БОЗТОБИ ЗАМОНИ ИСТИҚЛОЛ ДАР АДАБИЁТ: БУРДУ БОХТ

Гузориши профессор Абдунабӣ САТТОРЗОДА дар маҷлиси Садорати ИНТ, 9 июни соли 2021

Раиси муҳтарам,

Ҳайати муҳтарами Раёсат ва Садорат,

Ҳозирони гиромӣ,

“Адабиёти замони Истиқлол” мафҳуми густурда буда, тамоми асарҳои бадеиеро фаро мегирад, ки дар онҳо ҳодисаву воқеаҳои замони Истиқлол, мавзўъ ва масъалаҳо, назариёт, андешаҳо ва рўҳи ин замон ба таври бадеӣ ва ҳунарӣ бозтоб гардидаанд. Аз ин рў,  навиштаҷоти манзуму мансури фаровонеро, ки солҳо бо номи шеъру достону повесту роману драма ва ё очерку мақолаҳои публитсистӣ дар  ин марҳилаи замонӣ чоп шудаанд ва  моли адабиёти бадеӣ нестанд, набояд ба адабиёти замони Истиқлол нисбат дод.

 Рўҳ ва андешаи замони Истиқлол натанҳо дар асарҳои бадеие, ки бевосита ба ҳодисаву воқеаҳои замони Истиқлол, мавзўъ ва масъалаҳои он вобаста мебошанд,  балки метавонад дар асарҳои адабие низ, ки ба таърихи дуру наздики кишвар,    мавзўъҳои суннатӣ ва ҷовидонии адабиёт, монанди ишқ, ватан, модар ва ғ. бахшида шудаанд, ҳамчунин дар  тарҷума, нашр, нақд ва таҳқиқ низ бозтоб гардад.   

Мо гузоришамонро огоҳона бо баррасии асарҳои адабие, ки ба баёни бевоситаи ҳодисаву воқеоти замони Истиқлол, мавзўъ ва масъалаҳои он махсус мебошанд,  маҳдуд намудем. Нахуст, барои он ки ҳамаи адабиёти замони Истиқлолро наметавон дар як гузориш фаро гирифт. Дувум, адибони тоҷик  маҳз  дар таҳқиқи бадеии ҳамин гуна асарҳо камукостиҳо зиёдтар доранд. Савум, моҳияти замони Истиқлол, пеш аз ҳама, дар ҳамин гуна асарҳо  ошкор мегардад.

Ҳамқаламон ва ҳамкасбони иззатманд,

Дарёфти расмии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (9 сентябри 1991) ба раванди адабӣ дар кишвар ва ҷустуҷўҳои эҷодии адибони он, аз он ҷумла ба муҳтаво ва сабки осори онҳо таъсири назаррас расонд.

Адибони тоҷик, чи номиву чи ҷавон ва чи соҳибтаҷрибаву чи навқалам, бидуни истисно, эъломи Истиқлоли давлатиро ба хушӣ пазируфтанд ва ба он ҳамовозӣ карданд. Устод Муъмин Қаноат достони “Ҳамосаи дод” (1995)-ро бо байти зерин оғоз карда буд:

Мурғи Истиқлол омад пайки иқболи баланд,

Чун ҳумое соя меафганд аз боли баланд.

Дар миёни адибони насли Истиқлоли тоҷик камтарин касе пайдо мешавад, ки мисли зиндаёд Лоиқ фаро расидани айёми Истиқлоли миллат ва кишварашро муштоқона интизорӣ мекашид ва мегуфт:

Баҳри Истиқлоли миллат

Камтарин тоҷик агар чун ман бисўзад,

Аз тулўи фоли миллат

Решаи манҳуси Аҳриман бисўзад!

                       (“Орзуи хом”, марти 1996)

Гулназар, муаллифи Суруди миллии Тоҷикстони соҳибистиқлол дар таронае Истиқлолро “матлаи бахт”-и тоҷикон номидааст:

Мерасад аз набзи мо пайғоми Истиқлол,

Мо ҳама ҳаммиллату ҳамноми Истиқлол,

Матлаи бахт аст субҳу шоми Истиқлол,

Ҳамдиливу ваҳдат аст инъоми Истиқлол.

                       (“Матлаи бахт”, 2010).

Камол Насрулло бовар бар он дорад, ки Истиқлол орзуву ормонҳои чандинҳазорсолаи тоҷикон ба озодӣ ва истиқлолро амалӣ гардонд ва аз ниҳоди миллати тоҷик доғи ҳасрат ва навмедиҳоро зудуд:

    Оҳ, Истиқлол, Озодӣ!

    Ин туӣ, моро ба мо додӣ!

    Ин туӣ, дарҳои ишқу меҳрубониро кушудӣ!

    Аз ниҳоди миллати мо

    Доғи ҳасрат, доғи навмедӣ зудудӣ!

                       (“Қасидаи озодӣ”, 2019).

Низом Қосим аз забони 15-солаҳо дар 15-солагии Истиқлоли Тоҷикистон навишта буд:

Эй Ватан, ҳар лаҳзаи бахти ту сад соли дил аст,

Рўзи Истиқлоли ту Наврўзи иқболи дил аст.

                                (“15 сол — 15 бол”).

Зимнан, аз фаро расидани замони Истиқлол аз устодон Муъмин Қаноату Лоиқ сар карда, то Аҷамию Аҷамрод ва се Бузургмеҳр – Баҳодуру Ҳакиму Тоҷиддину   Муҳриддини Сабурӣ ва шоирони дигар истиқбол кардаанд, ки баъдтар низ дар ин хусус мулоҳиза хоҳем ронд.

Тавре ки шумо огоҳед ва шоҳиди ҳол будед, вазъи ноороми сиёсии ҷумҳурӣ, ки аз охири солҳои 80-ум ва ибтидои 90-уми асри гузашта сар шуда, баъд аз эъломи расмии Истиқлолият низ дар солҳои 1991 ва 1992 идома дошт, оқибат ба ҷанги шаҳрвандии таҳмилӣ овард ва шодию хушиҳои моро дар ибтидои замони Истиқлол ба ғаму андўҳ, мусибату мотам бадал намуд.

Қутбӣ Киром аз он рўзҳо шаҳодат медиҳад, ки:

Оби Истиқлол хун шуд,

Ошиқиҳоям ҷунун шуд.

Аспи мастам роҳгум зад,

Шаҳсавори ман забун шуд.

Орзу аз дил бурун рафт,

Нолаҳои ман дарун шуд…

                                (“Истиқлол”)

Гулназар аз мушоҳидаи чакидани оби борон бар тиҳигоҳи дасти гадо рўзҳои хунини Тоҷикистонро ба ёд овардааст:

Дар сари роҳ

Бар тиҳигоҳи кафи дасти гадо

Оби борон мечакид,

Аз сари мижгони ман

             бо ашки хунин

ТОҶИКИСТОН мечакид…

(“Шуълаи барқади сўзони малоҳат”, 2002)

Ба қавли Алимуҳаммад Муродӣ дар он солҳо ҳатто сабзаҳо хунмаст шуда буданд:

Дар ҳавои гиряи борон

Сабзаҳо

Чун қотилони нашъаманди маст мерақсанд…

Сабзаҳо имсол хунмастанд.

                                (“Масти хун”)

Дар бораи сабаб ва омилҳои сар задани ҷанги шаҳрвандӣ (5 майи 1992) дар Тоҷикистон дар ин муддат сиёсатмадорон, муҳаққиқон ва коршиносон, чи дар дохил ва чи дар хориҷи кишвар, мушоҳида ва мулоҳизаҳои зиёде гуфта ва навиштаанд. Аз адибоне, ки ба ин мавзўъҳо даст задаанд, ба назари камина, бештар ва беҳтар аз ҳама Нависандаи халқии Тоҷикистон, барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ Ўрун Кўҳзод дар ҳикояи “Гудоз” (1993), қиссаи “Гуреза” (1994), мақолаҳои публитсистии “Муроҷиат ба мардум” (1994), ҳикояи “Киройи гиря надошт” (1998), достони мансури “Се роҳакӣ аз се ҳизб” (2002) ва хосса дафтари панҷуми романи машҳураш “Ҳайҷо” (2012)  андеша рондааст. Муаллиф, чунонки ба сабки нигорандагии ў дар бисёре аз асарҳояш хос аст, ҳодисаи мазкурро бо ҳавсала ва диққати тамом мисли як ҳуруфнависи (стенографисти) чирадаст ба қалам овардааст. Ба ў дар ин кори душвор  доштани таҷриба ва малакаи зиёди нависандагӣ, мушоҳидаҳои бевоситааш аз ин ҳодиса, ки дар пеши чашми ў мегузаштанд, шиносоияш бо иштироккунандагони он, мутолиаи пайгиронаи он воқеаҳо мусоидат намудаанд. Бино бар навиштаи нависанда, воқеа ва ҳодисаҳое, ки дар Тоҷикистон дар ниҳоят ба ҷанги шаҳрвандӣ оварданд, пеш аз ҳама, ба фурўпошии босуръати Иттиҳоди Шўравӣ дар як шаб, таъсиси панҷ ҳизби қудратталаби сиёсӣ ва се сиёсатро тарғибу ташвиқ кардани онҳо дар ду марказ вобастагӣ дорад.

Қаҳрамони роман Довуди Абдураҳмони яҳудӣ бо дўсти содиқи даврони донишгоҳиаш Дилмуроди тоҷик пас аз оғози ҳодисаҳои солҳои навадум дар Тоҷикистон дар яке аз мулоқотҳояшон изҳор менамояд, ки: “Ман пагоҳ-фардо меравам. Кӣ медонад, дигар якдигарро мебинем ё не? Кӣ медонад? Боз дар ин вазъияти имрўза?!” (“Садои Шарқ”, 2012, №11, с. 6). Дилмурод мисли аксари тоҷикон ҳозирбин буда, дар бораи рўзи фардояш фикр ҳам намекунад, бинобар ин, чунин ҷавоб медиҳад: “Вазъияти имрўза ҳамон вазъияти дирўза. Ҳеч фарқе надорад”.  Довуд, ки аз ҷараёни воқеъаву ҳодисаҳои охир дар Тоҷикистон таҳлилу бардоштҳое дошт, бо боварӣ ва қатъият мегўяд, ки: “Дорад. Хеле фарқ дорад. Бинед, дар мамлакат як ҳодисаҳо шуда истодааст, ки сару ҳисобаш гум. Ба хонаи занбўр чўб халонидагӣ барин. Нооромӣ, талотўб, ғавғо, даъво…Худатон аз ҳамааш, беҳтар аз ман, хабар доред. Мехонед, мешунавед, мебинед. Ҳоҷат ба шарҳи ман нест. Ман ба шумо як гапи дигарро гуфтанӣ. Гуфтанӣ, ки ҳамин ҳавлии ман бегона нашавад. Барои ҳамин ҳама ҷояшро ба шумо нишон додам. Ҳамин ҳавлиро шумо гиред” (Ҳамон ҷо, ҳамон саҳифа). Нависанда пас аз ин саволу ҷавоби қаҳрамонҳояш нуктаи ҷолиберо таъкид намудааст, ки манзараи оғози он рўзҳои мудҳишро ба хубӣ бозгў мекунад. Ў менависад: “Ва пеш аз воқеаҳои моҳи феврал (1990- А. С.) буд ин суҳбат. Ва хеле пештар буд аз ГКЧП. Ва Дилмурод ба гуфтаҳои Довуд чандон аҳаммият надод, сабук шуниду сабук фаромўш кард ва на ҳавлии Довудро харид ва на барои сарфаҳм рафтан  ба мағзи суханҳои ў фикр кард, ҳарчанд ки дар пеши чашмаш кўчокўч аз рўз то рўз авҷ мегирифт; ва урусҳо, бахусус урусҳое, ки дар вазоратҳо кор мекарданду дар шаҳрҳои калони Русия пушту паноҳ доштанд, дар роҳи оҳан барои борашонро бурдан навбат меистоданд; ва мардони тоҷик, ки занҳои урус ё украин, ё беларус ва ё немис доштанд, хонаҳояшонро мефурўхтанду харҷи роҳ ғун меоварданд; ва олимону рассомону рўзноманигорону коргардонҳои театру кино, ки дар шаҳрҳои қадимаи Осиёи Миёна реша ва ё дар Москову Ленинград дўстони содиқ доштанд, рахти сафар мебастанд” (Ҳамон ҷо, с.6-7).

Кўҳзод бо ҳамин сабк ва тарзи баён дар ин роман аз ҷунбиши моҳи феврали соли 1990, ба кўчаҳои калон ва майдонҳои шаҳр селвор рехтани анбўҳи ҷавону наврас, ташвишу тараддуди шаҳрвандон, гирди ҳам омадани тўдаҳои норозӣ, пайдо шудани воизоне, ки аз бепарвоиҳои ҳукумату ҳукуматдорон ваъз мегуфтанд, ба Душанбе омадани ҳаштод оилаи гурезаҳои арманӣ ва додани хона ба онҳо ва овозаҳои дигар, ташкили Комиссия барои ҳалли масъалаҳои мавҷуда бо Ҳукумат хонандагонашро огоҳ мекунад.

Нависанда бархилофи аксари адибони дигари тоҷик, ки  он воқеаҳоро дар навиштаҳояшон баён намудаанд, танҳо бо зикри сурати онҳо қаноат накарда, сирати аз чашмҳо пинҳони онҳоро низ, ки ба қавли ў, “фақат маъмурони (эмиссарони) махфикори хориҷӣ медонистанд” (Ҳамон ҷо, с.7), ошкор сохтааст. Яке аз онҳо бо номи Волдемир ёд мешавад, ки бино бар навиштаи муаллиф, бо одамони даркорӣ, ба шумули мансабдорони собиқ ва феълӣ пинҳонӣ вомехўрд, бо воситаи оҷиронаш, аз қабили Солеҳтаксӣ ба воситаи пул, ба онҳо супориш медод ва иқдомоти баъдии онҳоро тарҳрезӣ менамуд. Аз рўи ишораҳои муаллиф дар асар бармеояд, ки Волдемир аз “давлатҳои мустамликадору мустамликаҳое” мебошад, ки “таҷрибаи бобарори дусаду сесадсола доштанд” ва ин махфикоронро “тарбия мекарданд ва мефиристоданд ба он ҷое, ки дилашон мехосту фоидае дошту шароити мувофиқ ва баҳонаи муносиб дошт” (Ҳамон саҳифа). Ҳамчунин нависанда дар роман ишора ба он намудааст, ки ҳамон шабе, ки “ҳукумат яклухт – котиби якуми ҳизби коммунистӣ ва раиси шўрои вазирон ва раиси шўрои олӣ ба истеъфо рафтанд”, “аз Москов ду десант омад – як десанти сиёсӣ бо сарварии вазири корҳои дохилии СССР ва як десанти ҳарбӣ бо силоҳу сипоҳиёни хоса ва яккачину ботаҷриба”  (Ҳамон ҷо, с.10).

Ба омили хориҷӣ дар ҳодисаҳои солҳои 90-ум дар Тоҷикистон, ба “бегонагон”, “меҳмонҳои нохонда” Искандари Хатлонӣ ҳам дар шеърҳои “Қулфи шикаста, калиди гумшуда”  ва “Шиноварони дарёи хун” (феврали 1990) ишораҳо дошт.

Кўҳзод ва Искандари Хатлонӣ бо ҳамин таъкид бар он мекунанд, ки ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон омилҳои хориҷии муассир дошт ва онҳо онро созмондиҳӣ ва назорат мекарданд. Натиҷаи таҳқиқи бадеии нависандаи тоҷик дар соли 2012 андешаи Президенти муҳтарами Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмонро, ки дар оғози ҷанги шаҳрвандӣ ба он дода буд, тасдиқ мекунад. Ў ин ҷангро “ҷанги таҳмилӣ” номида буд.

Яке аз адибони номии рус гуфта буд, ки “таърих дар лаҳзаҳои фоҷиабори он беҳтар шинохта мешавад”. Абдулҳамид Самад низ, тавре ки дар мусоҳибааш бо Нурмуҳаммад Зуҳурӣ таъкид намудааст, “ҳадаф аз иншои “Гардиши девбод” кўшише дар тасвири бадеии воқеъият ва ҳолати равонии гузаштагони мо дар он замонҳои пурфоҷиа аст” (Абдулҳамид Самад. Санги маҳак ва тарозуи ҳунар, Д., 2013, с. 251). Дарвоқеъ, дар романи “Гардиши девбод” воқеаҳои се фоҷиаи бузург дар таърихи нав ва навтарини мардуми тоҷик – фитнаи инқилоби болшивекӣ (1920), ҷанги бузурги ватанӣ (1941-1945) ва ҷанги шаҳрвандии таҳмилии солҳои 90-ми асри ХХ тасвир ёфтааст. Нависанда ин се фоҷиаи бузургро дар таърихи нав ва навтарини мардуми мо аз тариқи баёни саргузашти сокинони яке аз деҳаҳои дурдасти Кўлоб ба қалам овардааст. Ба сухани дигар, муаллиф он се фоҷиаро аз ҳаллоҷии сару дили пиру ҷавони ин деҳаи кўҳистони тоҷик гузарониданӣ шудааст.

Ў ин корро дар қисми аввали романи “Гардиши девбод” (2007) асосан ба воситаи баёни силсилаи андешаву хотироти қаҳрамонаш – Дилёби дар тифлӣ ятиммонда, кампири ғамхору пуштибони ў Сифат, бобои Некном, муллои деҳа Комилбой, Сафои Афлотун, муаллим Меҳрон ва дигарон анҷом додааст. Аз ин сабаб китоби аввали романи “Гардиши девбод” аз силсилаи ҳикояву новеллаҳои ҷудогонаи хотирмон ва хонданибоб иборат шудааст. Онҳо ба ҳам сахт гиреҳ хўрдаанд, онҳоро наметавон аз ҳам ҷудо кард. Ва тасодуфӣ нест, ки китоби аввали роман фаслбандию боббандӣ нашудааст. Интихоби чунин тарзи баён ва сабки нигориш ба табиати гардиши девбоди ҳодисаҳои таърихии давраи нав ва навтарини зиндагии тоҷикон муносиб ва мувофиқ омадааст. Ва ин, ба назари мо, ҳусни асар аст, на қубҳи он, чунонки баъзе аз мунаққидон гумон кардаанд, аз ҷумла муаллифи мақолаи “Даври печопеч” раҳматӣ Худоӣ Шарифов (“Садои Шарқ”, 2008, №8, с. 126). Намунаи барҷастаи чунин тарзи тасвир дар адабиёти муосири ҷаҳон, насри адибони Амрикои Лотин, аз ҷумла Габриел Гарсиа Маркес ва дигарон мебошад. Аз нависандагони имрўзаи тоҷик ба он бештар Кўҳзод майл дорад.

Ва азбаски ҳадафи нависанда дар китоби дуюми романи “Гардиши девбод” нисбат ба китоби якуми он андаке дигартар аст ва он ба тасвири замони ҷанги шаҳрвандӣ махсус гардонда шудааст, тарзи баён ва сабки нигориши ў нисбат ба якум фарқ мекунад.

Абдулҳамид Самад, тавре ки худ дар хитоби худ “Ба хонанда” дар поёни китоби дуюм изҳор доштааст, хостааст, ки “воқеаҳои бешумори даҳшатбори сиёсӣ-иҷтимоӣ, дигар шудани сохти давлатдорӣ, муборизаҳои шадиди хунрезу харобкор, авҷи фасоди кинаву адоват, ахлоқи инсонҳо, парокандагиву фирори ҳамватанон”-ро ба тасвир кашад. Аз ин рў нақли худро аз ин воқеаву падидаҳо дар 34 фасл бахшбандӣ намудааст ва онро бо хитоб “Ба хонанда” ҳусни анҷом бахшидааст.

Агар дар китоби якум садо ва изи “хирси андеша” бармало ба назар мерасид ва шунида мешуд, дар китоби дуюм тарзи таҳкия ё нақли воқеа ва ҳодиса, дида ва шунидаҳо бартарӣ дорад, нисбат ба “андешаву хотира”.

Ин нақл аз он сар мешавад, ки Дилёби афсурдарўҳ аз пойтахт бармегардад ва “чун моргазида шабу рўз оромӣ надошт” пас аз ҳамаи он чи дар шаҳр дида буду шунида буд. Омўзгори номдори деҳа Насим ба ҷустуҷўи дўсти донишгоҳиаш Раҳматшоҳ ва аҳли оилаи ў аз роҳи Данғара  ба Вахш меравад. Данғара, ба навиштаи муаллиф, “аз гурезаҳои водии Вахш пур шуда буд”. Насим бо чашмони сараш аҳволи тоқатфарсои гурезагонро мебинад. Дар Вахш аз Суҳроби бокс мефаҳмад, ки дўсти донишгоҳиаш “бо аҳли деҳа ба он тарафи дарё гузаштааст”. Насим ба суроғи дўсташ Раҳматшоҳ ба Душанбе сафар мекунад ва бо Наим – “бародари боиродааш” шаҳрро мебинад ва аз Мирзо ном шиноси дўсташ мефаҳмад, ки “Раҳматшоҳ имрўз ё фардо бо фарзандон ба хоки Ватан по мегузорад”. Мирзо ҳамчунин ба Насим хабар медиҳад, ки дар нўги забони Раҳматшоҳ ҳамеша номи Насим буд. Ва дар хитоб ба Насим аз ў мепурсад, ки “ҳамин бас нест” ва бо ҳамин роман ба охир мерасад.

Барои Насим шунидани он ки дўсти донишгоҳиаш сиҳату саломат бо аҳли оилааш ба Ватан бармегардад ва дар мулки бегона ҳамеша номи ў дар забонаш будааст, бас будагист. Аммо барои хонандаи роман ва муҳаққиқони он номбар кардан, зикр намудан, ба ёд овардани ҳодисаву воқеаҳое, ки аз сари қаҳрамонони асар дар зодгоҳашон, дар Вахш ва пойтахти кишварашон гузаштаанд, кофӣ нест. Хонандагон ва муҳаққиқон аз нависанда тасвири бадеии он ҳодисаву воқеаҳои мудҳишеро, ки аз сару дили қаҳрамонони роман ва кишварашон гузашт, баёни ҳақиқати бадеии онҳоро, таҳлили онҳоро мехоҳанд. Онҳо донистанианд, ки иллати ба фитнаи инқилоби болшивекӣ гирифтор шудани тоҷикон дар давраи нави таърихи худ, ба фоҷиаи ҷанги бузурги ватанӣ даргир шудани он дар давраи навини таърихии худ ва ниҳоят ба сари онҳо таҳмил гардидани ҷанги шаҳрвандӣ дар солҳои 90 асри ХХ дар чист ва ғ. ва ҳ.к.

Ишора намудан ба касофати чанд “ҳаромӣ”, “шайтон”, “нутфаи шайтон”, “оқипадару бедиёнати фитнаангез”, “ношуду шуҳратхоҳу ҳазёнгў”, “оташангезу ҷангҷў”, “худхоҳи салладору баришуфаш”, “шаробиву кулоҳпўш”, “босаводҳои навбаромади иғвогар”, “даъвогари курсии мансаб”, “пешвои баришуфаш, Ҳазрат”, “муллоҳои навбаромад”, “ҷадидҳои навбаромад”, “роҳбарони хоини худӣ”, “роҳбарони говкаллаи Маскав” ва ғ. ва ҳ.к. нокифоя аст.

Чаро дар ин гардиши девбоди таърих ва ҳолатҳои дигар сарнавишти тоҷикон ва сарзаминашон ба дасти худашон нест, ба дасти бегонагон аст?

Чаро, ба гуфти яке аз қаҳрамонони роман, “чархи таърих… ҳамеша бар зарари мардуми мо гаштааст?”

Чаро ҳам инқилоби болшевикӣ ва ҳам ҷанги шаҳрвандии ахир ба сари мардуми мо таҳмилӣ буд ва даҳҳо саволи дигар.

 Афсўс, ки дар романи “Гардиши девбод” ба ин саволҳо ҷавоби саҳеҳу қонеъкунандаи ҳунарӣ камтар ба назар мерасад. Мутаассифона, ҳам дар китоби якум ва ҳам дар китоби дуюм ҷанбаи таҳқиқи бадеӣ ба нисбат камтар буда, ҷанбаи ташвиқотию тарғиботии публитсистӣ бештар мебошад.

Дар романи нависандаи номӣ Кароматуллоҳи Мирзо “Марги бегуноҳ” (2012) саҳнаҳои даҳшатангез ва хунини ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон дар давраи пайдо шудани силоҳдорон дар деҳаҳо ба қалам омадааст.  Қумондон Барзу аз ҷумлаи “одамоне, ки дасти росташонро аз чап надониста, радди маърака имрўз пешдарою пешгузар”, “одамони девонаавзо”, “на худ ва на Худоро мешиносанд”, “оқипадари худозада” буд ва худро ҳокими мутлақ ва деҳаҳои гирду атрофро қаламрави худ ҳисоб мекард ва онҳое, ки ба ў сари итоат намефароварданд, мепарронд, чунонки бо эшони Саидҷалолхон ва духтараш муаллимаи деҳа Малика, мудири мактаб Мустафо карда буд. Ба ў хабаркашоне мисли Хидиралии носипос ва кўрнамак ва беномус мадад мерасонданд.

Романи “Марги бегуноҳ”-ро ба саҳнаҳои ба Дараи марг бурдани мудири мактаби деҳа Мустафо писари бобои Абдусалим ва бо дастони худ гўри худро кофтани ў ва лаҳзаи ба даст афтодани Барзу ва бо ҷумлаи “Содирхон ва фарзандони махсуми Ҷонмаҳмад Барзуро ба Дараи марг мебурданд” ба охир мерасад.

Кароматуллоҳи Мирзо бо таҷрибаи кофие, ки дар сохтани қолиби навъи адабии роман, нақли ҳодисаҳо, забон ва сабки нигориш дар эҷод дорад, асари хонданбоберо офаридааст. Аммо барои хонанда ба таври равшан маълум нест, ки чаро воқеаҳо дар деҳот чунин ҷараён гирифтанд, бесарусомониҳо шуданд, чунин рўзҳои наҳс ва балоро ба сари мардум кӣ овард? Оё сабабгори онҳо хусумати деринаи байни деҳаҳо, одамони ҷудогона, авлодҳои ҷудогона аст? Ё натиҷаи манфиатҷўӣ ва фурсатталабии шахсони алоҳидае мисли Барзу ва Хидиралӣ? Неруҳои сиёсӣ, гурўҳҳои маҳаллӣ ва минтақаӣ? ва ғ. мебошанд. Ишораҳои канда-канда ва парешоне, ки дар роман мавҷуданд, аз қабили даъвати “бо сари пўшида мактаб меравӣ, бандҳои дасту почаҳоятро мепўшонӣ, эзор, куртаи остиндароз мепўшӣ” (“Садои Шарқ”, 2012, № 6, с. 35), “таноби ҳукумат дароз аст, вақташ меояду танобро мекашад, меёбад” (Ҳамон ҷо, с. 44) ва ғ. моҳияти ҳодисаву воқеаҳои он рўзҳоро муайян намекунанд.

Дар насри замони Истиқлол якчанд ҳикоя, қисса ва романҳое низ ба вуҷуд омаданд, ки бевосита ба ҳодисаву воқеаҳои солҳои 90 дар Тоҷикистон бахшида нашуда бошанд ҳам, дар онҳо ишораҳое ва ё саҳнаҳои ҷудогонаи он солҳо ва  тамсилҳое аз онҳо ҷо доранд, ки, бидуни шак, дар бозтоби ҳунарии замони Истиқлол ҳар як ҷойгоҳи худро доранд, мисли романҳои Сорбон “Кадевар” (2006), “Росу” (2009) ва “Шаҳрбону” (2012), Гулрухсор “Сакарот” (1990-2008), асарҳои Саттор Турсун “Эътироз” (2013, қисса) ва “Садама ва ё Достони як марди саргардон” (Бобҳо аз роман, 2021), Қодири Рустам “Пойҳо ва рўйҳо” (Роман, 2013), Ҳанифаи Муҳаммадохир “Дастпухтаи модарам” (Ҳикоя, 2020) ва ғ.

Баррасии асарҳои мансуре, ки дар онҳо воқеа ва ҳодисаҳои замони ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон тасвир ёфтаанд, ошкор сохт, ки дар аксарияти мутлақи онҳо, дар яке камтар ва дар дигаре бештар, осори “тафаккури сиёҳусафед” (Абдуллоҳи Раҳнамо) зуҳур дорад. Шоир ва муҳаққиқи сиёсатшинос Абдуллоҳи Раҳнамо моҳияти ин навъи нигоҳро дар мақолаи пурарзишаш “Чаро ба истиқлоли фикрӣ намерасем?” (“Садои Шарқ”, 2012, № 9) дар ин дидааст, ки дар муҳити илмию фикрӣ (ва адабию фарҳангии мо низ), “пеш аз муносибат бо як фикр, як таҳлил ё як навиштаи фикрӣ, чи илмӣ ва чи сиёсӣ, пеш аз ҳама, савол гузошта мешавад, ки муаллиф аз падидаи мавриди таҳлили худ “ҷонибдорӣ кардааст” ё бо он “зидд баромадааст”, онро “таъриф” кардааст ё онро “танқид” кардааст? Яъне, тибқи ин назар, андешаи илмӣ ва тафаккури сиёсӣ аз ин ду ҳолат хориҷ намебошад, ё “сиёҳ” аст ва ё “сафед” (С.113). Вале, тавре ки шумо, аҳли муҳтарами илму адаб, хуб медонед, воқеият дар асл мураккабтар аст, аз он чизе ки мо мегўему менависем. Инсоф он аст, эътироф намоем, ки баъзе аз нависандагонамон дар навиштаҳояшон кўшишҳое кардаанд, ки дар паҳлуи рангҳои сиёҳу сафед аз рангҳои дигар низ истифода баранд, аммо он рангҳои дигар ҳанўз бисёр заиф ва норавшан мебошанд.

Агар нависандагони тоҷик ба бозтоби бадеии ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон пас аз 15-20 соли сипарӣ шудан аз он шурўъ намуда бошанд, шоирони тоҷик ин корро дар гармогармиаш анҷом додаанд. Зиндаёд Лоиқ ғазале дорад, ки таърихи онро моҳи майи 1992 зикр намудааст ва дар он чунин байтҳое ҳастанд:

Чӣ ҷои шукри шукуфа, баҳор хунин аст,

Насими шумнафас дар гузор хунин аст…

Зибаски хуни шаҳидон чу об ҷорӣ шуд,

Ҷабини рўду лаби ҷуйбор хунин аст…

Зи осмону замин бўи хун ҳамешунавам,

Чӣ беш гўям аз ин, рўзгор хунин аст…

    (Лоиқ. Фарёди бе фарёдрас, Д., 1997, с. 69)

Шоир дар шеърҳое, ки дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ эҷод намудааст, ишораҳо ба он намудааст, ки туфангдорон дар ҳар қадам буданд, “гулзорҳои Ватанро чу мазор карданд”, мулки мардистонамонро ба маргистон табдил доданд, кушокушӣ ва камонкаширо мароми худ намуданд. Дар натиҷа “замин замини камону замон замони камон” шуд. Ва бо таассуф ва андўҳ гуфтааст, ки:

Дареғо, файзу эҳсон дар Ватан мурд,

Умеди зиндагӣ дар ҷону тан мурд.

Дареғу ҳайфи Истиқлоли  тоҷик,

Ки чун гул омаду гулгулкафан мурд.

             (“Фарёди бе фарёдрас”, с.199).

Низом Қосим дар маҷмўааш, ки номи рамзии “Шеъри захмӣ”-ро дорад, дар ғазале, ки таърихи эҷодаш 1992 аст, ба мушоҳида гирифтааст, ки дар он солҳо ҳатто аз масҷидҳо ба ҷои садои пир бонги тир меомад:

Ҳамегуфтам, ки аз масҷид садои пир меояд,

Дареғи ман, надонистам, ки бонги тир меояд!

(Низом Қосим. “Аз ассалом то вассалом”,  Д., 2014, с. 268)

Устод Лоиқ дар ҳеч яке аз шеърҳояш, ҳам дар онҳое, ки дар китоби маъруфаш “Фарёди бе фарёдрас” ҷо додааст ва ҳам дар маҷмўаҳои дигараш, камондоронро ба тоифае, гурўҳе, тарафе ва ҳизбе ҷудо намекунад, барои ў фарқ надорад, ки ба дасти онҳо кӣ камон  додааст, ҳамаи онҳо барояш тоҷиканд. Аз онҳо илтиҷо мекунад, ки “камон аз дўш бигзоранд” ва бифаҳманд, ки:

Ки ин тоҷик куштан аз ду ҷониб

                         дар ду дунё қаҳрамонӣ нест,

Ки чун ин ҷанги нангини шумо

             дар ҳеч торихи ҷаҳонӣ нест.

                         (“Фарёди бе фарёдрас”, с. 38)

Шоир, тавре ки як гуфтаи ў машҳур аст, ёри ҳеч майдонҳо набуд:

На ёри “Шаҳидон”, на “Озодӣ”-хоҳ,

На бо ин ҷиноҳу на бо он ҷиноҳ,

Миёни ду дунё манам рўсафед,

Миёни ду майдон манам рўсиёҳ.

             (“Фарёди бе фарёдрас”, с. 212).

Лоиқ дар маҷмўаи “Фарёди бе фарёдрас” дубайтие дорад ва дар он эълом доштааст, ки: 

Агар тири ҳақиқат ном тире

Ба олам буд, ман чун наррашере

Ба сад ҷон гуфтаме шеъри ҳақиқат,

Ба сад дил хўрдаме тири ҳақиқат.

             (“Фарёди бе фарёдрас”, с. 208).

Лоиқ аз шоирони камшумори тоҷик буд, ки дар солҳои 90 шеъри ҳақиқат мегуфт, бо ин ки нағз медонист, ки ин кори ў дар он шароити басо душвори амниятӣ дар кишвар баробар ба марг буд:

Ҷон ба қурбони ту, эй меҳани хунинкафанам,

Будӣ байтулшарафам, гаштаӣ байтулҳазанам.

Душманат чор тараф аҷнабию хонагианд,

Тани танҳо ба чӣ неру сафи аъдо шиканам?

Дўст душманнасақу душмани ту дўстнамост,

Рост гўям, бипаронанд зи чашму даҳанам.

                       (“Фарёди бе фарёдрас”, с. 90)

Шоир дар мусоҳибааш бо Ҳокими Азиз моҳи июли соли 1999 дар бораи чопи китоби “Фарёди бе фарёдрас” ва гуфтани шеърҳое, ки дар он гирд омадааст, эътироф намудааст, ки: “Бале. Он ба сахтӣ чоп шуд. Ман дар тамоми кулли бадбахтиҳо дар Душанбе будам ва ҳамаи онро дидам. Шояд аз ин зиёдтар шеърҳоямро чоп накардаам. Мардона мегўям, ки тарсидам. Агар он шеърҳоро чоп мекардам, аҷаб набуд, ки ҳоло пеши шумо наменишастам. Камтар эҳтиёт кардем. Иншоаллоҳ, вазъият хуб шудааст. Мардум мефаҳманд, зеро ки онҳо ба ифоқа омаданд, ба хулосае омадаанд, ки он тараф вартаи ҳалокат аст. Ин шеърҳо ҳосили ранҷи солҳои навадуманд. Баъзе ҷойҳо ҳатто тунд ҳам рафтааст. Масалан:

Ин сагдилон, ки хизмати айём мекунанд,

Аз номи халқ халқро эъдом мекунанд…

Аммо ҳақиқат аст. Нисбат ба китобҳои пешинаам аз ин камтар розӣ ҳастам. Зеро тавонистам дардҳои халқро гўям” (Дар суҳбати Лоиқ, Хуҷанд, 2021, с. 228).

 Ато Мирхоҷаи Неру шеъре дорад бо номи “Нома ба силоҳдор” ва дар он аз силоҳдори ҳамдиёраш бо лутфи малеҳе, ки хоси каломи ўст, илтиҷо мекунад, ки тир на танҳо ба ҷони худи  ў, балки ба ҷони онҳое низ, ки аз Зарафшону Бадахшон, Хатлону Раштон, Кофарниҳону Ҳисори Шодмон мазан.

Ҳамдиёро, тир бар ҷонам мазан,

Ман ҳам, охир, чун ту инсонам, мазан!…

Ҳарду бигзаштем аз тўфони Нўҳ,

Ту дубора байни тўфонам мазан.

Ҳарду як мушти гилему як каф об,

Ту на путку ман на сандонам, мазан.

То намирӣ аз намакдарди гарон,

Пойи худро дар

 намакдонам мазан.

То ки заҳрафшон нагардад

 дидаат,

Заҳр дар коми Зарафшонам

 мазан.

Боз хезад Носир аз хокаш, яқин,

Хатти бутлон рўи Хатлонам

 мазан.

Аз камӣ лаъле шудӣ дар кўҳи

 даҳр,

Санг бар лаъли Бадахшонам

мазан.

Нест дар Кофарниҳон кофар

 ниҳон,

Таъна бар оини Раштонам

мазан.

Аз Ҳисори Шодмон ояд садо:

“Шеъри Турсунзодаро конам, мазан”…

Хуни ман аз гарданат хоҳад гирист,

Дасти худ дар хуни алвонам мазан.

(Ато Мирхоҷаи Неру. «Шакарганҷ», Д., 2006, с. 15-16)

Акбари Абдуллоҳ, ки камондоронро хуб мешиносад, шак дорад, ки ба онҳо илтиҷову хитоб таъсире расонад ва камонашонро ба замин гузоранд ва тир назанад. Зеро, ба гуфтаи шоир, вақте ки камондорон дар каминанд, ба ёди ину онанд, ба ҷуз ёди миллат ва манфиатҳои миллии Ватани хеш. Ў ҳикмати маълумеро такрор менамояд, ҷинояткор на замон дораду на замин. Шоир мегўяд:

Камондорони мо то дар каминанд,

Ба ҷуз миллат ба ёди ону инанд.

Худоё, дар паноҳи худ нигаҳ дор,

Ки онон безамону безаминанд.

(Акбар Абдуллоҳ. «Тирамоҳи сабз», Д., 2018, с. 243)

Бо дарёфти сулҳу оштӣ пас аз се солу се моҳи Музокироти байни тоҷикон (5 апрели 1994 – 27 июни 1997) ва имзои Созишномаи умумии сулҳ ва ризоияти миллӣ дар Тоҷикистон (27 июни 1997) ва барқарор гардидани оромиву амният дар ҷумҳурӣ доираи мавзўъ ва масъалаҳои адабиёти замони Истиқлол васеъ мешавад. Шоирон ва нависандагони тоҷик ҳамзамон бо идомаи таҳқиқи мавзўъҳои Истиқлол ва ҷанги шаҳвандӣ ба баёни мавзўъҳои сулҳу оштӣ ва ваҳдати миллӣ низ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мекунанд.

Оғозгари бозтоби шоиронаи ин мавзўъ низ устод Лоиқ буд. Шеърҳои маълуми ў “Имоми ду тарафро мекунам табрик” (декабри 1996) ва “Раҳми Парвардигори мо омад” (январи 1997) сари забонҳоянд. Чунончи:

Имоми ду тарафро мекунам табрик,

Ки тоҷик мешавад наздик бо тоҷик!

Ва:

Раҳми Парвардигори мо омад,

Нури ҳақ бар диёри мо омад…

Ҷанги девонавори мо бигзашт,

Сулҳи деринтизори мо омад.

Дар сулҳу ваҳдатсароӣ шоирони дигари тоҷик низ сухани шоиронаи муносиб пайдо кардаанд ва гуфтаанд. Чунончи устод Бозор Собир дар шеъре дар хитоб ба ҷонибҳои даргир “ягона роҳи салоҳро дар пайванду ҳамбастагӣ дидааст” (Низом Қосим):

Дасту бағал кушода биёед,

Аз пўстҳои худ бароем,

Дар пўстҳои ҳамдигар дароем,

Аз ҷилди танги ҷанг бароем,

Дар ҷилди ору нанг дароем.

Ҳақназар Ғоиб онҳоеро, ки миллати тоҷикро ба маҳалҳо ва ҳизбу гурўҳҳо қисмат мекунанд, душмани ҷон мехонад ва ҳушдор медиҳад, ки агар қавми парокандаи тоҷик ба ҳам наояд, натанҳо тоҷ – давлати худ, балки ҳастияшро дар олам ба бод медиҳад:

Эй қавми пароканда, дар ин дам ба ҳам оед,

Шуд хонаи мо хонаи мотам, ба ҳам оед…

Шуд хоки Ватан гўру кафан баҳри азизон,

То гўр дар ин хок шавад кам, ба ҳам оед.

Қисматгари тоҷик ба мо душмани ҷон аст,

Душман набувад аз бани одам, ба ҳам оед.

Тоҷик, ки аз беҳамияш тоҷ фитондаст,

То худ нафитад аз ҳама олам, ба ҳам оед.

                       (“Ба ҳам оед”)

Озар дастҳоеро, ки ба тарафи ҳам дароз шудаанд, ба шамъдон ва ангуштҳоро ба шамъ шабоҳат дода, бовар бар он дорад, ки агар ин дастҳо ба ҳам оянд, рўдбори рушноӣ дар Ватан ҷорӣ мешавад:

Дар шамъдони дастҳои мо

Ангуштҳо бошад шабеҳи шамъ.

З-ин шамъҳо ҷорӣ бувад як ҷўйбори нур,

Пайванд зан бо дастҳоям дастҳоятро,

То рўдбори рўшноӣ дар Ватан ҷорӣ

шавад, эй дўст.

Озарахш ба ҳамватани қаҳриаш ёдрас мешавад, ки ҳарду соҳибхонанд, барои ҳамин ҳам чу нури дида ба пурсиши якдигар оянд, бо ҳам гароянд:

Биё, эй ҳамватан, бо ҳам сароем,

Ки соҳибхони ин ширинсароем!

Чу нури чашмҳо аз роҳи дида

Барои пурсиши якдигар оем.

Ҳадиси оҷизон душмангароист,

Ба номи дўст, мо бо ҳам гароем!

Рустам Ваҳҳобзода нишони оштиро дар ҳафт ранги зиндагӣ –рангинкамон дида, ба мушоҳида гирифтааст, ки:

Қаҳрамони ҷанг дар насли башар бисёр ҳаст,

Ормони халқ бошад қаҳрамони оштӣ.

                       (“Нишони оштӣ”)

Абдуллоҳи Раҳнамо, ки қадри сулҳу ваҳдатро хубтар аз дигарон медонад, бовар бар он дорад, ки барои расидан ба сулҳу ваҳдат бояд аз ҳизби мансабу ҳизби маҳал берун шуд, синаҳоро аз ғубори ҳамдигар бояд шуст, аз ғафлату бенангӣ раҳоӣ ёфт, то аз чанги аҷал миллату давлати худро раҳо дод. Ў мегўяд:

Гар зи ҳизби мансабу ҳизби маҳал берун шавем,

Ҳамчу миллат, ҳамчу давлат

 аз аҷал берун шавем…

Синаҳоро пок шўем аз ғубори ҳамдигар,

То зи бими фитнаву санги бағал берун шавем.

Ғафлату бенангии мо ҳадяи тақдир нест,

Аз чунин каҷфаҳмии ҳукми азал берун шавем…

(А. Раҳнамо. «Ту дар гуфтан намеойӣ», Д., 2016, с. 25)

Ин шоир худро боифтихор насли ваҳдат мехонад ва эълом медорад, ки:

Не ҳизби “Растахезам”-у не Ҳизби наҳзатам,

Не “ҷониби мухолиф”-у не аз “ҳукумат”-ам,

Ин марзҳои танг нагунҷад ба фитратам,

Ман соҳиби диёраму ҳастии давлатам,

Ман тоҷики ягонаи фарзанди ваҳдатам.

                                (Ҳамон ҷо, с. 29)

Мавзўи дигари адабиёти замони Истиқлол офаридани чеҳраҳои онҳое мебошад, ки дар раванди сулҳу ваҳдат иштирок доштанд ва кишвару мардумонашро ба ин рўзи саид расонданд. Табиист, ки диққати адибони тоҷикро, пеш аз ҳама, симои Пешвои миллат — Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба худ ҷалб намудааст ва дар замина аз байту бандҳои алоҳида то шеъру достону қиссаву роману асарҳои драмавӣ ва публитсистии фаровоне таълиф намудаанд. Мисли шеърҳои Низом Қосим “Савганд”, “Нигаҳ дор, эй Худо” ва “Эмомалӣ Раҳмон”, Ҳақназар Ғоиб “Эй пешвои тоҷикон”, “Эй тоҷи тоҷикони мо” ва “Бахти Ватан”, Ато Мирхоҷа “Сари болои Ватан” ва “Паёми пешво – тақдири миллат”, Рустам Ваҳҳобзода “Қасам”, Доро Наҷот “Бозтоби Ваҳдат”, Саидҷон Ҳакимзода “Меҳрнома”, Зулфия “Осиёро нурборон мекунӣ”, “Озодмарди рўзгорон” ва “Ватандор”, Раънои Мубориз “Поянда бимон” ва “Таронаи адиби тоҷик”, Давлати Раҳмониён “Ҳадиси муҳаббат”, Олимхон Исматӣ  “Даъват”, Сафар Амирхон “Кафили Ваҳдат”, Муфаззали Аҷамрод “Корномаи пешво”, Афсари Сармад “Меъмори сулҳу Ваҳдат”, намоишномаҳои Ато Ҳамдам ва Леонид Чигрин “Нури минў”, Абдуғаффори Абдуҷаббор “Худоназаркарда”, қиссаи Шералӣ Мўсо “Ҷасорат”, маҷмўаи асарҳои публитистӣ ва шеърҳои Давлат Сафар “Исёни ғурур”, очеркҳои Мансури Суруш ва С. Фаттоҳзода “Президенти мардумӣ”, Саиданвар Камолов “Оташро бо оташ хомўш намекунанд” ва ғ.

Масъалаи дигаре, ки дар даврони Истиқлол диққати адибони тоҷикро  ба худ ҷалб намудааст, тасвири ҷараёни бунёди иншоотҳои азиме, аз қабили истгоҳҳои барқи обии Роғун ва Сангтўда, нақбҳои Истиқлол ва Шаҳристон ва ғ. мебошад ва онҳо дар ин замина як силсила асарҳои манзуму мансур офаридаанд. Романи мустанади Бахтиёри  Муртазо “Нақби Истиқлол” (2007), қиссаи Ҳанифаи Муҳаммадохир “Сангрезаҳои Сангтўда” (2009), шеърҳои Ҳақназар Ғоиб “Роғун” ва “Сангтўда”, Камол Насрулло “Симои садод ё манзумаи Роғун” (2008-2009), Муҳаммад Ғоиб “Сангтўда”, Низом Қосим “Ғазали нур” (2002) ,“Кошонаи нур” (2008), “Қасидаи Роғун” , “Дарёи нур” ва “Ҳалолат шири модар…” (2014), Аҳмадҷони Раҳматзод  “Адолатпаноҳ” ва “Иҷлосияи наҷотбахш”, Зулфия “Лолазори “Сангтўда”, Афшин “Нақби миллат” (2006), Раънои Мубориз “Нидои Роғун” (2010), Нурмуҳаммад Ниёзӣ “Заррае аз буди мо Роғун” (2011),  Ато Мирхоҷаи Неру “Дар оби Вахш моҳии заррини бахти мост” (2013), Озарахш “Нурнома (ё барқия ба Роғун)” ва “Роҳи раҳмат (Гулқасидаи нақби “Истиқлол”), Зиё Абдулло “Барои нурофаринони Сангтўда”, Ҳоҷӣ Мурод “Нақби Шаҳристон” (2017), Парда Ҳабиб “Вожаи Роғун” (2018),  Шаҳрия “Роғун”, Афсар Сармад “Роғуннома”, силсилаи рубоиёти Аламхон Кучаров “Роғуннома” (2018), маҷмўаи шеърҳои Ҳасани Султон “Паёми нур” (2019), очерки Мираҳмади Амиршоҳӣ “Роҳи нур” (2012) ва ғ. аз ҳамон қабиланд.

Ҳасани Султон, ки забоншиноси номӣ ва донандаи хуби таърихи гузашта ва ҳозираи миллати тоҷик аст, дидани вусъат ва бузургии иншооти Неругоҳи барқи обии Роғун барояш нақши бошукўҳи кўҳи Бесутуни таърихии Ориёи бостонӣ, нури гулханҳои хомўши Саразми қадимӣ, оташи ҷовиди куҳантарин оташкадаи  Навбаҳори Балхро ба хотир овардааст. Ў мегўяд:

НОБ-и Роғун

Дар дили кўҳ

Ҳамчу нақши бошукўҳи Бесутун аст.

Бо хати зар

Дар ҷабинаш сабт таърихи навини Ориёно.

    (Ҳасани Султон. Паёми нур, Д., 2019, с.15)

Ва:

НОБ-и Роғун

Баъди ин бар рўзгорон…

Шуълаи базм,

Оташи разм,

Нури гулханҳои хомўши Саразм аст.

             (Ҳамон ҷо, с. 31)

Дигар:

НОБ-и Роғун

Нури нав, неруи нав

 Бар чашму дасти рўзгор аст.

Оташи ҷовид дар оташсарои Навбаҳор аст.

                                (Ҳамон ҷо, с. 32)

  Ба назари шоир шаш чархаи (агрегати) Неругоҳи барқи обии Роғун ба шаш сайёраи осмонӣ ҳампайванд мебошанд:

Ту пиндорӣ, ки ҳар шаш чархаи ў

Ба шаш сайёра ҳампайванд бошад.

                        (Ҳамон ҷо, с. 41)

Камол Насрулло Неругоҳи барқи обии Роғунро “кохи орзуи ҳафсаду ҳафтод пушти худ” номида, ҳамватанонашро ба сохтани он даъват менамояд:

Биё, созем Роғунро

Ба рўи тахтапушти худ,

Чу кохи орзуи ҳафсаду ҳафтод пушти худ!

Озарахш омодааст тани хокии худро дар таҳкурсии Роғун, сари сангинашро ба девори дарғоташ гузорад ва аз обанбори чашмонаш ба обанбори нурободи бунёдаш қатраи ашкашро зам намояд, то Роғун бунёд бигардад:

Тани хокии худро хишт месозем

              дар таҳкурсии Роғун,

Сари сангини худро васл

              бар девори дарғоташ,

Зи обанбори чашмон ашк мерезем,

Ба обанбори нурободи бунёдаш…

                                         (“Нурнома”)

Романи мустанади рўзноманигор ва нависандаи номии тоҷик Бахтиёри Муртазо “Нақби Истиқлол”, ки соли 2007 ба табъ расида буд, дар доираҳои адабӣ, фарҳангӣ ва сиёсии кишвар баҳои сазовор гирифт. Ба  романи мазкур аз ҷумла Президенти муҳтарами Тоҷикистон Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳ зоҳир карда буданд ва онро “асари хотирмон” дар бораи корнамоии қаҳрамонони сохтмонҳои бузурги кишвар номидаанд. Бояд эътироф кард, ки ин баҳои баланди Сардори Давлат ва Ҳукумат дар маҷмўъ ба адабиёти тоҷик  дар замони Истиқлол низ мебошад.

Вақте ки кас ба мутолиаи романи мазкур шурўъ мекунад, бо қаҳрамонони он – нақбканону муҳандисони таҳҷоию хориҷӣ, рафти корҳои сохтмонӣ, маҳалли воқеоту ҳодисоти асар шинос мешавад, дар ҳайрат меафтад, ки чӣ тавр як инсоне, ки касби асосиаш рўзноманигорӣ, нависандагӣ ва тарҷумонӣ мебошад, мисли як муҳандиси баландихтисоси таҷрибадор ва аз сирру асрори нақбканӣ огоҳ сухан меронад ва нақл мекунад.  Вале нафаре, ки аз кору фаъолияти пайгиронаи муаллифи роман, аз омўхтани ў тамоми ҳуҷҷату санадҳои марбут ба нақби Анзоб, диду боздидҳои ҳамешагиаш бо коргарони одӣ ва мутахассисони баландпояи дохилӣ ва хориҷии  ин сохтмон, сафарҳои хидматии пайдарпаяш ба ин сохтмон, маҳаллу минтақаҳои гирдуатрофи он ва ҳамчун коргари одӣ дар сохтмонҳои азим кор карданаш огоҳӣ меёбад, бовар бар он мекунад, адибони миллатпараст ва ватандўсте мисли Бахтиёри Муртазо ба хотири ояндаи кишварашон ва беҳбудии зиндагии ҳамватанон ба анҷоми ҳама гуна корҳо қодир мебошанд.

Афшин ном шоире соли 2006 дар рўзномаи “Тоҷикистон” хитобаеро зери унвони “Нақби миллат” чоп кард, ки дар он бархилофи аксарияти онҳое, ки дар бораи Нақби Истиқлол то ба имрўз навиштаанд, таъкид ба аҳамияти фавқулодаи нақби мазкур барои ба ҳам пайвастани минтақаҳои Тоҷикистон ва таҳкими Ваҳдати миллати тоҷик кардааст ва гуфтааст:

Нақби Анзоб,

Нақби дилҳо,

Нақби миллат,

Миллате, к-аз бахти бад дар тўли таърихи дароз

пора-пора, дар ба дар чун Мунтасир овора буд,

Миллате, к-аз ҷаҳли фарзандони саҳроҳову дашт

шаҳрҳову боғу бустонҳои шодоби ватан

тарк карду дар миёни куҳҳо бечора буд.

Ў дигар миллат набудӣ,

Ў шимолию ҷанубӣ,

Ў бадахшию хуҷандӣ,

Ў асилу ноасиле,

Ў дарунию бурунӣ

норасо, ноошно, бегонаву бекора буд.

Нақби Анзоб,

Нақби дилҳо,

Нақби миллат!

Ту шимолӣ, ту ҷанубӣ васл кардӣ,

Самтҳоро, қутбҳоро васл кардӣ.

Ту расонидӣ ба ҳам кўҳҳову пуштаҳо,

Наслҳову фаслҳоро васл кардӣ…

Вақти он аст, эй азизон, мо кунун

ақлу дилҳомон ба ҳам созем,

роҳи дилҳомон бипаймоем,

То шавем аз нав чу миллат, 

Миллати беиллату зиллат.

То ки чун Айнию Дониш,

То ки чун Мирзои Турсун, чун Ғафуруф,

То ки чун устод Лоиқ,   

То ки чун Эмомалӣ Раҳмон, 

То ки чун шерони Аҳмадшоҳи Масъуд

Дар ғами тоҷик сўзем,

Миллате аз нав бисозем…

Ёди ёру диёр, васфи зодгоҳу Ватан аз мавзўъҳои ҷовидонии адабиёт ба шумор мераванд ва дар ҳама давру замон дар адабиёти бадеӣ ҳузур доштанд. Адабиёти замони Истиқлоли тоҷик низ аз ин истисно нест. Фақат фарқ дар ин аст, ки мавзўи мазкур ба тақозои даври Истиқлоли давлатӣ ҷанбаҳои тозае ба худ гирифтааст. Агар дар даврони Шўравӣ аз зодгоҳ, ба истилоҳ ватани кўчак сухан кардан расм набуд ва адибони шўравии тоҷик бештар аз ватани бузург сухан мекарданд, Душанберо додари Маскав мехонданд, бо он ҳама устодон Мирзо Турсунзода ва Муъмин Қаноат дар шеърҳояшон аз рўди Қаратоғу Варзоб бо меҳру муҳаббати фарзандӣ ёд меоварданд. Зиндаёд Лоиқ, устод Бозор ва Гулрухсор аз деҳаи хурди Мазору кўҳи Чилмеҳробу ҷангали Лайлӣ, қишлоқаку қурғони Собирбой ва Яхч сухан гуфтанро дар шеъри муосири тоҷик расмӣ гардонданд. Бону Гулрухсор дар рўзҳои таҷлили ҷашни 110-солагии устод Турсунзода дар зодгоҳи шоир ба хотир оварданд, ки барои он ки  дар шеър аз зодгоҳашон Яхч зикре карда бошанд, бояд ҳатман аввал аз васфи Маскав суханро оғоз менамуданд.

Замони Истиқлол барои шоирону нависандагони муосири тоҷик тамоми маҳдудаҳоро аз миён бардошт ва чун натиҷа дар васфи ватани кўчаку бузург дар ин сӣ соли охир навиштаҷоти фаровоне гуфта ва чоп шуданд. Дар ин навиштаҳо ба ҷуз Тоҷикистону пойтахти он шаҳри Душанбе, метавон гуфт, номи тамоми деҳу шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ зикр ёфтаанд.

  Дар ин миён шеърҳои Қутбӣ Киром “Ватан” ва “Ёлаҳои Урметан”, Бозор Собир “Ватан”, “Қалъаи Золи Зар”, “Бадахшон чатри симини замин аст”, “Дар лаби уқёнуси Ором”, “Даҳ сол ман набудам” ва “Соядасте ба шамоли Элок”, чанд дубайтиву рубоиҳои Гулназар, Ҳақназар Ғоиб “Ватан, эй модари модар”, сурудаҳои Фарзона “Гаҳвораи фараҳ”, “Паёми Зарафшон” ва “Гоҳвору мазори ишқи ман”,  Камол Насрулло “Ватани тоҷик”, Низом Қосим “Бо Ватан сахт чу вобаставу пайваста манам”, Муҳаммад Ғоиб “Суфраи бахт” ва “Чашмаи меҳр”, Аскар Ҳаким “Ватан, шояд, маро маъзур дорӣ” ва “Ватанхоҳӣ”, Раҳмат Назрӣ “Армоншикан” ва “Ошиқона”, Озарахш “Шаҳри афсонаи ман, деҳаи Урметани ман”, Рустами Ваҳҳобзода “Лозуркўҳ” ва “Эҳсос”, Озар “Ватан”, Акбар Абдуллоҳ “Хоҷамўмин”, Толиби Луқмон “Меҳани ман” ва “Ба ҷодаи фардо…”,  Сурайё Ҳасан Султон “Чакидаҳои кўтоҳ” бо доштани маъниҳову тасвирҳои шоиронаи тоза фарқ мекунанд. Чунончи, чанд намуна аз онҳо:

Бозор Собир:

Замини бора-бораам,

Замини гоҳвораам,

Замини ширхораам,

Замини модарии ман,

Ватан, Ватан, Ватан, Ватан…

Агар касам, каси туам,

Агар хасам, хаси туам,

Замини модарии ман,

Ватан, Ватан, Ватан, Ватан…

                       (“Ватан”)

Гулназар:

Тоҷикистон, ёбӣ аз ҳар зарраам

Ё Саразме, ё Хуҷанде, ё Ҳисор!

(“Рўҳи момо ё қиёме, ё қарор”)

Фарзона:

Чашми бад дур зи чашмони азизат, Ватанам,

Деву дад дур зи домони азизат, Ватанам.

Ту бифармо, ки ба ҳар роҳ бароварда кунам,

Чист, баргўй, ки армони азизат, Ватанам.

Нола кардам зи парешонии пайвандонат,

Нолаҳо аз найи сутхони азизат, Ватанам…

Низом Қосим:

Бо Ватан сахт чу вобаставу пайваста манам,

Ҳар куҷое биравам, баҳри дили худ ватанам,

Ҷисми ман дарбадару рўҳи ман андар Ватан аст,

Кай ғарибам, ки ба ҳар ҷо Ватани хештанам.

Чашм кандам агар аз рўи хушаш, маҷбурам,

Нафасе аз ғами ширини Ватан дил наканам…

(«Аз ассалом то вассалом», с. 321-322)

Муҳаммад Ғоиб:

Реги саҳрои Ватан дар чашми меҳрам дона аст,

Ин ҳақиқат баҳри дур аз ифтихор афсона аст…

Рў ба ҳар сўяш, ки орам, саҷдаам гардад қабул,

Тоҷикистон баҳри ман ҳам қибла, ҳам кошона аст.

                                       (“Чашмаи меҳр”)

Рустам Ваҳҳобзода:

Фазоро дарнавардад бўйи шуми фитнае, Меҳан,

Сарам аз дард мегардад, дилам аз ранҷ метаркад.

Канори туст норанҷею симаш бар лабони ман,

Ҳаметарсам, ки гар лаб во кунам,

 норанҷ метаркад.

                                         (“Эҳсос”)

Озар: 

Қасам ба шири модару бузургии Худо, Ватан,

Ки дил зи ту чу бў зи гул намешавад ҷудо, Ватан.

Барои сабз буданат, чу нахлҳо кушода даст

Ба лаҳни нарми баргҳо дуо кунам, дуо, Ватан…

                                         (“Ватан”)

Акбар Абдуллоҳ:

…Замоне тифли домони ту будам,

Вале қисмат маро зиндаҷудо кард.

Бароям маснади воло гаҳе дод,

Гаҳе зору ғарибу бенаво кард.

Ба ҳар ҷое намак хурдам ба дунё,

Бароям маззааш бас ошно буд.

Ба дил гуфтам: бувад аз Хоҷамуъмин,

Ки дарди ҷисму ҷонамро даво кард…

                                (“Хоҷамуъмин”)

Шоироне, ки аз онҳо ва шеърҳои ҷудогонаашон дар боло ёд кардем ва пораҳое нақл намудем ва ҳам онҳое, ки зикрашон дар боло нарафт, дар васфи Ватан сурудаҳое доранд, ки дар онҳо байту бандҳои зебо ҳастанд, чунончи:

Гулназар:

Он гуна муқаддасӣ, ки арзанда бувад

Дўзанд зи парчами Ватан пираҳанат!

                       (“Хомаи мижгони ту”)

Раҳмат Назрӣ:

Дар кўчаи кўдакии дерин ба фалак

Ку боми падар, ки бонг аз он афканаме!

                                (“Армони ҷовид”)

Муҳаммадалии Аҷамӣ:

Сарзаминам чун Сиёвуш аз дили оташ гузашт,

Сарбаландӣ мечакад аз соғари таскини мо.

                            (“Дарахти дин”)

Ато Мирхоҷаи Неру:

Помер-Ватан, Ватан, Ватан, ҷон Ватанам,

Ҳар рўди ту ҷону ҳар шахи ту баданам.

Тўфони ҳаводис наканад аз ҷоям,

Вақте ки ба қуллаҳои ту такя занам.

                                (“Рубоиёт”)

Озарахш:

Чун Зарафшони равон пои туро мебўсам,

Ту биафзо ба таманнои ғурурафкани ман.

(“Шаҳри афсонаи ман, деҳаи Урметани ман”)

Давлат Сафар:

Ҳама ганҷе, ки зи каф тоҷики раҳгумзада дод,

Дар Бухорои зарафшони дилам мемонад.

                        (Авҷи парвоз, с. 34)

Абдуллоҳи Раҳнамо:

Дар кафи нозаш Душанберо ба ҷон мепарварад,

Бўи Турсунзода дорад атри борони Ҳисор.

                                (“Хотираи Ҳисор”)

Бамаврид аст, аз як камбудие, ки, мутаассифона, ба аксарияти навиштаҳои, чи адибони номиву соҳибтаҷриба ва чи навқаламу бетаҷриба,  дар бораи Ватан, Истиқлол, Ваҳдат ва  Президент хос аст, чанд сухан гўем. Ин гуна навиштаҳо маъмулан бисёр умумӣ, хушк, такрорӣ ва забонзада буда, ҳеч маъниву тасвири шоиронае надоранд, мисли он ки ҳамаи онҳоро як муаллиф навишта бошад. Агар аз ҳамин нигоҳ барои имтиҳон ба вижанома ва баёзҳои маҷаллаи “Садои Шарқ” ва “Адабиёт ва санъат”, ки ҳамасола ба ифтихори рўзҳои Истиқлол, Ваҳдат, Президент, Парчам, Забон, Роғун ва ғ. нашр мегарданд, мурур кунед, ба дурустии ин қазия ба осонӣ бовар хоҳед кард. Иллати ин падидаро устод Кўҳзод дар он дидааст, ки мо ҳанўз ба маънои аслии ин мафҳумҳои муқаддас сарфаҳм нарафтаем, маънои онҳоро дуруст ва амиқ бо дилу ҷон дарк накардаем, барои ҳамин ҳам ба таҳқиқи бадеии онҳо дар адабиёт ба таври бояду шояд муваффақ нагардидаем (Кўҳзод. Ғайр аз хўрдан ва пўшидан, Д., 2017, с.98). 

Чанд сол пеш Низом Қосим мақолае бо номи “Меҳру сеҳри нақди шеър” дар маҷаллаи “Садои Шарқ” (2012, №6) чоп карда буданд ва умумигўиро “аз дардҳои аёни шеъри муосири тоҷик” номида буданд. Маълум мешавад, ки ҳанўз ҳам ин дарди шеъри мо натанҳо даво наёфтааст, балки бештар гаштааст. Барои ҳамин ҳам муаллиф бо гузашти 9 сол дар маърўзаи ҳисоботии худ ба сифати раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар Анҷумани 15-уми нависандагони ҷумҳурӣ такрор мекунад, ки: “Ҷои таассуф аст, ки ашъори зиёди сиёсиву иҷтимоие, ки дар ин давра ба миён омаданд, аз ҳадди шиору хитоба фаротар нарафтаанд. Махсусан, дар аксари шеърҳое, ки ба Пешвои миллат, Ваҳдат, Истиқлолият, Роғун бахшида шудаанд, умумигўиву урёнбаёнӣ ва такрори маъниҳои маъмуливу забонзад зиёд ба назар мерасад. Дар ин гуна шеърҳо маъниҳои тоза, тасвирҳои хотирнишин ва нақши сувари хаёлро, ки таъмингари асосии бадеияти шеъранд, камтар мебинем. Дар онҳо ғолибан матлабҳои мақолаву гузоришҳои рўзмарра ба қолаби назм дароварда мешаванд, ки арзиши бадеие надоранд” (Садои Шарқ, 2021, № 1, с. 11).

Хеле солҳо пеш камина дар яке аз мақолаҳоям дар бораи шеъри муосири тоҷик дар мавриде аз як гуфтаи шоири рус М. Кулчитский  ёд оварда будам, ки  нусхаи  аслаш ин аст:

Я б запретил декретом Совнаркома

Писать о Родине бездарные стихи!

Мо набояд ба худ иҷоза диҳем, ки дар бораи муқаддасоти миллии худ, монанди Ватан, Забон, Истиқлол, Президент, Парчам, Наврўз ва ғ. бетарафона, лоқайдона, хушку берўҳ, суханҳои такрорӣ ва умумӣ гўем, шиор диҳем. Агар дар ин заминаҳо сухани гуфтанӣ надошта бошем, нагўем, беҳтар аст.

Сайидалӣ Маъмур шеъре доранд бо номи “Ба шоирони шиорӣ” (2011), ки дар он аз ҷумла ин байтҳо ҳастанд:

Хастаам аз шеърҳои “Зинда бод!”-и шоирон,

Аз таманнои шиории зиёди шоирон…

Баски аз дасти шиориён сухан олуда шуд,

Баҳри покии Сухан хоҳам ҷиҳоди шоирон.

Озар низ шиор навиштан барои халқро на ба худ ва на ба дигарон раво намебинад:

Ман он наям шиор нависам барои халқ,

Ҳам худ сухан бигўяму ҳам худ мухотабам.

                                (“Ман он наям…”)

Солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ҳамроҳ бо худ падидаҳои иҷтимоиеро, мисли гурезаҳои дохилӣ ва хориҷӣ, беҷошудагон ва муҳоҷирони меҳнатиро ба вуҷуд овард. Адибони тоҷик, ҳам ба назму ҳам ба наср, як силсила асарҳои хуби ҳаётӣ офариданд, ки кору бор ва рўзгори сахту вазнини ҳамватанони моро дар мулки бегона тасвир менамоянд, аз он ҷумла шеърҳои Гулназар “Навҳа”, Низом Қосим “Мусофирмардикор”, Муҳаммадалии Аҷамӣ “Шуълаҳои ғарибӣ”ва “Фасли ғурбат”, Сиёвуш “Билоди ғурбат”, Раънои Мубориз “Ба марди муҳоҷир”, “Мардиямро мебарӣ” ва “Ёри муҳоҷир”, Абдуҷаббори Суруш “Эй рафта, баргард!” ва “Қўи муҳоҷир”, Абдуллоҳи Раҳнамо “Шеъри муҳоҷир” ва “Ғурури оворагони тоҷик”, Мафтунаи Қосим “Нома ба ёри муҳоҷир”, Толиби Луқмон “Сармои интизорӣ”, ҳикоя ва қиссаи  Равшани Махсумзод “Тобут дар бағал” (2018) ва “Ду муҳоҷир” (2012), ҳикояи Сироҷиддин Икромӣ “Вақте насиб накард…”, мақолаҳои публитсистии Холназар Муҳаббатов “Муҳоҷират ва сиёсат” (2014) ва ғ.

Гулназар:

Эй ғолибони Гирмон

                 В-эй саркашони Меҳан!

Чун шоҳиди замонҳо

                 Бошед довари ман:

З-он Маскаве, ки омад

                Хатти сиёҳи бобом,

Дардо, расид имрўз

                Тобути додари ман!

Муҳаммадалии Аҷамӣ:

Дуо кун, осмон борон бигирад,

Сафар, эй ҳамсафар, поён бигирад.

Бишўям фаслҳои ғурбатамро,

Садои мурда дорам, ҷон бигирад.

Сиёвуш:

Ҷойи шабнам хун чакидам дар чаманзори Ватан,

Боди ғурбат оқибат бар хоки ғамҳоям фиканд.

Абдуллоҳи Раҳнамо:

Хонаи мисраи ман торик аст,

Чун ки ў як бачаи тоҷик аст.

Он, ки симои чу гандум дорад,

Хайма дар кишвари мардум дорад.

Яке аз ҳикояҳои беҳтарини Равшани Махсумзод “Тобут дар бағал” ривояти талх ва дардноки ду ҳамватани мо, як зану як марде, ки ба кишвари бегона ҳиҷрат карда буданду ҳоло мехоҳанд, ки ҷасади кўдаки парпечашонро дар ватани хеш гўр кунанд, то мисли фарзанди аввалаашон ғарибхок нашавад, мебошад.

Кўҳзод яке аз мақолаҳои публитсистиаш “Дар атрофи хислати тоҷикон” (1997)-ро бо ҳушдоре ба охир расондааст: “Бо роҳи Истиқлол равонем ва бояд бидонем: роҳ дағар-буғур ва душворгузар аст. Мушкил аст ба кўи мурод расидан”.

Дар сӣ соли охир дар ҷомеаи тоҷик, дар ҳаёти сиёсию иҷтимоӣ ва фарҳангии он дигаргуниҳои куллие ба вуҷуд омаданд. Оғози равандҳои демократӣ дар кишвар ва таъсиси нахустин ниҳодҳои он (низоми бисёрҳизбӣ, интихоботи озод, матбуоти озод, созмонҳои ғайридавлатӣ),  дарёфти Истиқлоли сиёсӣ ва давлатӣ  аз муҳимтарини онҳо мебошанд. Вале афсўс, ки ин дигаргуниҳо бо шиддат гирифтани муқобилияти  неруҳои навзуҳури сиёсию мардумӣ, бо ҷанги шаҳрвандӣ ва ҳарҷу марҷи сиёсию ҳуқуқӣ, коҳиш ёфтани вазъи иқтисодию иҷтимоӣ, касодии ахлоқию маънавӣ ҳамроҳ буданд.

Баёни дарду ғам, нолаву оҳ, гиряву фарёд, ғуссаву ҳузн, буғзу ҳасрат адабиёти ду даҳсолаи  замони Истиқлол, алалхусус шеъри онро, бино бар гуфтаи муаллифонашон, ба  “шеъри алам”, “шеъри зодаи табу тоб”, “шеъри хаста”, “шеъри ҳазини марсияпўши дил”,  “шеъри дилмурдаву озурдафасли бедардон”, “ғамнома” табдил додааст. Шоирон ва нависандагони мо аз олуда шудани муҳити маънавӣ (“эрозияи одамӣ”), бемаърифатӣ, беқадрии илму адаб, боло гирифтани  ҷаҳолат, бемеҳрию номеҳрубонӣ дар байни тоифаи муайяни ҷомеаи муосири тоҷик, моддиётпарастӣ, молу чизпарастӣ ва ғ. нигаронӣ доранд.

Гулназар:

Нола рўяд аз дили ҳар мисраам,

Сафҳаҳои ман найистон асту бас.

(“Осмонам абри гирён асту бас”)

Ва:

Моро дами шамшери Сикандар накушад,

Хунхорагии лашкари Санҷар накушад.

Мо Юсуфи даврони худему моро

Ҷуз ҷаҳли мураккаби бародар накушад.

                                (“Табхола”)

Дигар:

Қитъа-қитъа шеъри ман ҷамъу парешон аст,

Нусхаҳои ғуссаҳои Тоҷикистон аст.

                                         (“Фард”)

Алимуҳаммад Муродӣ шеъри дард зиёд мегўяд ва таъкид намудааст, ки ин дардҳое, ки мегўяд, шахсӣ  нестанд ва ба сиёсатҳои замон низ коре надоранд: “Дарди ман ҷуз дарди миллат, дарди Ватан, дарди ҳар як тоҷик, дарди андешаи дирўзу имрўзу фардои ин қавму диёр чизи дигаре нест” (А. Муродӣ. Хайрбоди баҳор, с. 7). Ў шеъре дорад бо номи “Хокистари дил” ва дар он чунин байте омадааст:

Ғамбаророни ман ҳама рафтанд,

Ғамшарикам ҳамин қалам монда.

Рустами Ваҳҳобзода савганд хўрда, ки аз дард нахоҳад гуфт, вале чӣ илоҷ, ки бино бар навиштааш, дармони дардҳояш нопайдоанд:

Савганд ҳамехўрдам, к-аз дард нахоҳам гуфт,

Ҷуз дард чиро гўям, ту дидаӣ дармоне?

    (“Ойинаи якрўӣ, ойини якороӣ”)

Ба андешаи Озар:

Замон замони муҳаббат нест, замон

замони фаромўшист,

Тиҳӣ бигарду азизе шав, ки халқ гарми

                                тиҳиҷўшист.

     (Озар. «Ирфони ҳино», Д., 2006, с. 35)

Абдуҷаббори Суруш таъкид бар он карда, ки баъзан сухан дар баёни дардҳояш оҷиз аст:

Аз осмони ҳасрати ман рез, эй Борони ман, Борон!

Буғзи маро бо буғзи худ омез, эй Борони

ман, Борон!

Баъзан сухан он қадр оҷиз дар баёни

дардҳои мост,

Оҳ аст шарҳи дарди диловез, эй Борони ман,

Борон!…

(“Шеъри ман абрию боронист…”)

Нависандаи ҷавон Шодӣ Раҷабзод кўшиш намудааст, ки ин дардҳои ҷомеаи тоҷикро  дар мисоли зиндагии деҳот ва деҳотиён дар ҳикоя, новелла ва очеркҳояш бо тамоми пастиву баландиҳо, печутоб ва мушкилиҳояш ҳақиқатнигорона бозтоб диҳад. Ў анҷоми кореро ба зимма гирифтааст, ки аксарияти мутлақи адибони муосири тоҷик, чи собиқадору чи навқалам, аз он канора мегиранд ва ё ба он даст зада бошанд ҳам, ғолибан яктарафа ва рўякӣ муносибат мекунанд.

Диққати нависандаро, пеш аз ҳама, бад шудани аҳволи моддию маишии деҳотиён, бепулӣ, бенониву бечизӣ («Арафаи ид», «Зиндагӣ дар зулмот»), барои рўзгузаронӣ бо тиҷорат машғул шудани занон ва фарзандони мактабхони онҳо («Растагорӣ», «Олими мактабхон, сатилҳои хурмо ва давлати гуптҳо»), аз маҷбурият рафтани деҳотиён ба муҳоҷирати меҳнатӣ ба Русия («Арафаи ид», «Растагорӣ», «Олими мактабхон, сатилҳои хурмо ва давлати гуптҳо», «Шикаст») ва аҳволашон дар ғурбат («Қамбар қамбари обӣ?», «Модарам», «Шоми ғарибӣ», «Гиря», «Тобут»), хор шудани мактабу китобу муаллиму аҳли савод («Арафаи ид», «12 зимистону 12 баҳор», «Сари хам», «Қиссаи маҷлису масъалаи об ва навбати пода»), ривоҷи беадолатӣ, беқонунӣ, фасоди идорӣ («Марги ҳокими заминфурўш», «Кампири Оламбӣ ва «тақсими мерос», «Сари хам», «Бобои Гулон ва подшоҳ») ба худ ҷалб намудааст.

 Фарзона хонандагону шунавандагон, мухлисону алоқамандон ва ҳамватанони азиз ва ҳампешагони қаламкаши худро дар шеъраш барои рафтан ба олами Боло, ҷониби арши кибриё, олами малакутӣ, ошёни қудсӣ, қуллаҳои улвӣ, дурдасти мунаввар, ба олами маънавияту маърифати фарри аҳуроӣ ва сунъи қуръонӣ, барои рў овардан ба равзанаи Нур, ба ноҳияи Офтобу Моҳтобу Ситорагон, ба гузаргоҳи Каҳкашон, ба тулўъ ва шафақ, фурўғистони нопаймуда, барои расидан ба субҳ  ва дунёи Зебоию Покӣ, ба баҳору фарвардину урдубиҳишт, ба сабоҳати шабнаму борони раҳмат ва Фардои нозанин даъват ва тарғибу ташвиқ мекунад.

Ангезаи даъвати Фарзона ба олами Боло, равзанаи Нур,  дунёи Зебоию Покӣ ва Фардои нозанин аз  воқеияти талхи замона – даврони ба истилоҳ гузариши “ногоҳонӣ” ва то андозае “иҷборӣ”  аз як низоми сиёсӣ ба низоми сиёсии дигар, яъне аз сотсиализм ба демократия ва паёмадҳои вазнин ва номатлуби он, даврони густариши босуръат ва харобиовари равандҳои ҷаҳонишавӣ дар ҷаҳони нотайёри имрўзӣ мебошад.

Ин замон, ин ҷомеа ва аҳли ин замону ин ҷомеа маҳдуд ба як кишваре, ба як мамлакате ва ба як миллату қавме нест. Ин замону ин ҷомеа ва аҳли онҳо, ки шоираи тоҷик мудели адабию ҳунарии онро бозтоб намудааст, ба замон, ба ҷомеаи ба истилоҳ постиндустарӣ – пасосанъатии муосири ҷаҳонӣ тааллуқ дорад. Вусъати назари ў натанҳо кишвари азизаш Тоҷикистон, Осиёи Марказӣ, балки ҷомеаи ҷаҳониро, яъне тамоми қаламрави Шарқу Ғарб ва Осиёву Африқоро фаро бар мегирад.

Фарзона ҳушдор аз он медиҳад, ки дар ин “замонаи мунҷамид” (Лоиқ), асри атому компутар, қарни нави роботӣ одамакҳои ҳақире пайдо шудаанд, ки дили роботӣ, дили дастурӣ,  дили маснўӣ, чашмони компутерӣ, мағзҳои сунъии компутерӣ,  ишқи компутерӣ, ҳарфҳои ҷадваливу фикрҳои дастурӣ, тафаккурҳои якқолиб ва ё  рўҳи ибтидоӣ, фикри гиливу лоӣ, мағзи қадима, мағзҳои шаболуда, қалбҳои тираи бемуҳтаво, фикрҳои бетароват, чашмҳои беимон, забонҳои бевузў, гўшҳои наҳспазир, ҷисмҳои бедил, тафаккурҳои яхбаста ва барфӣ  доранд ва чӣ будани меҳру муҳаббат, садоқат, эътимод, нангу номус, орият, ҳиммат, ҷавонмардӣ, одаму одамгариро намедонад ва дар банди хусумату адовату хиёнату фисқу фуҷур, ҷаҳолат, қабоҳат, пастию разолат, риё, бухлу ҳасад дар мондаанд.

Ҳақиқат мефурўшанд одамакҳои ҷаҳонхора,

Ҳақиқат низ коло шуд ба бозори риё, эй дил.

(“Шабехун зан ба танҳоӣ, баро аз инзиво, эй дил”)

        Ва:                              

Эй рўзҳои рафта, аё бенишонакон,

Дар ҳечзори ҳарзаву ғафлат ниҳонакон.

(“Эй рўзҳои рафта, аё бенишонакон”)

Даъват ба сўи  Олами Боло, Равзанаи Нур,  Дунёи Зебоию Покӣ ва Фардои нозанин чӣ даъватест? Ин Олами ормоние, ки Фарзона дар шеъраш барои худ ва хонандагону алоқамандонаш  сохтааст ва ҳамаро ба он ҷо мехонад, чӣ оламест? Ҳаволагоҳ ва ё Гурезгоҳ аст, ки шоира мехоҳад барои раҳоӣ аз фарши иҷтимоъ, дунёи касиф ва аҳли он ба он ҷо равад ва алоқамандонашро низ бо худ барад, то даме биосояд “зи дунёву шару шўраш” (Ҳофиз). Ў навиштааст: “Зеҳни ман ҳамеша пур аст аз чунин парвоз, аз чунин манзараҳои руъёӣ, ангораҳои румонтикӣ. Ва ман бе он ки хоста бошам, аз ҳақиқати зиндагӣ мегурезам бо оғўши он дунёи рўҳонии зебо, ки одамҳояш, гулу гиёҳаш, осмону заминаш бўи наҷобат мекунанд” (Фарзона. Дарёи сўзон, Д., 2014, с. 40-41). Ва ё ин гурези ў Роҳҳалест барои мушкилоти иҷтимои муосир, ҷаҳони имрўзӣ ва аҳли он. 

Фарзона бовар бар он дорад, ки  ба воситаи Шеър, Ишқ ва Имон —  “ҳамраҳони муҳкаманосираш”, яъне маънавият, илму адаб ва фарҳанг метавон мушкилоти ҷаҳони кунунӣ ва иҷтимоъро ҳал намуд ва инсониятро ба сўи “Фардои нозанин” раҳнамун сохт. Шоира рисолати суханварро дар он дидааст, ки “ё паёми бозгашти муҳаббат ба ҷаҳоне, ки аз иҷтимои наҳс олуда шудааст ё зангулаи имон бошад, ки дилҳоро аз кина шустушў диҳад ва ҷойгоҳи ҳақиқат созад…Суханаш дилҳои афтодаро аз чоҳ то моҳ меъроҷ медиҳад” (Рўз. “Ҷавонони Тоҷикистон”, 9 ноябри 2006). Ин гуна суханро ў “сухани мумиёӣ” меномад ва дар хитоб ба ҳампешагонаш фармудааст, ки “сухани мумиёӣ бояд гуфт” (Ҳамон ҷо, с.12).

Салом, эй Шеър, эй пайки ҳамеша!

Туро ман қосиди оянда кардам.

Натарсидам, дубора Ишқ гуфтам,

Ба Имон мурдаамро зинда кардам.

(“Паёпай гиря кардам, ханда кардам”)

Шоира ният кардааст, ки самои ғуборолуди даҳрро полоиш диҳад, бо баду балои замона ба ҷанг равад, бечароғонро бар фурўғистони нопаймудае даъват намояд, тўдаи гумраҳро бар ҷустани имон бибарад, бо иҷтимои олуда ҷиҳод бикунад, рўҳи башарро ба ҷониби некӣ бибарад, зиндагии бемантиқро бо паёми латифи хеш мавзун созад, одамонро аз қайди тафаккури маҳдуд ба фарохнои хуршед барад, пираҳани доғи иҷтимоъро бо фитрати мунаввари худ бишўяд, қавми бефардоро ба самти бедорӣ бибарад, рўҳҳоро дар ҷаҳони берўҳ бишўяд, барояшон дари дўкони маърифат боз бикунад, имонҳои нимсўхтаро рўшанӣ бахшад, дилҳоро ташхис бикунад, меҳрубониро пайдо намояд, зиндагии башарро ба сўи нур бибарад, ба дили ғамкашидаи мардуми офоқ муждаи рустани сурур бибарад, ҳамаи муҳаббати худро дар қаҳтии Имону қиматии Ишқ ба мардум ройгон бибахшад ва онҳоро аз дўкони залолат наҷот бидиҳад, қалбҳои чиркинро собун бизанад, бо тирагӣ ҷиҳод бикунад, ҷўйҳоро ба дарёҳо бипайвандад, пиндорҳои чиркинро дар ин ғубористони куфр бишўяд,  бар дили бемори халқ як ду ҳаб ҳарфи валидолӣ бибарад ва ниҳоят фарроши рўҳҳо шавад. Ў мегўяд:

Дили маъсуми ман ҷиҳод мекунад

Боз бо иҷтимои олуда.

(“Аз компутер то гандум”)

Ҳозирони гиромӣ,

Мехоҳам гузоришамро дар бораи бозтоби замони Истиқлол дар адабиёти тоҷик бо иқтибос аз суханони Президенти муҳтарами Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳусни хотима бахшам. Он кас гуфтаанд: “Барои адабиёти муосири тоҷик даврони Истиқлолият давраи куллан нав маҳсуб мешавад.

Рушду такомули минбаъдаи он аз адибон масъулияти баландро тақозо менамояд. Бинобар ин, инъикоси дурусти ғояҳои Истиқлолияти давлатӣ бояд муҳимтарин вазифаи адабиёт дар даврони Истиқлолият бошад…

Вале холисонаву мунсифона бояд гуфт, ки адабиёти мо аз замона қафо монда, ҳамаи комёбиҳои даврони Истиқлолият ҳанўз пурра ва дар паҳнои манфиатҳои имрўзу фардои миллат ва давлат инъикос намеёбанд” (Суханронӣ дар мулоқот бо зиёиёни мамлакат, 19 марти 2015).

Ман бо имони комил аз рўи он чи мутолиа ва баррасӣ намудам, тасдиқ мекунам, ки адибони тоҷик барои иҷрои ин вазифаи бузург ва масъуле, ки Сардори Давлат ва Ҳукумат гузоштанд, омода мебошанд.

Ташаккур.

Дигар хабарҳо