БА МУНОСИБАТИ 70-СОЛАГИИ ШОИРИ ХАЛҚИИ ТОҶИКИСТОН РАҲМАТ НАЗРӢ
РАҲМАТ НАЗРИИ ГИРОМӢ!
Шумо ҳанўз аз даврони мактабхонӣ ба адабиёт ишқу алоқаи зиёд доштед ва чакидаҳои нахустини қаламатон ҳамон айём дар маҷаллаи «Машъал» нашр мешуданд. Муҳаббататон ба шеър баъд аз донишҷўи факултаи филологияи Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон (Донишгоҳи миллӣ) шуданатон афзунтар гашту доираи огоҳи- ятон аз назокатҳои он густариш ёфт. Баъди хатми донишгоҳ дар рўзномаи «Маориф ва маданият», ки он замон арсаи ҷавлони қаламкашони асил ва минбари баланди суханварон ба шумор мерафт, ба мухбирӣ пардохтед. Сипас як муддат коргузори Бюрои тарғиби адабиёти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будед ва ворид шуданатон ба доираи адибон боиси пешрафту такомули эҷодии бештаратон гардид. Маҳз дар ҳамон замон, соли 1977 нахустмаҷмўаи шеърҳои Шумо – «Барги сабз» бо ҳидоят ва сарсухани шоири маъруфи давр, тарбиятгари адибони ҷавон устод Боқӣ Раҳимзода ба нашр расид ва аз сўи суханшиносону хонандагон баҳои хуб гирифт.
Аз нахустин шеърҳои Шумо муносибати ҷиддиятон ба вожаҳо, ба забони зиндаи халқ, расму таомулҳои мардумӣ ва тасвири манзараҳои зиндаи ҳаётӣ ошкор буд ва бо мурури замон ин ҷиҳатҳоро дар ашъори худ тақвият бахшидед.
Бо таъсис ёфтани ҳафтаномаи «Адабиёт ва санъат» ба ин даргоҳ ба кор омадед ва дар беҳбуду густариш ёфтани фаъолияти ин нашрия саҳми равшан гузоштед. Аз соли 1989 то 2002 мушовири Бахши назми Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон будед ва дар ин мақом низ корҳои шоёнеро анҷом додед ва шоирони ҷавони зиёдеро зери боли ғамхорӣ гирифтеду раҳнамоӣ кардед.
Фаъолиятатон аз соли 2002 то 2018 ҳамчун котиби масъул дар Кумитаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ чашмрасу пурбор буд.
Шумо дар офариниши шеър аз ҷавонӣ услуби хоси худро пайдо кардед ва аз паймудани роҳи тайкардаи дигарон парҳез намудед. Корбурди калимоти нодири гуфтугўӣ, то ҳадди имкон парҳез кардан аз вожаҳои куҳнаву қадимиву муарраб, тамоил ба расму анъанаҳои мардумӣ ва тасвири ҳунармандонаи фазову ҳолатҳои мушаххас аз махсусиятҳои услубатон мебо- шанд, ки дар китобҳоятон «Ситораи рўз» (1982), «Лолаи оташ» (1984), «Сарнавишт» (1988), «Меҳроб» (1991), «Ҳафтранг» (2002), «Садои хомўшӣ» (2006), «Ситораборон» (2011), «Чилчароғ» (2011), «Ширмаҳтоб» (2012), «Ширинкома» (2012), «Шилшила» (2013), «Дида ба дида» (2014), «Замзама» (2017), «Ситораи раҳнамо» (2019), «Лангар» (2021) ва ғайра равшан намудоранд. Барои кўдакон низ шеърҳои хубу хотирмони зиёд гуфтед, ки зери як муқова фароҳам омада- анд. Ду маҷмўаи ашъоратон – «То боздид, эй Офтоб» ва «Сояи танҳоӣ» бо хатти ниёгон ба табъ расидаанд ва ҳамчунин шеърҳои зиёда- тон ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шуда, пазироии гарму самимона ёфтанд.
Барои китоби «Сарнавишт» (1988) бо ҷоизаи Ҷавонони Тоҷикистон, соли 1993 барои китоби «Меҳроб» бо Ҷоизаи адабии ба номи Мирзо Турсунзода, соли 2000 барои силсилаи дубайтиҳои «Хирмани моҳ» бо Ҷоизаи давлатии ба номи Абўабдуллоҳи Рўдакӣ ва соли 2003 бо унвони Шоири халқии Тоҷикистон қадрдонӣ шуданатон по- доши заҳматҳои шаборўзии Шумо ва гувоҳи маъруфияту маҳбубиятатон мебошанд.
Аз ҳафтод соли умри пурбаракататон бештаринаш сарфи эҷод ва хидмат ба адабиёт шудааст, ки далели садоқатмандии Шумо ба Сухан аст. Ба муносибати ин санаи фархунда ба Шумо тандурустии бардавом ва шодмониву комгории мустадом орзумандем.
РАЁСАТИ ИТТИФОҚИ НАВИСАНДАГОНИ ТОҶИКИСТОН