Гиромидошти очеркнависи чирадаст

 Гиромидошти очеркнависи чирадаст

13 сентябри соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили ёдбуди нависандаи шинохта, шодравон Мутеулло Наҷмиддинов баргузор гардид.

Суханварону қаламкашон, дӯстону ҳамкорон ва пайвандони адиб даври як миз ба ҳам омада, чароғи ёди адибро фурӯзон намуданд.

Тавре ки дар оғози маҳфил муовини раиси ИНТ Ато Мирхоҷа баён дошт, Мутеулло Наҷмиддинов аз адибони пуркоре буд, ки бо навиштаҳои пурмуқу ҳадафрас, ба вижа очеркҳояш, дар шаклгирии публитсистикаи тоҷик нақши чашмрас гузошт ва чун нависандаи публитсист дар саросари кишвар ва берун аз он ному эътибори хоса ёфт.

Дар маҳфил китоби «Дарё маҷрои нав меҷӯяд»-и адиб, ки дигарбора бо сифати зебо ба табъ расидааст, рӯнамоӣ шуд. Зикр гардид, ки романи «Дарё маҷрои нав меҷӯяд» аз ҷумлаи беҳтарин таълифоти нависанда буда, ҳунари хуби нигорандагӣ ва одаму оламшиносии ӯро аён мекунад.

Дар бораи махсусиятҳои фаъолияти адабиву рӯзноманигории Мутеулло Наҷмиддинов маърузаи яке аз шогирдони ӯ – Нависандаи халқии Тоҷикистон Бахтиёр Муртазо ироа гардид, ки дар ҳамин шумораи ҳафтанома ҷой гирифтааст.

Сипас доктори илмҳои таърих, профессор Иброҳим Усмонов роҷеъ ба асарҳои адиб, фаъолияти доманадори публитсистии ӯ, махсусан дар бораи очеркҳои хонданияш суҳбати ҷолиб кард. Номбурда, аз ҷумла, бо таассуф иброз дошт, ки имрӯз жанри дар гузашта пуристеъмоли очерк аз рушду равнақ мондааст ва хеле камистифода шудааст. Ба андешаи муҳаққиқ, имрӯз касоне, ки барои ободии Ватан содиқона кор мекунанд, бисёранд ва метавон дар бораи онҳо очеркҳо навишт.

Дар идомаи маҳфил нависандагони халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад, Ато Ҳамдам, раҳбари НАНСМИТ Нуриддин Қаршибоев, рӯзноманигор Мирзомаҳмуд Мирбобоев ва дигарон дар бораи эҷодиёт ва сифатҳои инсонии Мутеулло Наҷмиддинов сухан гуфтанд.

Дигар хабарҳо