Гиреҳкушои масоили печидаи адабиёт

Ба муносибати 70-солагии адабиётшиноси шодравон Маъруф Раҷабӣ
Қарни бистумро бо вуҷуди ҳама тазодҳояш муҳаққиқон ҳамчун як давраи муҳимми таърихи илму фарҳанги халқҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ муаррифӣ менамоянд. Адабиёти садсолаи охири тоҷик ҳам як ҷузъи ҳамин фарҳанги ҷадид мебошад. Вале муҳаққиқон акнун ба шинохту таҳқиқи воқеии ҳама паҳлуҳои адабиёти ин давра шуруъ намуда истодаанд, ки дар ин роҳ шодравон Маъруф Раҷабӣ аз ташаббускорон ва пешгомон буд. Ӯ қабл аз оғози таҳқиқи адабиёти ибтидои қарни XX ба заминаҳои мафкуравӣ ва эстетикии он таваҷуҳи махсус зоҳир намуда, назди худ суолҳои зеринро гузошта буд: «Инак, рӯ ба рӯи мо таърихи 70-солаи адабиёти шӯравии тоҷик қарор дорад. Ин адабиёт чӣ маънӣ дорад? Кадом тамоюлоти ғоявию бадеии матлуб ва номатлубро дорост? Робитаи он ба адабиёти классикӣ, хоса адабиёти маорифпарварию ҷадидия чӣ гуна аст ва ё умуман, бо ин адабиёт ягон алоқае дорад? Моҳияти синфияту партиявияту халқияти адабиёти шуравӣ аз чӣ иборат аст? Оё ин адабиёт ва қаҳрамонони он розу ниёзҳои сиёсӣ ва маънавиву ахлоқии халкро ифода кардаанд? Поэтикаи ин адабиёт чӣ гуна аст? Моҳияти методи эҷодии он – методи реализми сотсиалистӣ чист? Алоқаи ин адабиёт бо дигар адабиётҳои ҷумҳуриятҳои собиқи Шуравӣ бо кадом ҳадафҳо воқеъ шудааст? Ба ин суолҳо ва даҳҳо суолҳои дигар бо диди тозаи моҳияткоб посух ёфтан зарур шудааст. Бале, барои он ки ба ҳофизаи таърихии миллат, ки хеле фаъол шудааст, ғизое бидиҳем, бояд ба ин суолҳои замон ҷавоб биҷӯем».
Агар мо асарҳо ва мақолаҳои М. Раҷабиро варақ занем, ба хубӣ мушоҳида менамоем, ки ӯ ҳамеша дар тӯли умри кӯтоҳ, вале пурбаракати хеш аз пайи ҷавоб ёфтан ба ин «суолҳои замон» будааст. Дар китоби «Ислом: ҷадидия ва инқилоб» (1977) муаллиф кӯшиши зиёд намудааст, ки гиреҳҳои асосии назарию мафкуравии адабиёти ибтидои асри XX, тазодҳо ва печутоби роҳу тамоюлҳои адабию эстетикии ин давраро равшан созад. Воқеан, таҳқиқу баррасии ҷадидия, ба қавли М. Раҷабӣ, маънои «аз дурӯғ пок кардани ҳофизаи таърихии халқро дошт». Чунки моҳияти мафкураву ғояи ҷадидия дар осори адабии аксари қаламкашони ба ин ҷараён майлдошта ифода гардида буд. Намунаи ин осори С. Айнӣ, Фитрат, Беҳбудӣ, Аҷзӣ, Асирӣ, Мирзо Сироҷи Ҳаким, Васлии Самарқандӣ ва дигарон мебошад. Дар мақолаи «Мафкура ва ҳофизаи таърихии ҷадидия» М. Раҷабӣ асосан ду масъала – моҳияту мавқеи мафкураи динӣ дар фаъолияти сиёсию маорифпарварии ҷадидон ва проблемаи ҳофизаи таърихии худи онҳоро ба миён мегузорад.
Дар мақола таъкид мешавад, ки яке аз сабабҳои асосии ба садамаҳои иҷтимоиву сиёсӣ ва фарҳангӣ рӯ ба рӯ шудани Аморати Бухоро дар кишвар поён рафтани обрӯю эътибори илму маърифат ва фарҳангу ҳунар буд. Ҳамаи ин зиёиёни воқеан мунавварфикр ва равшанзамирро водор месохт, ки ба равияи ҷадидия пайваста, барои ислоҳу ободии кишвар мубориза намоянд. Моҳияти муборизаҳои ҷадидонро М. Раҷабӣ чунин тафсир менамояд: «Феодализми Бухоро, ки замоне сарсилсилаи тамаддуни башарӣ буд, ибтидои қарни ХХ, замоне ки аморат дар разолат ғӯтавар буд, низ он рангу бӯй аз ин шаҳри бостонӣ ба тамом нопадид нагардид; охир дар гаҳвораи маънавиятпарвари он фирқае бо номи ҷадидия – зиёии асил вуҷуд дошт, ки ниёзҳои умумиинсониро дархост менамуд» .
Вале дар тамоми тӯли таърихи мавҷудияташ ин падидаи фарҳангиву иҷтимоиро сарнавишти талх насиб шудааст. Ҳатто то замони бозсозӣ ҷадидия ҳамеша ҳадафи танқидҳои ноҳақ қарор дошт. Гуноҳҳои асосии ҷадидон «кофир», «намояндаи буржуазия», «миллатчӣ», «душмани халқ» ва ғайра мебошад.
Дар масъалаи баҳо додан ба ҷадидон аз ибтидо ду назари мухолифи ҳам ҷой дошт. Баъзе муҳаққиқон ошкоро навишта буданд, ки «ҷадидҳо ягонто ҳам бошад, асари пурқимат ба вуҷуд наоварданд, ҳикоя, пйеса ва маҷмуаи шеърҳо, ки онҳо навиштанд, ҳеч як арзиши ғоявию бадеӣ надоранд».
М. Раҷабӣ бо камоли инсоф ва дақиқназарии олимона ҳамаи ин андешаҳоро баррасӣ намуда, ҳақиқатро аз ботил ҷудо мекунад. Дар солҳои таассуби мафкуравӣ, хизматҳои зиёди X. Мирзозода дар ин замина, ки ҳамеша боиси азияти рӯҳонии худи ӯ мегардид, дар навиштаҳои муҳаққиқ бори нахуст баҳои одилонаю воқеӣ гирифт. «X. Мирзозода, – менависад М. Раҷабӣ, – дар воқеъ марди пурфаҳм буд ва рӯҳияи уламои ҳамзамонашро низ хуб шинохта буд. Ӯ пешакӣ самти рафтору усули гуфтори уламоро аз бархурд ба фикри тоза, хоса аз истеъмоли маводу андешаҳои ғайрисуннатӣ нек тасаввур мекард». Аз ин рӯ, вай ба асару мақолаҳояш унвонҳои пурдабдабаи сиёсинамо мегузошт ва зери ин номҳо андешаҳои тозаи хешро пешниҳод менамуд. Тавассути навиштаҳои X. Мирзозода ва ҳамфикронаш дар солҳои 60-70 ҷадидия то андозае сафед шуд. Тамоюли ҳамчун ҷараёни демократӣ баррасӣ намудани ҷадидия баъдан хеле тақвият ёфта, барои таҳқиқу баррасии ҳама паҳлуҳои адабиёти ибтидои асри XX замина гардид.
Баъди ба истиқлол расидани кишвар ва ба куллӣ тағйир ёфтани арзишҳои мафкуравию маънавӣ зарурати таҳқиқи адабиёти қарни XX аз нигоҳи нав пеш омад. М. Раҷабӣ дар қатори дигар ҳамқаламони худ як силсила мақолаҳо навишта, зарурати таълифи таърихи адабиёти қарни XX-ро аз нигоҳи нав асоснок намуд. Ва худаш ба хотири роҳкушоӣ ба таълифи ин асари бунёдӣ зери унвони «Таърихи танқид ва адабиётшиносӣ» асаре таълиф намуд, ки он фарогири маводи фаровони тозаю то ҳанӯз дастнахӯрда буд. Воқеан, то замони истиқлол на ҳар муҳаққиқ ҷуръат менамуд, ки дар атрофи афкори назарию танқидии солҳои 20-30-и асри гузашта, чизе нависад. Ба қавли М. Раҷабӣ: «Дар солҳои қабл аз бозсозӣ омӯзиши воқеии ин мавзуъ ғайриимкон буд, зеро қолабҳои пурзиддияти методологӣ ба ин роҳ намедод».
Дар китоби номбурда М. Раҷабӣ, афкори назариву эстетикии солҳои 1920-1954-ро ба таври муфассал мавриди омӯзиш қарор дод. Бояд гуфт, ки афкори адабии ин давра дар маҷмуъ зери фишорҳои мафкуравӣ қарор дошт. Ва дар тӯли ин солҳо муносибат ба мероси адабии гузашта зуд-зуд тағйир меёфт. Танҳо баъди мусоҳибаи Сталин бо Фадееву Павленко ва қабули Қарори Кумитаи Марказии Ҳизби Комунист «Дар бораи кори нашриёти давлатӣ ва нақшаи мавзуии нашри адабиёти бадеӣ, барои соли 1940» муносибат ба мероси гузашта то андозае тағйир ёфт. Дар Тоҷикистон дар ҳамовозӣ ба ин дастури ҳизб ва пешвои он як силсила мақолаҳо ба чоп расидаанд.
Бо вуҷуди ин, дар масъалаи омӯзиши адабиёти классикӣ устод Айнӣ пешсаф буданд. Дар ин робита М. Раҷабӣ чунин менависад: «Дигар шудани муносибати фирқа ба ин адабиёт ва бардоштани тамғаи сиёҳ аз болои асари бо меҳр офаридаи ӯ «Намунаи адабиёти тоҷик» (1926), дили ин шефтаи адабиёти куҳнаро ба кори амалӣ ниҳоят гарм кард». Натиҷаи ҳамин буд, ки устод Айнӣ дар тӯли солҳои 1938-1940 мақолаҳои арзишманди худ «Шайхурраис Абуалӣ Сино», «Шайх Муслиҳиддин Саъдии Шерозӣ», «Устод Рӯдакӣ», «Қабри устод Рӯдакӣ ва деҳаи Рӯдак», «Камоли Хуҷандӣ»-ро таълиф намуд. Хизматҳои А. Деҳотиро дар нашру тарғиби мероси гузашта муҳаққиқ махсус таъкид менамояд. Бояд гуфт, ки А. Деҳотӣ аз ҷумлаи муҳаррирону ташаббускорони ба нашр расидани китоби «Намунаҳои адабиёти тоҷик» (1940) буд.
Маъруф Раҷабӣ баҳсҳои дар солҳои 20-30 атрофи истилоҳи «адабиёти форс-тоҷик» ба амаломадаро ҷамъбаст намуда, бо такя ба андешаҳои шарқшиносони ҳамон давра хулоса мекунад, ки «муассиси ин истилоҳ («адабиёти форс — тоҷик») устод Айнӣ ва он дар сарсухан ба маҷмуаи «Намунаҳои адабиёти тоҷик» дар заминаи исботи ҳамзабониву ҳамфарҳангии тоҷикону форсҳо дар асрҳои X-XV ба сифати консепсия изҳор шудааст».
Аз мулоҳизарониҳои муҳаққиқ дар чаҳор боби асосии рисолаи «Таърихи танқид ва адабиётшиносӣ» бармеояд, ки воқеан афкори назарию эстетикии солҳои 20-50 дар маҷмуъ, зери фишори идеологияи расмӣ тарҳрезӣ мешуд ва шакл мегирифт. Вобаста ба таъсири мафкураи ҳукмрони замон ҷараёни афкори назарию эстетикии давраи мавриди баҳсро муҳаққиқ ба чаҳор бахш ҷудо намуда, вежагиҳои ҳар яки онҳоро ба таври алоҳида баррасӣ намуда, ба хулосае меояд, ки «адабиётшиносии тоҷикии он солҳо барои чун сарчашмаи адабиёти шӯравӣ қарор гирифтани адабиёти классикӣ ва фолклор мубориза бурдан иқтидор надошт, зеро назарану амалан пойбанди гузоришҳои номатлуби идеологӣ буд».
Бо вуҷуди ин асари мондагори устод С. Айнӣ «Намунаи адабиёти тоҷик» дар ташаккули афкори адабиётшиносии он солҳо ва тағйири муносибат ба мероси гузашта нақши муҳим бозид. Ин асар маводи фаровонро барои мулоҳизарониҳои назарӣ ба миён гузошт. Ҳарчанд дар тӯли солҳои 1930-1937 «Намунаи адабиёти тоҷик» гирифтори таъқиботи идеология шуд ва шеъри машҳури устод Рӯдакӣ «Бӯи ҷӯйи Мулиён» тамғаи шеъри «шоҳпарастона»-ро гирифт.
М. Раҷабӣ дар рисолаи номбурда таъкид менамояд, ки афкори назарию эстетикии тағйирёбандаи он солҳо ба амалияи эҷоди бадеии нависандагону шоирон ва осори онҳо низ беасар набуд. Муҳаққиқ омӯзиши муфассали ин паҳлуи масъалаи адабиёти нимаи аввали қарни XX-ро ба муҳақиқони баъдина вогузор менамояд.
Ӯ махсус таъкид менамояд, ки душмантарошиҳои солҳои 30-юм рӯҳи С. Айнӣ барин суханварони боиродаро шикаста натавонист. «Вақте ки ҳизбу нақди адабӣ рӯ ба инкори комили ҳофизаи таърихӣ ниҳод, устод С. Айнӣ аз тадқиқи мероси гузашта («Мирзо Абдулқодири Бедил») ва таҳқиқи бадеии таърих («Ёддошҳо») даст нашуст, яъне хилофи сиёсати замон, хилофи дархостҳои назариву эстетикии ҳамагонӣ рафт, аммо осори дархури ниёзҳои илму адабиёт ва афкори мардум офарид».
Бояд таъкид намуд, ки ҳадафи М. Раҷабӣ асосан таҳқиқи афкори назарию адабии солҳои 1920 ва аз ин роҳ равшанӣ андохтан ба бисёр паҳлуҳои норавшану баҳсноки адабиёти тоҷикии ин давра буд. Ӯ орзу дошт, ки бо ҳамдастии муҳаққиқони варзидаи адабиёти муосир ва аҳли шуъбаи адабиёти муосири Институти забон ва адабиёти ба номи Рӯдакӣ таърихи воқеии адабиёти тоҷикии қарни XX таълиф шавад.
Солҳои охири умр вай сари масъалаи таҳияи консепсияи нави таҳқиқи адабиёт андеша мекард ва мехост, ки дар атрофи мавзуи нигоҳи нав ба адабиёти аҳди Шӯравӣ як силсила конференсияю нишастҳои илмӣ доир намояд. Афсӯс, ки марги нобаҳангом ин донишманди пуркору ҷӯяндаро аз байни мо рабуд. Вале корҳоеро, ки дар заминаи таҳқиқи адабиёти тоҷикии карни XX оғоз намуда буд, дӯстону ҳамкоронаш имрӯз идома медиҳанд. Умед дорем, ки «Таърихи адабиёти тоҷикии садаи XX» аз нигоҳи нав таҳия ва ба мардум пешниҳод мешавад ва рӯҳи М. Раҷабӣ, ки раҳкушою ташаббускори он буд, шод мегардад.
Шамсиддини СОЛЕҲ,
профессор