АФСАҲЗОД АЪЛОХОН
АЪЛОХОН АФСАҲЗОД 10 ноябри соли 1935 дар деҳаи Ворӯи ноҳияи Панҷакенти вилояти Суғд таваллуд ёфтааст.
Аз 5-солагӣ, ҳамроҳи мардуми синну солашон гуногун, дар «курси маҳви бесаводӣ» таҳсил карда, якбора ба синфи чаҳоруми мактаби навтаъсиси шӯроӣ гузаштааст.
Баъдан, солҳои 1954-1955, дар сафи Артиши Шӯравӣ адои хидмати ҳарбӣ, солҳои 1956-1960 муаллимӣ, солҳои 1960-1961 дар Совети Олии РСС Тоҷикистон тарҷумонӣ кардааст.
Аз соли 1961, баъди хатми факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Тоҷикистон ба номи В.И.Ленин, дар Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи улуми ҷумҳурӣ ба фаъолияти илмӣ пардохта, аз соли 1972 то охири умр мудирии бахши матншиносии пажӯҳишгоҳи номбурдаро бар уҳда доштааст.
Мақолаҳои илмиву тарҷумаҳои бадеияш аз солҳои шастуми асри гузашта дар саҳифаи рӯзномаю маҳнома ва маҷмӯаҳои дастҷамъӣ ба табъ расидаанд.
Пиромуни ҷанбаву масъалаҳои умдаи адабиёти классикии форсии тоҷикӣ, бунёду меъёри илмии матншиносии кунунӣ, дастовардҳои суханварони шӯравии тоҷик, ҳусну қубҳи осори театру драматургияи миллӣ, раванди равобити адабию фарҳангӣ ва падидаҳои назарраси адабиёти ҳамзамони ҳамзабонон бештар аз 800 асару мақолаи илмиву оммавӣ нигоштааст.
Беҳтарин навиштаҷоти Аълохон Афсаҳзод оид ба театру мусиқӣ ва арбобони ҳунари миллӣ дар маҷмӯаи «Зиндагӣ дар саҳна» (1985) гирдоварӣ шуда, дар онҳо масоили ҳассоси ҳунари имрӯзаи тоҷик мавриди баҳсу муҳокима қарор гирифтаанд.
Дойираи пажӯҳиши илмии Аълохон Афсаҳзод пурдомана бошад ҳам, дар таҳқиқи мушкилаҳои таърихи адабиёти форсии тоҷикӣ ва нашри осори фарҳангу тамаддуни гузашта саҳми бештару пурсамартаре дорад.
Дар рисолаҳои тадқиқотии ӯ «Ҳофизи Шерозӣ» (1971), «Камоли Хуҷандӣ» (1976), «Ифтихори Шарқ» (1978), «Низомии Ганҷавӣ» (1995), «Камоли Хуҷандӣ – устоди ғазал» (1996), «Одамушшуаро Рӯдакӣ» (2003, 2008) ва ғ., кутуби илмию оммавии «Ҳофизнома» (1971), «Абдураҳмони Ҷомӣ» (1978), «Академик Абдулғанӣ Мирзоев» (1984), куросаҳои «Пайванди қарнҳо» (1989), «Суннатҳои устувор ва навпардозиҳои эчодкор» (1989) умдатарин масъалаҳои рушду таҳаввули шеъри гузаштаи форсӣ, барҷастатарин симоҳои адабиёти классикӣ ва хадамоти шоистатарин муҳаққиқини кунунӣ ҳаллу фасли ҷиддӣ ёфта, маҷмӯаҳои «Дар сафи бузургон» (1986) ва «Корвони сухан» (1994) аз чеҳраҳои эҷодии Устод Рӯдакӣ, Умари Хайём, Низомии Ганҷавӣ, Саъдии Шерозӣ, Ҷалолуддини Румӣ, Хусрави Деҳлавӣ, Ҳофизи Шерозӣ, Камоли Хуҷандӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ фароҳам омадаанд.
Ва ин ҳама навиштаҳои ӯ мабнӣ бар маводу мадорики фаровоне буда, фикру зикри тоза ва хулосаҳои ҷиддии илмиро пешниҳод мекунанд.
Аълохон Афсаҳзод аз соли 1963 то дами вопасини ҳаёташ ба таҳқиқу баррасии аҳволу омол ва нашру тадқиқи осори суханвари бузурги форсу тоҷик Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ машғулӣ дошта, камтар олиме дар чунин муддати тӯлонӣ ва мақсадноку ҳадафгир аз пайи пажӯҳиши ҳаёту эҷоди адибе пардохтааст.
Ин донишманди заҳматписанд маҳз дар мавзӯи осору афкори Ҷомӣ рисолаи номзадиву докторӣ дифоъ намуда, ба ҳайси яке аз муваффақтарин Ҷомишиносони ҷаҳон эътирофу эҳтироми ҳамагонро соҳиб гардидааст.
Нашри матни илмии интиқодии чандин асарҳои Ҷомӣ дар Маскаву Душанбе, бахусус «Баҳористон» (1972, 1987, 2014), «Лайлӣ ва Маҷнун» (1974), «Фотиҳат-уш-шубоб» (1978), «Воситат-ул-иқд» ва «Хотимат-ул-ҳаёт» (1980) аз дастовардҳои барҷастаи илми матншиносии шӯравӣ буда, тавассути онҳо принсипҳои матнсозии мактаби қавибунёди матншиносии Аълохон Афсаҳзод таъину таъмин гардидаанд.
Ва ин мактаб дар асоси таркиббандии таҷрибаи матншиносони адабиёти даврони атиқаи Юнону Рим ва дастовардҳои матншиносии Эрону Шӯравӣ барқарор гардида, қатъан ҳуҷҷатӣ будани матни мунташираро талаб мекунад.
Дар инҳироти ҳамин мактаб ва таҳти раҳбарии Аълохон Афсаҳзод матни илмии интиқодии достонҳои «Туҳфат-ул-аҳрор», «Сабҳат-ул-аброр», «Саломону Абсол», «Хирадномаи Искандарӣ» ва «Номаҳо»-и Ҷомӣ, «Хусраву Ширин»-и Ҳотифӣ, «Девон»-и Шавкати Бухороӣ, «Козурписар»-и Фитрати Зардӯз, «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Шоҳин, «Масолик-ул-мамолик»-и Возеҳ, тазкираҳои асри ХIХ ва амсоли онҳо дастраси аҳли тадқиқ гаштаанд.
Рисолаҳои «Достони «Лайлӣ ва Маҷнун»-и Абдураҳмони Ҷомӣ» (1970), «Рӯзгор ва осори Абдураҳмони Ҷомӣ» (1980), «Таҳаввули афкори Абдураҳмони Ҷомӣ» (1981), «Адабиёти тоҷик дар нимаи дувуми асри ХV» (1987), «Лирикаи Абдураҳмони Ҷомӣ» (Маскав, 1988), «Ҷомӣ шоири ғазалсаро» (1989) ва «Ҷомӣ – адиб ва мутафаккир» (1989) аз беҳтарин дастовардҳои олиму илми адабиётшиносии тоҷик ба ҳисоб рафта, бо академизми худ имтиёз доранд ва дар дойираҳои ховаршиносии ватанию хориҷӣ сазовори баҳои баланди илмӣ гардидаанд.
Аз хидматҳои дигари шоистаи Аълохон Афсаҳзод яке он аст, ки дар нашру табъи зубдаи осори манзуму мансури бадеӣ ва таърихиву фаннии ниёконамон иқдомоти пурсамаре барниҳода, дар давоми ду даҳсола ба шохаи нави мактаби матншиносии худ: нашри офаридаҳои гузаштагон ба ҳуруфи кунунӣ асос гузоштааст.
Ва ба саъйи раҳбару ҳиммати кормандони ин мактаби заҳматталаби илмию эҷодӣ то имрӯз тазкираи ҷомеъи «Гулшани адаб» (дар 5 ҷилд), Осори Ҷомӣ (дар 8 ҷилд), «Куллиёт»-и Саъдӣ (дар 4 ҷилд), «Осори мунтахаб»-и Амир Хусраи Деҳлавӣ (дар 4 ҷилд) ва намунаҳои эҷоди Рӯдакӣ, Румӣ, Хайём, Манучеҳрӣ, Фаттоҳӣ, Ҳотифӣ, Калим, Саййидо, Бархурдор, Дарвеш, Нозим, Шавкат, Шоҳин, Фитрат, Туғрал ва гулчини «Дурдонаҳои наср» (дар 4 ҷилд) дастраси умум гардидаанд, ки дар савияи баланди текстологӣ анҷом ёфтаанд.
Аълохон Афсаҳзод на танҳо сарвари як идда ховаршиноси ҷавон, раҳбари як қатор аспиранту докторант, устоду раҳнамои як даста матншиносони варзида ва ёру ёвари чандин аҳли қаламу ҳунар, балки муаллиму мураббии талабагони мактабҳои оливу миёна низ будааст.
Даҳҳо шогирдонаш дар Самарқанду Бухоро ва Кӯлобу Қӯрғонтеппа машғули таълиму тадриси толибилмон буда, барои муаллимон чандин дастуру васоити таълим ва барои талабагон китоби дарсии «Адабиёти тоҷик» (барои синфи 8)-ро навиштааст, ки аз соли 1987 дар хидмати эшон аст.
Оид ба ҷанбаҳои гуногуни ҳаёту эҷодиёти С.Айнӣ, М.Турсунзода, Ғ.Абдулло, С.Улуғзода, Ҷ.Икромӣ, Ф.Ансорӣ, А.Сидқӣ, М.Қаноат, иддае аз уламову удабои машҳури русу шӯравӣ ва Эрону Афғонистон рисолаву мақолаҳои хондание навиштааст.
Тарҷумаи як даста қиссаву ҳикояҳои адибони ҷаҳон ва драмаҳои Ж.Ж.Руссо «Пигмалион» (1962), Ж.Б.Молйер «Ашрофпараст» (1972), А.Н.Островский «Гирдоби бало» (1978) ва «Ҷойи сердаромад» (1981), Тавфиқ Ҳаким «Султони ҳайрон» (1980), Е.Швартс «Шоҳи урён» (1983), Сайид Ҷамол «Гули сиёҳ» (1974), В.Кримко «Маҷрӯҳон» (1984), Т.Эсенова «Арӯси маълумоти олидор» (1979), С.Азимов «Сароби хунин» ва ғ. мутааллиқи хомаи ӯстанд, ки дар театрҳои гуногуни ҷумҳурӣ саҳнагузорӣ шудаанд.
Асару мақолаҳои гуногуни А.Афсаҳзод дар Маскав, Кобул, Теҳрон, Тошканд, Боку ва ғ. ба табъ расида, дар шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо кардани илми ховаршиносии тоҷик ҳиссаи сазовор гузоштаанд.
Доктори илмҳои филология (1981), профессор (1988), Арбоби шоистаи илми Тоҷикистон (1995).
Бо Грамотаи фахрии Президиуми Совети Олии РСС Тоҷикистон мукофотонида шудааст.
Соли 2000 дастовардаҳои беназири Ҷомишиносии Аълохон Афсаҳзод, ки дар имтидоди солҳои 1997-1999 дар Ҷумҳурии Исломии Эрон дар ҳафт муҷаллад (наздики 6000 саҳифа!) интишор ёфтанд, сазовори Ҷоизаи байналмилалии «Китоби Сол» ва нишони ёдгории тиллойи «Баҳори Озодӣ» гардонида шуданд.
Ҳамчунин, соли 2000-ум аз ҷониби Сафоратхонаи ҶИЭ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи илмҳои ҷумҳурӣ Ҷоизаи ба номи Аълохон Афсаҳзод таъсис ёфтааст, ки донишмандони муваффақи соҳа сазовораш гардонида мешаванд.
Аз соли 1989 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.
15 июли соли 1999 аз олам даргузашт.