Ба луъбатбоз бингар, к-аз паси чодар кунад бозӣ
Театрҳои ҷумҳурӣ ба мавсими нави худ оғоз бахшиданд. Агар қисме аз дастаҳои ҳунарӣ мавсими театриро бо намоишҳои хуби худ сар карда бошанд, қисми дигар ба ин чорабинии муҳим дер боз тайёрӣ дида, онро бо намоишҳои нав пешвоз гирифтанд. Ин мавсим, махсусан барои театрҳои лӯхтаки шаҳрҳои Душанбе ва Бӯстон, хеле фараҳбахш аст. Театри лӯхтаки Бӯстон ба номи Абдувалӣ Мақсудов 75-солагӣ ва Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтаки шаҳри Душанбе 40-солагии фаъолияти эҷодии хешро ҷашн мегиранд.
Лӯхтак дар фарҳангу ҳунари тоҷик падидаи хосест. Он дар худ таҷрибаҳои иҷтимоӣ ва фарҳангии мардуми тоҷикро таҷассум намудааст. Роҳи дуру дарозеро лӯхтак аз навъи бозичаи бачагона то армуғон ва маснуоти муаллифӣ, аз сеҳр ва асотир то ба тамошои мардумӣ, аз ҳунари анъанавӣ то бути тасаввуфӣ, аз жанри ҳунарӣ то театри касбӣ тай намуда, ба ҳамин минвол зоча мазмуни муайяни иҷтимоӣ ва мақоми хоси бадеиро низ пайдо кард. То замони мо афсонаҳои зиёде боқӣ мондаанд, ки дар онҳо чӣ гуна аз лӯхтак одам сохтан ва ба одамон дар мушкилоташон кумак расондани зочаҳо сухан меравад. Барои одамони даврони қадим ва қадимтарин лӯхтакҳо аввалин кӯшиши донистани табиати хислати худ, ҷиҳатҳои маънавӣ ва ҷисмонии инсон будаанд. Батадриҷ маъно ва шаклу сохти лӯхтакҳо тағйир хӯрда, ороишот – расму хатту холҳо дигар шуда, ба онҳо имкони нави бозиро фароҳам меоранд. Ба андешаи ҳунаршиносу мардумшиноси шинохтаи тоҷик Лариса Додхудоева: «Дар оилаҳои тоҷик то имрӯз таваҷҷуҳ ба рамзҳои «фолклор», аз қабили лӯхтакҳо, аз байн нарафтааст. Лӯхтакҳои тоҷикӣ аз гил, чӯб, матоъ, ришта, коғаз, чӯб ва марворид сохта шуда, ба якчанд намуд ҷудо мешаванд: расмӣ, муҳофизатӣ, театрӣ, армуғон ва бозичаҳо».
Соли 1938 дар шаҳри Душанбе аввалин театри лӯхтак ташкил шуд. Усули асосии лӯхтакбозонро омезиши анъанаҳои милливу театри аврупоӣ ташкил медод. Бо сабабҳои мухталиф ва ба гумони банда аҳамияти ҷиддӣ надодан ба ҳунари миллӣ, театри лӯхтак гоҳе баста мешуду гоҳ ба шаҳрҳои дигари кишвар мекӯчид. Ҳамин тавр, дар соли 1950 чунин сохтор дар шаҳри Хуҷанд (он замон Ленинобод) низ пайдо гашт. Баъдан, аз ҷониби актёрҳои Театри драмаи русӣ К. Позняк ва В. Харкевич чунин як театр дар шаҳри Бӯстон (дар он замон шаҳри Чкаловск) таъсис ёфт. Онҳо дар бозори «Панҷшанбе» лӯхтаксоз Сафар Ниёзовро пайдо карданд, ки аз соли 1963 дар шаҳру навоҳии водии Фарғона сайр карда, дар бораи театри суннатии зочабозӣ тасаввуроти комил дошт. Ҳунармандон аз С. Ниёзов дар бораи сужа ва сохтори лӯхтакҳову тарзи намоишҳои онҳо маълумоти пурра гирифтанд. Соли 1967 ӯ ба ҳайати Театр шомил шуд. Намоишҳои ин дастаи ҳунарӣ бо забонҳои тоҷикӣ ва русӣ ташкил мешаванд. Театри мазкур соли 1971 ба узвияти Иттиҳодияи ҷаҳонии театрҳои лӯхтак (УНИМА) пазируфта шуд. Давоми фаъолияти эҷодии хеш Театр зиёда аз 250 намоишро рӯйи саҳна оварда, табъи ҳазорон тамошогари наврасро шод намудааст.
Соли 1985 дар пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ҳам, Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак таъсис дода шуд. Дар асл, корҳои тайёрӣ хеле барвақт, соли 1984 сурат гирифта, мавсими нахустини ҳунарии худро лӯхтакбозони шаҳри Душанбе 7-уми сентябри соли 1985 оғоз намуданд. Мавсими 40-уми театрии худро дастаи мазкур бо тайёрии ҷиддӣ, дар ҳалқаи дӯстону ҳамкорон ва дар фазои хосу тантанавӣ оғоз кард.
Аммо дар соли 1984 дар ҷумҳурӣ мутахассисони лӯхтакбоз набуданд. Биноан, дар Вазорати фарҳанг ба чунин хулоса омаданд, ки аз Маскав мутахассиси варзидаи соҳа В. Тихомировро даъват намоянд. Ҳамвора сохтмони бинои Театр низ оғоз ёфт. Таҳиягари ҷавону боистедод Зафар Ҷаводов ба кори театри лӯхтак ҷалб шуда, муваззаф гардид, ки дастаи ҳунариро созмон диҳад. Барои ҳамкорӣ бо ҳамтоёни тоҷик ва омӯзондани асосҳои лӯхтакбозӣ ҳунарпешаи Театри лӯхтаки ба номи Сергей Образсови Москва Виктория Смирнова даъват шуд. Дар ин кор таҷрибаи яке аз лӯхтакбозони нахустини ҷумҳурӣ Александр Сергеевич Якобсонов низ кумак расонд. Александ Сергеевич чандин сол боз дар Қасри пионерон маҳфили «Лӯхтакбозони ҷавон»-ро сарварӣ мекард. Дар ин маҳфил бачаҳои зиёде ҷамъ омада, бо шавқ ҳунари зочабозиро меомӯхтанд. Аъзои маҳфил бо намоишҳои таҳиякардаи хеш ба ноҳияҳои марказ сафарҳои ҳунарӣ низ анҷом медоданд. Александр Тсарёв яке аз устодони дигари ин маҳфил буд, ки шогирдонашон ба кори театр ҷалб шуданд.
Ҳунармандони ҷавоне, ки дар театрҳои драмавию мусиқӣ ва кино фаъолият доштанд, бо шавқи хосе ба кор шуруъ намуданд. Имрӯз мо исми ҳунарпешагон Александр Крестяинов, Михаил Одинтсов, Александр ва Дмитрий Якобсоновҳо, Усмон Давронов, Бобоалӣ Салимов, Ибодулло Машраб, Маҳинбону Ҳасанова, Иззатулло Сафаров, Исфандиёр Ғуломов, Убайдуллоҳи Каромат, Неля Узоқова, Саидаброр Назаров, Абдурофеъ Бузруков, Гулбегим Зоолшоева, Ситора Муҳаммадҷонова, Азиз Рӯзиев, Раҷабалӣ Тошев, Шамъигул Саидова, Наргис Розиқзода, Ҳотам Салимов, Зебунисо Муродова, Геран Одинаева, Искандар Бухориев, Гулнисо Сайдалиеа, Умедҷон Солеҳов ва дигаронро бо хушнудӣ ба забон меорем. Саҳми онҳо дар рушди ин навъи ҳунар хеле бузург аст. Онҳо бо саъю кӯшиши Зафар Ҷаводов ва Виктория Смирнова нозукиҳои санъати лӯхтакбозиро аз худ намуда, намоиши «Саргузашти Нанук»-и Шамсӣ Қиёмовро ба саҳна гузоштанд. Дар таҳияи намоиш, ҳамчунин, рассом Александр Гейвандов ва оҳангсоз Қудратулло Яҳёев саҳм гузоштанд. Лӯхтакҳоро рассоми шинохта Александр Якобсонов омода намуд. Пасон намоишҳои дигаре чун «Табассуми масхарабоз»-и Е. Чаповетский (коргардон З. Ҷаводов, рассом А. Гейвандов ва оҳангсоз Пӯлод Пӯлодов) рӯйи саҳна омаданд. Дар муддати чил сол Театр зиёда аз 120 намоишро таҳия кардааст.
Таърихи Театри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак иртиботи мустақим бо номи саркоргардони нахустини он Зафар Ҷаводов дорад. Ранги вижаи мавқеияту равишҳои ҳунарӣ ва тамсилии ӯ дар таҳияҳое, ки бар саҳнаи ин Театр анҷом додааст, намоён мегардад. Асарҳои «Офтобак, Моҳтобак ва Хурӯсак»-и Ш. Қиёмов, «Чӯҷаи заррин»-и В. Орлов, «Кӯзаи гӯё»-и А. Абубакр, «Даҳ шоҳзода»-и Н. Гусева ва С. Потабенко, «Ҳасанак алфасанак»-и Н. Бақозода, «Бахтинур ва заркокул»-и Ҳ. Нуров ва «Полвонкачал»-и Б. Салимов аз ин зумраанд.
Иззатулло Сафарзода аз ҷумлаи актёрони Театри мазкур аст, ки бо касби огоҳиву таҷриба дар ҳирфаи сангини коргардонӣ, дар муддати кӯтоҳ намоишҳои арзишмандеро ироа намуд. Дар ин роҳ Г. Одинаева, И. Бухориев, Ҳ. Салимов ва Ю. Москалевич ҳам тавфиқ ёфтанд. Сабки офаринандагии Мунира Зоирова фардӣ ва хос аст. Намоиши «Офтобак ва одамони барфӣ»-и А. Веселовро ӯ бо диди нав таҳия кардааст.
Шоистаи зикр аст, ки бархурдорӣ аз заминаи асили равоншинохтӣ, самимият ва эҳсоси зиндаи ҳунарӣ хоси ҳамаи ҳунармандони Театри лӯхтак мебошад. Назари иҷмолӣ ба фаъолияти актёрии Маҳинбону Ҳасанова нишон медиҳад, ки ӯ ҳунари таҷассум ва вуруд дар моҳияти образи қаҳрамонро бо техникаи хуби лӯхтакбозӣ ба хубӣ фаро гирифтааст. Вусъати дидгоҳи ҳунарӣ шохиси аслии нақшҳои офаридаи ӯ буда, дар маҷмуъ, натанҳо бар ҳусни корномаи ӯ, балки бар доираи дастовардҳои бадеии барномаи Театри лӯхтак афзудааст. Офаридани образҳои бунёдӣ аз вижагиҳои фаъолияти ҳунарии Абдурофеъ Бузруков, Гулбегим Зоолшоева, Ҳотам Салимов, Зебунисо Муродова, Геран Одинаева, Сироҷиддин Ашуров, Муҳаммадсолеҳ Шарифов, Собир Акрамов, Гулнисо Сайдалиева ва Ситора Ашурова низ ба шумор меояд.
Тули солҳои охир дар Театри лӯхтак таҷрибаву суннатҳои наслҳои пешинро ҷавонони соҳибистеъдод ҳифз намудаву идома мебахшанд. Дар мавқеиятҳои аслӣ ҳунармандоне аз зумраи Бобоҷон Сатторов, Дурахшон Шеров, Шоҳрух Раҳимов, Некбахт Бухориев, Мусалмон Сафаров, Фаридун Мастонов, Нурия Наврӯзова, Вайсиддин Сатторов нақш меофаранд.
Дар Театри лӯхтак кори рассом аз ҳар навъи дигари ҳунар дида бештар ба чашм мехӯрад. Дар ин навъи ҳунар бояд рассом натанҳо зочаҳои зебо бисозад, балки механизми ба ҳаракат даровардани онҳоро низ бояд хуб бидонад. Солҳои мухталиф ороиши намоишҳо ва лӯхтаксозиро дар ин Театр мусаввирону пироишгарони беҳтарини ҷумҳурӣ, аз ҷумла А. Якобсонов ва А. Гейвандов анҷом додаанд. Дар офаридаҳои онҳо сабку чашмандозҳои гуногун қобили мушоҳида аст. Ин масир тамошогарони ҷавонро аз олами асл то ба сайри олами маҷоз ва забони рамзу механизмҳои сеҳрангези мутаҳаррик мебарад. Пасон мусаввирони дигар, ба мисли Б. Серебровский, В. Виноградов, В. Фёдоров, М. Раков, В. Борисов, Т. Саидов хатти нигориши махсуси саҳна ва тимсолгунаи ин олами муъҷизавиро идома бахшиданд. Имрӯзҳо мо мушоҳида менамоем, ки насли ҷавони таҳиягарону тасвиргарон низ тамоюлҳои нави ҳунариро табъозмоӣ намуда истодаанд.
Солҳои мухталиф бо ин Театр ҳунармандони шинохтаи тоҷик Ибодулло Машраб, Давлат Убайдуллозода, Убайдуллоҳи Каромат, Исфандиёр Ғуломов ва Абдулмуъмин Шарифӣ ҳамкорӣ доштанд. Барои намоишҳои онҳо композиторони маъруф Қ. Яҳёев, А. Мӯсоев, П. Пӯлодов, Г. Арабов, В. Шликов, В. Борисов, К. Тушенко, А. Латифзода оҳанг бастаанд.
Бо иқдоми театр беш аз 15 сол мешавад, ки дар шаҳри Душанбе Ҷашнвораи байналмилалии театрҳои лӯхтаки «Чодари хаёл» баргузор мегардад. Бо шарофати ташрифи театрҳои лӯхтаки кишварҳои гуногуни дунё ба кишварамон ва ҳамкориҳои пурсамари ин дастаи ҳунарӣ бо ҳамтоёни хориҷиашон, он миёни лӯхтакбозони ҷаҳон мақоми хосса дарёфт кардааст. Қобили зикр аст, ки дар навбати хеш, Театр комёбии саҳнавиашро ба тамошогарони хурдсоли кишварҳои Фаронса, Швейтсария, Италия, Испания, Эрон, Покистон, Россия, Муғулистон, Қазоқистон, Беларус, Ӯзбекистон, Туркманистон ва Қирғизистон намоиш дода, Тоҷикистонро ба таври шоиста муаррифӣ кардааст.
Театри давлатии лӯхтак дар эҳё ва рушди анъанаҳои миллии мо саҳми муҳим гузоштааст. Ҳамчунин, дар Театри мазкур, дар баробари лӯхтакҳои анъанавӣ, шаклҳои комилан нави персонажҳо истифода мешаванд, ки симои онҳо аз бисёр ҷиҳат ба дастовардҳои устодони театри лӯхтаки Россия ва Ғарб вобаста аст. Чеҳраҳои чунин қаҳрамонон то ҷузъиёти хурдтарин нишон дода мешаванд. Либосҳояшон ҳам мувофиқи стандартҳои аврупоӣ ва баъзан тамоюлҳои мӯд дӯхта шудаанд. Ҳамин тариқ, дар театри тоҷик шакли нави лӯхтакҳо пайдо шуданд, ки ба истилоҳ лӯхтакҳои воқеӣ буда, шакл ва намуди мушаххас доранд.
Аз қадим лӯхтакҳои азим ҳамчун ҳунарпеша дар сирк ва сайругаштҳои мардумӣ ширкат меварзиданд. Театри лӯхтак ин анъанаро ҳам инкишоф дод. Айни ҳол ин усул дар чорабиниҳои бузурги давлатӣ (Наврӯз, Меҳргон ва ғайра) истифода мешавад.
Ҳамин тариқ, Татри давлатии ҷумҳуриявии лӯхтак тавонист бо намоишҳои хеш ва дар симои лӯхтакҳояш анъанаҳои қадимӣ ва тасаввуроти мардумро барқарор созад. Дар таҷрибаҳои он суннат ва анъанаҳои миллӣ таҳти таъсири равияҳои нав ва дастовардҳои халқҳои дигар ба таври аҷиб ба ҳам пайвастаанд. Он аз бутҳои марбут ба боварҳои мардум аз унсури бозии кӯдакон ва афсона ба намоишҳои мардумӣ, аз ҳунари анъанавӣ ба театри касбӣ табдил ёфта, дар миёни театрҳои касбии ҷумҳурӣ мақоми хосеро ҳам ба даст овардааст.
Муҳаммадулло ТАБАРӢ,
театршинос