд. Сомон аз даруни кифаш китоберо бароварда, ба Салмон рӯ овард:

– Китоби гуфтаат “Хатти форсӣ” не, “Алифбо ва матни ниёгон” ном дорад.

– Дуруст, аммо барои чӣ номаш “Алифбо ва матни ниёгон”?

– Намедонам. Ниёгон чӣ маъно дошта бошад?

– Ниёгон шакли ҷамъи ниё аст, – аз баҳси бачаҳо ба шавқ омад мард ва рӯз­номахониро як тараф гузошта, ба суҳбати онҳо ҳамроҳ шуд. – Маънояш аҷдод ва алифбои ниёгон бошад, ин расмулхати гузаштагонамон, ки имрӯз дар Эрону Афғонистон истифода мешавад.

Сомону Салим аз тавзеҳоти мард ҳай­рон шуда пурсиданд:

– Магар хатти мо мисли хатти Эрону Афғонистон буд?

– Албатта, – ба ишораи тасдиқ сар ҷун­бонид мард. – Мо дорои осори бесобиқаи хати гуногун мебошем.

– Ааа, ба ёдам омад, – гуфт Сомон. – Мо дар бораи забони форсӣ–тоҷикӣ дар синфи 5-ум хонда будем.

– Забони мо забонест, ки ба он асарҳои бузург ба мисли “Авесто”, “Худойномак” ва ғайра навишта шудаву абармардони мо чун Рӯдакиву Сино, Саъдиву Ҳофиз, Бедилу Соиб, Зебуннисову Хайём ва дигарон асар офаридаанд.

Дӯстон аз ҷавоби навбатии мард дар ҳайрат монданд, вале Сомон кӯшиш кард, ки бо саволи худ ҳисси шигифтиашонро аз байн барад.

– Шумо гуфтед “Авесто” бо забони форсӣ–тоҷикӣ навишта шудааст. Мо дар синфи панҷум аз фанни таърих дар бо­раи “Авесто” хонда будем. “Авесто” дар асрҳои пеш аз мелод аз тарафи Зардушт навишта шудааст. Магар хатти ниёгони мо дар ин асрҳо арзи ҳастӣ дошт?

– На, дӯстони хурдсоли ман, – аз ҳис­си кунҷковии бачаҳо хандаи мард омад. – “Авесто” бо хатти авестоӣ навишта шудааст. Гузаштагони мо хатҳои дигар ҳам доштанд.

– Хатҳои дигар? Кадом хатҳо?

Мард қомати худро рост карда, ба фаҳмондан шуруъ намуд:

– Хатҳои дигари мо мехӣ, авестоӣ, паҳлавӣ, суғдӣ буданд, ки пай дар пай ва дар замонҳои гуногун истифода шудаанд.

Сомон бо нигоҳи ҳайратомез ба чеҳраи мард нигариста, пурсид:

– Амак, пас ба хатти кириллӣ мо кай гузаштем?

Мард даме хомӯш истод. Баъд як нафаси чуқур кашиду ба суханаш идома дод:

– Мо ба хатти кириллӣ соли 1939, пеш аз ҷанги Бузурги Ватанӣ гузаштем. Дав­лати мо пеш аз хатти кириллӣ гузаштан, соли 1929 ба хатти лотинӣ гузашта буд, аммо хатти лотинӣ баъзе душворӣ ва камбудҳо ба миён овард. Аз ин хотир, ба хатти ки­риллӣ рӯ овардем.

Сомон чашмонашро калон кушода, бо як ҳис­си аҷибе ба мард нига­риста пурсид. – Чаро мо аз алифбои ниёгони худ ба алифбои лотинӣ ва баъдан ба алифбои кириллӣ гузаштем? Охир ба хатти ниёгони мо асарҳои бузург навишта шуда будаанд.

– Саволи хуб, – бо ангушташ ишораи тасдиқ намуд мард. – Баробари ташкил шудани давлати шуравӣ дигаргуниҳои зиёд ба вуҷуд омад. Аз ҷумла, дар давла­ти мо ҳам. Соли 1929 бо қарори махсуси ҳукумат дар бораи ба алифбои лотинӣ гузаштани халқҳои алифбои арабидо­штаи Иттиҳоди Шуравӣ қароре баромад ва мо ҳам маҷбур шудем, ки ин қарорро қабул намоем.

– Сабаб? – яку якбора овози бачаҳо баланд шуд.

– Ором шавед! Гуфтам–ку, мо узви давлатҳои Иттиҳоди Шуравӣ будем ва ҳар фармоне, ки аз марказ бароварда ме­шуд, ҳатман амалӣ мегардид. Мо мисли парандаи дар қафас будем…

Ин лаҳза суҳбати марду бачаҳоро баланд шудани садои ронандаи автобус, ки расидан ба истгоҳи маҳаллаи 82-юмро хабар медод, қатъ намуд. Салмон ба мард рӯ оварда гуфт:

– Бубахшед, амак, ин ҷо маҳаллаи зисти мо. Раҳмат ба Шумо. Мо бисёр чизҳоро фаҳмидем.

– Шумо ояндаи Ватани маҳбубамонед. Хонед! Зиёӣ шавед! Ояндаи Ватанро дурахшон намоед ва мисли зиёиёни гуза­штаи мо забон ва хатти худро ҳифз кунед!

Бачаҳо бо ӯ хайрухуш карда, аз авто­бус фуромаданд. Пас аз пойин шудан, Сомон дар фикр ғӯтида, муддате дар на­зди истгоҳ истод, баъд, гӯё ба ёдаш чизе расида бошад, рӯ ба Салмон гардонда, нафаси сабук кашиду гуфт:

– Худоро шукр!

Аз рафтор ва сухани Сомон Салмон ҳайрон шуда пурсид:

– Аз чӣ шукрона мекунӣ?

– Аз он ки Иттиҳоди Шуравӣ хатти моро иваз карда тавониста бошад ҳам, забонамонро натавонист, вагарна…

***

                                                                                                         Фаридуншоҳи Абдулло

Азоби виҷдон
(Ҳикоя)

Дар нимрӯзи тобистон, ки ҳарорат аз сӣ дараҷа боло буд, дар бозори мардикорон фурӯшандае барои аз мошин фуровар­дани халтаҳои сементу дар анбор чидани онҳо ду мардикорро киро кард. Ба кор шуруъ намудан замон аз таъсири тафси ҳаво аз сару рӯйи онҳо обу арақ шорид. Аммо ин ба низоми кори онҳо халал ворид намекард. Гап-гапкунон чӣ тавр гузашта­ни вақт ва лаҳза ба лаҳза кам шудани халтаҳоро эҳсос наменамуданд. Нафас рост карданд.

– Акаи Мирзо, ба фикрам нисфаша фуровардем, – гуфт марде, ки аз Мирзо дида ҷавонтар менамуд.

– Рост гуфтӣ, Комрон, бори мошин аллакай ним шудааст, – посух дод Мирзо.

– Ками дигар ғайрат кунем, мебинӣ, мошин холӣ мешавад.

– Худо хоҳад…

Мирзо халтаҳои сементро пеши бар оварда, ба рӯйи шонаи Комрон мегузошт ва ӯ онро бурда болои халтаҳои дигар мечид. Баъди он, ки охирин халтаро фу­роварданд, Мирзо поён омаду ба чархи мошин такя зада, нишаст. Миёнбандашро во карда, арақи сару гарданашро пок кард. Комрон ҳам шона аз бори гарон тиҳӣ намуду либосҳояшро аз чанг тоза карда, омада канори ӯ нишаст ва сухан оғозид:

– Ака, ба пою қадам будаед, то нисфи­рӯзӣ дар мардикорбозор шиштем, кор ҳеҷ омад накард. Ҳамин ки шумо омадед, кор ранги дигар гирифт.

– Аз пайи ризқ шавӣ, онро меёбӣ. Ноумед шудан даркор не. Мардикор чаққониву чолокӣ мехоҳад.

– Оне, ки моро киро кард, чор кас ги­рифтанӣ буд. Илтимос кардам, ки ду кас кифоя аст.

– Агар чор кас меомад, сад сӯмӣ ҳақ­бар мешудем…

Мардикорон, агарчи чанд лаҳза пеш шинос шуда бошанд ҳам, зуд унс гириф­танд. Комрони хушгапу чеҳракушод ва меҳнатӣ ба ҳамкораш писанд омад.

– Додарҷон, ҳамин қадар дам гириф­тем бас, аз паси кор мешавем, – пас аз қадре рафъи хастагӣ гуфт Мирзо ва аз ҷой бархост.

Ним соати дигар ё шояд бештар кор карданд. Билохира,

– Ана ин охирин халта, додар, — бо хушҳолӣ гуфт Мирзо.

Ҳамин лаҳза корфармо ҳам омад. Мошини холӣ ва дар анбор якзайл болои ҳам хобидани халтаҳои сементро дида, хушҳол шуд. Бо мардикорон ҳисобӣ карда, ҳамзамон иброз дошт:

– Агар хаста нашуда бошед, чанд лаҳ­за пас мошини дигар меояд. Метавонед бо ҳамин нарх онро низ фуроред.

– Мадорамон намонд, додар. Розӣ бошед, онро пагоҳ холӣ мекунем.

– Ака, ман холӣ мекунам, – гуфт Комрон.

Корфармову Мирзо ҳайрон ба ӯ ни­гаристанд. Дар нигоҳҳояшон як маънӣ хонда мешуд: магар ақлатро хӯрдаӣ? Кори осон нест.

– Ҳоло вақт ҳаст, оҳиста-оҳиста холӣ мекунам, – дигарбора сари матлаб омад.

Мирзо ба Комрон барори кор хоста, хайрухуш карду рафт. Корфармо низ. Комрон дар интизори омадани мошин пушт бар девор ниҳода, пойҳоро дароз карду нишаст. “Илоҷ надорам, мурам ҳам, бояд маблағ пайдо карда, аз зери бори гарони виҷдон раҳо ёбам”, – гуфт нимшу­наво. Даст боло карду мӯйи пур аз чанги сементро ба такрор болову поён намуд. “Аҷаб коре кардам”, – ба забон овард.

Мошин омад. Ронанда марди қомат­баланди шонавсеъ ба Комрон даст дода, салом карду пурсид:

– Танҳоӣ?

– Танҳо.

– То кай ин борро мефурорӣ?

– Мефурорам, ака.

– То саҳар? – пичинг зад ронанда. – То саҳар ҳам шавӣ, ман розӣ.

Комрон посух надод. Дари мошинро кушоду боло баромад. Чанд халтаро ба замин партофт. Поён омаду якеро паси дигар бардошта, ба анбор бурд. Бо ҳамин шева корро идома дод. То рафт мадор таркаш мегуфт. Аз замин бардоштану ба сари шона ниҳодани халта барояш душвор мешуд. Дар роҳравӣ аз бемадорӣ мекалавид. Вақте ки Офтоб худро ба теғаи кӯҳ кашида, андак-андак аз назар ғойиб мешуд, Комрон аз по афтод. Ба бори мошин нигарист. Акнун нисф шуда буд. Ба замин нишаст. Аз сару рӯяш арақ мешорид. Нафаскашишаш рафта-рафта муътадил шуд. Аз ҷой бархост. Шаб аз ним гузашт. Корфармо омад. Ба ҳоли зори Комрон дилаш сӯхт. Пурсид:

–Комрон, чӣ мушкил дорӣ, ки чунин кори вазнинро ба уҳда гирифтӣ?

– Мушкил дорам.

– Чӣ мушкил?

–Узр, гуфта наметавонам…

Офтоб як қади одам аз сари кӯҳ баланд шудан пас, Комро корро ба охир расонд. Беҳолу бемадор, ба кӯҳи халтаҳои семент такя карда, нишаст. Дарҳол хобаш бурд. Аз садои ба кор даромадани муҳаррики мошин бедор шуд. Чашмонашро молида- молида, ба берун нигарист. Бархост аз ҷой. Тамоми узви баданаш дард мекард. Базӯр по аз замин канда, берун баромад. Офтоб ба қиём расида буд. Корфармо ҳам омад. Ба ҷойи чаҳорсад сомонӣ ба ӯ панҷсад сомонӣ дод. Ҳарчанд Комрон рад кард, корфармо аз раъяш нагашт. Комрон ба ӯ изҳори сипос намуду сӯйи хона роҳ пеш гирифт. Воқеаи ду рӯз қабл рухдода, ки оқибат ӯро ба чунин ҳол расонд, дар зеҳнаш рӯшан шуд: бо ҳамроҳии дӯсто­наш ба беморхона, ба аёдати рафиқашон рафтанд. Дар бозгашт Комрон, ки лаҳзае машғули суҳбат бо телефон гардидаву аз ҳамраҳон чанд қадам дур монда буд, аз рӯйи роҳ як панҷсадсомонӣ ёфт. Онро аз замин бардошта ба чапу рост нигоҳ дӯхт, ҳама машғули равуои худ буданд. “Ёфта­гӣ ҳалол» гӯён онро ба ҷайбаш зад. Дар вақти хайрухуш рафиқаш Ҷаббор гуфт, ки дар куҷое панҷсадсомонаашро афтонда­аст. Дӯстонаш хостанд, ки баргашта роҳи паймудаашонро кобанд. Аммо Ҷаббор нагузошт. “Ҳар кӣ ёбад ошаш шавад”, – гуфт Ҷаббор ба дӯстон падруд гуфту рафт. Дигарҳо ҳам ҳар яке сӯйи манзили хеш шитофтанд. Комрон як дил кард, ки пул ёфтанашро гӯяд, аммо боз андешид, ки мабодо дуздаш бароранд, аз фикраш гашт. Ба пул сахт ниёз дошт. Дар хона тифлаш бетоб буд. Чанд рӯз боз дорухат дар ҷайб мегашт. Забонаш намегашт, ки аз ягон кас пул гирифта, доруҳоро харад. Худро таскин дод, ки Ҷаббор ба забони худ гуфт, ки “Ҳаркӣ ёбад ошаш шавад”. Хулоса, маблағро барои баровардани ниёзҳои худ сарф кард. Аммо виҷдонаш азобаш медод. Худро ногувор ҳис мекард. Сурати Ҷаббор ҳар лаҳза пеши назараш намудор мегардид. Аз шарм сурх мешуд…

Ҳамин ки ба хона омад, ҳатто мадор пайдо накард, ки сару рӯй шӯяд. Аз ҳамсараш ҳол напурсид. Фарзандашро дӯстдорӣ накард. Худро рӯйи кати пеши хона партофт. Хобаш бурд. Нимашаб аз хоб бедор шуд. Бедор шудан замон чеҳраи Ҷабборро пеши чашм дид. Даст ба телефон бурд:

– Комрон, тинҷӣ аст? Дар ин бевақтӣ ба мулоқот даъват кардӣ?

Комрон забон хойид. Надонист, ки аз чӣ гапро оғоз бикунад. Ба рӯяш сурхӣ да­вид. “Хайрият, ки шаб асту инро Ҷаббор намебинад”, – гузашт аз дилаш.

– Дӯстам, маро бубахш, дирӯз пули гумшудаатро ёфта будам. Вақте фаҳми­дам, ки аз они туст, дар назди рафиқон онро дода натавонистам. Гуфтам, шояд гумон кунанд, ки онро дуздидаам. Аз сӯйи дигар, бачаам бемор буд. Бояд до­руҳояшро мехаридам. Як шабонарӯз кор кардам. Ҳамон пулро овардам. Хоҳиш мекунам, инро бигиру маро бубахш, то луқмаи хонаводаам ҳалол шавад.

Дар ҳоле ки Комрон пулро ба Ҷаббор дароз мекард, дасташ меларзид.

– Комрон, маблағро ба ҷайбат гузор, намегирам. Беҳуда нагуфта будам, ки “Ҳарки ёбад, ошаш шавад”. Аз замин гирифтанатро дида будам. Аз дилам гузашт, ки ба он ниёз дорӣ ва хомӯш буданро беҳтар донистам. Ҳамон вақт аз баҳраш баромадам. Ман туро хуб меши­носам. Акнун, ки барои баргардонидани он омадӣ, бори дигар дилпур шудам, ки беҳуда туро беҳтарин рафиқи худ интихоб накардаам…

Дасти Комрон дар ҳаво муаллақ ҳанӯз ҳам меларзид.

Дигар хабарҳо