Бехазон бодо баҳори дӯстӣ!

Се халқи баҳоройин
Дар рӯзу шаби Наврӯз
Се халқ ба ҳам омад,
Наздики умеди дил,
Дур аз ҳама ғам омад.
Се шохаи сабзида
Мо аз тани Наврӯзем,
Сарсабзу гулафшондил
Дар гулшани Наврӯзем.
Ҳангоми ниёзу роз
Як аршу Худо дорем,
Бар сӯи Худои хеш
Як розу дуо дорем.
Як обу ҳаво дорем
Як умр баҳоросо,
Яксон бару бор орад
Пайвастазамини мо.
Ҳам базму тарабҳомон
Бошанд давоми ҳам,
Хоҳем ҳама аз ҷон
Мо назму низоми ҳам.
Часпида чу боми мо
Бо хонаи ҳамсоя,
Ободтар аз ин бод
Кошонаи ҳамсоя!
Моро зи куҳан Наврӯз
Уммед фаровон аст,
Ҳам гармии дилҳомон,
Ҳам рӯшании ҷон аст.
Се халқи баҳоройин
Аз ҳавзаи Наврӯзем,
Се нахли саропо гул
Аз равзаи Наврӯзем!
Низом ҚОСИМ
* * *
Таронаи ҳамдилӣ
Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон
Се гулистон, боғу бустон, гавҳаристон.
Бо муҳаббат, бо рафоқат, бо садоқат
Менамоянд Осиёро роҳати ҷон.
Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон,
Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон,
Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон,
Ҷовидонӣ ҳамраҳу ҳамроз!
Ҷовидонӣ ҳамдилу ҳамҷон!
Се тамаддун, се таҷаммул, се тавоно,
Се нахи заррини васли халқи дунё.
Ҳамдаму ҳамқисмату ҳамроҳ умре,
Обхори чор сӯи Сирдарё.
Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон,
Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон,
Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон,
Ҷовидон ҳамбаставу ҳамрой!
Ҷовидон ҳамсояю ҳамхон!
Се тараф, се шаҳсутун, се буъди олам,
Ҳамдигарро ёвару ғамхору ҳамдам.
Ҳар се андар иззату дар ҳурмати ҳам
Истода ҳамчу кӯҳи хеш муҳкам!
Тоҷикистон, Қирғизистон, Ӯзбекистон,
Қирғизистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон,
Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон,
Мешаванд аз дӯстӣ бо ҳам
Хурраму озоду ободон!
Ато МИРХОҶА
* * *
Ҳамсояҳо
Ҳар рӯзу ҳар дам боҳамем, дар шодию ғам боҳамем,
Ҳамсарҳаду ҳамқисматем, то ҳаст олам, боҳамем.
Ҳангоми гармӣ баҳри ҳам бошем мисли сояҳо,
Гирем дасти ҳамдигар дар мушкилӣ, ҳамсояҳо.
Бояд ба ёди ҳамдигар оғоз гардад рӯзамон,
Пайдо шавад нури вафо аз шамъи худафрӯзамон.
Ин ҷашн сад ҷо бигзарад, дар рӯйи дунё бигзарад,
Наврӯзи мо — наврӯзатон, наврӯзатон — наврӯзамон.
Хун зиндагибахши дил аст, аз баҳри дарё соҳил аст,
Бар фикри фардои ҳаёт овора танҳо оқил аст.
Бояд ба боми ҳамдигар бошем мисли пояҳо,
Сад мушкил осон мешавад аз ёрии ҳамсояҳо.
Даъват шиори мо кунад аз ғам ба дунёи сурур,
Ҳамсояи наздикро донем беҳ аз хеши дур.
Як умр моро бар сар аст аз ошноӣ ғояҳо,
Душвор бе ҳам зистан зери фалак, ҳамсояҳо.
Гӯем агар аз дӯстӣ, таърих гардад ёдрас,
Ҷомӣ Навоиҷӯ шавад, ояд ба пеши рӯ Манас.
Монанд эмин аз хатар дар зиндагӣ якҷояҳо,
Бояд ба фикри ҳамдигар бошем мо, ҳамсояҳо.
Роҳи савоби мо як аст, ранҷу азоби мо як аст,
Сарҷӯйи оби мо як аст, ҳатто китоби мо як аст,
Моро ба ҳам меоварад ҷамъи ҳадису ояҳо,
Ҳастем балки хуншарик бар ҳамдигар, ҳамсояҳо.
Муҳаммад ҒОИБ