БАДАХШОН – ХОСТГОҲИ ҲАЗОРСОЛАИ СУХАНИ ТОҶИКӢ

Ба муносибати 30солагии шуъбаи бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Ҳавзаи адабии Бадахшон аз қадимтарин ҳавзаҳои адабии тоҷикон аст, ки таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Бино ба иттилои шоир ва мутафаккири бузурги Машриқзамин Носири Хусрав, то иқомат ихтиёр кардани ў дар Бадахшон, дар ин сарзамин шеъри тоҷикӣ-форсӣ равнақ дошта, мардум ба ин забон гуфтугў мекарданду менавиштанд. Дар имтидоди сад аср машъали шеъру адаб дар ин минтақа ҳамеша фурўзон буда, ҳеҷ гуна боди ҳодисот онро хомўш карда натавонистааст. Бадахшони адабпарвар ба адабиёти тоҷикӣ-форсӣ ба мисли Алӣ ибни Асад, Ғиёсиддин Ғиёси Бадахшонӣ, Зиёии Бадахшӣ, Назмӣ, Мухлис, Ҳабои Дарвозӣ, Мубораки Вахонӣ, Мирзоибоди Рўшонӣ, Сайид Ҷаъфар, Шоҳабдуллоҳ, Баҳрини Дарвозӣ, Шамшери Вахонӣ, Фитрат, Мулло Хишоли Шуғнонӣ, Саид Фаррухшоҳ, Мирзо Кўчак, Мулло Қаландар, Ҳоҷӣ, Собири Андаробӣ, Муллоёри Ванҷӣ ва садҳо шоиру нависанда додааст, ки тўфони рўзгор танҳо осори чанде аз ононро дар амон мондаааст.
Адибони бадахшонӣ нафақат барои танвири афкори ҳамдиёрони худ саъйу талош меварзиданд, балки дар маҳфилҳои бузурги адабии Ҳинд, Эрон, Хуросон, Мовароуннаҳр низ доиман фаъол будаанд. Тазкираҳои машҳури адабиёт далели инанд.
Дар оғози асри XX – даврони мубориза барои ҳаёти нав ва барҳам додани омилҳои ақибмондагиву хурофот шоирони равшанандеши бадахшонӣ Қудрати Шуғнонӣ, Ғуломҷони Шоҳсолеҳ, Шоҳфутур, Мирзо Назарбек, Давлатшоҳи Помирӣ, Нодир Шанбезода ва Мирсаид  Миршакар бо шеърҳои худ мардумро раҳнамоӣ карданд ва дар бунёди адабиёти навини тоҷик саҳми босазо гузоштанд. Устод Нодир Шанбезода ба дараҷаи раисии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон (солҳои 1937-1938) расид, устод Мирсаид Миршакар чун шогирди ростини устод Садриддин Айнӣ, дар баробари устодон Мирзо Турсунзода, Сотим Улуғзода, Абдусалом Деҳотӣ, Ҷалол Икромӣ ва Раҳим Ҷалил яке аз симоҳои дурахшону мондагори адабиёти муосири тоҷик гардид.
Солҳои 60-уми асри бистум фарзонафарзанди дигари миллат – устод Муъмин Қаноат аз Бадахшони шоирхез ба арсаи адабиёт қадам гузошт. Ин шоири ботиннигару навпардоз анъанаҳои устодон Айнӣ ва Турсунзодаро давом дода, шеърро ба маҷрои нав равон кард, мактаби нави адабии дархури замонро ба вуҷуд овард, пас аз устод Мирзо Турсунзода раҳбари Иттифоқи нависандагон шуд, дар парвариши адибони номвар кори бузурге анҷом дод ва дар муаррифии сазовори адабиёти тоҷик дар арсаи ҷаҳон хидмати беназир намуд.
Дар солҳои 60-ум Бадахшон ҳамчунин адибони саршиносеро ба монанди Салимшоҳ Ҳалимшоҳ, Ҳайрат Шанбезода, Муҳаммадалишоҳ Ҳайдаршоҳ, Басир Расо, Сарвар Амирҷон, Султон Шоҳзода, Амонбек Шоҳзода, Лутфишоҳи Додо, Қулмаҳмад Абдулҳусейнов дар ҳавзаи адабии пурғановати худ ба камол расонд, ки ҳар яке аз худ осори арзишманде боқӣ гузошт.
Таҳаввул ва инкишофи адабиёт дар Бадахшон дар охири асри гузашта ба номи Шоири халқии Тоҷикистон Ширин Бунёд марбут аст. Ў пас аз анҷоми таҳсилаш дар Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон шаҳри Хоруғро макони иқомат баргузид ва ба муттаҳид сохтани неруҳои эҷодии вилоят ҷиддан машҳул шуд.
Дар муддати кўтоҳ беш аз 40 нафар шоирону нависандагонро дар як маҳфили адабӣ сарҷамъ намуд ва ҳаёти адабии Бадахшонро рангу таровати тоза бахшид. Дар маҳфили мазкур дар солҳои гуногун адибони зерин тарбияи маънавӣ гирифта, барои адабиёти тоҷик корҳои назаррасе анҷом доданд: Наҷмиддин Шоҳинбод, Сардор Раҳдор, Ато Мирхоҷа, Раънои Мубориз, Мавҷигули Зардодхон, Лаълҷубаи Мирзоҳасан, Қурбони Аламшоҳ, Шоҳтолиби Шоҳқосим, Бўрибек Худобахш, Акбар Абдулло, Тағоймурод Маҳмадмуродов, Шаҳрия Аҳтамзод, Нуқраи Суннатниё, Алидоди Чароғабдол, Муҳиддин Шоҳин, Майрамбек Тойчиев, Пайшанбе Шоҳзода, Куйбек Шарифзода, Гулнисои Ризвоншоҳ, Гулнисои Ато, Қудрат Шаҳчавлихон, Улфатшоҳи Ҷангибек, Хушомади Алидод, Рўдобаи Мукаррам, Чӯпонбадали Ванҷӣ ва дигарон.
Дар заминаи ин маҳфили баракатбор дар соли 1994 бахши бадахшонии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон арзи вуҷуд кард ва орзуи чандинсолаи аҳли  адабу фарҳанги вилоят ҷомаи амал пўшид. Дар ташкили шуъбаи мазкур саҳми раҳбарони вақти ВМКБ Ғарибшо Шаҳбозов, Шодавлат Шодавлатов ва раиси онвақтаи Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон Аскар Ҳакимро зикр бояд кард.
Дар замони Истилоли давлатӣ ҳавзаи адабии Бадахшон боз ҳам неруманд ва дар тарғиби сиёсати фарҳангии Ҳукумати мамлакат сахмгузор гардид. Агар соли 1994 ҳамагӣ 5 нафар аъзо дошт, ҳоло ин рақам ба 14 нафар расида, беш аз 20 нафар эҷодкорони дигар дар чорабиниҳои он мунтазам иштирок менамоянд. Шуъба дар густариши забони давлатӣ, худшиносии миллӣ, мубориза бо  хурофотпарастиву ифротгароӣ дар байни аҳолии вилоят нақши муассир дорад.
Асарҳои аъзои он пайваста дар матбуоти даврӣ, аз чумла нашрияҳои Иттифоқи нависандагон, ба чоп мерасанд, эҷодкорони навқалами бадахшонӣ дар машваратҳои ҷумҳуриявии адибони ҷавон пайваста ширкат меварзанд.
Раёсати Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, аҳли адаби мамлакат адибон ва эҷодкорони Бадахшонро ба муносибати 30-солагии таъсиси бахши вилоятии ИНТ самимона табрик гуфта, изҳори бовару умед мекунад, ки ин конуни адабӣ бо дастгирии Макомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят дар амалӣ намудани иқдоми наҷиби Пешвои муаззами миллат муҲтарам Эмомалӣ Раҳмон – ба нигини дурахшони Тоҷикистон табдил додани Бадахшони азиз камари ҳимматро қавитар мебандад ва бо эҷоди асарои сазовори замон дар тасвири заҳматҳои бунёдкоронаву созандаи мардуми шарифамон ҳиссаи арзанда мегузорад.

Раёсати  Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон

Дигар хабарҳо