Ба муносибати 90-солагии адиб ва пиряхшинос Александр Яблоков

 Ба муносибати 90-солагии адиб ва пиряхшинос Александр Яблоков

ВАССОФИ БАЛАНДИЮ САРБАЛАНДИИ ТОҶИКИСТОН

Солҳои зиёд Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон яке аз созмонҳои  сермиллат ба ҳисоб мерафт. Дар  давраҳои гуногун дар ҳайати он  намояндагони халқҳои рус, ӯзбек,  қирғиз, озарбойҷонӣ, тотор, яҳуд,  немис фаъолият карда, баҳри рушди адабиёт ва фарҳанги ҷумҳурӣ  ҷаҳду талошҳо ба харҷ додаанд. Нависанда ва пиряхшиноси шинохта  Александр Александрович Яблоков аз он ҷумла аст.

Мавсуф ҳамсинни ташкилоти  адибони Тоҷикистон буда, 24 июни  соли 1934 дар шаҳри Балахнаи  вилояти Горкийи Россия зода шудааст. Баъди хатми омӯзишгоҳи  химияю технология солҳо дар корхонаҳои саноати ҷумҳуриҳои собиқи  шуравӣ фаъолият доштааст. Сипас  факултаи ҷуғрофияи Донишгоҳи  давлатии Самарқандро ба поён  расонда, солҳои зиёд дар Тоҷикистон кор кардааст ва дар соҳаҳои  тадқиқи табиат, бахусус пиряхшиносӣ саҳми арзанда гузоштааст.

Дар мусоҳибаи охиринаш, ки 2  июли соли 2016 бо хабарнигори  шинохта Манижа Қурбонова анҷом  додааст, аз ҷониби падар аз деҳқонони одии рус ва аз ҷониби модар  аз киштисозони дар асри 19 ба Россия омадаи англис буданашро зикр  мекунад. Чун падараш муҳандис ва  модараш низ аҳли савод буданд,  аз хурдӣ ба китобхонӣ, бахусус  мутолиаи китобҳо оид ба табиат ва сайёҳӣ шавқ пайдо мекунад.

“Боре, – ба хотир оварда буд  адиб, – аз бобоям пурсидам, ки  пахтаро ба шаҳри мо аз куҷо меоранд? Бобоям гуфт, ки дар ҷануб  кишварҳои гарму ҷолибе ҳастанд,  ки қариб зимистон надоранд, боғҳояшон пур аз меваҳои ширин аст,  кӯҳҳояшон сар ба осмон кашидаанду дарёҳои кӯҳиашон босуръат сӯи  водиҳо мешитобанд; пахтаро ана аз  ҳамон диёрҳо ба корхонаҳои бофандагии мо меоранд ва илова намуд,  ки вай он кишварҳоро надидааст,  лекин бовар дорад, ки наберааш  ҳатман хоҳад дид.” Зиндагӣ ин дуои  боборо мустаҷоб гардонд ва адиби ояндаро ҷаҳондидаву ҷаҳономӯхта намуд.

Александр Яблоков аз соли 1980  узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд, дар кори бахши русии  он фаъолона ширкат меварзид, ба хонандагони маҷаллаи “Памир”  навиштаҳои ҷолиб манзур менамуд,  дар таҳрири асарҳои илмию оммавие, ки нашриёти он вақтҳо ягонаи  Тоҷикистон – “Ирфон” ба табъ мерасонд, саҳми чашмрас дошт.

Баъди ба нафақа баромадан ҳам  худро ба фаъолияти барои ҷомеаи  нави кишвар муфид пайваста, солҳо  чун устоди кӯҳгардии Коллеҷи олии  ҳарбӣ кор кард ва дар тарбияи  кадрҳои соҳа ҳисса гузошт. Адибу  табиатшиноси собитқадам умри бобаракате дида, 10 уми августи соли 2016 аз ҷаҳон даргузашт.

Александр Александрович  қариб саросари кӯҳсори Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистонро  тай карда, асрори табиати афсункорашро дар китобҳои бадеӣ,  илмӣ ва илмию оммавии “Снежная Робинзониада” (Москва,1968),  “Страна заоблачной трассы” (Фрунзе, 1970), “Снежинка на ладони”  (Душанбе, 1975), ”Против стихии”  (1982), “Там, где кончаются горы”  (1988), “Варзоб” (1989), ки аз солҳои  шастуми асри гузашта сар карда,  дар нашриётҳои Россия, Тоҷикистон  ва Қирғизистон чоп шудаанд, моҳирона тасвир намудааст. Асарҳои охирини нависанда – романҳои  “Поражение”, “Горный стрелок”,  “Возвращение Барсика” низ ба  мавзуъҳои дӯстдоштааш – пайванди  инсону табиат, лаҳзаҳои аҷиби саргузашт, қисмати немисҳои шуравӣ  баъди пошхӯрии СССР ва дунёи беғаши бачаҳо бахшида шудаанд.

Рамзист, ки Яблокови адибу  муҳаққиқи табиат натанҳо виқору  шукӯҳи кӯҳсори тоҷикро мавриди  тадқиқи бадеӣ қарор додааст, балки  дар аксари навиштаҳояш ба баландии руҳи инсон дар ин сарзамини  бостон таваҷҷуҳ кардааст. Қиссаи  таърихиаш “Сарбадорон”, ки соли  1984 иншо шуда, дар бораи ниёгони муборизу сарбаландамон нақл мекунад, далели равшани ин аст.

Муҳаббати нависанда ба ин  диёру халқи он дар ҳар асараш  ҳувайдост. Аз ҷумла, дар оғози яке аз китобҳояш – “Дар он ҷое, ки  пайроҳаҳо қатъ мешаванд” чунин  сатрҳоро мехонем: “Дарёҳои ҷумҳуриамон муқтадир, шахҳояш устувор  ва қуллаҳояш сарбаланданд. Вале  аз дарёҳо муқтадиртар, аз сангҳояш  маҳкамтар дӯстии халқҳои тоҷику  рус аст. Ба ҳамин дӯстӣ мебахшам  ин китобро”.

А. А. Яблоков натанҳо зебову  фаҳмо ва маърифатбахшу муассир менавишт, балки манзараҳои  нотакрор – кӯҳсори сарбаафлок,  пиряхҳои ҷовидона, лаҳзаҳои нодирро аксбардорӣ мекард, ки қисме  ба намоиш гузошта шудаву қисме  дар китобҳояш ба табъ расидаанд.  Ин паҳлуи фаъолият низ муҳимтарин хусусиятҳои шахсу эҷоди ӯ – зебоипарастӣ, самимият ва масъулиятшиносиашро равшан ифода  мекунад.

Дар давраи Истиқлолияти давлатӣ тавассути ташаббусҳои ба обу пиряхҳо вобастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро бештару беҳтар шинохт. Ҳаёту эҷодиёти Александр Александрович Яблоков – адиби табиатшинос, ки дар хадамоти обуҳавошиносӣ ва экспедитсияҳои тадқиқи пиряхҳои Тоҷикистон хизмат кардаву дар асарҳояш табиати инсониро ҳам амиқ мавриди тадқиқ қарор додааст,  сарфи ҳамин мавзуъҳо гардидааст  ва зарурати ҳифзу гиромидошти  сарватҳои бебаҳои табиии диёр  батакрор таъкид шудааст. Бешубҳа,  тарҷума ва манзури хонандаи имрӯз  кардани чунин навиштаҳо натанҳо  ба шинохти беҳтари шахсияту эҷоди  адиб, балки ба дарки ҳусну нотакрории афсункори табиати Тоҷикистон,  эҳсоси масъалаҳои муҳимми экологӣ, ки инсоният дучорашон шудааст  ва давлатамон дар талоши ҳаллу фаслашон аст, мусоидат мекунад.

“Дар Тоҷикистон, – менависад  адиб, – баландтарин нишондиҳандаи кифояти пиряхҳо мавҷуд аст,  ки таносуби яхистон ва киштзорро  ифода мекунад: он ба 1:1 баробар  аст, яъне, ба ҳар гектар киштзор  беш аз як гектар яхистон рост меояд… Дар ҳавзаи дарёҳои асосии  Тоҷикистон – Вахш ва Панҷ қариб  сеюним ҳазор пиряхҳо ҷойгиранд,  ки захираи азими оби нӯшокиро дар бар гирифтаанд.

Ҳар сол ин пиряхҳо ба киштзору  боғҳои Тоҷикистон тахминан чил  миллиард кубометр об мебахшанд,  пайванди Вахшу Панҷ – Амударё  бошад, ду ҷумҳурии дигар – Туркманистону Ӯзбекистонро шодоб  месозад”. Ба ҳамин тариқ, дар ҳама  асарҳои адиб маълумоте мавҷуд  аст, ки натанҳо дониши хонандаро  меафзояд, балки ифтихори ӯро аз  чунин сарзамини баракатбор зиёд менамояд.

Имрӯзҳо дар бораи Неругоҳи  обии барқии Роғун пайваста навиштаҳо ба табъ мерасанд. Лекин  набояд фаромӯш кард, ки яке аз  аввалин вассофону тарғибгарони  ин сохтмони тақдирсози миллату  давлатамон А. А. Яблоков аст, ки аз ҷумла тавассути қиссаи ҳуҷҷатии  “Аз ҳама муҳим” даҳсолаҳо қабл аз  ин муҳиммияту аҳаммияти иншооти  мазкурро бо далелҳои қотеъ собит карда буд.

“Дар ин ҷо сарбанди баландтарини ҷаҳон қомат меафрозад,  оби Вахш шаш чархи бузургеро  мечархонад, ки аз рӯи иқтидор ҳар  кадом ба як ДнепроГЭС баробар  аст, – бо эҳсоси баланду ифтихори  самимӣ зикр мекунад нависанда.

– Болотар обанборе доман паҳн  мекунад, ки даҳ миллиард кубометр  обро гунҷонда, садҳо километр тул  мекашад…

Яке аз “дардҳои” НОБ-ҳои кӯҳистон зуд аз лой пур шудани обанборҳояшон аст. НОБ-и Роғун ин  заҳматро бар дӯш мегирад, лойи  Вахш дар қаъри он хоҳад хобид ва  ин кори боэътимоду тулонии иншоотҳои барқофари дарёи Вахш, аз ҷумла Норакро таъмин мекунад…

НОБ-и Роғун нафақат барқ медиҳад, балки имкон фароҳам меорад, ки дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна 350 ҳазор гектар заминҳои нав  обёрӣ гарданд… Иқлим аниқтараш,  микроиқлими соҳилҳои баҳри нави  тоҷик, ки рӯ-рӯи амвоҷаш киштиҳо  шино хоҳанд кард, нарму форамтар мешавад…”

Мутаассифона, мо, ҷавонон, ба  шахсияту эҷодиёти бисёр адибони  кишвар, ки бо забонҳои гуногун  васфи диёру халқамон кардаанд, аз  ҷумла А. А. Яблоков, камтар ошноӣ  дорем. Лекин, сазовори омӯзишу  ибрат аст, ки бисёр адибони калонсоламон чунин шахсиятҳоро хуб дар  ёд доранд ва дар ёдбуду бузургдоштҳо дар бораашон нақл мекунанд.

Хулосаи бардоштҳо аз чунин  ҳикоятҳо ҳамин аст, ки Александр  Александрович Яблоков навҷавон  ба Тоҷикистон омад, ба кӯҳсори  сарбаафлок ва мардуми сарбаланди он дил баст, пиряхҳои ҷовидонаи  диёр ва дилгармии халқи онро дар  асарҳояш сабт намуд, дар солҳои  мушкили мулку миллат онро тарк  накард ва бо навиштаҳои самимонаву дилрас дар хотирҳо хоҳад монд.

Дигар хабарҳо