Ба шеъраш бо Ватан пайваст ҷонро

 Ба шеъраш бо Ватан пайваст ҷонро

Ба муносибати 90-солагии Мастон Шералӣ

Муъмин ҚАНОАТ:

Бо Мастон то ҷое наздику дӯст будем, ки дар кӯ­чаи Гоголи шаҳри Душанбе дар хостгории ҳамса­раш, дар тӯйу ҳамаи маросимҳояш ширкат карда будам, чун хонуми ман ҳам аз ҳамин гузар буду дӯстиву рафоқати дерина миёни онҳо вуҷуд дошт. Дар офариниш ва тавлиди шеъру фарзандҳои маънавияш низ ширкат варзидаам. Бо Мастон ҳамкор ҳам будем. Дар маҷаллаи “Шарқи сурх” бо ҳам будем то замони ба дигар кор рафтанашу ман ҳам ба дигар идора рафтанам. Ин қаробатҳо­ву наздикиҳо ба ман имкон медиҳад, ки баъзе вежагиҳои шоириву мақоми инсоният, одамияти ӯро шояд аз дигарон, ки ҷавонтар ҳастанд, беҳтар иброз дошта битавонам.

Мастон ягона шоире буд, ки тамаъ надошт, подоше аз гуфтааш, ҳунараш, кораш талаб наме­кард, на аз Ҳукумат ва на аз Иттифоқи нависанда­гон. Нек буд, бетамаъ буд ва чизе ҳам намехост, на мукофот мехосту на ҷоиза, на мақому ҳатто мансаб.

Мастон дар баробари ҳунари шоирӣ бисёр мутриби хуб ҳам буд. Дар дутори парда савтҳои хуби Шашмақомро менавохт ва овози хуш ҳам дошт. Яъне, ӯ дар шоириву рафтору ахлоқ сунна­ти падари шеъри форсӣ устод Рӯдакиро муроот мекард ва талош мекард, ки як чеҳра, гунае аз Рӯдакӣ бошад. Чун масъулияти ҳамватаниву ҳамдиёрӣ, инсониву виҷдонӣ ба одам бисёр чизро талқин мекунад.

Дар шеъри сабкӣ ва услубӣ Мастон ягона шои­рест, ки сабки бисёр равону соф дорад, мубарро ба мисли таровиши чашмаҳову обҳо… Ба ин поя тақрибан ҳеч кадоме аз шоирони ҳамсину ҳамсоли Мастон нарасидаанд. Ӯ соҳиби сабку услуби хоси худаш буд. Ва ин равиши равшангӯии шоирии вай аз аввал то ба охир идома ёфт, бе печида­гиҳову бе муаммоҳо, мушкилоти вожагиву сабкӣ. Ӯ рӯдакивор шеър сароид ва дар шараёнаш он ҷорӣ буд. Шоироне, ки ҳамзамон бо Мастон ба адабиёт омаданд, фақат дар охирҳои умрашон ба як сабку услуби худашон расиданд.

Дар бисёре аз мавридҳо бо ҳам ҳамсафар будем. Вақте бо Расул Ғамзатов, ки Мастонро “Мостон” талаффуз мекард, ҳамсуҳбат шуда будам, пурсид, ки Мастон чӣ хел шоир аст ва чӣ тавр ҷуръат кардааст, ки шеъри маро тарҷума кунад. Гуфтам, ки барои шеъри шуморо тарҷума кардан аз нигоҳи услуби беҳтар, забони ғанӣ ва фарогир ва рангҳои гуногуни ҳикматҳо танҳо Мастон метавонад, ки шеъри шуморо тарҷума кунад, дигарҳо ба гумон аст. Чун шеърҳои шумо ҳакимона ва некбинона, зиндадилона аст, ки дар замина шеърҳои Мастон бо шеърҳоятон мувофиқ аст. Бинобар ин тарҷумаҳои шеъратон аз сӯи Ма­стон беҳтарин ва хуб шинохташаванда аст. Вақте дар солҳои ҳаштодум рӯзҳои адабиёти Доғистон дар Душанбе баргузор шуда буд, устод Расул Ғамзатов чанд дафъа бо Мастон суҳбат орост. Гуфта буд, ки ин одам (Мастон) ҳикмати шеърро, ҳунари шеърро бисёр хуб медонад ва гуфтору суҳбатҳову хаёлаш шоирона аст ва ҳатто парешонҳолиаш ҳам шоирона аст.

Соли 1965 вақте ки рӯзҳои адабиёти Тоҷикистон дар Озар­бойҷон баргузор шуда буд ва як зумра шоирони тоҷик дар он сафар ширкат карда буданд, Набӣ Хазрӣ — шоири озарӣ, ки аз марду­ми форсизабони тот буд, моро ҳамроҳӣ мекард. Вақте бо мошин аз кӯҳистоне убур мекардем ва он кӯҳистон бо Доғистон ҳаммарз буд, Набӣ Хаз­рӣ ба сӯи Мастон нигаристу гуфт: “Ох Мастон, за Мастон, Доғистон!” ва гуфт бо Доғистон ҳаққи ҳамнамакӣ дорӣ ва агар бо мо зиқ шуда бошӣ, марҳамат, ба Доғистон бирав, Расул Ғамзатов бисёр хурсанд хоҳад шуд. Аммо фурсат он им­конро надод, то Мастон Расул Ғамзатовро аёдат бикунад. Хулоса, ин гуна сафарҳои хайр ҳама умр ба олами шеъру ши­нохтани шеър давом кард.

Ягона шоире буд, ки намедонист бадӣ чист, кори баду аъмо­ли бад чӣ шеваҳову равишҳои муқадда­мотӣ дорад, чӣ гуна бояд онро амалӣ кард. Ба ҷуз некӣ пиндору андешаи бадро намедонист. Агарчи баъзеҳо ҳам некӣ кардаанду ва ҳам бад ва баъзеҳо фақат бад…! Ӯ аз бун намедонист, ки дар дунё бадӣ кардан ҳам ҳаст ва вуҷуд дорад. То ҷое, ки мегӯему гуфтаем, шеъраш, хидматҳояш дар зиндагониаш қадр нашуданд, як сабабаш ҳам ҳамин аст…

***

Муҳаммадҷон Шакурии БУХОРОӢ:

Пештар мегуфтанд, ки одами советӣ магар ғаму ғусса дорад? Аммо аз солҳои 60 адабиёт мардуми беғамро маҳкум кард. Мастон гуфт, ки — «Ғаму ғуссаи ман ғами мардумам аст ва ман дарди миллатамро, мардумамро фикр мекунам»:

Ман ғам хӯрам аз беғамии мардуми беғам,
Ман ғам хӯрам аз беғамии мардуми беор.

Ин «ғам»-и Мастон Шералӣ сухани наве дар адабиёт буд. Албатта, гуфта наметавонем, ки дар шеъри Мастон ё шоирони дигари ҳамзамони вай таблиғи сиёсати ҳамон рӯз набуд. Буд, лекин бештар аз ҳама мавзуъҳои миллӣ, таҳқиқи бадеии воқеияти иҷтимоии рӯз ё ин ки таърихи миллат аҳаммият пайдо кард.

Бисёр мехоҳам таъкид кунам, ки Мастон ва иддае аз ҳамзамонони вай шеъри асил хостанд. Шеъри тоҷикӣ дар солҳои 20-уму 30-юм бештар шеъри «хасак» шуда буд. Шеърият танназул ёфт, шиорҳои сиёсӣ, даъватҳои сиёсии инқилобӣ рафта-рафта, шеърро аз шеърият дур бурданд. Ногуфта намонад, ки шеъри баланд ҳам буд, лекин, мутаасифона, бисёр кам.

Дар солҳое, ки зикраш рафт, яъне шаст ва ҳаф­тод, шеърро ба баландии шеърият баровардан хостанд адибони мо. Аз ҷумла, Мастон гуфт, ки шеъри ҳақиқӣ мехоҳад. Гуфт, ки ба шеъри асил бояд даст ёфт:

Дилам сармояи дарду алам шуд,
Ки чанде беқалам «соҳибқалам» шуд.
Киро гӯям, кадомин дар бикӯбам,
Сафи шоир фузуду шеър кам шуд.

Мастон ин ҷо эътироз кардааст. Ва ин эътирози вай имрӯз ҳам аҳаммияташро аз даст надодааст. Имрӯз ҳам шоир бисёр шудаасту шеър кам.

Солҳои 60-му 70-ум як давраи нав дар шеъри тоҷикӣ буд, ки яке аз шуруъкунандагони он Мастон Шералӣ буд. Ва имрӯз ҳамон давра ба тарзи дигар дар шароити Истиқлоли миллӣ-сиёсии Тоҷикистон идома дорад ва рангҳои нав пайдо карда истода­аст. Ва таҷрибаи шоироне чун Мастон Шералӣ имрӯзу фардо ҳам аҳаммияти калон хоҳад дошт.

***

ГУЛРУХСОР:

Шоире, ки ёдашро азиз медорем, аз ҷумлаи су­ханваронест, ки зикри ному ашъораш дар гунаҳо офтоби табассумро нур медиҳад, хотири хотираро шод мегардонад.

Мастон Шералӣ! Ӯ cолҳост дар боғи шеъри безаволи мо гул намекорад, гул намечинад, гул намебӯяд, ӯ дар байни мо нест, аммо камтар суҳбатеро метавон ёд овард, ки бидуни зикри хайри шеъру сухану шахсияташ баргузор гардад. Дар анҷуманҳо шеърашро мехонанд, дар маҳфилҳо хандаҳои офтобияшро пеши назар меоранд, фаз­ли суханашро ёдрас мешаванд… Мастон Шералӣ аз рафтагони монда аст.

Мастон Шералӣ ва насли ӯ дар шеъри қарни бистум ҷоҳу мақоми хосаи худро доранд. Насли ӯ пайроҳаи суханро барои насли Лоиқ Шералӣ тахту ҳамвор кард. Барои камина Мастон Шералӣ хаққи раҳнаморо низ дорад. Ӯ муҳаррири чандин китобам буд. Муҳаррири хайрхоҳ, дилсӯз. Ҳар гоҳ дучор меомадем, салому паёмаш чунин буд: «Парасту ошёнат дар дили ман!». Ин дуруди мавзун сатре аз шеъри «Парасту»-и камина буд аз маҷмуае, ки Мастон Шералӣ муҳаррираш буд. Ба ҳамин монанд чунин сатру банди шеърамро баландово қироат мекард, самимона, бо эҳсос ва шавқи мастонӣ. Диле дошт мисли суфраи орд сафед, гарм, рӯшан, ошиқи оламу одам. Ба ин дунё барои ин омада буд, ки ишқ биварзад, шеър бигӯяд, тарона бихонад ва асло ёди олами дигар­ро дар сар надошта бошад. Афсӯс, ҳайҳот! Ҳар омада бояд биравад, дар вақту соати қаламкаш фармуда…

Бо вуҷуди ин ногаҳон рахти сафари ҷовидона бастани шоир моро ҳайрон кард, зеро дар симои офтобии ӯ ҳеч гардеву ғубореву абре наменамуд, нишондиҳандаи сафархоҳияш ба дунёи торикиву танҳоиву хомӯшӣ.

Мастон моро гирёнда рафт. Рӯзи маргаш офтобӣ буд, монанди шеъраш, ҳастияш, ди­лаш. Дӯстон дидаи гирён доштанд, зеро касе ба марги нобаҳангоми шоир бовар наме­кард.

Камина дар рӯзҳои сарсониву саргардонӣ бори дигар ашъори офтобии Мастон Шералиро хонда, барои худ панду андарзи тамкину таҳаммулу тасалло ёфтам. Шоир чун суханвари асил ҳанӯз дар даврони шукуфоии бахту саодати мардуми шӯравӣ пешгӯйии аҷибе карда буд, бехабар аз фоҷиаи миллии тоҷикон, бехабар аз ҳазорон фи­рориёни иҷборӣ. Ҳанӯз зиндагӣ ором буду тоҷикон бо вожаи «гуреза» ноошно, аммо шоири дилбин ҳолатеро тасвир кард, ки баъдан зиндагӣ онро бо ҳама ҷавру ҷафояш намоён сохт:

Даврони пур аз ҳаводиси мо
Бо чархи фалак ситеза дорад.
Зиндони ҷаҳони номуросо
Ҳар рӯз дусад гуреза дорад.

Дар осори Мастон Шералӣ мавзуи Ватан, ва­танхоҳӣ, ватандорӣ ва ватансароӣ мавқеи намоён дорад:

Ҷоне, ки раҳи Ватан напӯяд,
Ҷуз бори зиёдатии тан нест.
Гар дар Ватанат Ватан наёбӣ,
Ҳар ҷо, ки ватан кунӣ, Ватан нест!

Ватани васфкардаи Мастон Шералӣ дӯстдош­танӣ ва хотирмон аст:

Бе Ватан нест ғарибе, ки кунад ёди Ватан,
Дарватанбудаи бе ёди Ватан беватан аст!

Ин банд дар рӯзҳои пурдаҳшати фоҷиаи мил­лии тоҷикон тасаллобахши ҳазорон фирориёни ватанхоҳи дур аз Ватан буд, ки камина низ истисно нестам. Алҳақ, худи ҳамин як байти дар боло зикр шуда кифоя аст, ки номи шоири зиндаёд Мастон Шералӣ дар дафтари шеъри оламгири форсиза­бонон ҷовидон сабт гардад.

***

Алиризо ҚАЗВА:

… Дар миёни насли савум (шоирони мутаваллиди авоили даҳаи бист то авосити даҳаи сийи Тоҷикистон) ин номҳо бештар ҷилва мекунанд: Аминҷон Шукӯҳӣ, Ғаффор Мирзо, Абдуҷаббор Қаҳҳорӣ, Ашӯр Сафар, Қутбӣ Киром, Муъмин Қаноат, Убайд Раҷаб, Салимшо Ҳалимшо ва Мастон Шералӣ. Дар ин насл, дар канори қасидаҳои шукӯҳманд ва хуросонии Салимшо Ҳалимшо, ки дар навъи худ мумтоз аст, шоирони навгарое чун Муъмин Қаноат ва Мастон Шералӣ вуҷуд доранд, ки ин наслро ба унвони яке аз наслҳои пуртакопӯ дар шеъри тоҷик муаррифӣ кардаанд.

Дар мавриди Мастон Шералӣ бояд бигӯям, ки тоҷикҳо аз канори номи ин шоири ба шиддат навгаро ба осонӣ гузаштаанд!

Навовариҳо ва тавоноиҳои ин шоир истеҳқоқи инро дорад, ки дубора осорашро мавриди диққат ва таҳқиқ қарор диҳанд.

***

Меҳмон БАХТӢ:

Мо, навқаламони ҳамзамони солҳои 60 ва 70-уми асри бист аз шеърашон баҳравар ва аз дастгириашон як умр сипосгузор ҳастем. Ба он хотир, ки акои Мастон солҳои 60 ва аввали 70-ум дар рӯзномаи барои аҳли қалам ва савод машҳури «Маориф ва маданият» ба ҳайси мудири шуъбаи адабиёт кор мекарданд. Нахустин шеъру ҳико­яҳои навқаламон низ бо дастгирии эшон ба табъ мерасид. Дертар, ҳангоме ки ман дар телевизион ба кор оғоз кардам, ҳамкорӣ ва вохӯриҳои мо бештару пайвастатар гардид.

…Устодон Мирзо Турсунзода, Боқӣ Раҳимзода ва Миршакару Муъмин Қаноат акои Мастонро ҳамчун дилогоҳи маънирас эҳтиром мекарданд. Ҳанӯз дар овони ҷавонӣ акои Мастон дар ҳаф­таҳои адабиёт ва санъат, ки дар кишварҳои собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ баргузор мегашт, ҳамчун шоири ҷавони боистеъдод ширкат меварзид. Мо ҷавоно­ни он солу он замона омадани эшонро бо бетоқатӣ интизор мешудем ва аз дидаю шунидаҳояшон баҳравар мегардидем.

***

ГУЛНАЗАР

             БАРОИ МАСТОН

Маро гуфтӣ, ки ҷонам сӯхт
Ғами бехобии шабҳо,
Таби чашмони бедорам
Гарав бурда зи кавкабҳо.

Бишуд рӯҳи гирифторам
Зи дурӣ волаи дарё.
Басо талх асту ҷонкоҳ аст
Шабонгаҳ нолаи дарё.

Каси бехоб медонад,
Ки мисли ӯ замин танҳост,
Фалак бо ҷумла ахтарҳош
Чу ганҷури замин танҳост.

Ҳавои аллае дорам
Ба дил аз модарам мерос.
Агарчи кӯдакӣ бигзашт,
Худоё, кӯдакам кун боз!

Сафедии сабоҳ омехт
Ба мӯҳои сафеди ман.
Умеди хоби субҳам ҳаст,
Намеояд умеди ман…

Бихоб, эй шоири бехоб,
Ки хоби ту гарон омад.
Замини беқарори ман
Туро маҳди равон омад.

Суруди чашма хоҳад буд
Фиғони мурғи ошуфта.
Мапиндорӣ, ки хоҳад монд
Суханҳои ту ногуфта.

Бихоб, эй шоири бехоб,
Канори хоки беозор,
Туро шеъри дарӣ ҳар субҳ
Чу модар мекунад бедор.

                                                   ***

Низом ҚОСИМ:

Аз чиҳо буда, надонам ман, варо кошона пур,
Буда худ аз шоҳбайту мисраи шоҳона пур.
Дар дарахти шеъри халқаш лонае обод кард,
Монда аз мурғони зикраш чор фасл ин лона пур.
«Пур бикун паймона!»- гуфт ӯ бар ману қисмат шунид,
Кард бетаъхир ҳамчун ман варо паймона пур.
Ёди Мастон мекунад ҳар дам маро ҳушёртар,
Ҷоми чашмам мекунад шомона пур, субҳона пур…

                                                  ***

Камол НАСРУЛЛО

                           НИГОҲИ ПЕШ АЗ МАРГ
                                                        Ба хотираи Мастон Шералӣ

Бори охир ӯ нигоҳе кард,
Дар нигоҳаш шавқи ҳастӣ буд.
Бори вопас дидагонашро
Чун дари асрори худ бикшуд.

Гӯиё ӯ ҳамраҳаш мебурд
Ким-кадом асрори дунёро,
Гӯиё бо майли худ мерафт
Бар диёри дуртар аз мо.

Мисли он метофт, к-ин лаҳза
Узр мепурсид аз одамҳо,
З-он ки танҳо меравад имрӯз
Бар чунин як кишвари зебо.

Узр мепурсид, ҳамроҳаш
Ҳамраҳе аз мо намегирад,
Ҳеҷ гаҳ танҳо набуд, имрӯз
Ҳамраҳаш моро намегирад.

Бори охир чашми худ бикшод,
То бигирад рӯшноиро,
То дар он роҳе, ки торик аст,
Роҳ ёбад бе хато, танҳо.

Рафт молу сарваташро монд,
Чун хасу хошок бепарво.
Дар дилаш буд ҳарчи, бо худ бурд
Аз тамоми сарвати дунё.

                        ***

Раҳмат НАЗРӢ

                       ЯК ПОРА САФЕДӢ
                                            Ба ёди устод Мастон Шералӣ

Бо орзуи роҳи сафедат ба зиндагӣ
Китфи туро ба орд
Модар сафед кард,
Лек аз шаби сиёҳ
Шуд ормони рӯзи сафедат таби сиёҳ,
Охир туро сапедадамон сарсафед кард.
Дар шохсори сабзи баҳори умеди ту
Зоғи сиёҳи шуми хазон пар сафед кард.
Хуршед ҳам накард сиёҳӣ, ки бингарад,
Танҳоият чи сон ба дил ахгар сафед кард.
Якчанд дилсиёҳ сиёҳат намуд агар,
Шеъри тар аз сиёҳнависи алам туро
Як-ду қалам фузуну фаротар сафед кард.
Марги сиёҳи ту
Ногоҳ, оҳ, дар кафани тозаи сухан
Худро ба хок ҳамчу ба оҳар сафед кард.
Дар мотами сафеди ту шоми сиёҳпӯш
Аз гиряҳои шамъи сари гӯр милт-милт
Чодар сафед кард.
Маҳтоб дар алови ғами осмоният
Деги сиёҳи хеш чу хоҳар сафед кард.
Аз соясори лаҳза сафедори ёдгор
Як ларза ёдбуди пур аз ҳасрати туро
Дар бар сафед кард.
Дар роҳи омадат нигарон сӯи бекарон
Даҳлези бози ту
Чашми сиёҳи хеш саросар сафед кард…
Эй мотами кабуди ту бар дӯши осмон,
Хоки ту пок боду равони ту шодмон,
К-аз хонаводаат сияҳиро дар ин миён
Сури наводагони ту дигар сафед кард!

 

Дигар хабарҳо