Болидани мо зи файзи Истиқлол аст

?????????????????????????????????????????????????????????
Ба муносибати 34-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ дар «Хонаи адибон»-и ба номи Мирзо Турсунзода ҳамоиши муштараки Иттифоқи нависандагон ва Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки адибон ва кормандони Хадамоти мазкур баргузор гардид.
Маҳфили зебову бошукӯҳ бо суханрониҳои раиси ИНТ Низом Қосим ва сардори Хадамоти иҷро Аҳтам Абдуллозода оғоз ёфт. Низом Қосим иброз дошт, ки Истиқлоли давлатӣ дар баҳои ҷонҳо ва қурбониҳои зиёд ба даст омадааст ва ҳамаи мо бояд барои нигаҳдошту бақои он бо кори пурмаҳсуламон талош биварзем.
Дар суханронии Аҳтам Абдуллозода нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таҳкиму ҳифзи Истиқлоли давлатӣ равшан ифода ёфт.
Дар фазои тантанавӣ ба нависандагони шинохта Нозир Ёдгорӣ, Ҳафиз Сайфуллоев Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ ва ба шоирон Рӯдобаи Мукаррам, Равшан Ҳамроҳ, Саъдӣ Мирзо, Саид Сангин, Хурсандӣ Ҳоҷимурод Ҷоизаи ба номи Мирзо Турсунзода супорида шуд.
Сипас барандагони ҷоизаҳои мазкур шеърхониву суханронӣ намуданд.
Мавриди ёдоварист, ки нависанда Шарифбек Азизӣ, тарҷумон Сурайё Аҳмадзода ва шоир Нарзуллоҳи Азизиён низ барандагони ҷоизаҳои адабии ИНТ дар соли 2025 буданд, вале натавонистанд дар маҳфил ширкат биварзанд.
Ҳамзамон, ба як зумра кормандони фаъоли Хадамоти иҷрои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мукофот ва рутбаҳои соҳавӣ тақдим гардиданд.
Қисмати охири маҳфилро сарояндагони шинохта Зикриоллоҳ Ҳакимов, Тобиш Ҳилолӣ, Қобилҷон Зарифов, Шуҳрат Сайнаков ва дигарон бо сурудҳои дилангези ватандӯстона таровати хос бахшиданд.