• 06.03.2026

Бонувони суханвар

 Бонувони суханвар

Аксари муҳаққиқон бар он андешаанд, ки шеърро ба занона ва мардона набояд ҷудо кард ва ин масъала мабнӣ бар ҷавҳари шеър аст, ки ба ҷинси халлоқи он иртибот надорад. Зоҳиран, ҳақ ба ҷониби онҳост, аммо дар ин миён масъалаи на танҳо «чӣ дидан», балки «чӣ тавр дидан» низ ҳаст, ки, бешак, ба табиати инсон ва зимнан ба ҷинси ӯ низ алоқаманд аст. Фурӯғи Фаррухзод, шоири қолабшикану навгаро ва тозабини эронӣ, дар як мусоҳибааш гуфта буд, ки «ман ба иллати хусусияти руҳӣ ва ахлоқии худам ва, масалан, хусусияти зан буданам, табиатан масоилро ба шакли дигаре мебинам».

Шояд дар шеъри занон ҳамин «ба шакли дигар дидани масоил» бештар аз нукоти дигар ҷолиби таваҷҷуҳ бошад, зеро шеъри занону мардон то садаи охир қобили қиёс нест, ҳарчанд Робиаи Балхӣ аз поягузорони шеъри форсӣ ё Маҳастӣ аз беҳтарин рубоисароён ва аввалин гӯяндаи рубоии шаҳрошӯб будааст, Ҷаҳонмаликхотуну Мутриба, Меҳриву Зебуннисо, Тоҷуддавлаву Мастура, Нодираву Тоҳира низ ба қадри тавоноӣ дар шеър қалам озмудаанд, аммо тамоми ашъори боқимондаи онҳоро бо он ки баъзе аз номбурдаҳо (мисли Ҷаҳонмаликхотун ё Нодира) соҳибдевон ҳастанд, имкон дорад танҳо дар ду-се ҷилд ҷамъ биёрем, дар ҳоле ки ашъори шуарои мард чандин ҳазор ҷилд хоҳад шуд.

Ҳароина, шеър каломи мухайял аст, ки заъфу тавони он ба ҷинси шоир марбут нест. Аммо, бидуни тардид, муоинаи чеҳраи зан ва ҳиссиёти занона дар шеър ба назар ҷолиб менамояд, зеро дар адабиёти мо, ки ҳунари мардони шоир эътироф шудааст, ба хидмати занони суханвар низ бояд арҷ гузошта шавад.

Агар ба таърихи беш аз ҳазорсолаи форсу тоҷик назар андозем, мусаллам мегардад, ки ҳанӯз аз асри Х сар карда, бонувони сухангӯ дар пешрафти адабиёт саҳм гирифтаанд ва давра ба давра теъдоди занони суханвар нуфуз пайдо карда, нақши онон дар такомули адабиёт боризтар гардидааст. Чунончи, агар аз қарни Х ном ва ашъори танҳо як нафар шоири зан то ба мо расида бошад, аз қарни ХI ду нафар, аз асри ХII – чаҳор нафар, аз асрҳои ХIII-ХIV – дувоздаҳ нафар; аз асри ХV – нуздаҳ нафар, аз асри ХVI – сию се нафар, аз асри ХVII – бисту нуҳ нафар ва аз асрҳои ХVIII – ХIХ наздик ба 120 нафар дар тазкираҳо зикр ёфта бошанд, дар садаи бистум шумори бонувони соҳибқалам басуръат афзуд ва дар ин давра зиёда аз 100 нафар занони суханвар ба унвони шоир маъруфият пайдо карданд. Чунин як назари шитобзада ба шумори занони суханвар дар дарозои даҳ аср ба хулосае меорад, ки то имрӯз қариб 500 нафар занони соҳибзавқ дар пешрафти адабиёт хидмат кардаанд.

Ҳамин тариқ, то асри ХХ исми шоирони зиёде бо намунаҳои ҷолиби ашъорашон ба мо расидааст, ки дар ин бора тазкираҳои «Ҷавоҳир-ул-аҷоиб»-и Фахрии Ҳиравӣ, «Тазкират-ул-хавотин»-и Котибӣ, «Аз Робиа то Парвин»-и Кишоварзи Садр, «Машоҳири занони эронӣ ва порсигӯй»-и Муҳаммадҳусайни Раҷабӣ, «Занони сухансаро дар пӯяи адаби дарӣ»-и Ато, «Занони суханвар»-и Алиакбар Мушири Салимӣ, «Ҳафт шаҳри ишқ»-и Меҳрии Шоҳҳусайнӣ, «Бисту се адиба»-и Тоҷӣ Усмон ва ғайра хабар медиҳанд.

Аз сарчашмаҳо маълум мешавад, ки аввалин зане, ки намунаҳои ҷолиби ашъораш дар ҳудуди ҳамагӣ 55 байт то ба мо расидааст, Робиа бинти Каъб ё худ Робиаи Балхист, ки мувофиқи иттилои сарчашмаҳо, ҳамзамони Одам-уш-шуаро Рӯдакӣ, шоири давраи Сомониён буда  ва дар ҷавонӣ аз дасти бародари қотил ба марг маҳкум шудааст. Ҳикояте дар бораи ӯ ва қиссаи ҷонгудози ҳалокаташ дар «Илоҳинома»-и Шайх Аттор ҷой дода шудааст.

Робиа аз аввалин поягузорони ғазал дар шеъри форсӣ будааст. Дар ғазалиёти ӯ намунаҳои дилпазири абёти ишқӣ, тавсифӣ (васфи табиат) ва ахлоқӣ ба мушоҳида меояд. Чунончи, мегӯяд:

Фишонд аз савсану гул симу зар бод,
Зиҳӣ боде, ки раҳмат бод бар бод. …

                               ***

Қадаҳ гир чандеву дунё магир,
Ки бадбахт шуд он ки дунё гирифт.

 Аз занони суханваре, ки баъди Робиа зистаанд, Маҳастӣ бо тавоноии табъ ва завқи саршори худ дар адабиёт мақоми шоиста ва сазовор пайдо кардааст. Ӯ ягона занест, ки ба исмаш тавсифи «ҳакима» ва «дабира»-ро ҳамроҳ мекунанд.

Намунаҳои ашъори асили ӯ, ки аз манобеи муътабар ва боэътимод то ба мо расидаанд, дасти қавии ин сухансарои озодандешро дар таълифи чаҳорпораҳои суннатӣ собит мекунанд ва имкон медиҳанд ӯро дар радифи беҳтарин шуарои рубоисарои ҷаҳон ҷо бидиҳем. Бо ҳама аҷзу фақр, ки занон аз давраи падаршоҳӣ то имрӯз доранд ва қолабҳову қафасҳои асливу маҷозӣ, ки эшонро мунҳасир кардаанд, боз ҳам як-як афроде аз миёни бонувон сару садо баланд намуда, бо фазилатҳои хосаи худ шамъе дар маҳфили аҳли сухан афрӯхтаанд. Агар ин қавл саҳеҳ намебуд, магар метавонистем бовар кунем, ки зане дар қарни ХII бо камоли ҷасорату шуҷоат истеъдоди шоирию мусиқишиносӣ, ҳофизию дабириро аз худ ба зуҳур оварда, ҷаҳони порсигӯёнро бо ҳунари волои худ фатҳ намояд ва ниҳоят, ба дарбори Султон Санҷар, ки аз салотини соҳибзавқ  дар таърихи давраи Салҷуқиён пазируфта шудааст, ба ҳайси ҳакимаву дабира ва муқарраб роҳ ёбад. Хоса ки дар он рӯзгор пеши дабирон вазоиф ва аҳдофе гузошта мешуд, ки зуфунунӣ ва фитрати ҷибиллӣ тақозо дошт.

Ба ин далел фикр мекунем, ки Маҳастӣ бо тамоми шӯридасариву зарофатгӯӣ, ҳозирҷавобиву тундзабонӣ бояд ҳамчун як зани озодманиш ва покизасират дар маснади ҳукамои соҳибэҳтиром ҷо бигирад ва ба рӯйи кулли ривоёти таҳқиромез хатти бутлон кашида шавад. Ҳамчунин бо вуҷуди адами бурҳони қотее, ки соли таваллуду вафот ва зодгоҳи ӯро зикр карда бошад, кашокашҳое миёни муддаиён роҷеъ ба ватани ӯ бояд хотима ёбанд, зеро хидмати Маҳастӣ ба адабиёти мо беш аз тамоми нукоти дигар муҳимтар аст. Мақому манзалат, хидмат ва ибтикори Маҳастӣ дар адаби форсӣ  қобили эътироф ва арҷгузорист.

Шоҳо, фалакат аспи саодат зин кард
В-аз ҷумлаи хусравон туро таҳсин кард.
То дар ҳаракат саманди зарриннаълат
Бар гил наниҳад пой, замин симин кард.

Аз шоирони ҳамзамон ва ҳамшаҳри Ҳофиз Ҷаҳонмаликхотун аст, ки ашъори зиёде аз ӯ боқӣ мондааст. То асри ХIХ аз ягон шоири зан девоне ба ин миқдор шеър ҳифз нашудааст. Нусхаи асили девони ӯ дар Порис маҳфуз аст. Дар девони ӯ чаҳор қасида, 1423 ғазал, як тарҷеъбанд ва якчанд марсия бар марги фарзандаш Султонбахт, инчунин, қитъаоту рубоиёт ҷой дода шудаанд.

Ғазалҳои Ҷаҳонмаликхотун радифҳои зебо доранд ва аксар хушоҳанг ҳастанд. Чунончи, ғазали зерин, ки бо радифи «ҳаст, нест» сохта шудаст, хеле равон аст:

Эй, ки пиндорӣ, ки моро ҷуз ту ёре ҳаст, нест,
Ё маро ғайр аз ғами ишқи ту коре ҳаст, нест.
Гар ту гӯйӣ, бар дилам аз ту ҷафое нест, ҳаст,
Дар балои ишқ чун ман бурдборе ҳаст, нест.

Рубоии зерини шоираи қарни ХV Меҳрии Ҳиравӣ дар бозгӯйи ҳолати қаҳрамони ғиноӣ – зани ҷавоне, ки аз ҳузури шавҳари пир дилтанг шудааст, мусоидат мекунад:

Шӯи зани навҷавон агар пир бувад,
Чун пир бувад, ҳамеша дилгир бувад.
Оре, масалест он, ки гӯянд занон:
Дар паҳлуи зан тир беҳ аз пир бувад.

Он нукта, ки ба ҳунари шоираи садаи ХVII-и Ҳиндустон Зебуннисо арҷ мегузоранд, албатта далел дорад, вале исбот шудааст, ки девони Махфӣ моли Зебуннисо набуда, ашъори Махфӣ ном шоири мард аст. Аз Зебуннисо ҳамагӣ чанд ғазалу рубоӣ боқӣ мондааст, ки дар байти мақтаи онҳо номи шоира зикр ёфтааст. Дар миёни ашъори дигар, ки бо тахаллуси Махфӣ аст, шояд ғазалиёти ин ду нафар ба ҳам махлут шуда бошанд, ки феълан то ба даст омадани сарчашмаи муътамаде наметавон ашъори Зебуннисоро дақиқан ҷудо кард. Дар ҳар сурат, дар ҳунари шоирии Зебуннисо дар заминаи абёти асили ӯ наметавон шубҳа кард:

Гарчи ман лайлиасосам, дил чу Маҷнун дар ҳавост,
Сар ба саҳро мезанам, лекин ҳаё занҷири пост…
Духтари шоҳам, валекин рӯ ба фақр овардаам,
Зебу зиннат бас ҳаминам, номи ман Зебуннисост.

Дар асри ХIХ шоири дигаре бо номи Нодирабегим ба сар бурдааст, ки девони ашъораш ба пуррагӣ то рӯзгори мо расидааст ва воқеан ҳам аз ҳунари нотакрори гӯяндааш дарак медиҳад.

Нодира бо сабаби ҳамсари Амир Умархон будан ва ширкат дар кори сиёсиву давлатдорӣ ҳамроҳи аҳли хонаводааш ваҳшиёна ба қатл расонида мешавад.

Ӯ бо ду забон – тоҷикиву ӯзбекӣ шеър гуфтааст ва ашъори тоҷикиаш хеле латифу дилангез аст:

Ёди айёме, ки ҷоми эътиборе доштам,
Чун гул аз файзи баҳорон обёре доштам.
Ҳамчу шом аз хун шафақрезам куҷо шуд, ин ки ман
Чун саҳар хуршеди тобон дар каноре доштам.

Баъзе ашъори худро Нодира бо тахаллуси Макнуна низ навиштааст. Аз ашъори ин бонуи соҳибсухан маълум мешавад, ки ӯ бо шеъри бузургони сухансаро ошно буда, аз файзи сухани онҳо баҳравар гардидааст.

Аз шоираҳои хушбаёни садаи ХIХ Тоҳира низ маъруф аст, ки бо номи Қурратулъайн шуҳрат пайдо кардааст.

Ин шоираи нотакрор, мутаассифона, ба иллати баҳоӣ будан кушта мешавад. Ашъоре, ки аз ӯ боқӣ мондааст, аз тавоноии ҳунар ва табъи саршори ӯ гувоҳӣ медиҳад. Ӯ на танҳо дар тарзи баёни пурназокат, балки дар маонии тозаву бикр низ истеъдоди фавқулода доштааст:

Гарчи басе ранҷи ғамат бурдаам,
Ҷоми паёпай зи бало хӯрдаам
Сӯхта ҷонам, агар афсурдаам,
Зиндадилам, гарчи зи ғам мурдаам
Чун лаби ту ҳаст Масеҳои ман.

Ин шеър, ки бо вазни хушоҳанги муфтаилун/ муфтаилун/ фоилун гуфта шудааст, шомили мазмунҳои баланди орифона низ мебошад.

Аз шоираҳои то асри ХХ танҳо чанд тани ангуштшуморе соҳибдевон буданд, ки Гавҳархонум (асри ХIХ) яке аз онҳост. Дар ашъори ин шоира бо вуҷуди он ки соҳибсабк буданаш эҳсос намешавад ва мазмуну тасвирҳои комилан тоза ба мушоҳида намеоянд, маълум аст, ки завқу салиқаи хубе дорад. Барои намуна чанд байт аз як ғазали ӯро манзур менамоем:

Як даме хезу чу товус ба бустон бихром,
То дар атрофи чаман сайру сафое бикунем.
Шояд аз васли ту, эй ёри дилором ба дил,
Дардҳое, ки нуҳуфтем, давое бикунем.
Ҷом додем гараву хирқа гирифтем иваз,
То дар он хирқаи солус рабое бикунем.
Айби Гавҳар манамоед, ки шояд моро,
Чун дар айёми шабоб аст, хатое бикунем.

Дар асри ХХ вуруди занон ба адабиёт ба маротиб бештар шуд. Дар Эрон ситораҳои пурҷилои назм Фурӯғи Фаррухзод, Парвини Эътисомӣ ва Симини Беҳбаҳонӣ, дар Афғонистон Лайло Сароҳат, Нодия Анҷуман, Ҳумайро Накҳат ва чанди дигар ибтикоре дар шеъри форсӣ доштаанд.

Дар Тоҷикистон низ дар садаи ХХ шеъри бонувон хеле рушд кард ва имрӯз номи онҳо дар феҳрасти занони муваффақи суханвари тоҷик сабт шудааст.

Насли нави шоирони зан навҷӯву навнигоҳу навпазиранд ва саъй доранд, ки ҳарфи тозаи хешро гӯянд.

Баррасии иҷмолии шеъри бонувони сухангустар  ба хулосае мерасонад, ки дар ашъори онҳо беҳтарин намунаҳои хаёлоти манзум ва мавзуни бадеъро метавон пайдо кард. Маълум мешавад, ки ашъори занон аз ҳайси корбурди воситаҳои тасвири бадеӣ низ назаррасанд. Дар ашъори онҳо нишонаҳои сабки хосси занон, аз ҷумла таркибу ибороти махсус, баёни ҳиссиёти латифи занонаро мушоҳида мекунем.

Матлубаи Мирзоюнус

Дигар хабарҳо