БОЗОР СОБИР: СУХАНЕ ДАР ОХИРИ РОҲ

Шоири тоҷик Бозор Собир, ҳаштодумин баҳори умри хешро надида, рахт аз ҷаҳон барбаст. Дили шоири бузургу тавоное аз задан бозмонд, ки рисолати адабию ҳаётии худро дар талқини ҳақиқат – интихобу дурусту озодонаи миллат дар роҳи бунёди давлати озоду мустақил медид. 
ӯ чун шоир ва хирадманд ба чаҳон бо чашми хирад назар андохта, сатрҳое иншо кард, ки дар дили ҳамватанонаш ҳисси хештаншиносиро бедор намуданд ва ба андешидан дар атрофи сарнавишти худу кишвари худ водор карданд. ӯ дар роҳи зиндагӣ сари ҳар қадам эътиқоду андешаи ростинро талқин менамуд. ӯ бо ҳамон ҳадафу ормоне роҳи зиндагию адабиётро мепаймуд, ки Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар рӯзи маргаш ироз намуд:

“Бозор Собир яке аз ватандӯсттарин шоироне буд, ки барои тарбияи худшиносӣ ва ифтихори миллӣ кӯшиши зиёд ба харҷ додаанд”. ..
ҳамин тавр иттифоқ афтод, ки шоири бузург солҳои охири умр дар Амрико зиндагӣ кард. Аммо садои ӯ аз ҳамон ҷо низ ба гӯши ҳамватанонаш мерасид, онҳо мекӯшиданд, ки ба умқи маънии андешаву суханҳои шоиронаи шоир, ки ба Ватани азизаш равона шуда буд, роҳ ёбанду ӯро дарк кунанд. “Шоир бояд дар ҳама ҳолат шарики шодию ғами мардуми тоҷик бошад. Барои иҷрои рисолати худ ӯ бояд тарбиятдидаву фарҳангӣ ва мутамаддин бошад. Барои ин ҳама мушкилоти миллатро бояд дарку эҳсос карду дар эҷодиёти хеш инъикос намуд”,- мегуфт Бозор Собир ва худ низ аз рӯйи ҳамин гуфтаҳо мезисту эҷод мекард.
Бозор Собир ба назми Беларус таваҷҷуҳ дошт. ҳанӯз соли 1965 (он вақт дар Тоҷикистон рӯзҳои адабиёти Беларус барпо мешуд) дар маҷмӯаи “Армуғони дӯстӣ” шеъри Артур Волский дар тарҷумаи ӯ нашр шуда буд. Ин шеър ба забони тоҷикӣ 30 марти соли 1965 дар рӯзномаи “Маориф ва маданият” низ интишор ёфт. Бозор Собир ҳамчунин шеърҳои дорандаи ҷоизаи давлатии Беларус Сергей Граховский ва Шоири халқии Беларус Ригора Бородулинаро ба забони тоҷикӣ тарҷума кардааст. Фикр мекунам, барои поси хотири шоири маъруфу шиохта маҷмӯаи тарҷумаҳои ӯ дар Беларус, ки он ҷо ба сухани баланди бадеӣ арҷ мегузоранду қадрашро хуб мешиносанд, нашр мешавад.

Алес Карлюкевич, раиси ҷамъияти “Беларус-Тоҷикистон”, узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо