Барномаи бузурги худшиносии миллӣ

 Барномаи бузурги худшиносии миллӣ

Бо оғози соли нави 2026, ки моро ба ҷашни ҳумоюнии 35-умин солгарди Истиқлоли давлатӣ пайванд мебахшад, мардуми шарафманди тоҷикро боз ҳам ин саодат насиб гардид, ки бар асоси Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибтикорот ва ташаббусҳои навини созандагии хешро барномарезӣ намоянд. Дар ин Паёми фардоафрӯз дар баробари натиҷагирӣ аз даҳсолаи гузашта, ки воқеан кишвари азизи моро ба як марҳалаи комилан нави рушду таҳаввул ворид намуд, барномаҳои муҳимтарини саодатэҷод барои боз як соли ояндаи таърихӣ муқаррар ва мушаххас гардиданд.

Басо рамзӣ буд, ки ин Паёми раҳнамо боз ҳам ба ҳарфи сулҳу ваҳдат оғоз ёфт, зеро дар қаламрави соли 2025 боз як ибтикори сулҳофарини Пешвои миллат дар мавриди таъмини амнияти минтақа самараи матлуб ба бор овард. Наврӯзи соли рафта барои Тоҷикистону Ӯзбекистону Қирғизистон таърихӣ ва фаромӯшнопазир гардид, чун дар шаҳри Хуҷанд Эъломияи дӯстии абадӣ миёни мардуми се кишвари ҳамҷавор ба имзо расид. Ин Паём барои халқҳои ба ҳам дӯсту ҳамсоя эътимоди дигарбора бахшид, то дар фазои сулҳу дӯстӣ ва ваҳдати инсонӣ ҳамкориҳои ҳамаҷонибаро, аз ҷумла дар самти адабиёт, илму маориф, густариш бахшанд, ки самараи онҳо тарҷумаи намунаҳои ашъори суханварони мо бо забонҳои ӯзбекӣ ва қирғизӣ ва баръакс, тарҷумаи осори адибони кишварҳои ҳамҷавор ба тоҷикӣ мебошад.

Паём бо фарогирии тамоми самтҳои фаъолияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳлили дастовардҳои хоҷагии халқи мамлакат манзур гардид. Бо қаноатмандӣ таъкид шуд, ки мо дар ҳақиқат як марҳалаи рушду таҳаввули сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангиро паси сар намуда, ба давраи таърихии дигар тавассути корномаҳои ҷавобгӯ ба ниёзҳои ҷаҳони муосир ворид мегардем.

Дар баробари ин, истиқболи чандин ташаббуси дигари Пешвои миллат аз ҷониби СММ дар афзудани мақом ва ҷойгоҳи Тоҷикистон дар анҷумани кишварҳои олам нақши муассир гузошт. Чунонки дар Паём изҳор шуд, “Соли 2025 бо пешниҳоди Тоҷикистон ва бо қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид «Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо» ва солҳои 2025-2034 «Даҳсолаи илмҳои криосфера» эълон гардиданд”. Бар асоси ин ташаббусҳо дастур дода шуд, ки фаъолияти илмиву амалии тамоми самтҳо баҳри мавриди амал қарор додани ин барномаҳои бузурги сатҳи ҷаҳонӣ равона карда шаванд.

Масъалаи боло бурдани худшиносии миллӣ ва худсозии маънавӣ, ки барои тарбияи фардоафрӯзони ҷомеаи мо-насли наврасу ҷавон амри муҳим ва зарурӣ аст, аз мавзуъҳои меҳварии Паёми Пешвои миллат буд. Дар ин ҷода ба чанд тадбири муҳимми сатҳи давлатӣ ишорат шуд, ки дар шумори омилҳои муассири таҳкимбахшу тақвиятсози худшиносии миллӣ мебошанд.

Тақдими китобҳои бузурги “Тоҷикон”-и Бобоҷон Ғафуров ва “Шоҳнома”-и Абулқосими Фирдавсӣ дар шумори яке аз ибтикорҳои муҳим қарор гирифтааст, ки барои болоравии шуури маънавӣ ва худшиносии миллии ҷомеаи мо равона шудааст, зеро ҳардуи ин китоб ба таъбири Пешвои миллат сарчашмаи худшиносии миллӣ маҳсуб меёбанд.

Аз ин нуқтаи назар дар Паём таъкид гардид, ки “бо дастури Роҳбари давлат 3 миллиону 200 ҳазор нусха китоби «Тоҷикон»-и аллома Бобоҷон Ғафуров ва «Шоҳнома»-и безаволи Абулқосими Фирдавсӣ чоп ва ба аҳолии мамлакат ройгон туҳфа карда шуд”.

Соли 2023 озмуни “Тоҷикон ойинаи таърихи миллат” баргузор гардид, ки барҳақ дар ҷомеаи кишвар ғулғулаеро бар пояи мутолиаи ин китоби арзишманд дар шинохт ва маърифати таърихи куҳани тоҷикон барпо намуд. Ҳамакнун, давоми соли равон мо шоҳиди шоҳномахонии мардуми шарафманди тоҷик аз ҳафтсола то ҳафтодсола хоҳем буд, ки бешак, ин ҷараёни маънавӣ ва фарҳангӣ дар таҳкими худшиносии миллии мардуми тоҷик таъсиргузор хоҳад гашт, зеро маҳз “Шоҳнома”-и Фирдавсӣ пайванди имрӯзро ба асолати миллӣ барқарор ва худҷӯшиву худшиносии миллии моро бедору устувор хоҳад кард.  Маҳз, мутолиаи “Шоҳнома” моро ба вуҷуҳи ҳақиқатҳои таърихи миллат, маърифати унсурҳои тамаддуни ориёӣ, ҷашнҳои бузурги аҷдодӣ, чун Наврӯзу Сада, Меҳргону Тиргон ошно месозад, зеро ин ҳамосаи бузург танҳо достонҳои разму базм нест, балки қомуси беназири таърих, фарҳанг, мардумшиносӣ, мероси маънавии мардумони ориётабор аст. Пешвои миллат, ҳамчун эҳёгари нодиртарин унсурҳои фарҳанги миллии мо, бавижа ҷашнҳои бузурги Наврӯзу Сада, Меҳргону Тиргон, дар Паёми фардоафрӯзи хеш онҳоро чун асосҳои ҳувият ва асолати миллии мо муаррифӣ намуда, гуфтанд, ки “воқеан, Наврӯз, ки имрӯз мақоми байналмилалӣ гирифтааст, Меҳргон, Сада ва Тиргон, ки таҷассумгари андешаҳои инсондӯстӣ ва бузургдошти табиат мебошанд ва анъанаҳои давлатдории гузаштагони ориёии мо, ки дар таърихи башарият нақши мондагору таъсиргузор бозидаанд, асоси ҳувият ва асолати мо – тоҷикон мебошанд”.

Аз ин нигоҳ “Шоҳнома” дар баробари ҳамосаи бузурги миллӣ будан, қомус ё донишномаест, ки далели раднопазири таърихи бештар аз шашҳазорсола доштани миллати моро тавассути чунин арзишҳои миллӣ, мисли Наврӯзу Меҳргону Тиргону Сада собит месозад.

Пешвои миллат, бо такя бар ҳамин манзалати маънавӣ ва таърихии падидаҳои нодири фарҳанги куҳани аҷдодӣ, ба Ҳукумати мамлакат ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе дастур доданд, ки “ҷиҳати дар пойтахти кишвар – шаҳри Душанбе бунёд намудани Конун, яъне Маркази тамаддуни ориёӣ чораҷӯйӣ намоянд.

Ҳамчунин, бо дарназардошти фалсафаю ҳикмати ҷовидонаи Наврӯз, суннату анъанаҳои башардӯстонаи он ва истифодаи онҳо барои тарбияи наслҳои оянда дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалии Наврӯз бунёд карда шавад”.

Бунёди ин ду кохи азими муаррификунандаи асолати миллӣ ва ҳувияти фарҳангии тоҷикон дар замони муосир аз чанд ҷиҳат қобили аҳаммият хоҳад буд. Дар баробари ин ки мо ба сӯи бунёди ҷомеаи демократӣ роҳ гирифтаем, бунёди давлати миллӣ яке аз ҳадафҳои муҳимми давлатдории тоҷикон дар замони муосир ба шумор меравад, ки тарҳу консепсияи он ҳанӯз аз рӯзҳои аввалини фаъолияти раҳнамоии Пешвои миллат мушаххасу муайян гардида, дар дарозои наздик ба 35 соли истиқлоли миллӣ тақвият пайдо кардаву мавриди амал қарор гирифт.

Баробари ин, Пешвои муаззами миллат борҳо ба ин мақсади наҷиб ва ойини неки давлатдорӣ ишорат ва таъкид ҳам карданд, ки тоҷикон таърихи бештар аз шашҳазорсоларо соҳибанд, ки дар он рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ, фарҳанги шаҳрсозӣ таҷриба шудаанд. Бо такя бар ин таҷрибаҳо ва асноди илмии аз сӯйи донишмандони ҷаҳон дар бораи қидмати таърихии фарҳанги миллии мо Пешвои миллат бамаврид таъкид доштанд, ки «амалӣ намудани иқдомоти зикршуда далели раднопазири таъриху фарҳанги беш аз шашҳазорсолаи мо – тоҷикон мегардад».

Бо такя бар чунин ибтикороти муҳим, ки моро ба худсозиву хештаншиносӣ, худогоҳии миллӣ, шинохти асолати таърихӣ ва маърифати мероси бузурги гузашта ҳидоят мекунанд, ин Паёмро барномаи бузурги худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ, унвон медиҳем.

Расидан ба умқи ҳақиқатҳои шинохтанашудаи таърихӣ, ки аслу моҳияти корномаҳои Пешвои миллатро дар заминаи Паёми имсола муқаррар мекунанд, ба мо имконият медиҳад, ки воқеияти ин андешаи маърифатомӯз  ва ҳикмати худшиносии Пешвои миллатро ба дурустӣ дарк бикунем: «Ман аввал тоҷик ҳастам, баъдан мусалмон» ва имрӯзу фардову фардоҳои дигар онро барои худу дигарон ва наслҳои оянда талқин созем.

Ташаббусҳои навбатии тақвиятбахши худшиносии миллӣ, ки дар Паём аз Пешвои миллат манзур шуданд, дар назди мо масъулияти бештар мегузоранд то дар роҳи ҳарчӣ фаротар аз ин муаррифӣ намудани ин хазинаи нодири таърихи миллат иқдом намоем, зеро бунёди чунин конуни муҳташами фарҳангӣ, ки дар худ мероси ғаноманди ниёгони шарафманд ва таърихи бештар аз шашҳазорсолаи падидаҳои миллии моро гунҷоиш хоҳад дод, моро, пеш аз ҳама, ба асолати миллӣ ва худшиносии таърихӣ мепайвандад.

Дар баробари ин, дар соли таърихии ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ бунёд ва ба фаъолият оғоз намудани Конуни тамаддуни ориёӣ ва Маркази байналмилалии Наврӯз таъсиргузортарин омил дар роҳи татбиқи ҳадафҳои эълон гардидани соли 2026 ҳамчун «Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ» метавонад бошад. Мо ҳам бар чунин паёмадҳои фардоафрӯз ва хушоянди ин ташаббусҳои беназири Пешвои миллат, ки барои муаррифии кишвар, миллат ва тамаддуни бесобиқаи таърихии халқи тоҷик нақши муассир хоҳанд гузошт, бовар дорем ва тамоми талошу кӯшиши хешро дар роҳи расидан бар чунин ҳадафҳои бузургу созанда равона хоҳем кард.

Нуралӣ НУРЗОД,
доктори илмҳои филологӣ

Дигар хабарҳо