• 29.12.2025

Бо ҳамқаламон ва ҳаводорон

 Бо ҳамқаламон ва ҳаводорон

Ба ифтихори 75-солагии Шоири халқии Тоҷикистон Ҷумъа Қувват 17-уми декабр дар Иттифоқи нависандагон шоми эҷодӣ доир гардид.

Раиси Иттифоқи нависандагон Низом Қосим, намояндагони ҳукумати ноҳияи Нуробод, шоирону нависандагон ва донишмандон Камол Насрулло, Муҳаммад Ғоиб, Шералӣ Мусо, Бароти Абдураҳмон, Муҳтарам Ҳотам, Рустам Ваҳҳобзода, Иброҳим Усмонов ва Сипеҳри Ҳасанзод дар бораи вижагиҳои шеъри Ҷумъа Қувват суханронӣ карданд.

Гуфта шуд, ки шоири ватансарову ваҳдатшиор ва рӯзноманигори сермаҳсул Ҷумъа Қувват бо навиштиаҳояш дар байни халқ маҳбубият дошта, дар тарбияи насли наврас ва ҷавон саҳмгузор аст.

«Бӯйи гандум, бӯйи нон, бӯйи замин» — китоби тозанашри шоир мебошад, ки дар маҳфил рӯнамоӣ ва ба ҷамъомадагон тақдим гардид.

Китоб аз шаш бахш иборат буда, бо пешгуфтори Низом Қосим ба табъ расидааст. Бахши якум номаҳои меҳру садоқат ва бахшҳои дувум, севум ва чорум гулчини назму насри муаллифро дар бар мегиранд. Бахши панҷум аз навиштаҳои дӯстону ҳамқаламон ва шогирдони адиб мураттаб гашта, бахши шашумро аксҳо зеб додаанд.

Дигар хабарҳо