Бар Ватан чун Пешво ғамхор шав!

 Бар Ватан чун Пешво ғамхор шав!

Ба шарофати ҳидоятҳои хирадмандонаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пойтахти кишвари азизамон – шаҳри Душанбе ва саросари Тоҷикистони маҳбуб ободу зебо  гардидааст. Яке аз зеботарин биноҳои маркази ҷумҳуриамон Кохи навбунёди парлумон мебошад, ки Паёми пурмуҳтавои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ», 28-уми декабри соли 2024 дар ҳамин бино ироа гардид.

Роҳбари давлат дар оғоз аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олиро бо ин табрик намуда, қайд карданд, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон соли ҷорӣ 30-юмин солгарди қабули китоби муқаддаси қонунгузори олии мамлакат – Конститутсияи даврони Истиқлолро бо тантана ҷашн гирифтанд.

Ҷумҳурии маҳбуби мо таҳти роҳбарии Пешвои муаззами миллат ба пирӯзиҳои бузургу беназир муваффақ шудааст. Ва ҳамчунин дар Паём возеҳан зикр гаштааст: «Моро зарур аст, ки дар заминаи амалисозии ҳадафҳои миллиамон пеш аз ҳама амнияти миллӣ ва рушди устувори иқтисодиро таъмин намоем ва сатҳу сифати зиндагии мардумро боз ҳам баланд бардорем. Зеро мардуми мо мисли халқҳои дигар мамолики мутамаддин ҳуқуқи маънавии зиндагии шоистаро доранд. Ин аст ҳадафи олии сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон».

Чи тавре ки дар Паём омадааст, ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатӣ барои иҷрои як силсила корҳои ободонию бунёдкорӣ аз ҳисоби соҳибкорону шахсони саховатпеша ва сокинони бонангу номуси кишвар дар се соли охир беш аз 20 миллиард сомонӣ харҷ карда шудааст.

Хурсандиовар аст, ки дар тӯли се соли охир дар мамлакат беш аз 1500 иншооти соҳаи маориф, яъне муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумӣ, 660 иншооти соҳаи тандурустӣ, 480 иншооти варзиш, 175 иншооти фарҳангу фароғат ва ҳазорҳо иншооти дигари истеҳсоливу иҷтимоӣ бунёд гардида, ба истифода дода шудаанд.

Ин далелҳо ва рақамҳо комилан собит месозанд, ки Сардори давлатамон ҳамеша кӯшиш доранд, ки донишу маърифати мо баланду саломатиамон хуб бошад ва ба манфиати халқу Ватан содиқона хидмат намоем.

Гувоҳи муҳими пешрафти иқтисодии кишвар он аст, ки даромади пулии аҳолӣ аз 48 миллиард сомонии соли 2019-ум ба 147 миллиард сомонӣ дар соли 2024 расид. Яъне, нишондиҳандаи мазкур се баробар зиёд гардида, музди миёнаи меҳнат беш аз 1,8 баробар ва андозаи миёнаи нафақа 1,5 баробар афзоиш ёфт.

Ба ин васила бо ҳадафҳои боз ҳам хубтару беҳтар намудани сатҳу сифати рӯзгор ва некуаҳволии мардуми Тоҷикистони маҳбуб ва тақвият бахшидани ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳидоят шуд, ки аз таърихи 1-уми сентябри соли 2025:

– маоши вазифавии кормандони муассисаҳои томактабӣ ва таҳсилоти миёнаи умумии соҳаи маориф 30 фоиз зиёд карда шавад:

– маоши вазифавии кормандони дигар муассисаҳои соҳаи маориф, соҳаҳои илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ, мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ ва дигар муассисаҳои буҷавӣ, инчунин идрорпулиҳо 20 фоиз афзун карда шавад:

– музди меҳнати амалкунандаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, хизматчиёни ҳарбӣ ва дигар кормандони ин мақомот 20 фоиз афзун карда шавад:

– ҳадди ақали музди меҳнат барои тамоми соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ба андозаи 1000 сомонӣ дар як моҳ муқаррар карда шавад.

Ҳамчунин аз 1-уми сентябри соли 2025 нафақаҳои суғуртавӣ, меҳнатӣ ва иҷтимоӣ, ба замми ин иловапулӣ ба онҳо тибқи муқаррароти моддаи 51 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ ва андозаи нафақаи заминавӣ 10 фоиз зиёд, яъне индексатсия карда шавад.

Ин аст ғамхории бузурге, ки аз тарафи Пешвои муаззами миллат ба аҳли кор нисор мегардад.

Масоили дигаре, ки Роҳбари хирадманди ҷумҳурии мо диққати вакилони муҳтарам ва кулли ҳозиринро ба он ҷалб намуданд, гузариши Тоҷикистон ба рақамикунонии соҳаҳои иқтисоди миллӣ ҷиҳати таъмин кардани шаффофияти муносибатҳои иқтисодиву молиявӣ мебошад.

Дар панҷсолаи минбаъда ҷиҳати пешбурди иқтисоди рақамӣ бояд ба самтҳои зерин диққати аввалиндараҷа дода шавад:

Якум, такмили фаврии заминаҳои ҳуқуқӣ ва қабули санадҳои дахлдор дар самти гузариш ба иқтисоди рақамӣ.

Дуюм, то шабакаҳои баландтарин инкишоф додани инфрасохтори рақамӣ, рушди марказҳои коркарди маълумот, таъсиси махзани мукаммали миллии маълумот.

Сеюм, рақамикунонии пурраи хизматрасониҳои давлатӣ ва ташкили махзани ягонаи хизматрасонии давлатӣ.

Чорум, рушди сармояи инсонӣ бо роҳи омӯзиш ва бозомӯзии кадрҳо доир ба технологияҳои иттилоотӣ дар дохил ва хориҷи кишвар ва баланд бардоштани маърифати истифодаи технологияи рақамӣ.

Панҷум, истифодаи васеи зеҳни сунъӣ дар пешниҳоди хизматрасониҳо ва низоми бақайдгирии давлатӣ.

Шашум, андешидани чораҳо дар самти таъмин намудани амнияти киберии махзанҳои маълумот.

Ҳафтум, ташаккул додани соҳибкории рақамӣ ва рушди савдои электронӣ.

Бо чунин роҳнамоиҳо ва пешниҳодҳои хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат маърифати кормандони масъули иқтисодиёти кишвари мо баланд гардида, сатҳу сифати рӯзгори сокинони он баробари кишварҳои мутараққӣ хоҳад шуд.

Ба ҳамин ваҷҳ Роҳбари давлатамон дар Паём чунин ҳидоят фармуданд:

«Ҷиҳати вусъат бахшидан ба равандҳои инноватсионӣ ва истифодаи ҳамаҷонибаи имкониятҳои технологияҳои рақамӣ дар иқтисодиёт, пешниҳод менамоям, ки солҳои 2025-2030 Солҳои рушди иқтисоди рақамӣ ва инноватсия эълон карда шаванд».

Бисёр бамавқеъ ва зарурӣ мебошад, ки бо пешниҳоди Пешвои муаззами миллат дар иртиботи масоили зикршуда дар заминаи Донишгоҳи технология ва менеҷменти инноватсионии шаҳри Кӯлоб Донишгоҳи инноватсия ва технологияҳои рақамӣ таъсис меёбад. Ба ин Донишгоҳ мақоми пойгоҳи асосии тайёр кардани мутахассисони самти мазкур дода, илова бар ин, дар ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар факултаю кафедраҳои дахлдор таъсис мегарданд.

Роҳбари давлатамон барои пешрафти фаъолияти соҳибкорӣ донишмандона фазои мусоид пешниҳод менамоянд.

Ҳамон навъе ки дар Паём зикр гардидааст, ин усули фаъолият ба таъсиси бештари ҷойҳои кор мадад мерасонад.

Комилан возеҳ аст, ки дар баробари дигар ҳадафҳои стратегӣ ба роҳ мондани ҳадафи стратегии саноатикунонии босуръат барои мустаҳкам намудани иқтидори индустриявии Тоҷикистон ниҳоят зарур аст. Бо кӯшишҳои шабонарӯзии Пешвои муаззами миллат баҳри тараққӣ додани ин ҳадафи муҳимтарини стратегӣ шукрона мегӯем, ки дар диёри маҳбуби мо корхонаҳои саноатии хеле зиёд ба фаъолият шуруъ намуданд. Бинобар ин дар Паём ироа гардидааст, ки «дар панҷ соли охир ҳаҷми маҷмуи маҳсулоти саноатии кишвар аз 27 миллиард ба 53 миллиард сомонӣ расонида шуд, ки қариб ду баробар зиёд мебошад.

Дар ин давра дар мамлакат беш аз 2040 корхонаи саноатӣ ва 74 ҳазор ҷойи кор таъсис дода шуд. Танҳо дар соли 2024-ум 740 коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ бунёд гардида, дар ин бахш дар маҷмуъ қариб 20 ҳазор ҷойи кор ташкил карда шудааст».

Яке аз соҳаҳои асосии пирӯзиву тавфиқи иқтисодиёти мамлакат расидан ба истиқлоли энергетикӣ мебошад, ки Падари маънавии халқи тоҷик муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввали фаъолияти қаҳрамононаи худашон ҳамчун Сардори давлат барои ин муборизаҳои беназири бунёдгарӣ мебаранд. Барои ин ҳадафи бузургворона бо ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат неругоҳҳои фаъол таъмиру таҷдид гардида, сохтмони неругоҳҳои нав оғоз ёфтаанд, сохтмони Неругоҳи барқи обии «Роғун», ки бо иллати пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ қатъ шуда буд, аз нав эҳё гашт. Нуктаҳои фараҳбахши Паём, ки дар бобати истиқлоли энергетикӣ ироа шуданд, ба ҷисму ҷони ҳар як фарди тоҷику тоҷикистонӣ суруру шодмонӣ бахшиданд:

«Ҳоло корҳои таҷдиду навсозӣ дар неругоҳҳои барқи обии «Норак» ва «Қайроққум» ба маблағи умумии 6 миллиарду 900 миллион сомонӣ ва сохтмони Неругоҳи «Себзор» ба маблағи 700 миллион сомонӣ идома доранд. То имрӯз ду агрегати Неругоҳи «Норак» ва се агрегати Неругоҳи «Қайроққум» пурра навсозӣ карда шуд. Соли 2025 бо таҷдиду навсозии боз се агрегати дигар дар Неругоҳи «Қайроққум» иқтидори он иловатан 24 мегаватт зиёд гашта, ба 174 мегаватт мерасад. Инчунин як агрегати дигар дар Неругоҳи «Норак» таҷдид шуда, иқтидори он 40 мегаватт зиёд мегардад ва сохтмони Неругоҳи «Себзор» бо тавоноии 11 мегаватт ба анҷом расонида мешавад. Яъне, иқтидорҳои мавҷудаи энергетикии мамлакат дар соли 2025 танҳо аз ин ҳисоб 180 мегаватт зиёд мегарданд. Дар баробари ин, соли 2025 дар вилояти Суғд сохтмони неругоҳи барқи офтобӣ бо иқтидори 200 мегаватт оғоз меёбад.

Имрӯзҳо бунёди Неругоҳи барқи обии «Роғун» бо суръати баланд идома дошта, дар ду соли охир ба ин мақсад аз ҳисоби буҷаи давлатӣ беш аз 9 миллиард сомонӣ харҷ гардидааст. То имрӯз беш аз 50 фоизи корҳои сохтмони Неругоҳи «Роғун» ба анҷом расонда шудаанд. Ҳукумати мамлакат бо истифода аз ҳамаи сарчашмаҳо ҷиҳати сари вақт маблағгузорӣ намудани сохтмони ин иншооти стратегӣ мунтазам чораҷӯӣ карда истодааст».

Фурсати начандон зиёде мегузараду мо ба истиқлоли энергетикӣ мерасем ва орзуи азалии миллат комилан амалӣ мегардад.

Пешвои муаззами мо дар яке аз мақолаҳои худ чунин суханони пурмуҳтавову пурмаъно гуфтаанд: «Роҳсозию роҳкушоӣ нишони рушди Тоҷикистон аст».

Ин суханон ҳақиқатан ҳам дурдонаҳои пурҳикматанд.

Ва боз ҳам аз Паём вуқуф пайдо мекунем, ки дар ҳамин солҳои наздик бисёр роҳҳо, пулҳо, нақбҳо, долонҳои зидди тарма бунёд гардида, ба истифодаи мардуми азизи мо супурда шудаанд. Ин ободонию бунёдкориҳо дар вилояти Хатлон, минтақаи Роғун — Обигарм — Нуробод, вилояти Суғд, дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, хулоса дар саросари ҷумҳурӣ воқеъ мебошанд. Ва дар бисёр шаҳрҳо ва навоҳии дигари кишвар сохтмони чунин иншоот идома дорад.

Паёми Роҳбари давлати маҳбубамон ҳуҷҷати муқаддас буда, пешравию муваффақиятҳои диёри ба ҷон баробари моро нишон медиҳад ва тамоми мардумро баҳри боз ҳам ободтару пуриқтидортару зеботар гардидани Ватани аҷдодии соҳибистиқлоламон ба заҳмати дастҷамъонаву ваҳдати ҷовидон ҳидоят менамояд.

Бахтиёр Муртазо,
Нависандаи халқии Тоҷикистон

Дигар хабарҳо