Баҳманёр. Чашмаи ният (ҳикоя)
Рахши вақт чоргома метохт. Табиат нобуд мекарду месохт. Зиндагӣ ато мекарду марг бозпас мехост. Тақдир оҳанги тасодуф менавохт ва бо ин тасниф инсонро ба вартаи иштибоҳ меандохт, дар кӯраи имтиҳон мегудохт, ки аз он одам гоҳе мебурду гоҳе мебохт. Ва инак қиссаи як тасодуф.
Дар Гулдара чашмае ҳаст Ният ном.
Агар кас ҳоҷате дошта бошад, агар кас талабгори чизе бошад, агар кас дардеро шифо хоҳад, …кофист, ки дар дил сахт ният кунад, пайсае, овезае, дастпонае, гӯшворае… хуллас, чизаке ҳиммат кунад, баъд оби чашмаро нӯшида, рози дили худро ба чашма ҳикоят кунад, ҳароина ба мурод мерасад рӯзе пас, моҳе пас, соле пас.
Зани нозое лаби ин чашма меояд, як каф об менӯшаду ба хотир меорад, ки чизе бо худ нагирифтааст: пайса дар ҷайб, гӯшвора дар гӯш, овеза дар гардану дастпона дар даст надоштааст. Як гесӯи дарози худро бурида, ба об афкандааст. Он шаб зани астарван бо шавҳараш мехобаду обистан мешавад.
Боз ҳикоят мекунанд, ки нобиное бо асокаш ин чашмаро меҷӯяду меёбад, як каф об менӯшаду нидо мекунад: «Худоё, то ба чашмонам набинам, бовар намекунам!» Мегӯянд, ки дар як турфатулайн чашмонаш бино шудаанд.
Ҳамин гуна ҳикоятҳост дар бораи ин чашма.
Аммо ҳикояти гуфтанӣ ва шуниданӣ ин аст.
Дар Сармаддеҳ пирмарде буд пири пир, чунон пир, ки девори оташкадаи аз дақёнус монда назар ба ӯ садди сикандариро мемонд. Мегуфтанд, ки пирмард сад сол дорад, мегуфтанд, ки пирмард ҳазор сол дорад, мегуфтанд, ки пирмард сад ҳазор сол дорад.
Хулласи калом, касе намедонист, ки ӯ чандсола аст. Пирмарди садсолаи деҳ бобои Шер мегуфт, ки ӯ айёми ҷавонии худ ин пирро пир дида буд.
Вай аксар вақт рӯи боми хонааш менишаст. Менишасту ба роҳ менигарист, ба роҳе, ки гоҳе раванда дошту гоҳе надошт, ба роҳе, ки вай дар он роҳгузарҳои зиёдеро дидаасту шахси дилхоҳро надидааст.
Мӯйсафед рӯи бом менишаст, сар ба зону ниҳода, чашм ба роҳ дӯхта, ба андеша фурӯ рафта. Гӯё кадом як симоеро ба хотир овардан мехост, гӯё кадом як ношиносеро шинохтан мехост, гӯё гумҷӯӣ мекард пирамарду гумшударо намеёфт.
Аммо рӯзҳо мегузаштанд, моҳҳо мегузаштанд, солҳо мегузаштанд: пайдо намекард, шинохта наметавонист, ба ёд намеовард.
Барфҳои қуллаҳо об мешуданд, сел мешуданд. Кафкрӯд медамид, пулҳои ларзонро шуста мебурд. Сур мешуд дар деҳ, сӯг мешуд дар деҳ: яке мерафт, дигаре меомад. Деҳ дигаргун мешуд: кӯҳна вайрону нав бунёд.
Аммо мӯйсафед буду як гӯшаи бом. Бомгӯшае буду мӯйсафед.
Ҳикоят мекунанд, ки дар наврасӣ духтареро дида, сахт ошиқ шуд. Чунон ошиқ шуд, ки бехуду беёд мегашт, ба ҳар дучоромада менигарист: ӯ бошад-набошад.
Шахсеро меҷуст, ки як лаҳза гӯё даричаи ғайбро бикушоду биҳиштро ба ӯ намуд. Кош наменамуд!
Вай он биҳиштро бори дигар дидан мехост.
Ақаллан бо як гӯшаи чашм. Як дид, чунон ки дида буд. Дар лаби дарё духтари дарёро.
Вай баумед соҳили дарё меомад.
Гӯшаеро камин карда, интизор мешуд. Афтад, ки боз ояд, афтад, ки чунин воқеъ шаваду вайро бубинад. Вай дар соҳил духтарро пайдо намекард, ба деҳ меомад, ба рӯи мардум баумед чашм медӯхт ва ноумед мегашт.
Ноумедӣ бар вай асар мекард – ҳар дам бештар то ба ҷунун мебурд, ки шабҳо баромада, дар кӯҳу пуштаҳо мегашт, бо худу бо ситорагон ҳарф мезад.
Он гоҳ мардуми деҳ хостанд ӯро аз ин ҷунун раҳо созанду дили нобинои ӯро бино. Хостанд дили сардгаштаи ӯро бо сухан гарм кунанд, сари шӯридаи ӯро бо оқилае ҷуфт, ӯ сар нафуровард. Худро канор гирифт. Ӯро ба ҳолаш монданд. Кунун ӯро сархаму маҳзун медиданд, дар як гӯшаи бом нишаста, ба ояндаву раванда чашм дӯхта.
Мардум низ ба ин одат карданд.
Ин ҳолат то замоне давом дошт, ки қиссаи зани нозо дар деҳ овоза шуд, зиёратгарони чашма як бар даҳ афзуд. Ӯ ҳам дар радаи дигарон лаби чашма омад. Ҳар чӣ дороӣ дошт, ҳар чӣ падар мерос гузошт, фурӯхту зар гирифт. Як каф аз оби чашма нӯшиду зар ба об афканд ва нияти дилашро гуфт: ё ӯро ба ман расон, ё маро ба ӯ! Баъд ба умеди муъҷизае интизор шуд. Хеле интизор шуд, муъҷизае набуд. Ба хаёле, ки муъҷиза дар деҳ аст, ба деҳ омад.
Аммо деҳ чун қадима барҷо буд, хона чун дафина маргҷо буд. Боз ӯ сад сол пир шуд. Замину замон дар назараш монанди қир шуд. Боз мӯйсафед буду як гӯшаи бом, бомгӯшае буду мӯйсафед.
* * *
Рахши вақт чоргома метохт. Табиат нобуд мекарду месохт. Зиндагӣ ато мекарду марг бозпас мехост. Тақдир оҳанги тасодуф менавохт ва бо ин тасниф инсонро ба вартаи иштибоҳ меандохт, дар кӯраи имтиҳон мегудохт, ки аз он одам гоҳе мебурду гоҳе мебохт.
Аммо пирмард гӯё аз итоати вақту фазо берун буд.
Қонуни гардун ба мулки руҳонии ӯ панҷа намекашид, селоби вақт ба кохи зарандуди умедаш намедавид.
Ӯ рӯи боми хонааш менишасту ба роҳ менигарист: афтад, ки бигзарад… афтад, ки бигзарад…
Роҳ гоҳ серодам буду гоҳ беодам.
Пирмардро гоҳе чунин менамуд, ки мебинад. Духтареро, ки ҷустуҷӯ мекунад, мебинад.
Аммо он ҷуз сароби хаёл чизе набуд.
Сароби дидори аввалину охирин дар лаби дарё, дар миёни ангато. Духтари нав аз об баромадаро мебинад, ки қатраҳо ба рӯи пӯсти булӯринаш ҷило медиҳанд, чашмро мебаранд.
Духтареро мебинад, ки дар хилватгоҳе дур аз диди мардум оббозӣ кардааст ва ҳоло як лаҳза тан ба офтоб додааст.
Духтареро мебинад, ки баногоҳ вуҷуди ҷавони волаву шайдо ва боз даҳанво ба худ меорад, аз шарму ҳаё чӣ кор карданашро намедонад.
Ҷавон гунгу кар аст, ҷаҳон гунгу кар аст.
Духтареро мебинад, ки бехуд як даст рӯи сина, як даст рӯи ноф бурдааст, баъд ба худ омада, хешро байни газназор гирифтааст.
Ҷавон ҳанӯз ҳам ба худ намеояд, аз пайкари булӯрин чашм намеканад.
Газназор духтари дикак нишастаро танҳо то гулӯ пинҳон медорад. Аз сӯзиши газна сиришки сӯзон ба рухи он моҳи тобон мешорад.
Ҷавон ба худ меояд, пас гашта, ба сӯи деҳ метозад. Метозаду пеши назараш пайкари булӯринро мебинад, ки қатраҳои рӯи пӯсташ ҷило медиҳанд, чашмро мебаранд.
Пас аз ин воқеа вай духтарро хеле ҷуст, валекин пайдо накард. Гумон бурд, меҳмоне буду рафт, деҳоти атроф бигашт, дастёб нагашт. Гӯё духтар парии обие буду дар об рафта буд.
Мӯйсафед рӯи бом менишаст ва ба роҳе менигарист, ки бояд рӯзе не, рӯзе духтаре онро мегузашт. Роҳ гоҳ серодам буду гоҳ беодам.
Барфҳои қуллаҳо об мешуданд, сел мешуданд. Кафкрӯд медамид, пулҳои ларзонро шуста мебурд. Сур мешуд дар деҳ, сӯг мешуд дар деҳ: яке мерафт, дигаре меомад. Деҳ дигаргун мешуд: кӯҳна вайрону нав бунёд.
Аммо мӯйсафед буду як гӯшаи бом. Бомгӯшае буду мӯйсафед.
Сурати ҳол чунин буд, то он даме ки пас аз қиссаи зани нозо ҳикояти марди нобино дар деҳ овоза шуд, зиёратгарони чашма як бар даҳ афзуд, ӯ ҳам дар радаи дигарон лаби чашма омад. Моле надошт, ягона сарпаноҳи худро фурӯхту зар гирифт. Як каф аз оби чашма нӯшиду зар ба об афканд ва нияти дилашро гуфт: ё ӯро ба ман расон, ё маро ба ӯ! Баъд ба умеди муъҷизае интизор шуд. Хеле интизор шуд, муъҷиза набуд. Ба хаёле, ки муъҷиза дар деҳ аст, ба деҳ омад.
Аммо деҳ чун қадима барҷо буд, хона чун дафина маргҷо буд ва дар гӯшаи он дигар барояш ҷо набуд. Боз ӯ сад сол пир шуд. Замину замон дар назараш ҳамранги қир шуд.
Кӯлборе ба пушт гирифту деҳро тарк гуфт.
* * *
Рахши вақт чоргома метохт. Табиат нобуд мекарду месохт. Зиндагӣ ато мекарду марг бозпас мехост. Тақдир оҳанги тасодуф менавохт ва бо ин тасниф инсонро ба вартаи иштибоҳ меандохт, дар кӯраи имтиҳон мегудохт, ки аз он одам гоҳе мебурду гоҳе мебохт.
Аммо мӯйсафед гӯё аз итоати вақту фазо берун буд.
Қонуни гардун ба мулки руҳонии ӯ панҷа намекашид, селоби вақт ба кохи зарандуди умедаш намедавид.
Мӯйсафед деҳ ба деҳ, шаҳр ба шаҳр мегашт. Ағбаҳои имтиҳонро мегузашт, тафси офтобро дар биёбони ҳиҷрон мебардошт, парвои дашти саргардониро надошт. Дар баҳри умедворӣ шино мекард. Роҳи мақсудро бо қадам месипарид.
Он қадар раҳ сипарид, ки охируламр боз ба деҳи худ расид.
Ҳамдеҳагон кайҳо ба ҳаққи ӯ дуову фотиҳа хонда буданд, ӯро дида, шигифт доштанд, ки зинда асту ҳанӯз ҳам ҷунун дар рухаш асар дорад.
Аммо онҳо ӯро чунон пазира карданд, ки интизораш буданд ва дастҷамъӣ барояш хона сохтанд.
Боз мӯйсафед буду як гӯшаи бом. Бомгӯшае буду мӯйсафед.
Рӯи боми хонааш менишасту ба роҳ менигарист: афтад, ки бигзарад… афтад, ки бигзарад…
Сурати ҳол чунин буд, то он вақте ки пирмард гашт заифу нотавон, бо гӯшҳои гарон, бо чашмҳои хираву обравон, хулоса, марг ба бурдани ҷон ҳозиру нигарон.
Вай инро эҳсос кард. Аз ҳамдеҳагон якеро хостгор шуд, то ӯро ба назди Чашмаи Ният барад. Ҷавонмарде ӯро ба маркаб шинонду то ба макони мақсуд ёвар шуд. Ин дафъа мӯйсафед чизе надошт, ки бо худ гирад. Ҳароина дар бораи чиз ҳам фаромӯш карда буд.
Пирмард аз чашмаи ҷӯшон бо дастони ларзон як каф об гирифт, он қадар зеҳнаш кунд шуда буд, ки калимоти даркор ба ёдаш наомад, бо ҳасрати бисёр кафро ба лаб бурду нӯшид, пас сар бардошту муъҷизае дид.
Рӯ ба рӯи ӯ пиразане меистод, чеҳрааш ожангзада, миёнаш хамида ва баҳораш рафтаву хазонаш расида…