Баррасии забони шеър
29 феврали соли равон дар Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон нишасти илмиву адабӣ дар мавзуи «Назаре ба забони шеъри имрӯз» баргузор гардид, ки дар он адибону пажуҳишгарон ва донишҷӯёни риштаи суханшиносии ДМТ иштирок доштанд.
Муовини аввали раиси ИНТ Ато Мирхоҷа дар бораи аҳаммияти мавзуи мазкур ва дастоварду камбудҳое, ки дар забон ва тарзи баёни шоирони имрӯзамон ба назар мерасанд, дар оғоз ишора кард.
Адабиётшинос ва мунаққиди шинохта Абдураҳмони Абдуманнон перомуни мавзуъ суханронии муфассал карда, риояи меъёрҳои забони тоҷикӣ, тарзи дурусти ифода ва шоиронагии забонро дар шеър ҳатмӣ донист ва бо мисолҳои мушаххас ғалатҳои забонии баъзе шеърҳоро зикр намуд.
Дар атрофи мавзуи мавриди назар профессор Абдунабӣ Сатторзода, Шоири халқии Тоҷикистон Рустам Ваҳҳобзода, доктори илмҳои филология Боймурод Шарифзода, адиби шинохта Салими Зарафшонфар, мудири бахши нақд ва адабиётшиносии ИНТ Муҳриддин Сабурӣ ва шоиру пажуҳишгари маъруфи афғонистонӣ Шамсулҳақи Ориёнфар андешаҳояшонро баён карданд.
Нишаст барои ҳамагон, хусусан донишҷӯён, омӯзанда буд.