Ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

 Ба муносибати Рӯзи забони давлатӣ

Гавҳарам тоҷик, маконам тоҷикист,
«Миллатам тоҷик, забонам тоҷикист».
Тоҷикӣ чун лафзи аҳли ҷаннат аст,
Ин ҷаҳону он ҷаҳонам тоҷикист.
Фӯтаи рангинкамонам дар миён,
Ҳам замин, ҳам осмонам тоҷикист.
«Бишнав аз най чун ҳикоят мекунад»:
Мағзи нойи устухонам тоҷикист.
Бар тани ман номи дигар мениҳӣ?
Чун кунӣ ҷонам? Ки ҷонам тоҷикист!
Аз насими Рукнободам шунав:
Бӯйи Ҷӯйи Мӯлиёнам тоҷикист.
Ин дару он дар ҳама дурри дарӣ,
Исфара то Исфаҳонам тоҷикист.
Балху Шерозу Бухорову Ҳисор,
Суғду Вахшу Хутталонам тоҷикист.
Чашмсерам бо Самарқанди чу қанд,
Қурси хуршедии нонам тоҷикист.
Асли тоҷик одамият будааст,
Одамиятро нишонам тоҷикист.
Тоҷикӣ дар хоб ҳам гӯям сухан,
Баски дар рӯҳи равонам тоҷикист.
Ҷӯйборонанд бо ман ҳамзабон,
Шарфаи оби равонам тоҷикист.
Ҳамзабони ман бувад кабки дарӣ,
Мисли ӯ сабки баёнам тоҷикист.
Бе парасту нест сақфи хонаам,
Лафзи мурғи ошёнам тоҷикист.
Достони ростон «Шаҳнома»-ам,
Паҳлавии паҳлавонам тоҷикист.
Истода ҳамчу Кохи садсутун,
Пайкари Боми Ҷаҳонам тоҷикист.
Будаму бошам ҳамон ки будаам,
Ҷовидона ҷовидонам тоҷикист.

Рустам Ваҳҳобзода

Дигар хабарҳо