Вуруде ба «Равзанаи саҳар»
«Равзанаи саҳар» номи маҷмуаи ашъори шоири ҷавон, узви ИНТ Шаҳриёр Олимӣ аст, ки соли 2022 бо як қатор маҷмуаҳои шоирони ҷавони дигар дар силсилаи «Шукуфаҳои Истиқлол» мунташир гардид. Қисмати бештари ин маҷмуа аз ғазал иборат аст ва теъдоди каме аз шеърҳои нимоӣ ва рубоиву дубайтӣ низ дар он дарҷ шудааст. Пеш аз ин ҷо-ҷое дар мақолоти худ ба ин силсила ва муаллифони он руҷуъ кардаем ва бори аввал аст, ки ба сурати алоҳида ба яке аз маҷмуаҳои силсилаи мазкур таваҷҷуҳ мешавад.
Шаҳриёр аз чеҳраҳои шинохта миёни ҷавонон аст, ки бо пайвастанаш ба маҳфили «Чароғи абадӣ»-и Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ин роҳро барои худ ҳамвор кард ва нахустин маҷмуаи шеърҳои худро соли 2015 бо номи «Хомаи мерос» мунташир намуд. Маҷмуаи «Равзанаи саҳар» баргузидае аз ашъори маҷмуаи пешин ва теъдоде аз шеърҳои тозаэҷоди ӯро фаро гирифтааст. Бо мутолиаи «Равзанаи саҳар» маълум мегардад, ки Шаҳриёр чун бисёре аз ҳаммаслакони худ ба гуфтани ғазал майли бештар ва ба анвои дигар таваҷҷуҳи камтар дорад. Вале муҳимтар аз ҳама ин аст, ки Шаҳриёр ҳарфе барои гуфтан дорад ва кӯшишҳои мазмунсозиву тасвиргарияш назаррасанд. Мисли ин байтҳо, ки аз баъзе ғазалҳои ӯ интихоб шуданд:
Ташнагиям шиканад пайкари дарёгунат,
Ай гулоғӯш, лаби ноби ту мастам бикунад.
***
Ҳамчу шедам, ки ба такрор ба наздат оям,
Зи раҳи гунбади даввор ба наздат оям.
***
Ту гӯйӣ, ҳамчу афсарҳо дифои деҳаро доранд,
Ба ҳар ҷо бурсҳои росто истодаи русто.
«Пайкари дарёгун, ки ташнагӣ мешиканад», «ҳамчу хуршед такрор ба такрор омадан барои дидани касе» ва «ҳамчу афсарҳо дар пайи дифои деҳа нишастани бурсҳо» (агар ишколи вазнро дар калимаи «русто» сарфи назар кунем) ҳамагӣ ҳамон андешаҳои шоиронае ҳастанд, ки дар зеҳни Шаҳриёр шакл гирифтаанд ва бо нигоҳе шоирона ба тасвир омадаанд. Аммо ин гуна тахайюлоти шоирона мисли дигар падидаҳои ҳунарӣ дар шеъри Шаҳриёр зери султаи андешаҳои ғарибу сунъӣ ва бархӯрди суннатгароёнаву такрори мазомини куҳна ва ҳамчунон риоя нашудани забону баён ва мантиқу таносуби сухан қарор доранд, ки онҳоро бо тааммуқ мешавад ҷудо кард.
Дар ду байти поён шоир «рӯйи лаб сӯхтани бӯсаҳо», «дар дида сӯхтани ашкҳо» ва «сӯхтани ҳарфҳо дар забон»-ро шоирона ва дар ҳадди ҳисомезӣ баён кардааст:
Бӯсаҳо рӯйи лабонам сӯхтанд,
Ашкҳо дар дидагонам сӯхтанд.
Лаҳзае гуфтам бигирам номи ту,
Ҳарфҳо ҳам дар забонам сӯхтанд.
Радифи «сӯхтанд» дар ин ғазалвора корсоз афтодаву инсиҷоми маъноиро миёни аносири шеър таъмин кардааст. Мисли радифи «оташ гирифт» дар ғазали поён:
Дар дилам имшаб хумор оташ гирифт,
Дар нигоҳам интизор оташ гирифт…
Рехт он қадр аз алам хуни қалам,
То ки шеъри Шаҳриёр оташ гирифт.
Радифи «оташ гирифт» мисли радифи «сӯхтанд» миёни «хумору дил», «интизориву нигоҳ» ва «шеъру шоир» қаробати устувори маъноӣ пайдо кардааст. Яъне радифи «оташ гирифт» содатарин ваҷҳи мумкин дар ин ғазалвора аст, ки тавонистааст равзанае аз зебоӣ ва хаёлоти шоиронаро ба рӯйи шоир боз кунад. Боқии кор ба ихтиёри шоир буд, ки бояд аз ин радифи маънисозу малеҳ истифодаи оқилона мекард ва аз гуфтани андешаҳои содаву хаёлоти маснуъӣ парҳез менамуд ва тасвиру тасаввуре ба ин ҳад сохтаро бар дӯши ғазал намегузошт:
Сахт оғӯшаш кашидам то саҳар,
Акси он андар канор оташ гирифт.
Манзури мо ин нест, ки бигӯем таносуб миёни ин ду мисраъ нест, балки ин аст, ки байт аз назари нафосат ва назокат ба пойи он ду байти боло намерасад ва боқии абёти ин ғазалвора ҳам аз ҳамин ҳад баланд нестанд. Ғазали дигар:
Дӯш дар хилвати мо бода қиёмат мекард,
Зери лаб замзами сарвода қиёмат мекард.
Дуди исгор чу дастор сарам мепечид,
Ишқ аз бӯсаи дилдода қиёмат мекард.
Ҳарф аз сархушиҳои ману соқӣ гуфта,
Ёр бо қаҳқаҳи озода қиёмат мекард.
Гоҳ аз шод маро пайкараки сахт ҳарис,
Ба тани нӯшлаби сода қиёмат мекард.
Ҳалқаи даст ба гарданчаякам печида,
Лабакамро ба лабаш монда қиёмат мекард.
Гоҳ аз рашк ба мо шомгаҳони дидор,
Аз алам духтари шаббода қиёмат мекард.
Қатли оми ғаму андуҳи диламро карда,
Инчунин ошиқи ҷондода қиёмат мекард.
Ҳарфи аввали ғазал ҳокӣ аз куҳнагии забони он аст, ки ҳоҷат ба баррасии ин мавзуъ нест ва дар баробари ин ниёз ба мантиқу таносуби қавӣ дорад. Фақат ҳамин нукта кофист, ки бигӯем ба хотири вазн «замзам»-ро ба ҷои «замзама», «исгор»-ро ба ҷои «сигор» (ҳол он ки сигор худ дуруст аст ва ҳиҷои аввалаш бо «йо» навишта мешавад), «шод»-ро ба ҷои «шодӣ» овардани шоир ва таркибҳои нохушоянде чун «қаҳқаҳи озода», «тани нӯшлаби сода», «қатли оми ғаму андуҳи дил»-ро ба миён гузоштани ӯ ва корбурди калимае чун «гарданчаяк»-ро, ки метавонад хоси шеъри кӯдак бошад, ҷойи андеша дорад ва шоир пайи ислоҳи ин камбудҳо бояд бикӯшад. Калимаи «монда»-ро низ бо калимоти дигари ғазал қофия кардан дуруст нест. Чӣ мешуд, агар ин андеша ва биниш, тасвиру мазмун ва тахайюл дар қолаби шеъри нимоӣ, ки маҳдудияти камтаре аз назари қофия ва дигар қонуниятҳои ғазал дорад, суруда мешуд? Он гоҳ шояд ин даступобастагӣ бартараф мешуд ва андешаву хаёли шоир масдуд намегардид.
Бо хондани сойири ғазалҳои Шаҳриёр ин андеша дар зеҳн пайдо мешавад, ки ӯ қолаби ғазалро барои гунҷоиши андешаҳои худ муфид дарёфтааст ва албатта, ихтиёр бо ӯст. Вале қолаби ғазал имрӯз муносиби зеҳни хеле аз шоирони ҷавон нест. Зеро ғазали имрӯз аз шоири имрӯз интизороти мутафовите дорад, ки наметавонад танҳо мубтанӣ бар забон ва вазну қофия ва ироаи тасвирҳои шоирона бо забоне куҳна ва суннатгароёна бошад. Шаҳриёр бо як ҷаҳиши дигар метавонад корҳое хушояндтареро дар ғазал бикунад, ҳамчунон, ки дар шеъри нимоӣ кардааст. Масалан, дар ин пора оҳи асафбореро дар фазо сар медиҳад ва ин оҳ ба унвони як шеър дар нахустин бори хондан зеҳни хонандаро ба худ мекашад, то натиҷаи корро дарёбад:
Ҳой мардум,
Ҳой гардун,
Баччагиям бедарак гум гаштааст…
Устод Рустам Ваҳҳобзода дар сарсухани китоби мазкур ишорае дорад: «…Шаҳриёр маводи шеъри худро аз олами перомун, аз муҳити атрофи худ ва аз ҳаводису воқеоти мушаххас мегирад ва мекӯшад, ки онҳоро ба қолаби шеър гунҷоиш бидиҳад…». Ин хусусият бештар дар ашъори нимоии ӯ ба чашм мерасад, ки дар воқеъ ин қолаб метавонад ҳузури ӯро дар шеър ба намоиш бигузорад. Як аз шеъри нимоии ӯро шоҳид меорем:
Деҳа хомӯш,
Ҳама ҷо сокит.
На садову на навою ово,
На дарахтею гуле ларзида,
Ҳама ҷо муҳр ба лаб хобида…
Лек дар маркази деҳ
Ҳамчу пирони куҳан нуронӣ
Садае бедор аст.
Баҳри осоиши ин халқу диёр
Сарвару солор аст.
Дар ин пора ҳис мешавад, ки зеҳни шоир бо вожаҳо хӯ гирифтааст ва ба онҳо дасти дӯстӣ ёзондааст. Яъне, пойбанди ҳеҷ гуна қавонин дар ҷобаҷогузории калимаҳо нест, ки барои нишонданашон дар шеър ҷой пайдо кунад. Ба ин минвол, ончиро, ки шоир мехоҳад бигӯяд, осон ба гуфтанаш даст меёбад. Дар шеърҳои «Рӯди алам», «Марги шеър», «Умре дар сафар» ва «Шуғли ҳаррӯзаи ӯ раҳпоист»-и Шаҳриёр, ки дар навъи шеъри нимоӣ суруда шудаанд, хурдтарин ҷузъиёти зиндагии қаҳрамон ривоят шуда, шоир дар он як навъ манзарасозии муваффақона кардааст. Бо хондани ашъори нимоии Шаҳриёр ба содагӣ дармеёбем, ки ӯ ҳарфҳои зиёде барои гуфтан дорад ва ҳамин бовар бароямон умед мебахшад.
Муҳриддин САБУРӢ