Ватан — маншаи илҳоми адибон
(Сафари адибони тоҷик ба се ноҳияи вилояти Хатлон)
Сафари мо, адибони тоҷик, дар муддати се рӯз дар ноҳияҳои Дӯстӣ, Ҷайҳун ва Панҷи вилояти Хатлон бо ташаббуси Идораи тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мувофиқи нақшаи директори нави он шоири донишманд Абдуллоҳи Раҳнамо сурат гирифт.
Дар ин сафар муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Рӯдакӣ Ато Мирхоҷа, Шоири халқии Тоҷикистон Озарахш, шоир ва шореҳи номдори сиёсӣ Абдуллои Раҳнамо, Шоири халқии Тоҷикистон, мудири бахши хатлонии ИН Тоҷикистон Озар Салим ва шоир Чӯпон Бадали Ванҷӣ аз шаҳри Бохтар, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон Сайфиддин Акрамов ва сарояндаи ансамбли “Дарё”-и Кумитаи радио ва телевизиони кишвар Саидҷон Кенҷаев ва банда ширкат доштем.
Бисёр ҷолиб ва нишотбахш аст, ки Идораи тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагон, ки ҳамеша яке аз муҳаррикони асосии тарғиби адабиёт, шеъру сухан ва фарҳанги миллии мо дар даврони Шуравӣ буду ин рисолати бисёр муфиди худро сарбаландона иҷро мекарду чандин соли охир аз фаъолият монда буд, акнун фаъол гардидааст. Аз ин рӯ, иқдоми фаъол кардани кори он бо ташаббуси шахсӣ аз ҷониби Абдуллоҳи Раҳнамо шоистаи дастгирӣ ва боиси хурсандист.
Сафари нахустини адибони кишвар тавассути идораи мазкур нишон дод, ки то куҷо фаъолияти ин муассиса муфид, ногузир ва саривақтист. Зеро мулоқотҳо бо мардуми заҳматкаши ин се ноҳия худ гувоҳи он буданд, ки мардуми заҳматкаш, ҷавонону пирон, духтарону модарон, онҳое, ки дар ин мулоқотҳо ҳозир буданд, чӣ қадар ташнаи шеъру сухан ва суҳбату мулоқоти адибон ҳастанд. Дар ҳама ҷо бо хурсандӣ, бо таваҷҷуҳи зиёд ва муҳаббати хосса аз адибон истиқбол менамуданд. Ин сафар ва ин мулоқотҳои адибони кишвар бо мардуми заҳматкаш, ки баъд аз танаффуси чандинсола сурат гирифт, гувоҳ асту ба чунин бардошт овард, ки ин иқдом барои рушди маънавиёти миллати мо, барои тарбияи завқи зебоишиносӣ ва огоҳӣ аз тозагиву навовариҳои фарҳангу адабиёт барои мардум хеле ва хеле заруранд. Ва аз ҳама муҳим он аст, ки худи мардуми фарҳангпарвари мо ба онҳо хоҳишу завқу ниёз доранд.
Ҷиҳати хеле ҷолиби ин сафар дар он зоҳир мешуд, ки дар рӯзҳои истиқболи Наврӯзи Аҷам сурат гирифт. Дар замоне, ки дар ҳама гӯшаҳо, дар боғу роғҳову ду шафати роҳ тамоми намуди дарахтон шукуфову сарсабз мешуданду ба дил нишоту ба ҷисм руҳ мебахшиданд. Ва дар назари банда, манзараи аз ин ҳам зеботар он буд, ки даста-даста деҳқонон дар саҳроҳои ҳосилхез машғули заҳмат буданд. Гуруҳе ҳосили расида (аз ҷумла сабзӣ)-ро меғундоштанду гуруҳе тухму донаи нав ба заминҳо мекоштанд. Манзарае, ки ба бинанда руҳу нишот ва бовару эътимод аз ояндаи шукуфони кишвар мебахшад.
Мулоқоти нахустин дар ноҳияи Дӯстӣ бо иштироки раиси ҷавони ноҳия Даврон Нишонзода вафаъолони ноҳия, мутахассисони касбу кори гуноногун хеле самимонаву идона сурат гирифта, дар муассисаи таҳсилоти ҳамагонии рақами 16 идомаи зебо ёфт. Мулоқоти адибон хусусан дар хоҷагии Гаравтии ноҳияи мазкур бо омӯзгорону деҳқонон, бо модарон, бо пирону ҷавонон ниҳоят самимона баргузор гашт. Мардум аз ҳар сухан ва ҳар сатри ашъор бо таваҷҷуҳ ва завқи хосса, бо ташнагӣ истиқбол менамуданд.
Хусусан, мардум аз суханрониҳои Абдуллоҳи Раҳнамо оид ба ҳувияти миллӣ, таърихи Ватан ва ватандорӣ, моҳияти Истиқлолияти давлатӣ хеле гарм дар ҳама ҷо истиқбол мекарданд. Зеро ӯ ин мавзуъҳои ҷиддиву илмиро бо забони хеле фасеҳу сода ба шунавандагон мерасонд.
Дар ноҳияи Дӯстӣ, ки сокинонаш намояндагони миллатҳои гуногунанд, аз ҷумла тоҷикон, туркманҳо, кореягиҳо, ӯзбекҳо, немисҳо ва ғайра, ҷолиб ин аст, ки касе аз тафриқаҳои миллӣ ҳатто дар андеша надорад. Ҳама чун узви як хонадон дӯстона, бо ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ мекунанд. Мо ин падидаро ба чашмони худ дидем ва диламон пур шуд, ки воқеан, агар давлату ҳукумат сиёсати ҳамҷавории миллатҳоро пеш баранд, намояндагони миллату қавмҳои гуногун метавонанд чун хоҳару бародар зиндагӣ кунанду аз файзи дӯстӣ баҳравар гарданд, чунонки дар Тоҷикистони некоини мо. Воқеан дар ҷойе, ки дӯстӣ ҳукмрон аст, ба ноумедӣ ҷой нест ва фазои зиндагонӣ осоиштаву хуррам аст. Ҳарчанд зимистони гузашта сард омад, беш аз ҳазор гектар замини анорзор, анҷиру чормағзро хунук зад, аммо мардуми заҳматдӯсти ноҳия ноумед нестанд ва чунонки яке гуфт: ноумед шайтон аст, мардум ҷаҳд ва бовар доранд, ки бо заҳматҳои ватандӯстона ин холигоҳро бо фоида аз маҳсулоти дигар пур мекунанд.
Дар ноҳияи Ҷайҳун, собиқ Қумсангир заминҳои сарсабзу дарахтони гулафшон дар ҳама ҷо аз ду канори роҳ моро истиқбол менамуданд. Дар суҳбат бо раиси ноҳия Абдулҳафиз Одиназода мо фаҳмидем, ки дар қатори ноҳияҳои дигари Хатлонзамин ҳидоятҳои Пешвои миллатамон дар мавриди бекор намондани ҳар қитъаи заминҳои корам, истифода аз ҳар пораи замини наздиҳавлигӣ ва гирифтани 3-4 ҳосил дар як сол аз заминҳои кишоварзӣ самаранок амалӣ гардидааст. Чанд сол аст, ки заҳматкашони ҷоннисори ноҳияи Ҷайҳун тавассути заҳмати фидокорона соле аз се то чор ҳосил аз заминҳояшон мегиранд ва сатҳи зиндагиву рӯзгорашонро сол то сол боло мебардоранд.Мо ба чашми худ дидем, ки чӣ гуна хурду бузург бо руҳбаландии бузург дар саҳро кор мекунанд. Маҳз ноҳияи Ҷайҳун имрӯз дар кишвар дар сафи пеши заҳмат барои гирифтани се-чор ҳосил дар як сол қарор дорад. Танҳо соли гузашта даромади ноҳия аз ҳисоби ҳосили маҳсулоти кишоварзӣ ду миллиард сомониро ташкил дод. Яъне маҳсулоти кишоварзони ин ноҳия анқариб тамоми кишварро бо меваву зироату полезиҳо таъмин менамояд. Табиист, ки танҳо халқе, ки ҷоннисорона заҳмат мекашад, метавонад ба чунин комёбӣ ноил гардад.
Дар ноҳияи мазкур мулоқоти адибон ва аҳли ҳунар дар қасри фарҳанги ноҳия ва дар мактабҳои таҳсилоти ҳамагонии рақами 1, 17, 27 бо хонандагону сокинони деҳот хеле хотирмону самимона сурат гирифтанд.
Дар ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон низ мулоқоти адибон, ҳам бо иштироки фаъолони ноҳия, ҳам дар қасри фарҳанг, ҳам бо сарбозон дар сатҳи баланду самимона сурат гирифт. Раиси ноҳия Зарифхӯҷа Шоҳиён аз хусуси дастовардҳои ноҳия ва нақшаҳои дарпешистода ба адибон маълумот дод. Ва мо бо чашми худ дидем, ки мардуми заҳматкаши ин ноҳия, ҳамчун сокинони ноҳияи наздисарҳадӣ бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ ва омодагӣ ба ҳифзи хоки Ватан, бо заҳматҳои пурсамар дар саҳроҳои кишоварзӣ ва дигар соҳаҳои хоҷагидорӣ кор ва зиндагӣ мекунанд.
Хулоса, се рӯзи сафари мо дар се ноҳияи дурдасти вилояти Хатлон нишон дод, ки халқи заҳматкаши тоҷик пас аз эҳёи дубораи сарзамини худ чӣ қадар бо дарки бузурги ватандорӣ зиндагӣ кардаву заҳмат мекашад. Аз ҳама ҷолиб барои мо, адибон, руҳияи баланди милливу инсоние буд, ки мардуми одии ин сарзаминро фаро гирифтааст.
Чизи дигаре, ки ин сафар ба мо нишон дод, он буд, ки мардуми фарҳангпарасту сухандони мо ҳамеша хостору пазмони сухани ноб, китобу асарҳои тозаи адибони тоҷик ҳастанд ва аз онҳо хеле хуш истиқбол менамоянд. Сафари адибон ба ин се ноҳияи дурдасти кишвар нишон дод, ки халқи мо суханпарвар буда, ҳамеша ташнаи дидори адибон ва ҳунармандони хеш аст. Воқеан мо дар ин сафар дарк кардем, ки эҳёи нави Идораи тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон хеле бамаврид ва саривақтист. Умед меравад, ки ин идора пайваста қомат меафрозад ва рисолати бузурги худ: тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллиро сарбаландона ба иҷро мерасонад. Сафари нахустин ва роҳбари нави ин муассиса моро ба чунин идомаи нек умедвор менамоянд.
Камол Насрулло