Гардише дар «Қишлоқи тиллоӣ»

 Гардише дар «Қишлоқи тиллоӣ»

26-уми январи соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 80-солагии нашри достони «Қишлоқи тиллоӣ»-и Шоири халқии Тоҷикистон Мирсаид Миршакар маҳфили адабиву илмӣ баргузор гардид.

Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа зимни ифтитоҳи маҳфил изҳор дошт, ки достони «Қишлоқи тиллоӣ» аз ҷумлаи нахустин достонҳои адабиёти муосири тоҷик мебошад ва аз ҷиҳати мазмуну ғоя, тарзу шеваи сужабандӣ ва забону баён барои замони худ асари навоварона маҳсуб мешавад.

– Ин асар барои рушди минбаъдаи жанри бузурги достон дар назми муосир такони ҷиддӣ бахшидааст, – гуфт номбурда.

Ҳамзамон зикр шуд, ки «Қишлоқи тиллоӣ»-и шоири шаҳири тоҷик Мирсаид Миршакар охири солҳои сиюми қарни гузашта эҷод шуда, чандин бор аз ҷониби шоир таҳрир дидааст.

Адабиётшинос ва мунаққиди шинохта Абдураҳмон Абдуманнон зимни суханронияш баён дошт, ки Мирсаид Миршакар аз чеҳраҳои тобноки адабиёти муосири тоҷик аст ва бо асарҳои хеш, аз ҷумла достони «Қишлоқи тиллоӣ» дар шаклгирии назми муосир саҳми бузург гузоштааст. – Дар баробари ин, – гуфт мунаққид, – Мирсаид Миршакар аз поягузорони адабиёти кўдак низ ба шумор меравад.

Дар бораи шахсияту хисоли инсонӣ ва эҷодиёти гуногунҷанбаи шоири маъруф Нависандаи халқии Тоҷикистон Абдулҳамид Самад суханронии ҷолиб дошт. Ў аз ҷумла зикр кард, ки чандин насл дар рўҳияи асарҳои Мирсаид Миршакар тарбият ёфтааст.

 – Достони «Қишлоқи тиллоӣ» низ аз ҷумлаи он достонҳоест, ки мо аз кўдакӣ онро бо шавқ хондаем ва ҳифз кардаем, – гуфт нависанда.

Шоири халқии Тоҷикистон Камол Насрулло достони «Қишлоқи тиллоӣ»-ро бозёфти ғайричашмдошт дар адабиёти солҳои сиюм дониста, ҳамчунин дар бораи ғамхории устод ба шоирони ҷавон ва дигар хислатҳои барҷастаи ў сухан гуфт.

Номбурда ёдовар шуд, ки устод Миршакар бори аввал хонандагони тоҷикро бо осори Муҳаммад Иқбол шинос кард.

Перомуни дониши фарохи адабӣ ва огоҳии комили шоир аз адабиёти классикиву ҷаҳон Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода ибрози назар намуд. Номбурда изҳор дошт, ғояи ормоншаҳрӣ, ки ғояи башарӣ мебошад, дар достони «Қишлоқи тиллоӣ» хеле хуб пайгирӣ шудааст. Мавзўи достон аз тарафи шоир хеле ҷолиб кашф шудааст ва композитсияи он низ қавию устувор аст.

Шоир ва адабиётшинос Алии Муҳаммадии Хуросонӣ ва адабиётшинос Муртазо Зайниддинзода низ дар ҷараёни маҳфил назари худро дар бораи «Қишлоқи тиллоӣ» ва дигар осори Мирсаид Миршакар баён намуданд.

Дар охири маҳфил муовини раиси ИНТ Ато Мирхоҷа гуфт, ки соли 2022 соли таҷлили 110-солагии Мирсаид Миршакар аст ва маҳфили баргузоршуда оғози чорабиниҳо ба ин муносибат мебошад.

Т. ХАЛИЛӢ

Дигар хабарҳо