Бузургаш бихонанд аҳли хирад…

 Бузургаш бихонанд аҳли хирад…

?????????????????????????????????????????????????????????

Ба муносибати 100-солагии академик Аҳрор Мухторов

Таърихро маъмулан дар истинод ба манбаъҳои хаттӣ ва ёдгориҳои бостоншиносӣ меомӯзанд, аммо ба манбаъҳо одатан сафарномаву саёҳатномаҳо, васиятномаву зафарномаҳо, шоҳномаву ёддоштҳои гузаштагонро дохил менамоянд. Маро тасаввуроте роиҷ шуда буд, ки таъриху тамаддуни ин ё он замонаро танҳо дар истинод ба сарчашмаҳо омӯхтан мумкин асту бас, вале таърихшиноси номвар, академик Аҳрор Мухторов бо заҳмати пайваставу кашфиёти нодир собит карданд, ки таърихро аз катибаҳо, бахусус аз сангнавишта ва тасвираҳои сутунсангҳо ҳам омӯхтан мумкин аст. Дар ҳақиқат, катибаҳои рӯйи санг, ки дар маҳаллу замон ва дар муҳити муайяне ҳаккокӣ шудаанд, афкору ҷаҳоншиносӣ ва ҳаёти сиёсию иҷтимоии як давраи таърихиро ифода мекунанд.

Дар бораи академик Аҳрор Мухторов ҳарфи тозае гуфтан мушкил аст, зеро ҳама паҳлуҳои рӯзгор ва осори илмии ин шахсияти фарзона тақрибан таҳлилу бозгӯйӣ шудаанд. Шуҳрати илмии ин таърихшиноси тоҷик то ҷоест, ки номи ӯро бузургтарин маркази илмию иттилоотии дунё – Пажӯҳишгоҳи биографии ИМА ба нашрҳои муҷаддади китоб — маълумотномаи президентии «500 нафар олими маъруфи ҷаҳон» дохил кардааст ва барои саҳми бузург гузоштанаш дар ҷодаи илм ва мақоми баланди ҷамъиятӣ пайдо карданаш бо дипломи байналхалқии фарҳангии «Шараф» (1995, №15) мушарраф гардонидаст.

Воқеан, академик А.Мухторов ҳам таърихшинос асту ҳам адабиётшинос. Дар илми таърихшиносӣ ӯ мушкилтарин шохаҳои илм: катибашиносӣ, матншиносии таърихӣ, вожашиносӣ, кишваршиносӣ, манбаъшиносӣ ва боз ҷомеашиносиро эҳёву тарвиҷ додаасту дар адабиётшиносӣ мақому мартабаи классикони адабиёти тоҷик – Рӯдакӣ, Ҷомӣ, Бедил, Дилшод, Анбаротун, Фано, Туғрал, Шавқӣ, Оҷиз ва дигаронро дар асоси дастнависҳои нодир, ки аз ганҷинаҳои Афғонистону Ҳиндустон ёфт шудаанд, баррасӣ кардааст. Афзун бар ин, академик А.Мухторов бунёдгузори мактаби ғафуровшиносии тоҷик мебошад.

Академик А.Мухторов аз осори гаронбаҳо – катибаҳои масҷиду мадрасаҳо, мазору мақбараҳо, қалъаву хонаҳо, пештоқи айвону корвонсаройҳо, ҳамчунин аз сангнавиштаҳо (қайроқсангҳо, санги тарозуҳо)- и сари роҳҳову бозорҳо, кӯҳҳои душворгузару баландкӯҳҳои саргаҳи Зарафшон, Бухорою Самарқанд, Исфараю Конибодом, Қаротегину Қӯрғонтеппа, Кӯлобу Кӯҳистони Бадахшон, водиҳои Вахшу Ҳисор ва Фарғона таърихи ғановатманди ниёгони моро ҷустуҷӯй намуда, «Санги Бобур» ва 3 ҳазор катибаву сангнавиштаҳои нодирро кашф карда, дар асари дуҷилдаи «Ёдгориҳои эпиграфии Кӯҳистон (асрҳои ХI-ХIХ)» таъриху фарҳанги ҳаштсадсолаи тоҷикони кӯҳистонро таҳлилу таҳқиқ кардааст. Як кашфи «Санги Бобур»-ро аз Масчоҳ дар бадали се сол расонаҳои хабарии 35 кишвари дунё пахш кардаанд ва он ба чанд асрори таърихи сиёсии ибтидои асри ХV-и Мовароуннаҳру Хуросон ва Ҳиндустон равшанӣ андохта, ҳуҷҷати муътамаде гардид. Ба ғайр аз катибаҳо дар бойгонии шуъбаи таърихи қадим ва асрҳои миёнаи Пажӯҳишгоҳи таърихи АИ Тоҷикистон А. Мухторов 7 ҳазор санади нодиртарини қарнҳои ХV-ХIХ-ро гирд овардааст.

Академик А. Мухторов дар омӯзишу таҳқиқ ва талқини таъриху маданияти ду водии фарҳангзойи Тоҷикистон – Ӯротеппаю Ҳисор саҳми бориз гузоштааст. Дар асарҳои «Таърихи Ӯротеппа» (Маскав,1998), «Гузарҳои Ӯротеппа» (Тошканд, 1995), «Ҳокимони Ӯротеппа» (Душанбе,1995), «Дилшод ва мақоми ӯ дар таърихи афкори иҷтимоии халқи тоҷик дар асри ХIХ – ибтидои асри ХХ» (Душанбе, 1969), «Саҳифаҳои таърихи Ҳисор» (Д., 1969), «Ҳокимони Ҳисор» (Д., 1996), «Ҳисор. Очерки таърихӣ» (Д., 1995), «Ҳисор. Очерки таърихӣ» кит. 2 (Д.,1999) ва зиёда аз чорсад мақолаву гузориши илмӣ таъриху маданияти ин ду минтақаи азими тоҷикнишинро дар охири асрҳои миёна (ХV-ХIХ) хеле муфассалу мушаххас баррасӣ намудааст. Умуман, А. Мухторов муаллифи 69 асар ва зиёда аз 500 мақолаи илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошад. Мавзуи тавсифу таҳқиқи ҷуғрофиёи таърихии шаҳрҳои асримиёнагии Мовароуннаҳру Хуросон – Балху Бухоро, Самарқанду Тирмиз, Усрушанаю Хуҷанд дар асарҳои «Балх дар марҳилаи охирини қуруни вусто» (Кобул,1985), «Аз пайи таърихи куҳан» (Д.,1981), «Амирон ва вазирони Сомонӣ» (Д.,1997), «Курушкада, Уструшана, Ӯротеппа» (Д., 2000) идома ёфта, осори ҷуғрофии ал-Ҷайҳонӣ ва муаллифи гумноми «Ҳудуду-л-олам» таҳияву бозгӯйӣ шудаанд.

Хидмати академик А. Мухторов дар баргардону таҳияи осори таърихиву ҷуғрофӣ низ хеле бузург аст. Тавассути заҳмати олим «Таърихи Бухоро»-и Наршахӣ, «Ҳудуд-ул-олам», порчаҳо аз «Ашколул-олам»-и ал-Ҷайҳонӣ, «Мунтахабут-таворих»-и Ҳакимхон, «Таърихи Нофеъӣ»-и Муҳаммадалии Балҷувонӣ, «Хотираҳои амир Олимхон» ба доираи васеи ихлосмандону дӯстдорони таърихи халқи тоҷик дастовези арзандае гаштааст.

Яке аз самтҳои фаъолияти илмии академик А. Мухторов ҷустуҷӯю баррасии дастнависҳо аз ганҷинаҳои кишварҳои хориҷӣ аст. Мавсуф аз хазинаҳои Ӯзбекистону Тоҷикистон, Афғонистону Ҳиндустон як силсила осори нодири таърихиву адабӣ – девону абёти номакшуфи шоирони форсу тоҷикро пайдо карда, ба хидмати аҳл илм вогузоштааст. Мо аз китобҳои «Аз пайи таърихи куҳан», (Д. 1975), «Дурдонаҳои маданияти тоҷикон дар ганҷинаҳои Ҳиндустон» (Д., 1984) аз бозёфти осори номаълуми замони Сомониён – ҷуғрофиномаи «Ашколу-л-олам», китоби «Дастуру-л-вузаро», «Тазкирату-л-умаро» ғазалу абёти тоза ва маълумотҳои нав дар бораи Рӯдакӣ, Ҷомӣ, Бедил, Зебуннисо даҳҳо нусхаи дигари хаттӣ маълумоти ҷолиб пайдо мекунем.

Гузашта аз ин, академик А. Мухторов устоди ғамхору бебадали чанд насли таърихшиносони тоҷиканд. Ғайр аз он ки устод ба рисолаҳои илмии унвонҷӯйҳо роҳбарӣ кардаанду дар таҳияву таълиф ва нашри осори сеҷилда ва пасон шашҷилдаи «Таърихи халқи тоҷик» ва баргардони як силсила осори адабиву таърихӣ ба унвони муаллифу муҳаррир саҳм гузоштаанд, боз ба муаллимону донишҷӯёни факултаи таърихи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон солҳои тӯлонӣ аз фанҳои «Манбаъшиносии таърихи халқи тоҷик», «Катибашиносӣ», «Нусхашиносӣ» дарс ҳам гуфта ва барномаҳои таълимӣ низ таълиф кардаанд.

Академик А.Мухторов муаллими муаллимон ҳам шумурда мешаванд. Тақрибан 40 сол аст, ки дар мактабҳои миёнаи ҷумҳурӣ фанни «Таърихи халқи тоҷик»-ро мо аз барномаи таълимӣ, луғатнома, хрестоматия ва китобҳои дарсии А.Мухторов меомӯзем. Устод яке аз муаллифони асосии китоби дарсии «Таърихи халқи тоҷик»-анд, ки аз соли 1959 мунтазам нашр мешавад. Соли 2000 академик А.Мухторов барои донишомӯзони синфи 8 китоби дарсии «Таърихи халқи тоҷик»-ро аз нав таълиф карданд. Ҳамчунин барои мо аввалин китоби «Хрестоматия доир ба таърихи Тоҷикистон», аввалин китоби «Луғати тоҷикӣ-русӣ оид ба таърих» ва нахустин барномаи таълимии таърихи халқи тоҷик дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистонро таълиф намудаанд.

Солҳои охир барои академик Аҳрор Мухторов хуштарин айём фаро расида буд: таҷлили 90-умин солгарди умри Қаҳрамони Тоҷикистон, муаллифи таърихномаи абадзиндаи «Тоҷикон» аллома Бобоҷон Ғафуров, ки устод Аҳрор Мухторов пайрави ӯст ва ин асари безаволро худи ӯ ба забони тоҷикӣ таҳрир ҳам кардааст ва мактаби ғафуровшиносиро низ поя гузоштааст, ҷашни 1100-солагии давлатдории Сомониён, ки ҷуғрофиномаи он замонро кашф карду чанд таърихномаашро ҳам таҳия намуд, ниҳоят шарафёбӣ ба ордени «Шараф» ва истиқболи 75-умин солгарди умр, ки ба соли 1999 иттифоқ омад – ҳама мукофоти беамсолу беназири ин таърихшиноси даврон аст. Маълум аст, ки онҳо ба осонӣ муяссар нашудаанд. Ҳамаи ин натиҷаи бедорхобиҳову ҷустуҷӯйҳо, кӯҳгардиву катибахониҳо, таҳияву таҳқиқотҳо буданд, ки устоди мо – Аҳрор Мухторовро ба мартабаву унвонҳои баланди илмиву ифтихории академики Академияи улуми Тоҷикистон, Ходими шоистаи илми Тоҷикистон, доктори илми таърих, профессор расонида, шуҳрати таърихшиноси номвари тоҷикро ба дуриҳои дур бурда, ба қатори «500 нафар олими маъруфи ҷаҳон» дохил намуданд. Дар ҳақиқат, академик Аҳрор Мухторов ҳомӣ ва қосиди беҳтарини таъриху тамаддуни миллати тоҷиканд. Муҳтарам Ҳотам дар бораашон барҳақ гуфтааст:

Бонии таърих бошад бонии ояндаҳо,
Рафтагонро пос медорӣ ба поси зиндаҳо.

Маъруф ИСОМАТОВ,
муваррих, барандаи ҷоизаҳои ба номи
Исмоили Сомонӣ ва Абулқосим Лоҳутӣ

Дигар хабарҳо