Гиромидошти Рўзи модарон дар Хонаи адибон

6-уми март ба муносибати Рўзи модар дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода маҳфили муштараки Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон сурат гирифт.
Аҳтам Абдуллозода, раиси Хадамоти иҷро дар зимни суханронӣ ҳозиринро бо Рўзи модар таҳният гуфта, нақши модарро дар парвариши фарзанд ва мақоми занонро дар соҳаҳои гуногуни давлатӣ бориз арзёбӣ кард.
Дар идома Равшан Махсумзод, муовини раиси Иттифоқи нависандагон дар бораи ҷойгоҳи зан-модар дар осори шоирони тоҷик сухан гуфта, ба арҷгузорию эҳтироми ҷинси латиф даъват кард. Ҳамчунин дар ин ҷаласа адибон Сироҷиддин Икромӣ, Бузургмеҳри Тоҷиддин ва Бузургмеҳри Ҳаким дар хусуси имконоту имтиёзҳои фароҳамовардаи Ҳукумати кишвар ба занон, аҳаммияти таҳсили онҳо ва манзалати модар ибрози андеша намуданд.
Дар фарҷом бонувон бо туҳфаҳо қадрдонӣ шуданд.