Аҳмадҷони Раҳматзод. Зиндагӣ

Зиндагӣ

Зиндагӣ хост маро гирёнад,

Ман вале ханда задам бар рӯяш.

Бо ғамаш хост маро нест кунад,

Ман вале ҳаст шудам дар кӯяш.

 

Хост чун мум маро об кунад,

Бишканад азми маро бо сахтӣ,

Мӯмиёвор чу дармон гаштам,

Вораҳондам ҳама аз бадбахтӣ.

 

Зиндагӣ хост маро сӯзонад,

Даргирифтам, бишудам машъали раҳ.

Оташаш чун ба дилам нур бишуд,

Гашт дарду аламаш ишқу фараҳ.

 

Зиндагӣ хост маро тир занад,

Ҳамчу сайёд кунад сайд маро.

Бенишон созаду хандад чун хасм,

Дида пурҳасрату дар қайд маро.

 

Ман сипар гаштаму лоқайд шудам,

Баста бо риштаи меҳрам назараш.

Ишқро хонаи хуршед шудам,

Меҳрубон гашта шабон бо қамараш.

 

Зиндагӣ хост… вале ром бишуд,

Ҳамчу тавсан ба ман ӯ гардан дод.

Зан шуду ҳамчу чаманҳо бишукуфт,

Бар мани ошиқи худ гулшан дод…

 

Эй, ки аз зиндагият менолӣ,

Дар ҳама чиз бубин сурати ишқ!

Ту худат оташу обат бишавӣ,

Бар дилат шаҳд диҳад ҷаннати ишқ!

 

Посухе ба суоли ҷӯраҳо

Кист шоир?! Ҳама гаҳ мепурсанд

Раҳгузорони ҳаёти гузарон…

То куҷо қадри варо медонанд

Хосу ом, ақлвару тӯдабарон?!

 

Кист шоир?! Ту ҷавонмард, бидон,

Назанад ҳеҷ гаҳ ӯ бар сина!

Боғурур аст, вале хоки раҳ аст,

Ӯ фидоиписари дерина…

 

Руста худрӯйгули рустоист,

Ӯ ба шаҳр оварад афсонаи кӯҳ.

Рангу накҳат бифишонад ба сухан,

Оҳаш оташзани парвонаи руҳ.

 

Шаҳрро даҳр кунад бо адабаш,

Бо хаёл офарад ӯ ҳусни ҷаҳон…

Ашкро ишқ кунад дар эъҷоз,

Дар дилаш ҷой диҳад дарди замон.

 

Кист шоир?! Ту ба писханд мапурс!

Ҳар сухандон набарад ном чунин!

Рӯдакивор диҳад ҷон ба сухан,

Ақли олам шаваду тири Замин!

 

Дар мақом аст баланд инъомаш,

Бовиқор аст чунон Фирдавсӣ!

Бо сухан бар даҳани бебурде

Бизанад мушти гарон Фирдавсӣ!

 

Гарчи бигзашт замони Сино-ш,

Боз мардум ба даво ҷӯяд шеър…

Гарчи дигар нарасад Мавлоно-ш,

Халқ сад асри дигар гӯяд шеър…

 

Нозимон гарчи муборакфоланд,

Ҷои Шоир дигар аст, эй оқил!

Шоир он аст, ки бо ишқи Худо

Бори давлат бикашад бо раги дил!

 

Шоирон боғдили саҳроянд,

Қалби ҳар давлату чун дарёянд.

Парчами нанги милал дар сари хеш,

Бемуҳобо шарафи дунёянд…

***

Хаёли хандаат ҳар ранг метобад ба ҷони ман,

Ба борон гаштаам ошиқ, туӣ рангинкамони ман!

Аҷаб, ҳар лаҳза аз риққат вуҷудам мешавад чун абр,

Чу тундар дил биларзад, барқ таркад дар равони ман.

Ҳазорон тарз мегиряд фалаквор ошиқи шайдо,

Ҳазорон бор механдад ба ҳолам осмони ман!

Ту дурию зи чашмам қатраборон мечакад бе раҳ,

Аё шамси муборакрӯ, нишин дар остони ман!

Ба ҳар сурат зи гармии муҳаббат шеър меҷӯшад,

Биё, ғунҷон худатро дар китоби ҷовидони ман!

Ба ҳар сатраш ту мегӯӣ, зи ҳар нақшаш ту мебӯӣ,

Чӣ сон бо шавқ ангезӣ даме руҳи ҷавони ман?!

Дар ин айёми бемеҳрӣ туро ман ёфтам шабнам,

Биё, дар барги дил биншин сабук, дарди гарони ман!

Ба васфат асрҳо, эй Ишқ, бас гуфтанду мегӯянд,

Туро мегӯяму мемирам аслан, ормони ман!

Заминам аз сафо хуррам бувад, эй покҷон чун об,

Муқаррар кардаӣ чун умри Хизри худ замони ман!

***

Дил метапад, ба кори дилам раҳм кун, азиз,

Ҷон меканад, ба тори дилам раҳм кун, азиз!

Чун беҳунар ба созу навоят фидо шавад,

Расмест дар навори дилам, раҳм кун, азиз!

Қалбам чу аз муҳаббати олам сириштаӣ,

Чун наҳр бар наҳори дилам раҳм кун, азиз!

Печад ба гарданам ҳаваси тавқи гулфишон,

Боре ба беқарори дилам раҳм кун, азиз!

Хун аст ранги рӯи ҳама муъҷизоти ишқ,

Бар ҷӯши навбаҳори дилам раҳм кун, азиз!

Аз оташ аст хислати худсӯзи гулханам,

Як бор бар шарори дилам раҳм кун, азиз!

Гардӣ зи раҳ, ба варта равад ҳар қадам маро,

Ойӣ агар канори дилам, раҳм кун, азиз!

Хоҳам туро чу сокини ин қалби беқарор,

Бар инчунин қарори дилам раҳм кун, азиз!

Рафтӣ агар, ҷаҳони дигар монда меравӣ,

Бар дарди мондагори дилам раҳм кун, азиз!

Ин шеърро ба хуни дили худ нигоштам,

Бо меҳр бар нигори дилам раҳм кун, азиз!

 

 

Дигар хабарҳо