Ба истиқболи Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
ПАЙКИ НАҶОТ БО МОСТ
Имрӯз пар кушода дил дар ҳавои миллат,
Дорад сафои дигар тан аз сафои миллат.
Дар ҷони мост ҷони ин халқи некойин,
Бахту бақои мо шуд бахту бақои миллат.
Наврӯзу Меҳргону ҷашни Сада бақо ёфт,
Олам таронахон аст аз муждаҳои миллат.
Сад қулла фатҳ гардид, сад қуллаест дар пеш,
Фирӯз миллати мост бо Пешвои миллат.
Акнун “ман”-и ту “мо” шуд, дар даҳр дар намо шуд,
Дар мову ту ҳувайдо бошад намои миллат.
Бо халқи некойин, бо Сарвари ватандӯст
Моро ту раҳнамоӣ, рӯҳи раҳои миллат.
Амнияте, ки моро шоистаи ҷаҳон кард,
З-озодаҷонии мост фазли расои миллат.
«Осоиши ду гетӣ» тафсири хайрхоҳист,
Фарҳанги мост рӯйи оламнамои миллат.
То раҳнамои мо шуд созу навои миллат
Пайки наҷот бо мост бо Пешвои миллат.
Бо файзи тоҷу тахтем, шодему шодбахтем
Бо Парчами парафшон андар самои миллат!
ДУШАНБЕ ТАХТИ РУСТАМ ШУД, МУБОРАК!
Душанбе сабзу хуррам шуд, муборак,
Биҳишти рӯйи олам шуд, муборак!
Ҳама ашк аз сари мижгон фурӯ рехт,
Ба барги лола шабнам шуд муборак!
Силаҳ рафту салоҳ омад, хуш омад,
Ҷаҳон покиза аз ғам шуд, муборак!
Душанбе шаҳри ишқу дӯстдорист,
Низоъу ғусса барҳам шуд, муборак!
Бубин, фаввораи оби зулолаш
Шабеҳи оби зам-зам шуд, муборак!
Тамоми доғҳои миллати мо,
Ба шаҳди ишқ марҳам шуд, муборак!
Душанбе, ҳар дари бози ту акнун
Дари уммеди олам шуд, муборак!
Душанбе меҳани Наврӯзу дунёст,
Ҳама наврӯзпарчам шуд, муборак!
Ба юмни Пешвом миллати мо
Душанбе тахти Рустам шуд, муборак
ДУШАНБЕ, ТОҶИКИСТОН, САРВАРИ МО
Ба истиқболи ифтитоҳи муҷассамаи Истиқлол — рамзи тоҷи заррини миллати тоҷик
Фари нав рехт бар бому дари мо,
Мунаввар шуд фурӯғи бовари мо!
Худоё, бегазанду ҷовидон бод
Душанбе, Тоҷикистон, Сарвари мо!
Ба рӯву ранги беҳамтои дигар
Ҳама гетинамо дар ҳолаи зар,
Дурахшон шуд фари пирӯзии мо,
Фурӯғи миллату эҳсони кишвар!
Ҳама акси худафрӯзии Меҳан,
Намои хайру беҳрӯзии Меҳан.
Ҳама иҷлоли ишқу меҳри кишвар,
Ҳама пайғоми пирӯзии Меҳан!
Фари нав рехт бар бому дари мо,
Мунаввар шуд фурӯғи бовари мо!
Худоё, бегазанду ҷовидон бод
Душанбе, Тоҷикистон, Сарвари мо!
Заминаш махзани меҳр асту роз аст,
Диёри сулҳу амну ишқу роз аст!
Сиришти неку табъи хайрхоҳаш,
Ба минӯи муҳаббат сарфароз аст!
Намои тоза дорад Тоҷикистон,
Сафои тоза дорад Тоҷикистон.
Ба меҳри Меҳргону фарри Наврӯз
Ба даҳр овоза дорад Тоҷикистон!
Фари нав рехт бар бому дари мо,
Мунаввар шуд фурӯғи бовари мо!
Худоё, бегазанду ҷовидон бод
Душанбе, Тоҷикистон, Сарвари мо!
Ватан огандаи ҳусну ҷалол аст,
Ба хонаш накҳати нони ҳалол аст,
Барои ташнакомони ҳама даҳр
Шабеҳи косаи оби зулол аст.
Фари нав рехт бар бому дари мо,
Мунаввар шуд фурӯғи бовари мо!
Худоё, бегазанду ҷовидон бод
Душанбе, Тоҷикистон, Сарвари мо!
САМАНДИ ПЕШВО
Дар ҳошияи акси Пешво бо аспи сафедмушкинаш
Саманди вақт ёлафшон ба сад маҳмез меояд,
Чунин дилкаш, чунин зебо, чунин хушрез меояд.
Расад аз ҷодаи таърих аспи шаҳсавори мо,
Шукуфад раҳ ба раҳ аз гомҳояш рӯзгори мо.
Саропо ӯ худаш нур асту аспаш ғарқаи нур аст,
Сафеду покрӯ ояд, паёми равшани сур аст.
Савор аст ӯ, савор аст ӯ, савори эътибор аст ӯ,
Саодатовари миллат, сафобахши диёр аст ӯ.
Саманди ӯ саманди ишқу бахти лоязолӣ аст,
Гувоҳи тинати рӯшан, сиришти лоуболӣ аст.
Савори асп чун ӯ аз канори ҷодаҳо ояд,
Саропо файзи ободӣ, ба рӯ нури Худо ояд.
Гузашт аз кӯраи оташ Сиёвушвор беосеб,
Ба назди дӯсту душман ба нангу ор беосеб.
Аз ӯ оташ фурӯзон шуд, аз ӯ душман гурезон шуд,
Сиришти неки халқаш дар намои ӯ намоён шуд.
Савори ҷоннисори эътимоди миллати хеш аст,
Савори аспи шаъни хеш ӯ аз дигарон пеш аст.
Савори ҷерани бахти сафеди кишвари мо ӯст,
Ҳамеша дар сари зини умеду бовари мо ӯст.
Худо ӯро ба поси миллату меҳан ба мо додаст,
Чӣ гӯям, ин савори мо худогоҳу Худодод аст.
Вай аз умқи дили мардум баромад бо дили рӯшан,
Худояш офарид аз обу хоку бовари Меҳан.
Савори аспи испед асту чашмаш ҷониби фардост,
Ба чашмаш субҳи пирӯзии фардои Ватан пайдост.
Камол НАСРУЛЛО



