ГИРОМИДОШТИ НАВИСАНДАИ БУЗУРГ

23 сентябри соли равон дар Хонаи адибони ба номи Мирзо Турсунзода бахшида ба 110-солагии Нависандаи халқии Тоҷикистон устод Сотим Улуғзода маҳфили адабӣ баргузор гардид.

 Маҳфил бо намоиши филми мустанад аз рўзгору осори устоди насри тоҷик оғоз ёфт. Сипас муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа ба расми ифтитоҳ дар бораи рўзгору сарнавишти пургиреҳ, фаъолияти серҷанбаву пурбори адабӣ ва сифатҳои баланди инсонии Сотим Улуғзода сухан гуфт. Номбурда зикр кард, ки устод Сотим Улуғзода дар ҳама шохаҳои адабиёт мероси гаронбаҳо ба ёдгор гузошт ва дар ташаккулу таҳаввули адабиёти муосири тоҷик чун вориси арзандаи устод Садриддин Айнӣ хидматҳои бузург кард. Инчунин зикр шуд, ки нависанда амалан ҳам дар рушди адабиёти муосири тоҷик, махсусан дар замони раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буданаш саҳми шоиста гузошт.

Гардонандаи маҳфил, мунаққид ва адабиётшиноси маъруф Абдураҳмони Абдуманнон ҳангоми руҷўъ ба осори устод Сотим Улуғзода баён дошт, ки ў бо як силсилаи асарҳояш, аз ҷумла «Қисмати шоир», «Пири ҳакимони Машриқзамин», «Восеъ», «Ривояти суғдӣ» ва «Фирдавсӣ» чеҳраҳои таърихии миллатамонро ба таври барҷаста тасвир намуд ва ба ин васила дар қувват гирифтани рўҳи миллӣ, ҳувияти миллӣ ва худшиносиву ифтихори миллӣ дар адабиёти тоҷик саҳми бузург гузошт. Ин асарҳо ва чандин асарҳои дигари саҳнавии нависанда дар навбати худ, ба рушду пешрафти драматургия ва синамои миллиямон таъсири зиёд расониданд.

Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор дидору суҳбатҳои худро бо Сотим Улуғзода ба ёд оварда, шахсияти ўро дурахшону нотакрор арзёбӣ кард ва бо қироати шеъре рўҳи нависандаро шод намуд.

Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад дар бораи суҳбатҳо ва сафарҳои муштаракаш бо Сотим Улуғзода, махсусан роҷеъ ба сафаре, ки ба чанд ноҳияи вилояти Хатлон сурат гирифтааст, сухан ронд. Аз ҷумла зикр гардид, ки устод дар ин сафарҳо ба суҳбати куҳансолон мароқи зиёд зоҳир мекард ва бо диққати тамом ба онҳо гўш медод. Маҳз чунин кунҷковию дақиқкориҳо буданд, ки яке аз бузургтарин романҳои адабиёти тоҷик – «Восеъ» бо қалами устод навишта шуд.

Аз дидоре, ки аввалин бор дар шаҳри Маскав иттифоқ афтодааст ва баъдан ба робитаи наздикашон табдил ёфтааст, Шоири халқии Тоҷикистон Аскар Ҳаким зимни суханронияш ёдовар шуд. Қироати шеъри ватандўстона аз ҷониби шоир баёнгари ҳоли

нависандаи ватандўсту миллатпарвар буд.

Монологҳо аз чанд асари саҳнавии нависанда дар иҷрои Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ортиқи Қодир ба ҳамагон таъсири амиқ гузоштанд ва робитаи ҳамешагии адиби мумтозро бо театр бозгўӣ намуданд.

Сарояндаи хушовози «Шашмақом» Хуршед Иброҳимов ҳамроҳи навозандагони ҷавон бо чанд суруд дилҳоро шавқу шўру сурур бахшид.

Яке аз пайвандони устод Сотим Улуғзода муҳаққиқ ва тарҷумон Ҷамила Мурувватиён ба роҳбарияти Иттифоқи нависандагон ҷиҳати барпо намудани чунин маҳфили зебову бошукўҳ арзи сипос намуд.

«АС”

Дигар хабарҳо