Ба муносибати 90-солагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

 Ба муносибати 90-солагии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Суханронии устод Садриддин Айнӣ дар Анҷумани якуми нависандагони шуравӣ
ш.Москва, августи соли 1934

Рафиқон! Ба анҷумани шуроии нависандагон аз мӯйсафеди ҷавон­гардида саломи гарму самимӣ! Оре, дӯстон, ман он мӯйсафеде ҳастам, ки имрӯзҳо ҷавон гаштааст! Наздик ба 40 сол аст, ки ба кори адабӣ машғул мебошам. Даврони феодалии Бухоро ва замони ҷадидҳоро шоҳид ҳастам ва дар ҳаёти адабии он айём бевосита иштирок кардаам. Аммо дар он замон ман натавонистам як асаре эҷод кунам, ки шоистаи аҳамият бошад ва ҳар чизе, ки дар эҷодиёти ман мавриди таваҷҷуҳ ҳаст, маҳз баъди Инқилоби Октябр таълиф намудаам. Бинобар ҳамин ҳам мегӯям, ки ман мӯйсафеди ҷавоншуда ҳастам. Маро диктатураи пролетариат аз нав ҷавон кард.

Рафиқон, иҷозат диҳед мухтасар дар бораи шеъри тоҷикӣ сухан гӯям. Шеъри тоҷикӣ таърихи ғание дорад. Назми форсӣ, ки бар асари кишвари Форсро ғасб намудани арабҳо аз байн рафта буд, баъди 250-300 сол, дар давраи сосониҳо (гумон меравад, ки Сомониҳо бошад – А.Н.), дар Бухоро аз нав эҳё гардид. Ҳоло номи наздик ба 300 шоири Осиёи Марказӣ, ки дар ҳазор соли охир ба забони форсӣ эҷод кардаанд, ба мо маълум аст. Миёни онҳо шоирони классике чун Рӯдакӣ, Дақиқӣ, Аъмақи Бухороӣ, Амир Мунзии Самарқандӣ, Низомии Арӯзи Самарқандӣ, Муродии Бухороӣ, Адиб Собири Тирмизӣ, Камоли Хуҷандӣ ва даҳҳо ашхоси дигар мавҷуданд.

Мо, ҳангоме ки таҳти раҳнамоии ҳиз­би коммунист адабиёти советии худро эҷод мекунем, аз ин мероси адабӣ ба таври танқидӣ истифода менамоем.

Имрӯз, вақте ки дар бораи шеъри тоҷикӣ сухан мегӯем, мумкин нест, ки пеш аз ҳама номи Лоҳутиро ба забон наоварем. Агар ҳазор сол пеш аз ин адабиёти форсӣ бо суханони устоди ҳунарманде чун Абулҳасани Рӯдакӣ оғоз шуда бошад, ки мегуфт:

Шоҳ сарв асту Бухоро бӯстон,
Сарв сӯи бӯстон ояд ҳаме!

пас баъди Инқилоби Бухоро устоди суханвари инқилобӣ Абулқосим Лоҳутӣ чунин эълом медорад:

Дар хуни шайху шаҳнаву шаҳ воҷиб аст ғусл,
Дар шаръи Инқилоб ба насси китоби сурх.

Имрӯз дар хориҷ аз кишвар милли­онҳо меҳнаткашон ба забони тоҷикӣ гуфтугӯ мекунанд. Чашму гӯши онҳо мутаваҷҷеҳи адабиёти советӣ мебо­шад, агар аҳли заҳмати кишварҳои Ғарб тавассути тарҷума ба адабиёти мо ошноӣ пайдо кунанд, пас меҳнатка­шони мазлуми Шарқ метавонанд бе­восита ба забони модарии худ асарҳои нависандагони шуравии тоҷикро мутолиа намоянд. Ду сол пеш аз ин сарвари маркази радиошунавонии хо­риҷӣ дар Самарқанд ба ман нақл кард, ки аз Афғонистон нома гирифтааст ва онҳо тақозо доштаанд, то ашъори Лоҳутӣ бештар шунавонида шавад. Аз кишварҳои Шарқи хориҷа мактубҳои зиёде мерасанд, ки ба онҳо ирсол намудани адабиёти бадеии тоҷикиро хоҳиш мекунанд. Ин ҳама гувоҳ бар он аст, ки адабиёти Тоҷикистони шуроӣ имкони таъсиргузории зиёде дар хо­риҷро пайдо кардааст.

Бахусус шуҳрати имрӯзаи назми советии тоҷикӣ ба хизматҳои Лоҳутӣ иртибот мегирад. Лоҳутии моро чи меҳ­наткашони кишварамон ва чи заҳмат­кашони Шарқи хориҷа мешиносанд, дӯст медоранд ва аз ӯ меомӯзанд.

Бесабаб нест, ки дар Тоҷикистон ва дигар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ба номи ӯ клуб, китобхона ва театрҳо гузошта шудаанд.

Имрӯз дар Тоҷикистон даҳҳо шо­ирони ҷавон ба майдони адабиёт ворид мешаванд. Аммо ҳаминро бояд таъкид кард, ки ҳанӯз ҳунари шоирии онҳо дар сатҳи хеле паст аст. Бинобар ин, вазифаи аввалиндараҷаи мо аз он иборат мебошад, ки ин ҷавононро ба пояи ҳунари Лоҳутӣ, ин шоири алҳол дар тамоми кишварҳои шарқӣ ягона, ки суннатҳои олии шеъри форсиро бо мазмуни инқилобии пролетарии байналмилалӣ пайванд додааст, боло бибарем.

Ҳоло ба мо ҳамаи шароит барои рушду нумувви босуръати адабиёти ҷавонамон фароҳам омадааст. Акнун лозим аст, ки адабиёти бадеиамонро ба чунин зинаи маҳорат баланд бар­дорем, ки онро натанҳо меҳнатка­шони хориҷа ба завқу шавқ мутолиа кунанд, балки душманони синфӣ низ хонда, маҷбур ба гуфтани ин суханон шаванд ки: «Ин болшевикони мулҳид, дарвоқеъ, хуб менависанд!»

Зинда бод адабиёти советии мо – адабиёти баландсифат ва дар тамоми ҷаҳон шуҳратёр!

Аз китоби “Таърихи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон…”-и
Абдухолиқ НАБАВӢ

Дигар хабарҳо