• 08.04.2025

Гиромидошти тарҷумони осори Мирзо Турсунзода – Минел Левин

 Гиромидошти тарҷумони осори Мирзо Турсунзода – Минел Левин

Ба муносибати 100-солагии адиб ва публисисти русизабон Минел Левин рӯзи 4-уми апрел дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили адабӣ баргузор гардид.

Дар ин рӯйдоди фарҳангӣ адибону пажӯҳишгарон ва алоқамандони каломи бадеъи русӣ ширкат карда, ҷойгоҳ ва саҳми Минел Левинро арзёбӣ карданд.

Дар сухани ифтитоҳӣ Равшан Махсумзод, муовини раиси Иттифоқи нависандагон аз кору рӯзгори адиби шодравон Левин ёдоварӣ ва вижагиҳои ҳунарии варо номбар кард.

Таъкид шуд, ки Минел Левин солҳо масъулияти сардабирии маҷаллаи русии “Помир”, котибии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва раҳбарии Шурои адабиёти русиро бар дӯш дошт. Ин муҳити адабӣ дар ташаккули фардияти адабии ин эҷодкор бетаъсир набуд ва асарҳои Мирзо Турсунзода, Ҷалол Икромӣ ва Аминҷон Шукӯҳиро маҳз дар ин даргоҳ ба забони русӣ баргардон кард. Ҳамзамон дар вироиши солномаи “Литературный Таджикистан» саҳм дошт.

Дар идома ширкаткунандагон дар бораи хусусиятҳои ашъору публисистикаи Левин суханронӣ карда, осори ӯро гуногунҷанба хонданд.

Дигар хабарҳо