Баррасии ҷойгоҳи адабиёти гуфторӣ

 Баррасии ҷойгоҳи адабиёти гуфторӣ

Рӯзи 28-уми феврал дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон таҳти унвони “Мақоми эҷодиёти шоирони мардумӣ дар адабиёт (дар мисоли эҷодиёти Бобоюнус Худойдодзода ва Қурбоналӣ Раҷаб)” ҳамоиши илмию адабӣ баргузор гардид.

Дар ин нишаст адибон Бахтиёр Муртазо, Ато Мир­хоҷа, Равшан Махсумзод, Иззатбек Идизода, Абдура­уф Муродӣ ва адабпажӯҳон Равшан Раҳмонӣ, Ҳафиз Раҳмон, Қарор Муҳаммадизода ва Рустам Аҷамӣ суханронӣ карданд.

Таъкид шуд, ки адабиёти гуфторӣ дар равнақи адабиёти бадеӣ бенақш набуда, ҷойгоҳи он баланд аст. Аслан фолклор ва устура аст, ки адабиёти бадеӣ ба вуҷуд меояд.

Ширкаткунандагони ин ҳамоиш ҳамчунин дар бораи аҳаммияти фолклор, тафовути адабиёти гуфторӣ аз адабиёти навишторӣ, мафҳуми “шоири мардумӣ” ва мақоми адабиёти мардум ибрози андеша карданд.

Дигар хабарҳо