БАҚОЗОДА ҶӮРА

ҶӮРА БАҚОЗОДА 22 сентябри соли 1937 дар шаҳри Самарқанд ба ҷаҳон омадааст.

Соли 1962 факултаи филологияи Донишкадаи давлатии Самарқандро хатм карда, барои идомаи таҳсилу фаъолияти илмӣ ба ИЗА ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (Душанбе) омадааст.

Солҳои 1965-1968 дар аспирантураи Донишкадаи адабиёти ба номи Максим Горкий (Маскав), солҳои 1974-1980 дар курси мунаққидони ҳамин донишкада таҳсил кардааст.

Номзади илми филология (1969).

Баъдан корманди илмии Пажӯҳишгоҳи забон ва адабиёти ба номи Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ (1967-1978), мудири шуъбаи танқиди моҳномаи «Садои Шарқ» (1978-1985), муҳаррири калони илмии Сарредаксияи илмии Энсиклопедияи советии тоҷик (1985-1989), аз соли 1989 то вопасин рӯзҳои умраш устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон будааст.

Асарҳояш аз соли 1963 чоп шудаанд.

Мақолаҳову тақризҳояш, ки ба масъалаҳои умдаи адабиёти тоҷик бахшида шудаанд, дар китобҳои «Падидаҳои тоза» (1974), «Ҷустуҷӯҳои бадеӣ дар насри муосири тоҷик» (1982), «Нависанда ва идеали замон» (1985), «Андеша ва чеҳраҳои адабӣ» (2005), «Абдулҳамид Самад ва инкишофи ҳикоя» (2007), «Гузашти айём ва таҳаввули адабиёт» (2009) ва ғ. гирд омадаанд.

Мақолаҳои пурарзиши ӯ «Дунё ба умед» («АС», 1985, 25 апрел), «Қиёми шеър» («АС», 1992, 2 апрел), «Ҳаёти ҷовидон андар ситез аст» («Садои Шарқ», 1988, №6), «Осори устод Сотим Улуғзода аз нигоҳи хонанда» (дар маҷ.

«Ҷустуҷӯҳои адабӣ», 1966) ва ғ. ҳукми рисолаи мукаммалеро доранд.

Осори алоҳидаи А.Чехов, В.Яковенко, Н.Байрамовро ба тоҷикӣ гардондааст.

Бо Ифтихорномаи Ҳукумати Тоҷикистон сарфароз гардонда шудааст.

Корманди шоистаи Тоҷикистон (1998).

Аз соли 1974 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

28 апрели соли 2012 аз олам даргузашт.

Дигар хабарҳо