БОБОБЕК РАҲИМӢ

БОБОБЕК РАҲИМӢ 26 майи соли 1947 дар Деҳи Калони воҳаи Яғноби ноҳияи Айнӣ ба ҷаҳон омадааст. Соли 1954 дар ҷараёни кӯчондани сокинони кӯҳистони Яғноб ба Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он, хонадони падари Бобобек Раҳимӣ дар деҳаи Баҳористони ноҳияи Ленин (Рӯдакии ҳозира) рахти иқомат густарда, то соли 1961 сукунат варзидааст. Аз соли 1961 дар шаҳри Душанбе иқомат дорад.

Бобобек Раҳимӣ дар мактаби миёнаи ба номи Мирзо Бедили ноҳияи Рӯдакӣ, мактаби миёнаи №34 шаҳри Душанбе ва мактаби миёнаи коргарҷавонони №10 пойтахт таҳсил кардааст. Соли 1966 донишҷӯи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин шуда, соли 1971 соҳиби маълумоти олӣ гардидааст. Пас аз хатми донишгоҳ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Шӯравӣ даъват шуда, то соли 1973 дар хидмати ҳарбӣ будааст. Баъди адои хидмат ба Душанбе баргашта, ҳафт сол дар Музейи муттаҳидаи ҷумҳуриявии ба номи Камолиддини Беҳзод дар вазифаҳои ходими калони илмӣ ва мудири шуъбаи илмӣ-методӣ кор кардааст.

Аз соли 1981 дар Институти шарқшиносӣ ва мероси хаттии АИ ҶТ ба кор пардохта, то имрӯз машғули корҳои илмию тадқиқотӣ мебошад ва ғолибан ба тадқиқу омӯзиши аҳволу осор ва нашри мероси адабии Мирзо Абдулқодири Бедил машғул аст.

Дар бораи Бедилу эҷодиёташ чандин мақола ва чанд рисолаи илмӣ ба табъ расондааст, ки «Мирзо Бедил: шарҳи ҳол ва тавсифи осор» (2009), «Маълумоти сарчашмаҳо дар бораи Бедил» (2007), «Бедил ва сабабҳои дар Эрон шуҳрат наёфтани ӯ» (2006), «Марқади дурӯғини Бедил» (1993), «Тааммуле дар сабки Бедил» (2002), «Чанд сухан дар бораи баъзе нусхаҳои хаттии осори Бедил» (2007), «Аз таърихи шарҳи осори Бедил» (2008), «Забони модарии Бедил» (1997), «Мирзо Бедил ва Бедилҳои дигар» (2006), «Маъхази як ҳикояти Бедил» (1991), «Муқаддимаи девони Бедил» (1985) ва ғ. аз ҳамин шуморанд. Аксари мақолаҳои дар хусуси Бедил таълифнамудаи ӯ дар маҷмӯаи «Ошноӣ бо Бедил» (2009) гирдоварӣ шудаанд. Ҳамчунин, рисолаи ӯ «Шарҳи шаст ғазали Бедил» соли 2004 ба табъ расида, рисолаи дигараш «Зиндагиномаи Бедил» солҳои 2011-2013 дар маҷаллаи «Садои Шарқ» интишор ёфтааст.

Дар нашри осори Бедил ба хатти кириллӣ саҳми муносиб гузоштааст, ки ҷилдҳои панҷум (маснавиҳои «Тилисми ҳайрат», «Муҳити аъзам», «Нури маърифат»), шашум (маснавии «Ирфон»), ҳафтум («Девони рубоиёт») ва ҳаштуми осори манзуми ҳаштҷилдаи Бедил (бо саъю кӯшиш ва муқаддимаву тавзеҳоти ӯ) аз он шумуланд. Ҳамчунин, матни осори мансури Бедил «Никот» (2002), «Чор унсур» (2007) ва «Руқаъот» (2008) тавассути ӯ дастраси хонандагон гардидаанд.

Аз соли 2011 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Бобобек Раҳимӣ 7 январи соли 2023 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо