Бар шиша гуворост таровидани борон

 Бар шиша гуворост таровидани борон

Яке аз вежагиҳои назарраси ашъори Файзи Ашӯр дар китоби «Хатҳои бехато», ки чанде пеш чоп шуд, корбурди вожаҳо ва ибораҳову таркибҳои халқӣ мебошад, ки дар за­бони муҳовара ё рӯзмарра забонза­ди хосу оманд. Маҳз ҳамин хусусияти забонӣ ашъори шоирро як навъ рӯҳи­яи хоси мардумӣ ато карда, муҷиби шевоии сухан гардидааст. Аз муто­лиаи ашъори Файзи Ашӯр маълум мегардад, ки ӯ ба забони зиндаи халқ таваҷҷуҳ ва эҳтироми хоса до­штааст. Ҳамин аст, ки дар шеърҳояш вожаҳову ибораҳои халқие амсоли парсинг, хуни ноф, чорғовак, па­чақ, пешпуртак, ҷуд, зуқ-зуқ, фан­дхӯрда, кампир, лабпарон, шӯрбо, раҳгардон шудан, шӯша бастан, сангу шағал ва монанди инҳоро вомехӯрем, ки шоир ҷиҳати тасвиру тарсими мазомини мухайяли хеш аз онҳо суд ҷустааст. Нақши вожаҳову ибораҳои халқӣ дар тазйини каломи шоир барҷаста буда, ҳатто дар баъзе маворид вуҷуду иштироки онҳо дар матни ашъори ӯ тағйирнопазиру бе­бадал низ ҳаст. Чунончи, дар шеъре таҳти унвони “Чашм дӯзанд ба сӯям ҳама бо дилсӯзӣ”, ки шоир онро ба падараш – Ашӯр Сафар бахшидааст, вожаҳои “ҷуд” ва “шӯша” (дар феъли таркибии “шӯша бастан”) бамаврид истифода шудаанд:

Пардаи ҷуд кашад оҳи дилам пеши назар,
Шӯша бандад нигаҳам чун нигаҳи девона.
Чашм дӯзанд ба сӯям ҳама бо дилсӯзӣ,
Ҳар гаҳе менигарам сӯйи табобатхона.

“Ҷуд” вожаи халқист ва хоси лаҳҷаҳост. Ин вожа дар шеваи мардуми ҷануб корбурди зиёд дорад. Он ғубори сахти ҳавост, ки бар асари бухори обҳои атрофи роҳ ё обҳои наздики роҳ пайдо мешавад. Ҳангоми ҷуд раҳрав ё мусофир фикр мекунад, ки чашмонаш парда гирифтаанд, чун он чизҳоеро, ки дар атрофаш ҳастанд, ё басо тира мебинад ё тамоман намебинад.

Дар мисоли зер шоир ҷиҳати тасвири лабҳои модари азодораш аз вожаи мардумии “парсинг” суд ҷустааст:

Лабҳои сарди ӯ
Парсинг баста буд,
(Яъне, ки зери бори фиғонаш
                                                    дарида буд),
Рангаш парида буд.

Вожаи “парсинг” дар кутуби луғат нест ва ин аз мардумӣ ва хоси лаҳҷа будани он далолат мекунад. Парсинг бастан бар асари сардии сахт ва ё гармои сахт ҷо-ҷо кафидани замин аст. Манзури шоир аз парсинг баста­ни лабҳои модари пири ғамдидааш аз ғаму сӯзи зиёд кафидани лабҳои ӯ мебошад. Ин ҳолати табиӣ ва воқеии инсон аст, чун ҳар кас ба ғаму дарди зиёд гирифтор шуд, бар асари ин гирифторӣ ашки зиёд мерезад ва ла­бони ӯ, ки бо таъсири сӯзи дил хушк мешаванд, мекафанд. Дар ҳолати табу беморӣ низ лабони инсон хушк мешаванд. Ҳамин ҳолати кафидани лабҳоро шоир парсинг бастани лаб қаламдод кардааст, аз он ваҷҳ, ки замини кафида ба лабони кафида монанд мешавад.

Аз вежагиҳои назарраси шеъри Файзи Ашӯр корбасти мақолу бо­варҳои мардумӣ дар тасвири воқе­иятҳои зиндагӣ мебошад, яъне, ба дигар маънӣ, шоир вуқуъпардозиҳои ашъори хешро тавассути мақолу одатҳои мардумӣ об дода, бад-ин тариқ таъсирбахшоии каломашро меафзояд. Чунончи, миёни мардум расм аст, ки чун касе меҳмон на­хоҳад, ӯ саги худро дар назди дар­воза бубандад, то аз тарси саг касе ғайрати вуруд бар хонаи ӯ накунад. Ҳамин мазмунро Файзи Ашӯр дар яке аз рубоиёти хеш бисёр хуб истифода кардааст:

Ҳамсоя, ки худписандият напсандам,
Аз феъли ту дар ғам, аз худам хурсандам.
Дарвоза бубандиву сагат бикшоӣ,
Дарвоза кушояму сагамро бандам.

Аз хусусиёти барозандаву барҷастаи шоирӣ дар эҷодиёти ҳар суханвар маҳорату ҳунари вай дар корбасти орояҳои шеърӣ, яъне воситаҳои тасвири бадеӣ мебошад. Дар ашъори Файзи Ашӯр ҳам воситаҳои лафзиву маънавӣ ба гунаи шоиста корбурд шудаанд. Миёни кулли санъатҳои бадеӣ шоир дар тарсиму тасвири мазомину образҳои хеш бештар аз ташбеҳу истиора ва таркибҳову ибораҳои маҷозӣ кор гирифтааст. Чунончи, дар шеъри “Ғазали ҳусн” истиороти тоза ин тавр истифода шудаанд:

Ҳусни ту тозатарин як ғазал аст,
Ғазали ҳусни туро мехонам.
Фарқи бикшода, ки аз нур хабар меорад,
Ояте ҳаст, ки тафсири варо медонам.

Чунонки дида мешавад, дар шеъри фавқ шоир рамзу маҷозро корбаст карда, ки аксари онҳо бар ташбеҳу истиора мутааллиқ мебо­шанд.

Яке аз вежагиҳои барҷастаи истиорагузинии ӯ тавассути ҷой­номҳо матраҳ сохтани ин навъи санъати бадеист. Чунончи, метавон гуфт истиораҳое амсоли Судобаи нафс, Эрони сухан ва Тоҷикис­тони сухан, ки ҷузъи дувуми онҳо баргирифта аз номҳои ҷуғрофӣ аст, маҳсули эҷоди худи шоиранд. Вежа­гии дигари истиорасозии шоир исти­фодаи ибораҳои ношустаи мустаор, монанди бистари андом, ҳуҷраи суҳбат, лаби сафҳа, ғаждии ғам, чашми хаёл, миёни бод, пуштаи дил, дасти сиёҳи ваҳм ва амсоли инҳо мебо­шанд. Неруи суханпардозиву қаламфарсоии ӯст, ки дар маҳдудаи як ғазал тавониста ба чандин тарз “субҳ”-ро дар тахайюлоти шоиронаи хеш ба тасвир бикашад, ки хони субҳ, дастони субҳ, домони субҳ, чашмони субҳ, девони субҳ аз ҷумлаи онҳоянд.

Файзи Ашӯр орояҳои ада­биро натанҳо дар анвои бу­зургҳаҷми суннативу тарҳи нав, ҳамчунин, дар шеърҳои хурдҳаҷм, амсоли рубоиёт низ ҳунармандона корбаст карда­аст. Чунончи, дар рубоии зерин шоир аз сӯе ташбеҳоти зебои ҳам равшан ва ҳам пӯшида ба кор бурдааст, аз сӯйи дигар ба василаи орояҳои мазкур андешаҳои хешро муассиртар гар­донидааст:

То гирди ту гардем, шарифем ҳама,
Ҳамрозу мувофиқу ҳанифем ҳама.
Ҳусни ғазалӣ радифи ширинворӣ,
Чун қофияҳо банди радифем ҳама.

Дар такя ба гуфтаҳои боло ме­тавон гуфт, ки тасвирҳои тоза дар ашъори Файзи Ашӯр бисёр ба чашм мерасанд. Агарчи дар аксари ашъо­ри шоир ин хусусият ҷилва нанамояд ҳам, дар қисмате аз онҳо тобиши шоистаи ситоиш дорад. Чунончи, дар ғазали “Ману ёру борон” шим-шими борони баҳор мечакад:

Бар шиша гуворост таровидани борон,
Беҳтар бидиҳад даст маро дидани борон.
Дар ҷилва чу алмос, вале сахт раҳим аст,
Бар шиша надидем харошидани борон.
Бисёр шавад панҷара во карда, диҳам гӯш
Чун бом лаби баста ба шоридани борон.
Бикшода ду каф чун ба дуо, даст фарозам,
Резад ба кафам то ки қадам чидани борон.
Намнок кафи даст барам ҷониби лабҳо,
Роҳи дигаре нест ба бӯсидани борон.
Гар бӯйи туи таршударо оварад аз дур,
Наздик шавам беш ба бӯидани борон.
Бо пираҳани обкашат, оҳ, чӣ зебост
Дар бистари андоми ту хобидани борон.
Тӯрам бикунад ҷӯр, гар оӣ таҳи чатрам,
Чун ришта ба ҳам омада печидани борон.

Чунонки дида мешавад, дар ға­зали фавқуззикр, дар ҳар мисраъ ва байт як навъ тозагӯйиву тозакории муаллифи он мушоҳида мешавад. Дар байти якум шоир дар шиша та­ровидани боронро фораму гуворо шумурда, ин ҳолатро муҷиби боз ҳам хубтар дидани борон донистааст. Дар байти дувум шоир боронро ба алмос монанд кардааст. Алмос, чу­нонки медонем, санги махсусест, ки шишаро маҳз бо он мебуранд. Аммо шоир ин алмос(-и борон)-ро раҳиму меҳрубон медонад, зеро шоридану таровидани он басо маҳину нозук аст ва ҳеч осебе ба тани шиша нахоҳад расонд. Дар байти чаҳорум шоир ҳолати ба дастонаш боридани гардҳои боронро ба дасти дуои худ монанд кардааст. Дар байти панҷум шоир барои он ки боронро бибӯсад, дастони боронхӯрдаи хешро бӯса мезанад, то бад-ин тариқ мутмаину хушнуд бошад, ки боронро бӯси­дааст. Дар байти шашум дар бӯйи борон шоир бӯйи дилдори хешро меҷӯяд ва кӯшиши наздикӣ ба борон мекунад, то бад-ин роҳ бӯйи ёрашро бишамад. Дар байти ҳафтум шоир аз пираҳани маҳбубаш, ки бар асари нами борон бар тани ӯ часпидааст, моту мабҳут гашта, изҳори таҳайюр мекунад ва мегӯяд, ки “дар бистари андоми ту хобидани борон чӣ зе­бост!”. Дар байти ҳаштум шоир дар хитоб ба маҳбубаш мегӯяд, ки “тӯрам ҷӯр мекунад”, агар ту зери чатри ман оӣ, чун ҳар қатраи борон монанди тору ришта аст, ки рубоби қалби ӯро ба овоз медарорад.

Вежагиҳои шеъри Файзи Ашӯр бо ҳамин ҷамъбаст намегарданд, чун он чи нигошта шуд, дар маҳдудаи танҳо як асари шоир сурат пазируфтааст. Бинобар ин, дар шиносоии жарф бо муҳтаво ва мундариҷаи кулли осори бачопрасидаи ин суханвари ҳунарманди доираи адабии Кӯлоб метавон дигар нукот ва вежагиҳои назаррасро ба даст овард.

Озод САИДҶАЪФАРОВ,
профессор

Дигар хабарҳо