Боғи ризвон дар зери осмон
Моро раиси ноҳияи Балҷувон муҳтарам Бахтиёр Сафарзода ба ҳузур пазируфт ва дар хусуси ноҳия ва нақшаву лоиҳаҳои он маълумоти муфассал дода, бо донистани ҷузъиёти вазъи ҳар соҳа ба ҳайрат гузошт.
Бахтиёр Ғанӣ то раисии ноҳия дар соҳаҳои хидмати коммуналӣ, хоҷагии об, иншооти рушди деҳот кор карда, то муовинии вазир зинаҳои мушкилро тай кардааст.
Маҳфили шукуҳмандро муовини аввали раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Ато Мирхоҷа ифтитоҳ карда, аз ҷумла гуфт, ки дар тули ду-се соли охир бо ташаббуси Маркази тарғиби адабиёт ва фарҳанги миллии Иттифоқи нависандагон даҳҳо сафари эҷодӣ ба шаҳру навоҳии мамлакат, хусусан гӯшаҳои дурдаст ва қисмҳои сарҳадӣ анҷом дода шуданд. Бо ҳидояти Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анъанаи пуршарафи “адибон байни мардум ва бо мардум” аз нав эҳё гардид. Ҳозирон шеъри “Тоҷикистон дили дунёст”-и Ато Мирхоҷаро бо кафкӯбиҳо истиқбол гирифтанд.
Суханронии беш аз яксоатаи шоири сиёсатшинос, фаъоли шабакаҳои иҷтимоӣ Абдуллоҳи Раҳнамо дар мавзуи таърихи давлатдории тоҷикон, шахсияти Пешвои миллат ва ҳифзи дастовардҳои Истиқлоли давлатиро сомеон бо рағбати зиёд шунида, ҷиҳати мазмуни баланду содагии баёни он борҳо бо чапакзанӣ ба эшон миннатдорӣ баён намуданд.
Банда чандин сол боз дар мавриди Пешвошиносӣ ва саҳми Пешвои миллат дар таҳкими Истиқлоли давлат ҷилд-ҷилд асарҳоро мутолиа, таҳрир ва тарҷума кардаам. Аммо тафаҳҳусу хулосаҳои илмии Абдуллоҳи Раҳнамо дар ин мавзуъ бароям тамоман нав, тоза ва ҳатто ғайриинтизор буданд. Воқеан ҳам, чӣ тавр ин нуктаи суханронии Раҳнамо касро ба ваҷд наорад: «Ҳоло дар тамоми сайёра танҳо 2 фоизи аҳолӣ соҳибдавлату соҳибпойтахт аст, аз садҳо халқияту миллатҳои ҷаҳон танҳо 250-тояшон давлати худро доранд. Ба қадри ин хушбахтӣ бояд расид».
Баъдан ба сайри шаҳрак аз сохтмони иншооти ҷашнии “Қалъаи Балҷувон” рафтем. Қалъа дар асри XVI бунёд шуда, алҳол дар эҳёи он 18 усто, рассом, гаҷкор, наққош, тармимгар ва муаррих кор мекунанд. Сохтмон зери назорати ҳаррӯзаи раиси ноҳия қарор дорад. Ҳақ ба ҷониби Абудуллоҳи Раҳнамост, ки «дарси кишваршиносиро бояд аз диди арзишҳои миллӣ ба роҳ монд. Омӯзгорони таърих бояд зодгоҳи Восеъ, обҷувози Восеъ, қалъаи мири Балҷувонро ба чашмони худ бубинанд. Ва натанҳо мавзеъҳои марбут ба Восеъ, балки марбут ба дигар қаҳрамонон ва шахсони номвару таърихӣ, амсоли Рӯдакӣ, Камоли Хуҷандӣ, Носири Хусрав, Ҷалолуддини Балхӣ, Сайфи Исфарангӣ, Нусратуллоҳ Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров, Мирзо Турсунзода ва даҳҳо фарзанди сазовори миллатро».
Бори аввал дар ноҳияи Балҷувон ба мансабе, ки ба он бо амру фармони дил таъйин ва сабукдӯш мешаванд, дучор омадем. Дар рӯ ба рӯи утоқи кории раиси ноҳия лавҳаи “Нусратулло Давлатзода, роҳбари гурӯҳи корӣ оид ба амалӣ намудани корҳои ободонию созандагии ноҳияи Балҷувон” насб шудааст.
Раиси ноҳия шарҳ дод, ки номбурда дар вақтҳои истироҳат ва фориғ аз кор ба ноҳия омада, байни мардум дар иншоотҳои ҷашнӣ кор мекунад. Қабл аз сафари гурӯҳи мо низ бо иншооти ҷашнӣ шинос шуда, дар се ҷамоат мулоқот доир кардем.
Фароғатгоҳ ва меҳмонхонаи “Сари Хосор” дар боғи миллии “Шаршараи табиии Сари Хосор” аз беҳтарин мавзеъҳои диданӣ дар деҳоти дурдасти Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Ҳамаи ин ободкориҳо бо эҳтимому кӯшиши ин ҷавонмарди накӯном сурат гирифтаанд.
Одатан сарварони ноҳияҳо журналистону адибонро аз дидани минтақаҳои ақибмонда ба ҳар баҳона бозмедоранд, вале Бахтиёр Ғанӣ қотеъона хоҳиш кард, ки аз сафари Сари Хосор даст накашем…
Адиби бузурги рус Гогол фармудааст: “Дар Россия ду бадбахтӣ – роҳ ва ҷоҳилон монеаи рушд мебошанд”. Хушбахтона, мувофиқи омори расмие, ки дарёфт кардем, дар ноҳияи Балҷувон ҷоҳилон – ифротгароёну хурофотзадагон нестанд. Аммо роҳҳояш дар ҳақиқат монеаи ҷиддии рушди ноҳия мебошанд, агарчи то маркази ноҳия шоҳроҳи тахту асфалтпӯши замонавӣ сохта шудаасту талоши сохтани роҳи автомобилгарди муосир дар Сари Хосор низ ба назар мерасад. Агар сохтмони ин роҳ анҷом ёбад, Балҷувону Сари Хосори ҷаннатмисол қадамгоҳи доимии сайёҳону гардишгарони дохиливу хориҷӣ хоҳанд шуд, хоса, ки худи Пешвои миллат ба рушди ин минтақа таваҷҷуҳи вижа доранду барои ҳарчи зудтар рушд ёфтани он ғамхориҳои доимӣ зоҳир менамоянд. “Боғи табиии Сари Хосор” бо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 25 октябри соли 2003 дар ҳудуди ноҳияи Балҷувон ташкил карда шудааст. Масоҳаташ 3805 гектар буда, дар ҳудуди он қариб 80 дарсади набототу ҳайвоноти нодири Тоҷикистон мавҷуданд. Тибқи гузориши расмӣ, ноҳия аз нигоҳи ёдгориҳои таърихӣ ва мавзеъҳои тамошобоб дар сафи аввал қарор дорад. Дар ин ҷо бузургтарин дарахти шинги 2400-сола, чинорҳои 3-ҳазорсола, шаршараи 2-ҳазорметра мавҷуданд, ки барои ҷалби сайёҳон беҳтарин василаҳо мебошанд. Ҳамчунин, тамошои 200 чашмаи кӯҳӣ, рӯдҳои Дашти Ангора, Дароз, Питов, Шикилдара, Шингидара, Гандара, Шибдара, Шӯрак, Сафедак, Булғурӣ, Шӯроб, Хорма, Рӯиоб, дарёҳои Сурхоб, Тира, Оби Мазор, Талхак, Шаршараи Пушти Боғ, Шаршараи Камолӣ, Шаршараи Сафедов, Чашмаи шифобахш, Оби Гӯгирди Султон Увайсӣ, Чашмаи Қалъанак, Чашмаи Оби Гӯр, Чашмаи Оби шулук, Чашмаи Касҳо, Чашмаи Ҳибил, Дарахти азимҷуссаи Шинг (деҳаи Шингидара), Ҷувоз, Чинор (деҳаи Даштароҳ) ба рағбати ҷаҳонгардон рағбати тоза меафзоянд.
Аммо пурқиматтарин сарвати Балҷувон сокинони баномусу сарбаланди онанд, ки барои дурахшонтар кардани фардои худ шабу рӯз заҳмат мекашанд.
Наҷмиддин Шоҳинбод