ГИРОМИДОШТИ БОЗОР СОБИР

27-уми ноябр дар Театри давлатии академии драмаи ба номи А. Лоҳутӣ бо ҳузури аҳли адаб ва мухлисони адабиёт маҳфили ёдбуди шоири маъруф устод Бозор Собир баргузор шуд. Шеърҳои шоири зиндаёд аз забони Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон, гардонандаи маҳфил Ортиқи Қодир муассир садо доданд.

Шоирони шинохта Гулрухсор, Аскар Ҳаким, Камол Насрулло, профессор Абдунабӣ Сатторзода, ҳунарпешаи маъруф Марям Исоева, кормандони масъули Иттифоқи нависандагон Абдуллоҳи Раҳнамо, Сироҷиддин Икромӣ ва дигарон дар бораи сифатҳои ашъору шахсияти устод Бозор Собир сухан ронданд ва хотироти ҷолиби худро нақлкарданд.

Сарояндагони маҳбубМуҳаррама Шарифова ва Ҷаъфари Ҷалол бо сурудҳои дилошўб шамъи ёди шоирро фурўзон намуданд.

Дар охири маҳфил озмуни бозорхонӣ, ки қаблан дар фазои маҷозӣ сурат гирифта буд, ҷамъбаст гардид.

Дар ин озмун директори Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ Абдуқодири Абдуқаҳҳор, наврасон Омина Рустамова ва Ноҳида Раҳмонова ғолиб омада, бо мукофотҳои пулӣ сарфароз гардиданд.

«АС»

Дигар хабарҳо