Бузургдошти Мавлоно дар ИНТ
3-юми октябр дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати Рӯзи Мавлоно нишасти адабӣ баргузор шуд. Муовини раиси ИНТ Равшан Махсумзод ба он ифтитоҳ бахшид.
Шоири халқии Тоҷикистон Гулрухсор Сафӣ, муҳаққиқон Ҳасан Султон, Мубашшир Акбарзод, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Ибодулло Машраб ва дигарон дар бораи Мавлоно ва навиштаҳои пурғановати ӯ суханронӣ намуданд.
Аз ҷумла, Гулрухсор Сафӣ иброз дошт, ки Мавлоно худ эъҷоз аст. Илмро шеър кард. Ӯ дар симои худ барномаи ҷаҳонӣ шудани як инсонро барои мардуми гуногунмиллат пешниҳод намуд. Агар мо даҳ миллиард шавем ҳам, Мавлоно як нафари алоҳида боқӣ мемонад.
Ҳасан Султон дар бораи шеъри Мавлоно маърузаи худро ироа кард. Муҳаққиқ Мубашшир Акбарзод дар бораи заминаҳои аз замони шуравӣ то кунун ба хонанда дастрас гаштани осори Мавлоно ҳарф зада, аз баъзе нуқсу камбудии нашри онҳо мисолҳо овард.
«Аз «Маснавии Маънавӣ» метавон ҳам барои театр ва ҳам барои кино саҳнаҳо сохт. Имкони зиёди ба навор гирифтани силсилафилмҳо низ ҳаст», — гуфт номбурда.