ВАСФИ ЗАН — МОДАР
Ҳам модару ҳам хоҳару ҳам дилбари ҷон
Ҳам модару ҳам хоҳару ҳам дилбари ҷонед,
Огоҳдил аз бахти хушу ишқи ҷавонед,
Озодатарин зан ба ҳама рӯи ҷаҳонед,
Озода дар ин кишвари озода бимонед!
Ҳусни ту худодод,
Эй духтари тоҷик!
Бодо дилат обод,
Эй дилбари тоҷик!
Меҳри ту фузун бод,
Эй хоҳари тоҷик!
Бошӣ ба ҷаҳон шод,
Эй модари тоҷик!
Лафзи хушатон шаъну шукӯҳи сухани мост,
Васфи хушатон шаккару қанди даҳани мост,
Ҳастии шумо зинати боғу чамани мост,
Ободиву озодии ҷонон Ватани мост!
Ҳусни ту худодод,
Эй духтари тоҷик!
Бодо дилат обод,
Эй дилбари тоҷик!
Меҳри ту фузун бод,
Эй хоҳари тоҷик!
Бошӣ ба ҷаҳон шод,
Эй модари тоҷик!
Гармии дилу нури ҳама хона шумоед,
Болу пари ҳар чӯҷаяки лона шумоед,
Бо хизмату бо ҳиммати мардона шумоед,
Маҳбуби дили Меҳани якдона шумоед!
Ҳусни ту худодод,
Эй духтари тоҷик!
Бодо дилат обод,
Эй дилбари тоҷик!
Меҳри ту фузун бод,
Эй хоҳари тоҷик!
Бошӣ ба ҷаҳон шод,
Эй модари тоҷик!
Низом Қосим
Ҷаҳони модарон
Зиндагӣ сар мешавад аз остони модарон,
Орзу пар мекашад бар осмони модарон.
Дар вуҷуди ҳар касе бошад нишоти зиндагӣ,
Шуълае боқист аз ҷони ҷавони модарон.
Дар ҷаҳон ҳар миллате ному нишоне дошта,
Бошад он ному нишонаш аз забони модарон.
Бо дусад фан нагзарад аз озмуни рӯзгор
Ҳар касе, ки нагзарад аз имтиҳони модарон.
Барг-барги ҳастии модар бувад базри ҳаёт,
Сад баҳорон зери пар дорад хазони модарон.
Боми қасри мо агар аз абрҳо боло равад,
Бар сари он ҳаст боми ошёни модарон.
Осмон ҳаргиз намонад дар таҳи боли бало,
То бувад тири дуое дар камони модарон.
Қадри модар бо гузашти вақт афзун мешавад,
Куҳнагӣ роҳе надорад дар замони модарон.
Бо ҳама ғавғои дунё то ҳама ақсои даҳр
Мерасад бар гӯши дил ҳарфи ниҳони модарон.
Дар ҷавоби фитнаҳои орзусӯзи ҷаҳон
Зиндагӣ дорад ба каф хатти амони модарон.
Қалби модар лавҳи пайғоми Сурӯши ҳақ бувад,
Аз яқини мо бувад бартар гумони модарон.
Ҳар кӣ омад бар ҷаҳон, аз қалби модар омада,
Ҳадяи мавлуди инсонҳо – ҷаҳони модарон.
Рустам Ваҳҳобзода
Модар фаришта буд, фақат болу пар надошт,
Шояд ки дошт болу пар, аммо хабар надошт.
Ё дошт огаҳӣ зи пару боли хеш, лек
Майли ҷудо шудан зи ману аз падар надошт.
Дар кўдакӣ ба модари худ хостам барам
Як ҳадя, лек ҷайби ман он лаҳза зар надошт.
Зар ёфтам ба гоҳи ҷавониву он замон
Ҷуз ишқи ёр сина ҳавои дигар надошт,
Вақте ба ёди ҳадя фитодам, ки модарам
Рўи лабаш ба ғайри «видоъ, эй писар» надошт…
Модар фаришта буд, пари худ кушода рафт,
Азбас илоҷ пеши қазову қадар надошт.
Модар фаришта буд, дақиқан фаришта буд,
Ҳатто ба дўш болу паре ҳам агар надошт.
Озар Салим
* * *
Захми ниҳон
Бимон, гулбарги рӯйи ман хазон гардад,
Ту умре бехазону гулфишон бошӣ.
Бимон, ман сӯзаму ту дар амон бошӣ,
Бимон, ман мираму ту ҷовидон бошӣ!
Бимон, ҳар лаҳза чанги номуродиҳо
Ба рухсорам хати ожанг бигзорад.
Бимон ишқи ту чун захми ниҳони дил
Маро ҳар лаҳзаву ҳар рӯз озорад.
Тавони сад тавоноро ба ту бахшам,
Биафтам ман, агар ту нотавон бошӣ,
Ба поси ин ҳама уммеди қурбонӣ,
Мабодо душманамро ёри ҷон бошӣ,
Мабодо, ки азизи дигарон бошӣ?!
Гулрухсор
Дилам хоҳад…
Дилам хоҳад ҳаво бошам, фаро гирам фазои ту,
Шавам ё абри найсоне, фурӯ резам ба пойи ту.
На ишқамро пазируфтӣ, на борон, не ҳавоямро,
Шудам ман шуълаи оҳеву дуде дар ҳавои ту.
Азизи дил, зи ҷабрат ҳар қадар бад гашт ҳоли ман,
Забони ман намегардад, ки бад гӯям дуои ту.
Ҳама раҳ охире дорад, чуноне ҳар амал подош,
Маро ояд вафои ман, туро ояд ҷафои ту.
Дар ин дунё нагаштӣ гарчи ту пушту паноҳи ман,
Муҳаббат, эй Худои ман, паноҳат бар Худои ту.
Зи худ гаҳ бигзарам, аммо зи баски дар манӣ ту ҷон,
Худамро дӯст медорам, валекин аз барои ту.
Нуқра
Модари кӯҳистонӣ
Бӯйи мушку бӯйи райҳон мекунӣ,
Бӯйи испанди куҳистон мекунӣ.
Дар Душанбе баъди чандин сол ҳам,
Модари ман, бӯйи Шуғнон мекунӣ.
Сурмасангат доруи чашмони ман,
Ҳар дуои ту балогардони ман.
Дар дуову дар намозат ҷони ман,
Модари ман, бӯйи имон мекунӣ.
Мӯйи анбӯҳам ба мисли мӯйи туст,
Рӯйи ман аммо на мисли рӯйи туст.
Хушнамотар рӯйи ту, абрӯйи туст,
Модари ман, бӯйи марҷон мекунӣ.
Рӯзу шаб дар гуфтугӯйӣ бо Худо,
Бо ниёиш ҳарф гӯйӣ бесадо.
Хуб донам, бо Худо гӯйӣ чиҳо,
Модари ман, бӯйи ирфон мекунӣ.
Бӯйи чукрӣ, бӯйи торон мекунӣ,
Бӯйи шаҳтути Бадахшон мекунӣ.
Дар Душанбе баъди чандин сол ҳам,
Модари ман, бӯйи Шуғнон мекунӣ!
Раънои Мубориз
Бемор нашав, модар
Бемор нашав, модар, бемор нашав, модар.
Нагзор маро, нагзар, бемор нашав, модар.
Бардор сар аз болин, аз қулла шуо барчин,
Хуршеди фурӯзонфар, бемор нашав, модар.
Бар шодии қоқуҳо, бар ҳурмати ҳулбӯҳо,
Бар хотири нилуфар, бемор нашав, модар.
Аз синаи чоки ман, бемор шавӣ, афтад,
Ёқут ба хокистар, бемор нашав, модар.
Бар қавм кунам пархош, бо хеш кунам пайкор,
Мебош маро довар, бемор нашав модар.
Эй субҳи тулуи дил, дар зулмати обу гил,
Бахшо ба ҷаҳон ҷавҳар, бемор нашав, модар.
Эй нусрати раббонӣ, эй қуллаи инсонӣ,
В-аз ин ҳама болотар, бемор нашав, модар.
Эй Марями беисӣ, моем ҳама осӣ,
Поло ҳамаро аз сар, бемор нашав, модар.
Бар ҷомеаи бемор, бар миллати бетӯмор,
Фатвои наҷот овар, бемор нашав, модар!
Фарзона
Биҳишти мард, дӯзахи зан
Мард агар ошиқ шавад, олам гулистон мешавад,
Зан агар ошиқ шавад, охир пушаймон мешавад.
Мард агар ошиқ шавад, аз ишқ гирад обрӯ,
Зан агар ошиқ шавад, дар айб меафтад фурӯ.
Мард агар ошиқ шавад, дар нағма меояд ҳазор,
Зан агар ошиқ шавад, барфоб резад дар баҳор.
Мард агар ошиқ шавад, зартоҷ монад бар сараш,
Зан агар ошиқ шавад, аз шарм сӯзад пайкараш.
Мард агар ошиқ шавад, бахшад дуояш осмон,
Зан агар ошиқ шавад, нафрин кунандаш одамон.
Мард агар ошиқ шавад, дунё ҳамегардад биҳишт,
Зан агар ошиқ шавад, тобад чу деви бадсиришт…
Зулфия Атоӣ
Шеъре барои ту
(Шеъре барои Комёр)
Ин шеърро барои ту мегӯям
Дар як ғуруби ташнаи тобистон,
Дар нимаҳои ин раҳи шумоғоз,
Дар куҳнагӯри ин ғами бепоён.
Ин охирин таронаи лолоист
Дар пойи гоҳвораи хоби ту;
Бошад, ки бонги ваҳшии ин фарёд
Печад дар осмони шабоби ту.
Бигзор, сояи мани саргардон
Аз сояи ту дуру ҷудо бошад.
Рӯзе ба ҳам расем, ки гар бошад,
Кас байни мо на ғайри Худо бошад.
Ман такя додаам ба даре торик
Пешонии фишурда зи дардамро;
Месоям аз умед бар ин дар боз
Ангуштҳои нозуку сардамро.
Он доғи нангхӯрда, ки механдид
Бар таънаҳои беҳуда, ман будам;
Гуфтам, ки бонги ҳастии худ бошам,
Аммо дареғу дард, ки “зан” будам.
Чашмони бегуноҳи ту чун лағзад
Бар ин китоби дарҳами беоғоз,
Исёни решадори замонҳоро
Бинӣ шукуфта дар дили ҳар овоз.
Ин ҷо ситораҳо ҳама хомӯшанд,
Ин ҷо фариштаҳо ҳама гирёнанд,
Ин ҷо шукуфаҳои гули марям
Беқадртар зи хори биёбонанд.
Ин ҷо нишаста бар сари ҳар роҳе
Деви дурӯғу нангу риёкорӣ;
Дар осмони тира намебинам
Нуре зи субҳи равшани бедорӣ.
Бигзор, то дубора шавад лабрез
Чашмони ман зи донаи шабнамҳо.
Рафтам зи худ, ки парда дарандозам
Аз чеҳри поки ҳазрати марямҳо.
Бигсастаам зи соҳили хушномӣ,
Дар синаам ситораи тӯфон аст,
Парвозгоҳи шуълаи хашми ман,
Дардо, фазои тираи зиндон аст.
Ман такя додаам ба даре торик
Пешонии фишурда зи дардамро;
Месоям аз умед бар ин дар боз
Ангуштҳои нозуки сардамро.
Бо ин гурӯҳи зоҳиди зоҳирсоз,
Донам, ки ин ҷидол на осон аст.
Шаҳри ману ту, тифлаки ширинам,
Дерест, к-ошёнаи шайтон аст.
Рӯзе расад, ки чашми ту бо ҳасрат
Лағзад бар ин таронаи дардолуд,
Ҷӯйӣ маро даруни суханҳоям,
Гӯйӣ ба худ, ки: “Модари ман ӯ буд”.
Фурӯғи Фаррухзод



