Бар диёри худ муҳаббат доштан
Ба муносибати 33-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон
Истиқлолияти миллию давлатӣ орзуи ҳар халқи хештаншинос аст. Халқе, ки истиқлолияти давлатӣ надорад, кӯдаки дар гаҳвора дасту побастаеро мемонад, мурғест, ки ҳаваси парвоз дораду болу параш баста аст. Хушбахтона, дар интиҳои қарни бист кишвари мо соҳибистиқлол гашт. Ин роҳи пурпечутоб ва душворро мардуми мо бо таҳаммул ва диловарию муборизаҳо пушти сар карда, ба қуллаи мурод расид. Адибони мо дар ин масир ҳамдами халқ буданд, роҳи ӯро бо асарҳои хеш мунаввар мекарданд, ба гӯшаш табли озодию истиқлолхоҳӣ мезаданд. Забони модариву адабиёти ҳазорсолаамон нагузошт, ки мо дар тангнои таърих ҳувияти милливу аслияти хешро аз даст диҳем ва маҳз ба шарофати ин ду рукни муҳими ватандориву худшиносӣ ба ин рӯзҳои нек расидем. Ва барҳақ истиқлоли миллию давлатӣ ба мардуми мо имкониятҳои зиёди рушду бунёдкорӣ, омӯзиши таъриху фарҳанги пурғановати халқамон, ба маснади олӣ нишондани забони модариамон, эҳёи расму оини фаромӯшшудаи ниёкон ва ҳоказоро фароҳам овард.
Баъди расидан ба истиқлоли давлатӣ ба адибони мо имконият даст дод, то ба саҳифаҳои норӯшани таърихи халқамон, ки бино бар ғавчӯби сиёсиву ғоявии замони пешин имкони гуфтану навиштанашон мушкил буд, равшанӣ андозанд, орзую омоли халқи хешро дар асарҳояшон таҷассум намоянд. Имрӯз шоиру нависандагони мо рисолати таърихии хешро дар назди халқу давлати соҳибистиқлоламон бо тамоми ҳастӣ дарк намуда, барои дар руҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ тарбия намудани ҷомеа, хусусан насли наврасу ҷавон, асарҳои хонданӣ эҷод мекунанд. Зеро ба даст овардани истиқлолу озодӣ душвор корест, аммо ҳифз кардану устувор нигоҳ доштани пояҳои он мушкилтар аст. Хусусан дар замони муосир, ки зиддият ва бархӯрди сиёсиву фарҳангҳо торафт шиддат меёбад, истодагарӣ кардан корест душвор. Танҳо халқу миллат ва давлате дар ин майдони талошҳо побарҷо мемонад, ки истиқлоли воқеӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмии комил дошта бошад, халқ ба ояндаи хеш бо чашми нек нигарад, азмаш қавию дилаш гарм бошад. Бинобар ин, вазифаи мост, ки ҷавононро, ки ояндаи моянд, дар руҳияи хештаншиносӣ ва ватандӯстӣ тарбияи намоем, то онҳо ҳушёру зирак ва огоҳ аз гузаштаи пурифтихори хеш ба камол расанд, маънавиёташон бой ва донишашон фарох, соҳибкасбу соҳибэҳтиром бошанд.
Вазифаи адабиёту адибон дар ҳама давру замон, хусусан дар замони муосир, афзудани меҳру муҳаббат дар байни инсонҳост. Вақте ки дар ҷомеа бародарию баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, меҳру муҳаббати инсонӣ ва иззату икроми ҳамдигарӣ ҳаст, дарахти Истиқлол сол аз сол шукуфон мегардад, меваҳои ширин ба бор меорад ва агар мушкилие пеш ояд, ба осонӣ бартараф мегардад.
Дар замони соҳибистиқлолӣ беҳтарин асарҳои адабиётамон бознашр ва ба мардум ҳадя карда мешавад, хидмати аҳли адабу фарҳанг пайваста аз ҷониби ҳукумат ва Президенти кишварамон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дастгирӣ ва қадрдонӣ меёбад, ки ин низ аз шарофати соҳибистиқлолию озодӣ аст.
Чист истиқлол? Иззат доштан,
Бар диёри худ муҳаббат доштан.
Дар замини шуҳрати озодагон
Донаи меҳру муҳаббат коштан.
Иди бузурги Истиқлоли миллию давлатӣ фархунда бод, ҳамдиёрони азиз!
Равшан МАХСУМЗОД,
барандаи Ҷоизаи давлатии ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ