Гиромидошти адабиётшиноси асил
Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии адабиётшиноси маъруф равоншод Худойназар Асозода конфронси илмиву адабӣ баргузор гардид, ки дар он аҳли илму адаб, намояндагони Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ва устодону донишҷўёни факултаи филологияи донишгоҳ иштирок доштанд.
Декани факултаи филология Сироҷиддини Эмомалӣ бо суханронӣ роҷеъ ба фаъолияти густардаи илмиву адабии Худойназар Асозода ба кори конфронс оғоз бахшид.
Мудири кафедраи назарияи адабиёти муосири факултаи мазкур, адабиётшиноси шинохта Муртазо Зайниддинзода, ки гардонандагии конфронсро ба уҳда дошт, дар бораи ҷойгоҳи баланди адабиётшиноси марҳум дар илми суханшиносӣ ва нақши ў дар тарбияи шогирдон батафсил сухан гуфт.
Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор, Нависандаи халқии Тоҷикистон Аб- дулҳамид Самад ва доктори илмҳои филологӣ Шаҳбоз Кабиров доир ба дўстиву ҳамкориашон бо олим ва сифатҳои хоси инсонии ў суҳбати ҷолиб карданд.
Муовини раиси Иттифоқи нависандагон Равшан Махсумзод дар суханронияш изҳор дошт, ки Худойназар Асозода аз фаъолтарин аъзои созмони адибон буд ва асарҳое, ки дар бораи адибони маъруфамон, аз ҷумла Абулқосим Лоҳутӣ ва Сотим Улуғзода навишт, аз серхонандатарин китобҳо мебошанд.
Дар бораи паҳлуҳои гуногуни осори илмии Худойназар Асозода ва фаъолияти педагогии ў номзади илмҳои филологӣ Субҳони Аъзамзод сухан ронд.
Ҳамчунин дар бахши илмии конфронс аз ҷониби донишмандон маърўзаҳо доир ба фаъолияти илмии адабиётшинос ироа гардиданд.