Баргузории маҳфили бузургдошти адиби моҷаронавис

 Баргузории маҳфили бузургдошти адиби моҷаронавис

Рӯзи 24-уми апрел дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон маҳфили бузургдошти адиби моҷаронавис Шарифбек Азизӣ сурат гирифт.

Дар ин маҳфил нависандагону шоирон, пажӯҳишгарон ва алоқамандони адаб ба ҳам омада, дар бораи ҷойгоҳ ва назокатҳои осори Азизӣ ибрози назар карданд.

Аз ҷумла муовини раиси Иттифоқи нависандагон Ато Мирхоҷа, адибону муҳаққиқон Абдулҳамиди Самад, Саидаҳмади Зардон, Ҳикмат Ҳисориев, Саидхоҷа Ализода, рӯзноманигор Саидҷаъфар Ашӯрзода ва дигарон дар заминаи вижагиҳои шахсиятӣ ва ҳунарии соҳибҷашн суханронӣ карданд.

Таъкид шуд, ки номи Шарифбек Азизӣ барои алоқамандони адабиёти тоҷикӣ аз оғози садаи 21 ошно буда, вай бо иншои 15 роман нақши худро дар адабиёт гузоштааст.

Гуфтанист, Шарифбек Азизӣ 24-уми апрели соли 1955 дар деҳаи Сағирдашти ноҳияи Дарвоз ба дунё омада, соли 1981 Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.Ленин (кунун Донишгоҳи миллии Тоҷикистон)-ро бо риштаи ҳуқуқдон ба поён бурда, муддати мадид дар мақомоти шаҳрбонии (милитсияи) кишвар кор кардааст.

Ба қалами Шарифбек Азизӣ маҷмуаҳои «Дурахши алмос» (2004), «Порикоб» (2005), «Парвоз» (2007) ва романи «Сангчарх» (дар ҳамқаламӣ бо бародараш Ҳокими Азиз, 2013) таллуқ доранд.

Аз соли 2007 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мебошад.

Дигар хабарҳо