Ба ёди Мирзо Шукурзодаи равоншод

БО ҒУРУРИ ЗЕБО ЗИСТ…

Буд софу дилсода Мирзо Шукурзода,
Дил ба ҷумла бикшода Мирзо Шукурзода.

Роҳи меҳрро паймуд, ганҷи сидқро афзуд,
Буд марди ин ҷода Мирзо Шукурзода.

Буд дар дилу ҷонаш меҳри Тоҷикистонаш,
Буд марди дилдода Мирзо Шукурзода.

Ҳар куҷо зи миллат гуфт, аз шукӯҳи давлат гуфт
Сарбаланду озода Мирзо Шукурзода.

Бо ғурури зебо зист, оқилу тавоно зист,
Рафт ҳам наафтода Мирзо Шукурзода.
                                                                Низом Қосим

 

ДОҒНОМА

Худгифи Соя ба миллат офтобе ҳадя кард,
Иқтидораш чун адо шуд, худ ба оғӯшаш гирифт.
Хонд андар гӯши дунё бо ҳарорат қиссаҳо,
Буд ҳазору як забонаш, сарду хомӯшаш гирифт.
                                                                                       Хайрандеш

 

Ба ёди гиромии устод Мирзо Шукурзода

Ҳар ҷо, ки сипеҳр агар саҳобӣ шудааст,
Бо мақдами ту чӣ софу обӣ шудааст.
Аз юмни тулуи чун ту фарзандонаш
Он Худгифи Соя офтобӣ шудааст.
                                                              Мирзо Кенҷа

 

ОФТОБИ ОШНО

Худгифи Соя, куҷо Мирзо Шукурзода?
Офтоби ошно – Мирзо Шукурзода?
Баски «Ҷонпайванд»-и миллат буд, аз худ монд
«Теғи ҷонбахш»-е ба мо Мирзо Шукурзода.
«Тӯшаи умри падар» «Себи Самарқанд» аст,
Гуфта ду ҳарфи баҷо Мирзо Шукурзода.
Шод «Руҳи Рахш»-ро ҳам кард дар Эрон,
Бо ниёиш, бо дуо Мирзо Шукурзода.
Оқибат «Тӯфони тавсан»-ро намуд ором
Бо тавони бебаҳо Мирзо Шукурзода.
Дар бари «Размоварони Ҳиндукуш» истод
Қаҳрамони Ориё Мирзо Шукурзода.
Баски як «Ашки сари мижгони ман» будаст,
Ногаҳонӣ шуд ҷудо Мирзо Шукурзода.
                                                                       Бузургмеҳр Тоҷиддин

 

Ба ёди Мирзо Шукурзодаи равоншод

Ҳамчу марди роҳ гарди раҳ ба мижгон,
Дар ҷаҳон мегашт як меҳан ба дӯшаш.
Аз ғарибиҳои ӯ медод овоз
Осиё чун осиёби деҳ ба гӯшаш.

Дар худ аз ҳангом берун гом мезад,
Дошт ҳамхуни ба дил наздикҷӯӣ.
Раҳ ба раҳ аз Ховарон то бекарон ӯ
Буд айнан Айнии тоҷикҷӯе!..
                                                        Раҳмат Назрӣ

 

***

Сад дареғ, устод Мирзои Шукур,
Буд ба дил наздику шуд аз дида дур.
Буд адибе номдору пурҳунар,
Тоҷиконро хонда буд ӯ тоҷи сар.
Ӯ ба шеъру достону дар ҳунар
Гашта дар аҳли адаб бас номвар.
“Тоҷикон андар масири Ориён”
Кард боло беш номи тоҷикон.
“Кимиёгар буд бар дурри дарӣ”,
Карда дар Эрону Афғон доварӣ.
Буд “Ҷонпайванд” бо хурду калон,
“Тӯшаи умри падар” будаш ҳамон.
Баски буд ҳамфикру ҳамандеши ман,
Гӯиё истода бошад пеши ман.
Боварам ҳаргиз нашуд бар рафтанаш,
Лек резам ашк андар мадфанаш…
                                                              Муродалӣ Собир

 

Бародари гиромӣ, ҷаноби Низом Қосим,
раиси муҳтарами Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон!

Бо дили саршор аз андӯҳу алам даргузашти ҷаноби Мирзо Шукурзода – Нависандаи халқии Тоҷикистонро ба Шумо ва дигар аъзои Иттифоқи нависандагон, хонадони он марҳум, зиёиён ва мардуми шарифи Тоҷикистон та­слият гуфта, аз даргоҳи Худованд барои руҳи он азизи даргузашта омурзишу осоиш талаб дорам.
Равонаш шод, ёдаш гиромӣ бод!
Бо эҳтиром ва таҷдиди иродат
                                  Алиашраф Муҷтаҳиди ШАБИСТАРӢ,
раиси Анҷу­мани дӯстии Эрону Тоҷикистон, шаҳри Теҳрон

 

***

Ба ҳар баҳор барорад гуле зи бустон сар,
Гуле бирафт, ки н-ояд ба сад баҳори дигар.

Даргузашти устод Мирзо Шукурзода – Нависандаи халқии Тоҷикистонро ба ҳавзаи адабӣ ва пажӯҳишии забони форсӣ-тоҷикӣ таслият мегӯям.
Устод Мирзо Шукурзода ҳарчанд аз миёни мо рахти сафар баргузиду рафт, аммо пас аз ин дар миёни вожа-вожа навиштаҳои гаронарҷи хеш ба зин­дагӣ идома хоҳад дод ва бо мо аз тариқи китобҳову навиштаҳояш суҳбат хоҳад намуд.
Равонаш шод, хотироташ пайваста гиромӣ бод.

Мард намирад ба марг, марг аз ӯ ном ҷуст,
Ном чу ҷовид шуд, мурданаш осон куҷост.

Ҳоруни Роъун,
бунёнгузори Анҷумани ада­бии «Корвони шеър»,
шаҳри Торонто, Канада

Дигар хабарҳо