Бори дигар дар мавзӯи шеър чист ва шоир кист
Аҷабо, имрӯз “шоирони номдор”-е дорем, ки як шеъри солим нагуфта, ҳамчу “шоир” ном баровардаанд, хусусан дар олами маҷозӣ.
Аслан банда ба ин падида, ки дар кишвари мо хурду бузург шеър менависанду худро “шоир” меҳисобанд, назари бад надорам, балки баръакс. Ин озодии завқу сухани мардуми мост, бигзор нависанду гӯянд, баъдан, ин нишони табъи шоирӣ доштани халқамон аст.
Аммо вақте ки сухан аз шеъри асил, аз шеър ба маъно ва фаҳмиши баланди он меравад, ки асрҳои аср бо заҳмату ҷонкоҳиҳои бузургонамон сурат гирифтааст, мулоим карда гӯем, баробар кардани шоливу курмак аз рӯи инсоф нест.
Интишори пайвастаи навиштаҳои аз шеърият дур ва аз ҳунар орӣ, ки ҳосили ҳазёнҳои безавқист, дар ростои сухану шеъри волои воқеиву касбӣ чӣ падидаест ва чӣ арзише дорад?
Агар сухан аз шеър ва шоири асил меравад, бояд аз худ пурсем, ки оё мо чӣ мардумем, ки бо чунин завқҳои коста, бо он ҳама даъвои соҳибие, ки аз суханварони бузургамон дорем, иҷозат додаем, ки сухан ин қадар хор шавад?
Дунёи шеъру шоирӣ имрӯз дар мо то ҷойе бесоҳиб шуд, ки он “олиҳо”-е, ки холии холиянд, мутаассифона, сафашон рӯз то рӯз меафзояд, худашон ҳам ба ин дурӯғ кайҳост бовар кардаанд, зеро ба лайкҳои бешумор ба навиштаҳои сустмояашон, ки ин безавқҳо мегузоранд, ба мадҳу ситоишҳои дурӯғини бесаводонаи муштариёнашон, ки поя надоранд, арзи сипос мекунанд. Яъне, онҳоро эътироф доранду ба он муътакиданд.
Шеъри мо — шеъри форсӣ — тоҷикӣ як падидаи хеле баланду мураккаб аст бо қонуниятҳои сахтгиронаи худ, ки барои фаҳмиши он ба ҷуз ақли баланд, ҷаҳонбинии хеле фарох, шинохти мантиқ, маърифати ирфонӣ, фаҳмиши фалсафӣ, шинохти табиат, боз эҳсоси дарки шеъру сухан, шинохти сувари хаёл ва бадеият, фаҳмиши маънои фаросӯи баёнҳо мебояд. Яъне, истеъдод ва ҳунар натанҳо барои навиштани шеър, балки барои дарку шинохти он ҳам бояд дошт.
Мардуми ноогоҳ ба ин ситоишҳои арзону бемоя бовар мекунанд ва сафи “алломаҳои шеършинос” афзунтар мешавад, аммо дар баробари ин арзишу меъёри шеър, ки садсолаҳо барояш бузургони мо ҷон коставу заҳматҳо кашидаанд, ба наҳси ин “суханофаринон”-и навбаромад аз байн рафта истодааст. Ин “комёбиҳо”-и ба ном шоирони охирзамон дар назди як одами андак босавод ва огоҳ аз шеъру шоирӣ беш аз масхараву мазоҳе нест. Рӯзе, ки ин пуффакҳо кафиданд, мефаҳмӣ, ки ба ҷуз бод чизе надоранд. Аммо то он лаҳза мо мебинем, ки чи қадар зиёнашон ба завқу табъи мардум, хусусан ҷавонони бетаҷриба, мерасад ва мардумро ба ҷониби бесаводиву безавқӣ раҳнамоӣ мекунанд. Хусусан, ин навиштаҳои пурғалату безавқона он қадар зиёд бо оҳангҳои марғуб аз ҷониби сарояндагони дур аз завқи сухан суруда мешаванд, ки хоҳӣ-нахоҳӣ дар мағзи мардум ҷо мегиранд.
Аслан боке нест аз онҳое, ки шоир нестанду шеър мегӯянд, андешаҳояшонро мехоҳанд дар перояи шеър ироа кунанд. Боке нест, балки хуб аст ва чунон, ки гуфтем, гувоҳи майли табиӣ доштани мардуми мо ба шеър аст. Мо муқобили чунин падидаҳо нестем. Ман ҳамеша ба онҳое, ки муҳаббати баланд ба сухан ва шеър доранду ҷойи худашонро медонанд ва бе ягон даъвою ҳирс дилбохтаи шеъру сухананд, назари нек доштааму дорам. Аммо аз онҳое мегӯям, ки шеър ва шоириро мехоҳанд ба доми тазвиру фиреб ва бузургманишии дурӯғин бадал созанд. Ин амалро ба пешаву касбе табдил додаанд, ки бо истифода аз он бо номи “шоири замон”, “шоири халқ” сарафрозӣ намуда, безавқиро ривоҷ медиҳанд. Дар ҷомеа ин дурӯғиншоирон мавқеъеро ишғол мекунанд, ки бо истифода аз он худро “аллома” ва “бузургвор”-и замон нишон дода, таъсири пурзиёнашонро мегузоранд.
Ба ростӣ, дилам месӯзад ба ин фиребхӯрдагон, ки иштибоҳи худро намефаҳманд, балки фаҳмидан намехоҳанд ва ё агар фаҳманд ҳам, худро ба нодонӣ мезананд ва дониста умри азизро фидои безавқиву қурбони беҳосилӣ мекунанд.
Ба ин сабаб банда дар шинохти сухан ҳатто рисолае бо номи “Шеър чист ва шоир кист” дар асоси таълимоти адибон ва донишмандони бузург навишта будам, ки мардум фарқе байни шеъру ношеър ва шоиру ношоир гузошта тавонанд ва ин навишта раҳнамое барои ҳаводорони шеъри имрӯз бошад ва то ҷойе пеши роҳи ин иштибоҳотро бигирад. Он рисола, ки теъодаш ҳазор нусха буд, зуд ба фурӯш рафт. Аммо алҳол бозори муташоирон, хусусан дар олами маҷозӣ, хеле гарм аст ва зиёни фаровоне ба маънавиёти мо мерасонад. Зиёнаш дар он аст, ки бо таъсири онҳо ношоирон шоир ва навиштаҳои аз шеърият дур шеър манзур мешаванд ва азбаски дарки шеъру сухан аз кас дониши хоса тақозо дорад, мардуми ноогоҳ ба он бовар мекунанду гирифтори он мешаванд.
Яъне чӣ? Шеъри мо имрӯз ба ҷои рушд ва пешравӣ дар замони ҳассоси Истиқлоли миллӣ, бо ин қадар дастгириҳову роҳандозиҳои муфид ва ғамхориҳои давлат дар соҳаи эҷод рӯ ба таназзул ниҳодааст!? Албатта, чунин нест, зеро шеър ва адабиёти асил дарёест, ки дар маҷрояш ин ҳама хасрӯбаҳоро рӯзе аз худ берун меафканад. Қонуну қоидаҳои баланди шеъри асил, олами воқеии шеъри олампазири гузаштагони мо ҳаргиз иҷозат намедиҳанд, ки ҳазёнҳои ҳатто бо маҳорат гуфташударо ба олами мубаррои шеър роҳ диҳанд. Таҷрибаи таърих чунин аст, ки шеъри асил мисли рӯди равон ҳамеша худро пок медораду ҳимоят мекунад. Аммо имрӯз, мутаассифона,бо истифода аз имконоти дунёи бесоҳиби маҷозӣ ва дастрасӣ доштани ҳар кас бар он ва ҳамчунин бесалоҳиятии баъзе нашрияҳо партовҳои зиёде ба маҷрои дарёи поки шеър андохта мешаванд.
Масъалае, ки банда дар ин навишта бардоштам, дар ҷомеа ва адабиёт нав нест. Дар таҷрибаи ҳазорсолаи шеъри мо ҳамеша ҳузури муташоирон мушоҳида шудаву мавриди накӯҳиш қарор ёфтааст. Дар гузаштаи наздиктарин шоири тавоно ва соҳбзавқи мо марҳум Мастон Шералӣ изтироби худро аз чунин падидаҳои номатлуб бисёр мушаххасу нишонрасу шоирона дар дубайтие баён карда буд:
Дилам сармояи дарду алам шуд,
Ки чандин беқалам соҳибқалам шуд.
Киро гӯям? Кадомин дар бикӯбам?
Сафи шоир фузуду шеър кам шуд.