Бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме

Рӯзҳои 11-15 марти соли ҷорӣ дар пойтахти Ҷумҳурии Беларус 32-юмин намоиши байналмилалии китоб бо иштироки 21 давлати дунё баргузор гардид. Ноширони тоҷик низ дар ин ҳамоиши калон бо китобҳои тозанашри худ ширкат намуданд.
Дар доираи намоиш бо ташаббуси Вазорати ахбор ва Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Беларус Симпозиуми байналмилалии адибон таҳти унвони “Нависанда ва ҳаёти фарҳанг, ахбор ҳамчун самти муштараки фазои инсонпарварона” баргузор гардид. Нависандагони халқии Ато Ҳамдам ва Абдуғаффори Абдуҷаббор Тоҷикистонро намояндагӣ карданд ва дар ҷаласаҳои ин ҳамоиш суханронӣ намуданд.
Ато Ҳамдам, яке аз собиқадорони намоиши байналмилалии китоб дар Беларус хотираҳои хешро аз баргузории ин ҳамоишҳо ба хонандагони гиромӣ пешниҳод менамояд.
***
Аввалҳои моҳи январи соли 2008 аз Вазорати фарҳанг занг зада гуфтанд, ки ба қарибӣ дар шаҳри Мински Ҷумҳурии Белорус намоиши байналмиллалии китоб баргузор мешавад, майли ширкат кардан надоред? Ва посухро интизор нашуда, зуд афзуданд: «Ба умеди Вазорат нашавед, пул надорем. Рафтанӣ бошед, илоҷашро худатон ёбед ва моро ба зудӣ огоҳ намоед, то онҳоро огоҳ кунем».
Хабар хуш буд. Бори аввал ширкат намудан дар чунин як ҳамоиши бонуфузи байналмилалӣ, албатта, барои мо, ноширони тоҷик, мояи ифтихор аст, лекин дар ибтидои сол, ки ҳанӯз аз ҳеч куҷо маблағе ба суратҳисоби интишорот ворид нагашта буд, озими чунин як сафари дуру масъулиятнок шудан кори осон аст магар, лекин чунонки мегӯянд, бисёр сафар бояд, то пухта шавад хоме.
Ниятамон, ки соф буд, корамон омад кард. Аз идораи савдои китоб (сарвараш дӯсти қадрдонамон Саидҷаъфар Сафаров), ҳамчунин аз чанд ноҳия ва муштариёни алоҳида маблағҳо ворид шуданд ва мушкилоти сафари мо ба осонӣ ҳалли худро ёфт.
Аввали моҳи феврал ман – сарвари интишороти «Адиб» ва Наҷмиддин Зайниддинзода – сарвари интишороти «Маориф ва фарҳанг» то зӯрамон расидан китобҳои тозанашри ноширони Тоҷикистонро ба қуттиҳо ҷой карда, ба пойтахти Беларус – шаҳри Минск роҳ пеш гирифтем.
Дӯстони беларус аз омадани мо шод гаштанд. Дар меҳмонхонаи боҳашамати «Планета» бароямон ҷой доданд, ба намоишгоҳ раҳнамоӣ карда, ғурфаи махсусро пешкаш намуданд ва мо зуд шуруъ кардем ба ороиши ғурфа ва ҷобаҷокунии китобҳои Тоҷикистон.
То оғози намоиш ғурфаи Тоҷикистон омода гашт. Китобҳои бешумор бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ, расму овезаҳо, плакатҳои гуногун бо акси манзараҳои нотакрори кишвари азиз, ходимони барҷастаи илму адабиёт, ҳунар ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқ боиси он гашт, ки мо дар ин гӯшаи бароямон ҷудошуда Тоҷикистони азизу кӯчакро ҷой диҳем.
Бесабаб набуд, ки ғурфаи мо ба зудӣ диққати муштариёнро ба худ ҷалб намуд. Рӯзи аввал, баъди ифтитоҳи намоиш сафири вақти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус, дӯсти деринаи ман Амирхон Сафаров ва дигар кормандони сафорат ғурфаро диданд ва изҳори қаноатмандӣ карданд. Амирхон Сафаров бо табассум изҳор кард, ки баъди ҷамъбасти намоиш, албатта, китобҳоро ба сафорат туҳфа мекардагистед ё баргашта мебаред? «Ҳарчи овардем, ин ҷо мемонад, – гуфтем ба ӯ. – Албатта, як қисми ин китобҳоро ба онҳое, ки таваҷҷуҳ ба кишвари мо, ба адабиёти мо доранд, ҳадя мекунем, боқӣ ҳама ба Сафорат супурда мешавад». Амирхон Сафаров боз шӯхиомез афзуд: «Нашавад, ки дар фуроварди намоиш барои мо ягон чиз намонад. Маслиҳат медиҳем, ки туҳфаҳоро дар рӯзи охири намоиш тақсим кунед. Яъне, ҳам ба ихлосмандон расад ва ҳам ба мо». «Ҳамин тавр мекунем», ваъдаи қатъӣ додем мо.
Дар шафати ғурфаи мо маҳсулоти чопии интишороти адабиёти бадеии Иттифоқи нависандагони Беларус ба намоиш гузошта шуда буд. Он ҷо низ ҳамеша серодам. Марди миёнсолу миёнақади мӯйсараш мошубиринҷ баъди он ки мо корҳоямонро ба анҷом расонидем ва аз тайёр будани ғурфа ба масъулин дарак додем, наздамон омада, аввал ба навиштаи пештоқи ғурфа назар андохта, «Ҳо, бисёр хуб. Тоҷикистон! Хуш омадед, дӯстони тоҷик!» гуфт ва наздиктар омада, даст дароз карда, худро муаррифӣ намуд:
– Георгий Марчук, нависанда, котиби Иттифоқи нависандагони Беларус.
Мо ҳам худро шиносондем. Мизбон баъди пурсупоси анъанавӣ зуд суол дод:
– Он ҷо дӯсти ман Меҳмон Бахтӣ чӣ ҳол дорад?
Посухаш додам:
– Дӯсти Шумо ҳоли хуб дорад.
Марчук:
– Чун пештара шӯху хандон аст?
– Бале!
– Чӣ кор мекунад, пйеса менависад?
– Менависад, кам менависад, вале хуб менависад. Бисёр серкор. Вай имрӯз раиси мост.
–Салому паёмҳои маро расонед. Ману ӯ дар чанд машварату семинарҳои драматургон ҳамроҳ будем, баҳсҳои бисёре доштем. Гӯед, фурсат ёфта, ба Беларус биёяд. Дӯстонро гум макун. Инро, агар хато накунам, шоири машҳури Шумо Турсунзода гуфтааст.
– Албатта, мерасонем…
Ана, ҳамин тавр ошноии мо бо яке аз адибони машҳури Беларус, Нависандаи халқӣ, барандаи Ҷоизаи давлатии ин кишвар, номзад ба мукофоти нобелӣ дар соли 2005 Георгий Василевич Марчук шуруъ шуд. Дар тӯли панҷ рӯзе, ки дар намоишгоҳ будем, бо ҳам сахт унс гирифтем, суҳбатҳои зиёди корӣ доштем.
Баъди бозгашт ба Душанбе бо маслиҳату машварати роҳбарияти «Адиб» ва Иттифоқи нависандагон бо сарварии устод Меҳмон Бахтӣ намунаи эҷодиёти чил шоиру нависандаи муосири тоҷикро таҳия кардем.
Ногуфта намонад, баъди бозгашт аз Минск аввалин кореро, ки дар муддати кӯтоҳ ба анҷом расонидем, тарҷума ва чопи китоби а н д а р з ҳ о и нависандаи маъруф, дӯсти беғарази мо Георгий Марчук «Садо ва сухан» буд.
Дафъаи дигаре, ки «Садо ва сухан» дар ҷузвдон ва Баёзи назму насри адибони тоҷик дар бағал ба Минск омадам, барои дӯстам Георгий Марчук китобчаи ӯ ҳақиқатан туҳфаи ногаҳонӣ шуд. Вай маро ба оғӯш гирифт, китобро бӯсид ва гуфт: шодам, ки як адиби Белорус имрӯз ба забони тоҷикӣ ҳарф мезанад.
Вай сипас баёзро аз дастам гирифта, «ӯҳӯ, хеле вазнин-ку, инро чӣ тавр овардӣ?» гӯён шӯхӣ кард. Ва гуфт, ки «ҳоли ҳозир директори нашриёти «Адабиёт ва санъат» Алес Карлюкевич ин ҷо меояд. Ман дар ҳузури ту китобро ба дасти ӯ месупорам. Беҳтарин тарҷумонҳоро ҷалб мекунем».
– Баёзи адибони Беларус кай омода мешавад? – пурсидам аз Георгий Василевич.
– Қариб омода аст, Ато. Хавотир нашав. Худо хоҳад, баъди як ду-ҳафта ба воситаи почтаи электронӣ онро ба ту мефиристем.
Баъди фурсате Алес Карлюкевич омад. Ману ӯ дар рӯзҳои намоиш шинос шуда будем, вале суҳбатамон кӯтоҳ буд. Инак, мо рӯ ба рӯи ҳамдигар – директорони ду нашриёт аз ду кишвар нишастаем. Аз ҳамон соату ҳамон лаҳза дӯстии мо ба маънии ҳақиқиаш оғоз ёфт.
Алес хабар дод, ки охири моҳи сентябр дар Тоҷикистон ҷаласаи сеюми илмию эҷодии фарҳангиёни кишварҳои собиқ иттиҳод баргузор мегардад ва ӯ ба он маърака хабарист. Инро шунида аз ӯ хоҳиш кардам, диски Баёзи назму насри беларусро то он рӯз омода намояд ва агар тавонад, бо худ ба Душанбе биёрад.
Ҳамин тавр ҳам шуд. Охири моҳи сентябр ман Алесро дар Душанбе истиқбол гирифтам. Ҳардуямон дар сексияи адабии он рӯйдод, ки бо ҳузури адибони маъруфи кишварҳои собиқ иттиҳод баргузор гардид, ширкат ва суханронӣ кардем. Рӯзи дигар Алесу ҳамроҳонашро ба меҳмонӣ ба «Адиб» даъват кардам. Ӯ дискро ҳамроҳи худ оварда буд, ки ин барои мо беҳтарин туҳфа маҳсуб мешуд.
Як соат қабл аз мулоқот Алес хоҳиш кард, ки мехоҳад бо ҳамдиёраш, дӯсти ҳамқалами ман Леонид Чигрин шинос шавад. Хоҳиш кард, агар зид набошам, дар ин мулоқот ӯ ширкат намояд.
Леонидро ба зудӣ пайдо кардам ва ӯ дар соати муайяншуда ба дафтари кории ман ҳозир шуд. Ронандаи идора Рустам бо супориши ман ба бӯстонсарои ҳукуматӣ рафт, то Алесро гирифта ба «Адиб» биёрад. Баъди ним соат ӯ ва як рафиқаш – сармуҳарири нашриёти «Беларус» Яков Алексейчик ба «Адиб» омаданд. Алесро бо Леонид шиносонидам. Чанд сухан миёни онҳо радду бадал шуд. Алес ҷузвдонашро кушода як буханка нони беларусиро бароварда, ба Леонид дароз карда гуфт: «Ин барои модарат. Ман хуб медонам, ки пиразан нони ватанро ёд кардааст».
Роҳбарияти ду нашриёти давлатии ду кишвар ба мувофиқа расидем, ки то баргузории намоиши навбатии «Китоби Беларус-2009» Баёзи назму насри адибони кишварҳоямонро аз чоп мебарорем ва дар Минск муаррифии ин китобҳо баргузор хоҳанд гашт.
Баёзи назму насри адибони беларус бо номи «Гулхани шабафрӯз» ба зудӣ тарҷума ва ба чоп омода шуд. Дар ҷараёни омодагиҳо миёни ману Алес бисёр гуфтугӯҳои телефонӣ, мубодилаи афкор, номаҳои электронӣ сурат гирифтанд.
Нимаи дуюми моҳи январи соли 2009 «Гулхани шабафрӯз» бо теъдоди 1000 нусха аз тариқи интишороти «Адиб» бо сифати баланд ва ороиши зебо рӯи чоп омад.
* * *
Ана ҳамин тавр шуруъ шуд корҳои мо – адибону ноширони ду кишвари ба ҳам дӯсту бародар. Дар тӯли чанд соли ҳамкорӣ дар Тоҷикистон беш аз 12 китоби адибони Беларус ва дар он ҷо аз тариқи интишороти мухталифи Беларус асарҳои адибони маъруфи мо Фарзона, Низом Қосим, Сайидалӣ Маъмур, Абдулҳамид Самад, банда ва дигарон тарҷума ва нашр шуданд.
Баъди арсаи оламро фаро гирифтани вабои аср – бемории Ковид-19 дар тӯли 1-2 сол миёни мо боз хомӯшие ба вуқуъ омад, аз ҳоли ҳамдигар ва эҷоди ҳамдигар иттилои пуррае надоштем. Инак, боз имкон даст дод, ки ба кишвари дӯсту бародар Ҷумҳурии Беларус сафар ва дар намоиши навбатии байналмилалии китоб бо дастовезҳои муносиби ноширони тоҷик ширкат намоем.
Баростӣ, иқрор мекунам, чанд муддате, ки аз ҳолу аҳволи ҳамдигар хабар надоштем, дӯстони беларус ва дигар дӯстонро аз кишварҳои дуру наздик хеле пазмон шуда будам. Ниҳоят, дида боз ба дидор расид.
Мутаассифона, чанде аз дӯстони деринаро дар ин ҳамоиш надида, аз мизбонон бесаброна пурсон шудам. Вақте шунидам, ки дар ин байн дӯстони ба дидаву дил наздикам, аз қабили Георгий Марчук, Ирина Кочеткова, Юрий Сапожков, Череда, Микола Метлиский аз олам даргузаштаанд, хеле андӯҳгин шудам. Онҳо дӯстдори адабиёти мо буданд ва дар кори тарғибу ташвиқ ва тарҷумаи осори адибони мо саҳми муносиб гузоштанд. Ёдашон ба хайр!
Ато ҲАМДАМ