БОЛИ ПАРВОЗИ ҶАВОНОН

 БОЛИ ПАРВОЗИ ҶАВОНОН

Насли ҷавони имрўз, ки он солҳо наврас ва тифлакони гуруснаву берўзӣ буданд, инак 22 сол аст, ки аз ҳавои сулҳу осоиштагии Тоҷикистони соҳибистиқлол нафас мекашанду озодона кору фаъолият менамоянд. Воқеан, 27 июни соли 1997 дар саҳифаҳои таърихи ҷомеаи навини Тоҷикистони азизамон муқаддас ва тақдирсоз маҳсуб мешавад.

22  сол мешавад, ки аз эҳёи миллӣ ва баҳамоӣ, худсозӣ ва худшиносию худогоҳӣ, сулҳу субот ва оромӣ сухан дар миён аст. 22 сол аст, ки Ваҳдат чун Ҳумои бахт ба сари сокинони ин куҳанмарз соя меафканад. Сулҳи тоҷикон натанҳо давлату миллатро наҷот дод, балки дар дили ҳазорон кўдак ва навраси он замон, ки имрўз марҳилаи ҷавониро убур мекунанд, умедро ба ояндаи дурахшон, хушбахтӣ, некномӣ зинда гардонид. Имрўз дар қатори дигар қишри ҷомеа ҷавонони худшиносу худогоҳ низ барои ҳифзу ҳимояи арзишҳои миллӣ ва пешрафту пойдории давлати ҳуқуқбунёду демократӣ талош меварзанд. Дар Паёми Пешвои миллат,  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эълон гардидани соли  2017 ҳамчун Соли ҷавонон иқдоми ғамхоронаи Сарвари давлат ба ин қишри ҷомеа буд. Ин иқдоми нек давоми бевоситаи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон» маҳсуб мешавад, ки  ҳанўз дар ҳафтумин моҳи истиқлолияти давлатӣ бо қарори Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 13 марти соли 1992) ба тасвиб расида буд ва то имрўз бо тағйиру иловаҳо мавриди амал қарор дорад.

Аз оғози соҳибистиқлолӣ то кунун аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҷавонон таваҷҷуҳи хоса зоҳир мегардад, ки далели ин  мулоқоти расмии Сарвари мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонони кишвар дар доираи Анҷумани якуми ҷавонони Тоҷикистон (соли 1994), мулоқоти  расмии Сарвари кишвар бо намояндагони ҷавонони мамлакат (соли 1997),  Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 23 майи соли 1997 «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 27 майи соли 1997, «Дар бораи таъсиси Кумитаи кор бо ҷавонони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз 2 июли соли 2009, «Дар бораи Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон» мутаносибан барои солҳои 2007-2009  ва солҳои 2010-2012, Барномаи давлатии тарбияи ватанпарастии ҷавонони Тоҷикистон барои солҳои 2006-2010 ва ғайра мебошанд.

Дар ҷавоб ба ғамхориву ҳидоятҳои Пешвои миллат вобаста ба баланд бардоштани савияи дониш ва малакаи корӣ сатҳи донишандўзии ҷавонон ҳамасола афзоиш меёбад. Дар ин муддат тавассути муассисаҳои илмии кишвар садҳо ҷавонон соҳиби унвонҳои илмӣ гардида, дар риштаҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятӣ хидмат мекунанд.

Дар соҳаи адабиёт низ ҷавонони лаёқатманду боистеъдод кам нестанд ва пайваста талош менамоянд, ки чароғи шеъру адаби гузаштагони ин миллатро равшан нигоҳ доранд. Дар чанд соли охир адибони ҷавону боистеъдоде ба арсаи адабиёт омада, рўҳи замони муосирро дар навиштаҳои худ мунъакис карда истодаанд. Худшиносиву худогоҳии миллӣ ва ватандўстиву ватанпарастӣ мавзўи навиштаҳои онҳо гардидааст.  Самараи Истиқлолият ва Ваҳдати миллист, ки имрўз ҷавонони эҷодкор бевосита зери назорати ҷиддии Ҳукумату давлат ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятиву адабӣ қарор доранд.  29-уми октябри соли 2017 бо ибтикори Шўрои нақд ва адабиёти кўдак дар маҷлисгоҳи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ашъори шоирони ҷавон баррасӣ гардид. Дар он шоирон ва адабиётшиносони варзида аз вазъи имрўзии эҷоди бадеии ҷавонон сухан ба миён оварда, аз ояндаи дурахшони онҳо фоли нек гирифтанд.

Машварати адибони ҷавони ҷумҳурӣ, ки давоми 3 рўз (соли 2016) дар маркази вилояти Суғд шаҳри Хуҷанд идома ёфт, яке аз иқдомоти неки Ҳукумати Тоҷикистон ва шаҳру вилоятҳои он буд, ки чеҳраҳои наву ҷавони соҳибистеъдод аз тамоми шаҳру ноҳияҳо дар он ширкат намуданд.  Дар ин машварат  ҳунару истеъдоди бисёре аз ҷавонони эҷодкор кашф гардида, барои ҷомеаи адабӣ муаррифӣ шуданд. Муҳокимаи таълифоти адибони ҷавон дар бахшҳои гуногун, аз ҷумла назм, нақди адабӣ, асарҳо барои бачагон ва наврасон, насру публитсистика сурат гирифта, аз ҷониби шоирону олимон баҳои баландро соҳиб шуданд. Баъдан чанд тан аз чеҳраҳои ҷавон, ки дар ин машварат ширкат варзиданд, ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон қабул гардиданд. Ин ҷавонон имрўз фаъолияти хуб нишон дода, навиштаҳои худро дар нашрияҳои бонуфузе чун маҷаллаи «Садои Шарқ» ва ҳафтавори «Адабиёт ва санъат», ки минбари эҷодкорони Тоҷикистон мебошанд, пайваста чоп менамоянд.

 Чун армуғон ба 25-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон тарҷумаи ашъори 25 шоири муосири тоҷик бо забони англисӣ дар китоби «Биступанҷ нахли сарсабз» манзури хонанда гардид, ки дар миёни  шеъри шоирони баркамоламон ашъори чанд тан аз ҷавонон низ чоп гардидааст.

 Ба шарафи Соли ҷавонон аз ҷониби Маркази тарҷумаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон шеърҳои шоирони ҷавон  ба забони ўзбекӣ тарҷума шуда, бо пешгуфтори Раиси ИНТ Низом Қосим  дар маҷмўае бо унвони «Тенгдошлар» («Ҳамсолон») интишор гардида, ба дасти хонандагони кишвари дўсту бародар — Ўзбекистон расид.

Ин иқдоми нек воқеан амали хайрхоҳонае буд, ки тавонист шеъри навҷавонони моро ба кишвари дўсту ҳамсоя муаррифӣ кунад. Ҷавононе, ки шеърҳояшон мавриди тарҷума қарор гирифтаанд, иштирокчиёни фаъоли Машварати адибони ҷавони ҷумҳурӣ буда, ҷустуҷў ва бозёфтҳои тозаи шоирона дар шеърашон дида мешавад.  Бовар дорем, ки ин ҷавонон оянда дар фазои осоиштаи Тоҷикистони соҳибистиқлоламон чароғдорони шеъри ҳазорсолаи тоҷик хоҳанд буд.

 Муҳриддин САБУРӢ

Дигар хабарҳо