Ба муносибати Рӯзҳои фарҳанги Қазоқистон дар Тоҷикистон

Тоҷикистону  Қазоқистон

То абад ҳамаҳду ҳампаймон –
Тоҷикистону Қазоқистон,
Ҳамнигоҳу ҳамдилу ҳамҷон –
Тоҷикистону Қазоқистон.

Даштҳои беканори мо
Дар кушодӣ чун дили моянд,
Кӯҳҳои сарбаланди мо
Аз ғурури мо фалаксоянд.

Риштаҳои меҳр пайваста
Ин ду халқи яктануҷонро,
Ҳамраҳи ҳам то абад бошанд
Ду диёри якдили дунё.

Дастгиру ёри ҳамдигар
Дар ҳама давру замон ҳастем,
Дӯстони бовафо будем,
Ҳамдилони бегумон ҳастем.

Худшиносему худогоҳем
Мо, ки Айниву Абай дорем.
По ба ҳар роҳе, ки бигзорем,
Файзи ҳамҷонӣ зи пай дорем.

Зиндагонӣ шуд дигар, аммо,
Олжас ёри Қаноат монд,
Ганҷи умри халқҳои мо
Ҳарфи неки боназокат монд.

Осмону Тенгриро мо
Дар баландӣ асли ҳам донем.
Гарму пурнур аст моро дил –
Дар паноҳи меҳри Яздонем!

То абад ҳамаҳду ҳампаймон –
Тоҷикистону Қазоқистон,
Ҳамнигоҳу ҳамдилу ҳамҷон –
Тоҷикистону Қазоқистон.

Низом Қосим

Улуғбек Есдаулет,
Шоири халқии Қазоқистон

ҚАЗОҚИСТОН

Дар ту дидам қудрати шери жаён,
Зӯрии бабр аст ҳам дар ту аён,
Парчамат дар авҷҳо партавфишон,
Медиҳад партав ба некӯ ахтарон,
Дар суруди булбулонӣ ҷовидон,
Эй Қазоқистон, маро ҷону ҷаҳон!

Чун самандат ку ба даҳри пурниёз,
Сози ту ҷонпарвар асту ҷонгудоз,
Кӯҳсорат дар сукуту сарфароз,
Рӯдҳоят пур зи ганҷу пур зи роз,
Тифлаконат дар канорат кони ноз,
Бе ту ҳеҷам, эй диёри дилнавоз!

Сангҳоят ҳадяи поки Худо,
Ҳар ниҳолу ҳар гиёҳи ту даво,
Чун сурудӣ, қалби покат пурнаво,
Нағмаи волотарини қалби мо,
Метаровад аз ҳама савтат тило,
Эй Қазоқистон, диёри пурзиё!

Нур борад хаймаҳои поки ту,
Лоиқи таъзими ҳар дил хоки ту,
Ку дигар чун хоку чун афлоки ту,
Фахри дилҳо фитрату фитроки ту,
Қатраоби зӯрбахшу поки мо,
Эй умеду орзӯ, афлоки мо,
Аз фалак боло, муқаддас хоки мо!

Пурзиё дар як канорат моҳтоб,
Аз дигар сӯят барояд офтоб,
Ахтари бахтат басо пурнур бод,
Бахтат афзун, боли ту пурзӯр бод,
Дастгират Хизр бодо дар ҷаҳон,
Меҳрбахшоят Худои меҳрубон,
Эй Қазоқистон, умеди ҷовидон!

Тарҷумаи Низом Қосим

Дигар хабарҳо